ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН МОДАРИ МАН АСТ!

ТОҶИКИСТОН МОДАРИ МАН АСТ!

11 июл 2023, Сешанбе
102
0
 
Чандест, ки банди андешаам. Мехоҳам маънои ҳамон таъбири Ватан – Модарро дар як матлаб бикшоям. Яъне, ман чӣ гуна ба дарки ин маъно рафтам, бузургии Ватану модарро чӣ гуна дарёфтам. 
 
ВАТАНИ МАН БУЗУРГ АСТ!
Хонаи падарӣ дар домани теппаи Кӯлобшаҳр ҷойгир аст. Маҳаллаи мо ба номи Сайфиддин Сангов аст, ки рамзан онро "қишлоқи тиллоӣ" низ, меноманд. 
Замони хурдсолӣ ману бародарам барои орд кардани гандум ба осёби ҳамсоя, ки дар баландӣ воқеъ аст, мерафтем. Ҳар қадаре боло мешудем, вусъати водии Кӯлоб бештар ба назар мерасид. Чашмонам қад-қади дарёи Ёхсу то кӯҳҳои намаки Хоҷасартезу Хоҷамуъмин мерафт ва кӯҳҳо дигар намегузоштанд, ки нигоҳам дуртар равад. Бо ҳамин шаҳр дар оинаи назар ҷилва мекарду деҳаҳои гирду атроф ҳамагӣ сабзпӯш буданд. Дарёи Ёхсуву хонаҳои он тарафи соҳил бо кӯҳсораш чанди дигар нигоҳамро ба худ мекашиданд. Аз тамошои водии паҳновар, ки дар нигоҳи мани хурдсол тамоми Тоҷикистон буд, хеле меболидам ва бо ин сӯву он сӯ давидан, гӯё хурсандиамро бо кӯҳҳо қисмат мекардам. 
Чун он замон аз тариқи телевизиону ҳамсояҳои аз муҳоҷират баргашта номи Россияро бисёр мешунидам, гумон доштам, ки пушти кӯҳҳо Россия аст. Яъне, Тоҷикистон – Ватани ман ҳамоне буд, ки чашмам медид. Бо гузашти солҳо, вақте ба пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе барои хондан омадам ва ба кор даромадаву ба гӯшаву канори Тоҷикистон сафар намудам, дарк кардам, ки Ватани ман бузургу вусъати он беканор аст. 
 
ҶӮГИБАЧАИ ОЧА
Кӯдакиам ба давраи мушкил рост омад. Тоҷикистон нав аз гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ раҳо шудаву ба сӯи ободиву ояндаи дурахшон қадам мегузошт. Бо вуҷуди ин, беҳтарин айёму зеботарин лаҳзаҳо буданд, зеро ба қавли шоир “чун ба пойи худ равон гаштем саргардон шудем”. Аз замони кӯдакӣ, бештар модарамро дар хотир дорам. Ӯ зани ҳалиму меҳрубон ва чун номаш зебо буд. Аз забонаш шаҳду шакар мерехт ва ҳеҷ гоҳ асабонияти ӯро намедидем. Агар кори ноҷое мекардем, танҳо як нигоҳ мекарду бас. Ҳамин нигоҳ кофӣ буд, ки даст аз он кор боздорӣ. Очаи ман бо нигоҳаш гап мезад... 
Як умр омӯзгорӣ кард, ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ дарс мегуфт. Ман саҳар ба мактаб мерафтаму ӯ нисфирӯзӣ. Ҳар саҳар таъкидам медошт, ки ҳатман дар ҷувздонам пораи нон ё меваю шириние гирам, то гурусна намонам. Аммо мани саркаш майлаш мегуфтаму чизе намегирифтам. Ӯ маро то назди дарвоза бо дӯстдорӣ гусел мекард:
Бача бачаи оча,
Ҷӯгибачаи оча.
Вақте модарам ба мактаб меомад, давида наздаш мерафтам. Мефаҳмид, ки гурусна мондаам. Бо авзои каме ноҷояш норозигӣ баён мекард, ки гапашро нагирифтаам ва аз ҷувздонаш нону ширинӣ мебаровард. Одати тифлӣ эркагӣ мекардам, ки ин кам, боз нону шириниам медод. Ин бор ҳаққи худашро. Наздаш нишаста, он ҳамаро мехӯрдам, ки то ҳол таъми пораи нону ширинии дасти модарам аз даҳонам нарафтааст. Ман мехӯрдаму ӯ лабхандзанон мегуфт:
Бача бачаи оча,
Ҷӯгибачаи оча.
Ҷӯгибача гуфтани очаам қиссаи худро дорад. Тақрибан 5-6-сола будам. Ба хонаамон ду ҷӯгизан меояд. Модарам ба онҳо нон медиҳад ва ҳамин ҳангом ман аз кӯча бо сару рӯи хоколуд ба хона медароям. Маро дида, модарам бо онҳо рӯ меорад: "О, худатон -ку омадед, барои чӣ ин кӯдака овардед? Шарм намедоред?". 
Лӯлизанҳо даступо хӯрда, ба қасамхӯрӣ медароянд: "Ба Худо ин бачаи мо нест. Мо ӯро наовардем". Модарам хеле бо завқ хандида, мегӯяд, ки равед, ин ҷӯгибачаи худам. Аз он айём то охирин дам чи дар хона, чи дар мактаб, чи дар кӯча чунин дӯстдориам мекард:
Бача бачаи оча,
Ҷӯгибачаи оча...
 
НИГОҲИ ОХИРИН
Охирин нигоҳи модарам дар ёдам ҳаст. Он замон 15 сол доштам. Аввали тобистон буду ба тӯйи хонадоршавии апаам тайёрӣ медидем. Падарам барои хариди баъзе ҷиҳози тӯй ба Душанбе омада буд. Бегоҳи он рӯз ману бародарам, ғофил аз бозии тақдир, дар рӯи ҳавлӣ шӯхию бозӣ доштем. Ҳай хандидему бозидем ва барои рақсидан тайёрӣ ҳам дидем. Очаам ҳам ба шодии мо шарик мешуду апаам аз шарм лолагун... 
Шаб ману бародарам ва писари холаам, ки донишҷӯ буд, зери дарахтон хобидему модару апаам дар хона. Соати 6 субҳ аз садои раъду барқ бедор шудем, ки, аллакай, қатра-қатра борон мерехт. Зуд кӯрпаҳоро ғундошта ба хона даромадем. Апаву акаам бо бачаи холаам барои имтиҳонсупорӣ омодагӣ медиданд. Модарам маро наздаш хонд. Рафтам. Гуфт: "Пештар шин, бачам". Хомӯшона нишастам. Ӯ диққи нафас дошту дар ҳавои хокбориш дардаш хуруҷ карда буд. Як-як ба ман менигарист, вале ба дарди худаш овора буд: доруҳояшро дам ба дам мехӯрд, аммо ёриаш надоданд. Акаву апаам омада, ӯро берун бароварданд ва маро барои овардани духтур, ки хонааш дар охири кӯчаамон буд, фиристоданд. Ростӣ, намедонам он лаҳзаҳо дар хаёлам чӣ мегузашт, ҳоло ҳам ба ёдам намерасад. Танҳо дар хотирам ҳаст, ки духтур гуфт: "Ту рав, ман ҳам меоям". Давида омадам, ки модарамро, аллакай, ба назди дарвоза овардаанд, ду ҳамсояамон дар паҳлуяш. Лаҳза ба лаҳза нафасаш тангтар мешуду дигар маҷоли роҳ гаштан надошт. Хостанд бо мошини ҳамсоя ба беморхонааш баранд, то савори мошин шудан, ба ман нигоҳ мекард. Ин охирин нигоҳи модарам буд... То ҳол он нигоҳро дар ёд дорам ва ҳеҷ аз пеши чашмонам дур намеравад. Намедонам он лаҳзаҳо бо нигоҳаш чӣ мегуфт, аммо яқинан гуфтание дошт. Шояд мехост бигӯяд, ки натарсам ва ҳамааш хуб мешавад. Ё барои охирон бор “ҷӯгибачаи оча” гуфта дӯстдориам кунад. Намедонам... 
Ӯ ба ман менигаристу ман ба ӯ. Очаамро бурданд. Апаву бародарам низ бо ӯ рафтанд. Ман дар назди дарвоза мондам. Намедонистам чӣ кор кунам. Дар ҳавлии калони беодам, тани танҳо будам ва аз ин танҳоӣ сахт тарсидам... Баъди соате ӯро оварданд...
 
ВАТАН, МОДАР ҲАММАЪНОЯНД
Инак, 12 сол мешавад, ки модарам бо мо нест. Тақдир ин неъматро аз мо рабуд. Заҳри бемодариро аз наврасӣ чашидам. Ин дардро бо он чи гуфтам танҳо каси бемодар метавонад эҳсос кунад... 
Нидои дили ҳамаи бародарон аст, ки мегӯянд: "Ҷои модарро касе ва ё чизе гирифта наметавонад". Ҳақ ба ҷонибанд. Ман ҳам набудани очаамро ҳар лаҳзаву ҳар соат эҳсос мекунам. Аммо боре ба ман ҳолати дигар рӯй дод.
Ду сол қабл бори аввал ба хориҷ аз кишвар – Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намудам. Иштирокчии Синамоҷашнвораи байналмилалии Тошканд – «Дурдонаи Роҳи Абрешим»  будам. Дар он ҳунармандону коргардонҳои маъруфи беш аз 50 кишвар ширкат намуданд. Тули як ҳафта дар тамоми гӯшаву канори Ӯзбекистон ҷашни синамову намоиши кино буд. Мо низ ба қавле серкор будем: иштирок дар конфронсу вохӯриҳо, тамошои филмҳои наву баргузории Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон. Ман, ки бори аввал дар чунин чорабинии бошукӯҳ иштирок мекардам, банди ташвишҳо, хаста мешудаму ба зӯр худро то меҳмонхона мерасондам. 
Рӯзи чоруми сафар буд. Шаб дар меҳмонхона беихтиёр модарам ба ёд омад. Ба худ гирифтор хеле ғамгин шудам. Эҳсоси бемодарӣ оромам намегузошту вуҷудамро ваҳшате фаро гирифт. Чунин ҳолат бори аввал ба ман рӯй дода буд. Худ ба худ мегуфтам: «Ман оча надорам». Ғами надоштани ӯ маро мехӯрд. Сӯзиши дил бо қатраҳои ашк рухсораамро шуст. Не, борони ашк аз чашмам меборид. Чанд рӯзи дигарро дар ҳамин ҳол гузарондам. Рӯзи бозгашт ҳам фаро расид. Тайёра ба фазои Душанбе даромаду ҳолатам дигар шуд. Кӯдакона болидам. Қалбам ором гирифт ва дарк кардам, ки ҷойи холии модарро дар вуҷуди мо танҳо Ватан пур мекардааст. Чуноне оғӯши модар гармтарину амнтарин ҷой барои фарзанд аст, Ватан низ макони оромиши мост. Ё шояд ин эҳсос аз он ҷост, ки модарам дар оғӯши ин хок аст ва бо он омезиш ёфтаву аз обу хоку ҳавояш шамими накҳатбори модар ба машомам мерасад. Ва ман ин хоку ин мазраи покро чун модари покзодам дӯст медорам.
 
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 11.07.2023 №: 141
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив