ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАҲДАТ. АЗ ҲУШЁРӢ ТО ЗИРАКИИ СИЁСӢ 

ВАҲДАТ. АЗ ҲУШЁРӢ ТО ЗИРАКИИ СИЁСӢ 

12 июл 2023, Чоршанбе
46
0
 
(Нигоҳе ба мактаби бузурги ваҳдатофари Пешвои миллат)
 
Чаро ҳушёриву зиракии сиёсӣ? Албатта, хубтар фикр кунем аз лиҳози сиёсӣ ҳушёру зирак  бошем, пас, метавонем беҳтарину арзишмандтарин дастовард  –  ваҳдату ягонагиро устувор нигоҳ дорем. Ва аз лиҳози сиёсӣ ҳушёру бедор сохтани дилхоҳ ҷомеа танҳо бо роҳи бурдани корҳои дурусти идеологӣ  ба миён меояд. Гарчанде ки идеология ҳамчун илм дар ҷаҳон қабул нашуда бошад ҳам, ба воситаи корбарии дурусти он метавон мувозинати тафаккури мардумро вобаста ба саҳм доштан дар рушди давлату давлатдорӣ ва ҳифзи дастовардҳояш нигоҳ дошт.
Қобили зикр аст, ки иштибоҳҳои зиёд аз миён гузаштанд ва чун дар давраҳои гуногуни таърихӣ фазои идеологӣ холӣ монд ва боиси он шуд, ки миллати тоҷик садсолаҳо ба парокандагӣ дучор гардад, садҳо донишманду андешамандони аҳли илму фарҳангро аз даст диҳад ва аксарият маконҳои таърихиву фарҳангиамон харобу зери хок раванд. Душманони миллати тоҷик дар марҳилаҳои таърихӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карданд, то тоҷикро ҳамчун миллат нашиносанд ва минбаъд низ он арзи ҳастӣ накунад.
Фаротар наравем ва нигоҳе ба охирин лаҳзаҳои вазнини таърихии миллати тоҷик, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ назар меафканем, ки дар он вақтҳо фазои идеологӣ хуб нигоҳ дошта нашуд ва аз чунин ҳолат гурӯҳҳои мухталифи мусаллаҳи ҷинояткор истифода намуда, дар Тоҷикистон ба бедодгариҳо даст заданд. Гурӯҳҳои гуногуни манфиатхоҳ бо сардории шахсони ҷоҳталаб яроқбадаст шуда, ҳар кореро, ки дилашон мехост мекарданд,  парвои хосу ом надоштанд ва бераҳм ҳукмфармоӣ менамуданд.
Иқболи баланди тоҷик буд, ки дар ҳамон лаҳзаҳои мураккаб бо хости Худо халқ раҳнамои худро пайдо кард. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳнамое, ки ҳазорсолаҳо боз интизораш будем.
Натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ, сабурӣ, ботамкинӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар ҷодаи ватансозиву ватандорӣ ба якдигарбахшии халқи тоҷик мусоидат намуд ва ниҳоят воқеаи фараҳбахш 27 июни соли 1997 рух дода, Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ ба имзо расид, ки барои нигоҳ доштани давлати миллии тоҷикон шароити мусоид фароҳам овард. 
Ваҳдати миллӣ ба мо чӣ дод!? Ба ростӣ, ки ҳамаи ормонҳову хостаҳои миллатро ҳадия кард. Муҳимтар аз ҳама, аз поён ёфтани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки дар он ҳамватану ҳаммиллату ҳамзабон хуни ҳамдигар мерехт, мужда дод. Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар арсаи ҷаҳонӣ бо маънои том шинохта шуд. Ваҳдати миллӣ имконият дод, ки мардуми Тоҷикистон   ба зиндагии шоиста ноил гардад. 
Аз ин таъкидҳои судманди Сарвари давлат дар ҳама ҷабҳаҳо ҳушёру зираку омода буданамон лозим аст ва ҳар амаламон бояд саршор аз илму маҳбубият ба Ватану миллат бошад. 
 
Фирӯз САЙМУМИНЗОДА, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб
 
 
Санаи нашр: 12.07.2023 №: 142
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив