ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МАБЛАҒГУЗОРӢ БА ИҚЛИМ. НАХУСТФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

МАБЛАҒГУЗОРӢ БА ИҚЛИМ. НАХУСТФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ

11 июл 2023, Сешанбе
21
0
 
Аз 3 то 7 июли соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи "Ҳаят Риҷенси"-и пойтахт нахустин Форуми байналмилалии сармоягузорӣ оид ба татбиқи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон (ССММТ) барои коҳиш додани партови газҳои гулхонаӣ ва семинари минтақавӣ оид ба маблағгузории давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ баргузор гардид. Форуми мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо шарикии Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда (NDC Partnership) ва котиботи Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КҚСММТИ) роҳандозӣ шуд.
Дар чорабинӣ роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, шарикони рушд, мақомотҳои ҳифзи муҳити зисти давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ, котиботи UNFCCC ва NDC Partnership, инчунин, вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва бахши хусусӣ ширкат варзиданд. 
Зимни ифтитоҳи чорабинӣ Мавлодод Абдулқодир Мавлодод, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, изҳор намуд, ки ҳадафи асосии Форум муаррифии нақшаи молиявӣ дар доираи татбиқи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон оид ба коҳиш додани ихроҷи газҳои гулхонаӣ ва, ҳамчунин, баррасии мушкилоти ҷалби сармоягузорӣ барои самтҳои афзалиятноки Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда мебошад. Бо мақсади татбиқи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда, аллакай, нақшаи молиявии он бо кумаки техникии Бонки осиёии рушд таҳия гардида, ҷиҳати татбиқи нақша то соли 2030 барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як сол маблағи 1 миллиард доллари амрикоӣ лозим мебошад. 
Номбурда таъкид дошт, ки масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим, ҳамчунин, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ имрӯз дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дошта, чорабинии мазкур, бешубҳа, идомаи талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бевосита Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи муҳити зист ва кам кардани партови газҳои гулхонаӣ, ҳамчунин, андешидани чораҳо ҷиҳати коҳиш додани раванди гармшавии иқлим ва пайомадҳои манфии тағйирёбии он мебошад. Бо ин мақсад, Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи миллии худро дар ҷавоб ба Созмони Милали Муттаҳид оид ба муқаррароти Созишномаи Париж дар робита ба нигоҳдории ҳарорати миёнаи сайёра то 1,5 дараҷа гармӣ баён дошта, барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар доираи татбиқи нақшаю стратегияҳо, аз ҷумла Стратегияи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои давраи то соли 2030, Стратегияи миллии «иқтисоди сабз», Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон ва гузориши чоруми миллӣ тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст. 
Эстефания Ардила, муовини директор оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳо ва шарики Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда, чунин гуфт:
– Пеш аз ҳама, мехоҳам миннатдории худро ба Тоҷикистон барои ташаббуси глобалӣ дар самти обу иқлим бирасонам, ки мо ҳама якҷоя масъулияти баррасӣ ва ҳалли мушкилоти онро бар дӯш дорем. Тағйирёбии иқлим масъалаи таъхирнопазир аст. Он ба яке аз мушкилоти ҳаётан муҳим табдил ёфтааст. Ҳамин субҳ фаҳмидам, ки моҳи июн яке аз моҳҳои хатарнок барои кишвари ман – Колумбия буд, зеро он ҷо пиряхҳо босуръат об шуда истодаанд. Айнан ҳамин вазъ дар Тоҷикистон низ, мушоҳида мешавад. Акнун тасаввур кунед, ки ба пиряхҳо дар ҷаҳон чӣ гуна хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад. Бисёр хурсанд ҳастем, ки Тоҷикистон дар таҳкими уҳдадориҳои худ муваффақ шуда истодааст. 
Мо инҷо ҷамъ омадем, ки эҳтиёҷоти молиявии минтақаро вобаста ба ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим баррасӣ намоем. Имрӯз ба мо нақшаи молиявии татбиқи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист пешниҳод гардид, ки он барои сафарбар намудани маблағгузорӣ замина хоҳад гузошт. Бовар дорем, ки ин Форум барои дастрасии сармоя дар Тоҷикистон ва минтақа пайроҳаи нав мекушояд. 
Кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи дастрасӣ ба маблағгузории иқлимӣ аз фондҳои махсуси иқлимӣ ва татбиқи онҳоро баррасӣ карда, дар робита ба ин, Шенни Кемпбелл, роҳбари дафтари намояндагии Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон, шарҳи муфассал дод:
– Аҳамияти маблағгузории иқлимӣ, бешубҳа, барои дастгирии татбиқи чораҳои паст кардани таъсири тағйирёбии иқлим зарур мебошад. Барои ҷалб намудани маблағгузории иқлимӣ кишварҳои минтақа бояд чанд монеаҳои институтсионалиро бартараф созанд, ки ин ҳамкориро байни шарикони  рушд, вазорату идораҳо, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ боз ҳам беҳтар мегардонад. Мо омодаем, ки барои ҳалли проблемаи тағйирёбии иқлим маблағгузорӣ намоем, то ин ки устувории муҳити зист таъмин карда шавад. Ҳамчун бонки иқлимии Осиё мо ният дорем то соли 2030 ба ин самт  100 миллиард доллари амрикоӣ маблағ равона созем. Аз ин 37 миллиард доллар барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим сафарбар хоҳад шуд. Барои пешгирии таъсири пайомадҳои нохуши экологӣ бахши хусусӣ бояд бо маблағи 12 миллиард доллар саҳми худро гузорад. Мо ҳадафҳои рушдро ба даст оварда наметавонем, агар мушкилоти таъсири тағйирёбии иқлимро пешгирӣ накунем. Бинобар ин, танҳо бо зиёд намудани маблағгузории иқлим мо метавонем ба мақсад бирасем. 
Бояд зикр кард, ки чорабиниҳои бори аввал дар ҷумҳурӣ баргузоргардида метавонанд барои боз ҳам баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва муаррифӣ сохтани ташаббусҳои глобалии роҳбарияти олии кишвар доир ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, инчунин, ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба осебпазирии баланди ҷумҳурӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва ҷалби бештари сармоягузорӣ барои мутобиқ гардондани соҳаҳои калидии иқтисодиёти кишвар ба тағйирёбии иқлим мусоидат менамояд.
Музаффар Шодмонов, мутахассис оид ба масъалаи тағйирёбии иқлими Агентии обуҳавошиносӣ оид ба муаррифӣ кардани нақшаи татбиқи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон гуфт, ки Тоҷикистон ба NDC Partnership соли 2019 шомил гардида, амалисозии онро дар якҷоягӣ бо шарикони рушд оғоз намуд. Нақшаи мазкур аз рӯйи гузариш ба методологияи нав татбиқ гашта, се сенарияи асосиро дар бар мегирад. Пеш аз ҳама, дар нақшаи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда амалисозии стратегия ва нақшаҳои миллӣ, ҳамчунин, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва баҳодиҳии нақшаю барномаҳо ба инобат гирифта шудааст. Аз ин ҳисоб партофти ҳаҷми газҳои гулхонаӣ муайян гардида, сенарияи пешгӯии кам кардани партовҳо то соли 2030 пешниҳод шуд. Инҷо баъзе камбудиҳо ҳастанд, ки ба дастгирӣ ниёз доранд. 
Нақшаи амалисозии Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда баъзе талаботро дар бар мегирад, ин, пеш аз ҳама, эҳтиёҷи маблағгузорӣ барои таъминот бо технология ва баланд бардоштани малакаю маҳорати мутахассисони соҳа мебошад, ки то соли 2025 бояд пурра амалӣ шавад. Ҳоло беш аз 80 чорабинӣ ба нақшаи миллӣ ворид гашта, татбиқи онҳо дар ҳамкорӣ бо ташкилоту идораҳои давлатию хориҷӣ ба роҳ монда шудааст. Баҳодиҳии ҳар як лоиҳа низ, анҷом дода мешавад, аммо айни замон мониторинги мушаххасе мавҷуд нест, ки оё як лоиҳа метавонад мустақилона ба раванди мутобиқшавӣ  мусоидат намояд.
Мувофиқи нақшаи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда ҷониби Тоҷикистон бо ҷалби шарикони байналмилалӣ уҳдадории кам кардани партови газҳоро дар доираи 60-70 дарсад ба зимма гирифтааст. Ин ҳадаф, асосан, бо аз худ кардани захираҳои гидроэнергетикӣ, ки иқтидори он дар ҷумҳурӣ хеле калон аст, ба даст оварда мешавад. Бо саъю кӯшиши ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ноил шудан ба ҳадафи сифр партов мо уҳдадор мешавем, ки иқтидори барқи обии худро то соли 2050 дучанд зиёд намоем.
Гуфта шуд, ки ҷониби Тоҷикистон, инчунин, тасмим гирифтааст бо мақсади коҳиш додани партовҳо ба беҳбуд бахшидани системаи ҳаракати воситаи автомобилӣ суръат бахшад. Татбиқи боз ҳам беҳтари барномаҳои барқарорсозии ҷангал низ, барои баланд бардоштани иқтидори ҷумҳурӣ дар самти кам кардани гази карбон равона шудааст. Бинобар ин, барои  бисёр давлатҳои рӯ ба тараққӣ ёрии ҳалли масъала аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур аст. 
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 11.07.2023 №: 141
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив