ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҚУДРАТИ ДУО

ҚУДРАТИ ДУО

11 июл 2023, Сешанбе
117
0
 
Аз маркази ноҳияи Лахш то деҳаи Обчака тақрибан 25 км роҳ аст. Модар, бо вуҷуди дурии роҳ, бо азоб ин масофаро пушти сар намуда, зуд-зуд аз марказ ба деҳ меомад. Чӣ тавр ҳам наояд, дар он Савлати духтараш фарзандонашро ба танҳоӣ ба воя мерасонду ба кумаки модар ва аз ҳама муҳимаш ба дуои неку маслиҳатҳои оқилонааш эҳтиёҷ дошт...
Раҳораҳ ҳамин тавр, чанд сол ба хонаи духтараш рафтанҳо ба ёдаш расид. Момаи Ҳамроҳгул, ки танҳо як духтар дошт, намехост дур аз модар буданро эҳсос бикунад.  Ҳарчанд ки духтараш оилаи хуб ва зиндагии осоишта дошт. Пиразан ҳамоно нигарони зиндагии минбаъдаи фарзандон буд. Духтар ва домодаш миёни мардум обрӯву эҳтироми  хосса доштанд... 
Замони шуравӣ аз сабаби кам будани нақлиёт рафтуомад мушкил буд. Момаи Ҳамроҳгул гоҳе савори асп, гоҳе пиёда то деҳа меомад. Ҳангоми шунидани садои модар, чашми  духтар аз хурсандӣ барқ мезад. Ҳамроҳи фарзандон Савлат дасту остин барзада ба хӯрокпазӣ мепардохт. Шавҳараш Худойқул Холназаров ба пешвози модар мебаромад. Шодии наберагон ҳадду канор надошт. Момаи Ҳамроҳгул чун ҳамеша бо туҳфаҳои зиёд ва ширинӣ ба дидорбинии наберагон меомад. Ин ҳама чун руъёи ширине  ба назар мерасид...
Солҳо ҳамин тавр сипарӣ мешуданду ба ҳамин минвол фарзандон бузург. Бо он ки худ хонашин буд, Савлат дар таълиму тарбияи фарзандон талош мекард. Мехост онҳо соҳибмаърифат ва соҳиби касбу кор шаванд.  Шавҳараш раиси хоҷагии деҳқонӣ буду мудом хонаашон сермеҳмон. То бегоҳ бо аҳли деҳ дар саҳро машғули кор буду бегоҳ дар хона корафтодагонро қабул менамуд. Хонаи обод ва хоҷагии калоне доштанд. Гови ҷӯшо ва чанд бузу бузғолаашон таъмини маишии рӯзгорро осон менамуданд. Савлат саҳар барвақт, пеш аз шавҳар  ва фарзандон аз хоб хеста, говро меҷӯшиду дар дегдон ордоб мепухт. Шавҳар ва фарзандонашро аз хоб бедор намуда, ба сари дастархон даъват мекард. Шавҳар ордобро хӯрда, гову молро ба пода мебурд.  Савлат  барои пухтани хӯроки нисфирӯзӣ  тайёрӣ медид. Духтари калонӣ   – Рисолат ба нигоҳубини хоҳару додарон машғул мешуд. Ба падар хӯрокро, аксаран, писари калонӣ Баҳодурҷон мебурд. Ҳамин тавр, ин хонавода бо меҳнати  ҳалол барои худ ризқу рӯзӣ дарёфт мекард. Зану шавҳар барои зиндагии хуши фарзандон камари ҳиммат баста буданд. Зиндагии осудаи онҳоро таваллуди тифли навзод боз ҳам шодиву фараҳ бахшид. Хурсандии модар ҳадду канор надошт, бахт гӯйи ба рӯи ин хонадон хандида буд. Чунки давлати модар фарзанд аст. Барои модар, фарзандро ба дунё овардан  як ҷаҳон хушбахтӣ меорад. Модар то калон шудани фарзанд, ранҷу машаққатҳои зиёдеро аз сар мегузаронад. Ҳатто ҷонашро дареғ намедорад, чизи ёфтаашро ба фарзанд сарф мекунад. Намегузорад дар зиндагӣ ба мушкилӣ рӯ ба рӯ гардад. Ҳамин бузургию манзалати модарро ба назар гирифта, ӯро тимсоли Ватан медонанд. Ҳар фарзанде, ки қадру қимати модарро донад, ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо орад, албатта,  бо дуояш хушбахт мегардад...
Аммо хурсандии хонавода дер давом накард. Аз даст додани фарзанд барои модар фоҷиаи гарон буд. Дар ҳамин лаҳзаҳои мушкил модараш ягона муттакои ӯ гашт. Ӯ духтарашро таскин дода мегуфт: “Мисле ки ту барои фарзандат месӯзӣ ман ҳам барои ту месӯзам. Ту  ба ғайр аз дуо дар ҳаққи фарзандат дигар ҳеҷ коре карда наметавонӣ. Дар фикри фарзандони дигарат бош”. Савлат бори нахуст дар бораи мафҳуми дуо андеша намуд. Ҳар гоҳе дар ҳаққи фарзандаш, ки ҳоло тифли бегуноҳ буд, дуо мекард, ҳис менамуд байни вай ва  фарзандаш робитае ба вуҷуд меояд. Ҳамроҳгул низ дар ҳаққи духтараш дуо мекард, ки ин душвориро паси сар  ва  барои идомаи зиндагӣ неруи тоза пайдо намояд. 
Ғам болои ғам омад, ҳанӯз захмҳои аз доғи фарзанд бавуҷудомада шифо наёфта буданд, ки хабари нохуши дигар расид: писари калониаш, ки дар хизмати ҳарбӣ буд бемор шудааст. Ҷигаргӯшаи дӯстрӯякашро нав аз даст дода буду аз ҳама чиз метарсид. Ҳар гуна фикрҳо дар сараш чарх мезаданд. Духтараш Сабоҳат нақл мекунад: "Тобистон буду падарам бо ҳамроҳи бародаронам  дар саҳро алаф медаравиданд. Мо бо модарам хӯроки шом омода мекардем. Ногаҳ дидем, ки падар ва бародаронам аз ҳарвақта дида зудтар расида омаданд. Падарам парешон менамуд. Модар пай бурд, ки чи воқеае шудааст, ғамгин пурсид: “Чӣ гап, ин қадар барвақт омадед?"... 
Тағои Раҳматуллоям гуфт: “Ба ноҳия мактуб омадааст. Дар армия  Маҳмадулло бемор шудааст, рафта ба хона овардан лозим”. Падарам, бародари духтурам Ҳикматулло ва тағоям соати 5 ба Душанбе, аз он ҷо ба кишвари Хабаровски Россия  рафтанд.  “Навбатдор моро то  қисми тиббӣ бурд – гуфт тағоям. – Аз дар даромада дидем, ки дар рӯи кат шахсе рӯяш бо докаи сафед пӯшонда, дар гирдаш ду се солдатбача нишаста. Дар ҷоям шах шудам, дасту поям ларзид, чи гуфтанамро намедонистам. Дар ҳамин ҳолат командирашон омада, аз даргузашти писарамон хабар дод”. Танҳо як чиз сабаби марги ӯ гашт, ки ҳанӯз боварам намеояд. Доим аз дарди сар шикоят мекард. Маълум шуд, ки ин ҷавонписар гирифтори бемории саратон будааст. 
Ҳамин тавр, писари ҷавони Савлат  се моҳ дар армия хизмат карда, вафот кард. Падар бо азобу машаққат, гирёну нолон  тобути писари ҷавонашро гирифта, ба  деҳа овард. Хешу пайвандон ҷамъ шуданд. Модар тобутро дида худашро ба замин партофт, доду фарёд сар кард. Дунё ба назараш торик гашт...
Савлат ин дафъа тамоман аз зиндагӣ дасту дил шуст ва боз модар бо дуо, дастгирӣ ва насиҳату маслиҳаташ ба кумаки ӯ омад. Модару духтар муттакои ҳамдигар гаштанд. Духтар ба модар неруи зистан медоду модар ба духтар умеди зиндагӣ. Танҳо ягона шахсе, ки ба дарди ӯ марҳам шуда, ӯро ба зиндагӣ дилгарм месохт  модараш – момаи Ҳамроҳгул буд. Суханҳои ӯ ба духтараш неру мебахшиданд. Момаи Ҳамроҳгул кӯшиш мекард рӯз ба рӯз дарди духтараш кам шавад, ҳуши  ӯро ба ҳар кор банд мекард,  то воқеаи сангини ба сараш омадаро фаромӯш созад...
Шикаст болои шикаст, ин дафъа шавҳари Савлат аз ғаму ғуссаи писараш ба дарди дил гирифтор шуда, пас аз 1 моҳу 13  рӯз дар синни 54 - солагӣ аз олам даргузашт. Акнун Савлат ба ин ҳама сахтиҳо нигоҳ накарда, суханҳои модарашро ба хотир меовард, маҷбур буд сахтиҳоро таҳаммул кунад ва намегузошт фарзандонаш бе падар буданашонро ҳис кунанд. Ӯ 10 фарзандро бо кумаки модар ба воя расонд. Ҳоло соҳиби 24 набера асту давлати пирӣ меронад. Бархе аз наберагонаш соҳиби касбу кор ва зиндагии осуда ҳастанд. Чанд нафари дигарашон дар донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар таҳсил доранд...
Бузургтарин сабақе, ки холаи Савлат аз зиндагӣ гирифтааст,  ин боварӣ ба худ ва неруи созандаи дуои модар аст. Ҳоло худ чун модари оқилааш ба фарзандон дуои нек дода, аз даргоҳи илоҳӣ осудагии кишварро талаб дорад. 
 
Қурбонбибӣ  ХОЛНАЗАРОВА, “Ҷумҳурият”
 
Санаи нашр: 11.07.2023 №: 141
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив