ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЭЪТИҚОДИ ДИНӢ. АЗ ҲАҚИҚАТ ТО СУИИСТИФОДАЮ ЗОҲИРПАРАСТӢ

ЭЪТИҚОДИ ДИНӢ. АЗ ҲАҚИҚАТ ТО СУИИСТИФОДАЮ ЗОҲИРПАРАСТӢ

12 июл 2023, Чоршанбе
48
0
Дар таърихи афкори сиёсию ҳуқуқӣ ва адабиёти илмиву оммавӣ роҷеъ ба ифротгароии динӣ ва баҳри ба даст овардани ҳокимияту истисмори аҳолӣ аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатҷӯ суиистифода гардидани эътиқоду ҳиссиёти динии мардум зиёд гуфта шудааст. Чунончи, аз эҷодиёти бузургони адабиёти тоҷик бармало аён мегардад, ки пас аз паҳншавии ислом, махсусан баъди таназзули давлати миллии тоҷикон – Сомониён, мансабдорон ва руҳониён аз номи ислом мардумро истисмор мекарданду ҳукумат меронданд. 
Ҳақ бар ҷониби Ҳофизи Шерозист, ки гуфтааст:
Воизон  к-ин ҷилва дар меҳробу 
минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он кори 
дигар мекунанд.
Мушкиле дорам зи донишманди 
маҷлис бозпурс:
Тавбафармоён чаро худ тавба 
камтар мекунанд?   
ке аз сабабҳои шикасти давлати миллии тоҷикон – Сомониён ва зиёда аз ҳазор сол дар зери итоати бегонаҳо азият кашидани мардуми тоҷик фирефта шудан ва ба фатвои руҳониёни беҳувият гӯш додан буд. Ин воқеият дар китоби «Тоҷикон»-и Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров бо такя ба сарчашмаи муътамад чунин дарҷ шудааст: «Вақте ки лашкари Қарахониёни турк ба Бухоро сар даровард, хатибони сомонӣ ба минбари масҷидҳои ҷомеъ баромада, мардумро ба ҷиҳод даъват мекунанд. Мардум инро шунида, ба назди фуқаҳои исломӣ рафта, хоҳиш менамоянд, ки дар бобати ҷанг кардан ё накардан ба онҳо фатво диҳанд. Лекин онон ҷангиданро манъ карда, гуфтанд: «Агар Қарахониён бо Сомониён дар роҳи дину мазҳаб низоъ медоштанд, бар зидди онҳо ҷангидан савоб мебуд. Чун ҳоло байни онҳо дар талоши неъмати дунё задухӯрд ба амал омадааст, худро нобуд кардан ва сар ба теғ додани мусулмон гуноҳ аст. Тариқи зиндагии Қарахониёни турк хеле хуб ва эътиқоди онҳо бенуқс аст, бинобар ин беҳтар аст аз ҳама гуна мудохила худдорӣ кард»». 
Пас аз гузашти даҳ аср, яъне интиҳои қарни ХХ, зери ниқоби дин роҳбарону пайравони ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ ба Тоҷикистони тозаистиқлол ҷанги шаҳрвандиро таҳмил карданд, ки боиси хисороти молию ҷонӣ ва маънавии гӯшношуниде гашт. 
Хушбахтона, бо саъю талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба имзо расид. Тибқи созиш, неруҳои мухолифин 30 дарсади мансабҳои давлатиро соҳиб гаштанд. 
Вале намояндагони ҳизби наҳзати исломӣ давоми 18 соли дар мақомоти гуногуни давлатӣ соҳибмансаб будан (солҳои 1997-2015), баҳри ободии кишвар, осудаҳолии чораи назаррасе наандешиданд. Танҳо дар фикри сарватҷамъкунӣ ва шароити хуби зиндагии шахсиашон буданд. Воқеият нишон дод, ки ин солҳо аъзоёни ҳизби наҳзати исломӣ ба ифротгароии динӣ ва дигар амалҳои ғайришаръию зиддиқонунӣ машғул шуда, дар охир нияти ғасби ғайриқонунии ҳокимияти конститутсиониро карданд. 
Онҳо наврасону ҷавононро ба таҳсили нодурусту пинҳонии динӣ дар масҷиду мадрасаҳои худсохт ва хонаҳояшон фаро гирифта, аз таҳсили дунявӣ дур сохтанд ва онҳоро, асосан, дар ниқоби ҷиҳоду шаҳодат ба амалҳои ифротӣ ва террористӣ омода намуданд. Садҳо ҷавони тоҷик ба доми фиреби онҳо гирифтор шуда, барои ҷиҳод ба давлатҳои Сурияву Ироқ рафта нобуд гаштанд. Натиҷаи барҷастаи бесаводӣ ва омӯзиши кӯркӯронаи ислом дар ҷавонони тарбияткардаи онҳо, ки тобистони соли 2018-ум сайёҳонро ваҳшиёна ба қатл расонданд, ифода гардид. Ин амали террористӣ ҳам ба номи ислому ҳам ба шаъну эътибори миллати фарҳангиву меҳмоннавози тоҷик доғу иснод овард, аз ҷониби роҳбарияту аъзоёни фаъоли ТТЭ ҲНИ маҳкум нагардид ва вокунише нишон дода нашуд. 
Бояд таъкид кард, ки тули солҳои соҳибистиқлолӣ дар роҳи ҳимоя ва тарғибу ташвиқи арзишҳои исломӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат Ҳукумати кишвар зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари обод намудани Ватан ва дастгирии иҷтимоии мардум, иқдомоти ҷиддӣ роҳандозӣ намуда истодааст. Ин ҷо баҳри тасдиқи андешаамон баъзе чорабиниҳое, ки дар роҳи рушду нумуи ислом бо ташаббуси Сарвари давлат ба роҳ монда шуданд, ҳамчун намуна ёдовар шудан кофист. Масалан, маҳз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ба ҷаҳониён гуфтанд, ки террорист ватан, миллат ва дин надорад ва бо ин шаъну шарафи тамоми мусулмононро ҳимоя намуда, номи мусалмононро аз тамғаи «террорист» озод карданд. Беҳтарин иқдоме, ки дар самти ҳимояву ташвиқоти ислом бо ибтикори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуд, Симпозиуми байналмилалӣ ба муносибати 1310-солагии Имоми Аъзам ва эълон гардидани Соли бузургдошти Имоми Аъзам буд. Бо мақсади баланд бардоштани маърифати динии мардум, бо супориши Сарвари давлат Қуръони маҷид ба забони тоҷикӣ дар се давра бо теъдоди беш аз 200 ҳазор нусха аз чоп бароварда, ройгон ба аҳолӣ тақсим гардид. Ҷиҳати таъмини эҳтиёҷоти динии мардум аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва Фонди захиравии Президент китобҳои илмӣ, ахлоқӣ ва эътиқодии фарҳанги исломӣ, аз ҷумла «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, «Муснад»-и Имоми Аъзам, «Кимиёи саодат»-и Имом Ғазолӣ ва дигар осори пурарзиш нашр ва дастраси мардуми мусулмони кишвар гардонда шуданд. Дар Тоҷикистон Шурои уламо, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, Донишкадаи исломӣ, Маркази исломшиносӣ фаъолият менамоянд. Масҷиди ҷомеъ дар шаҳри Душанбе, ки дар миқёси Осиёи Миёна ҳамто надорад, бунёд гардид. Дар асоси он ки Тоҷикистон давлати дунявӣ мебошад, ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод, эътироф гардидааст. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» бо вуҷуди он ки ба тамоми дину мазҳабҳо эҳтиром ва таҳаммул арза дошта шудааст, нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон эътироф мегардад. Хуллас, барои ташаккули фарҳанги исломӣ дар Тоҷикистон тамоми шароитҳои ташкилию ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, хизмати беҳтаринро дар кишвар ба ислом бо назардошти принсипи дунявият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода истодааст. 
 
Фотеҳ РАСУЛОВ, 
дотсенти Академияи идоракунии 
давлатии назди Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон  
Санаи нашр: 12.07.2023 №: 142
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив