ЭНЕРГИЯИ САБЗ. ТОҶИКИСТОН МАНБАЪҲОИ БЕОХИРИ ТАБИӢ ДОРАД
Хушдил Саидзода, хатмкардаи факултети энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ, аспиранти Донишгоҳи миллии тадқиқотии энергетикии Москва дар солҳои 2015 – 2019 буда, ҳоло ба ҳайси котиби илмии Институти илмӣ-тадқиқотии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва муаллими калони муассисаи мазкур фаъолият дорад. Муаллифи 45 кори илмию методӣ ва соҳиби чандин патент аст. Барои фаъолияти самарабахш, комёбиҳои илмӣ ва дастовардҳо дар соҳаи электроэнергетика Хушдил Саидзода соли 2022 байни олимони ҷавон ба гирифтани Ҷоизаи давлатии Исмоили Сомонӣ мушарраф гардид. Албатта, роҳи илм барои пажӯҳишгар осон нест ва кам касон дар ҷавонӣ ба чунин муваффақият комгор мешаванд. Ҷоизадори ҷавон, вале, аллакай, соҳибному соҳибунвон дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома чунин гуфт:
– Ба натиҷаи дастовардҳои илмиам бовар доштам. Мавзуи кори диссертатсионӣ ва дигар ихтирооти худро дар ҳамоишҳои илмии кишварҳои хориҷӣ, махсусан дар конфронсҳои байналмилалии Федератсияи Россия ва Урдун, муаррифӣ намудам. Патентҳои аз он ҷойҳо гирифта гувоҳи онанд, ки ҳакамон ба корҳои илмии ман баҳои арзанда додаанд. Инчунин, мақолаҳоям дар нашрияҳои хориҷӣ, ба мисли "Промышленная энергетика", "Вестник Московского энергетического иститута" ба нашр расиданд. Яъне, натиҷаҳои кори илмиам хуб тарғиб шуданд ва баҳои баланд ҳам, гирифтанд. Баъдан, ҳамаи фаъолияти мо дар ҳамбастагӣ ба илми Тоҷикистон пешбарӣ мешуд. Аз ҷумла, мавзуи ман ба коркард ва таҳияи системаи автоматикии идораи шиддат дар генераторҳои неругоҳҳои барқи обии хурд ва неругоҳҳои барқи бодӣ бахшида шуда буд. Аз соли 2010 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» қабул шуд, ки ин мавзуъ ба масъалаи рақами як дар энергетикаи кишвар табдил ёфт ва мавқеи хосса пайдо кард. Мақсади мо роҳандозӣ намудани «энергияи сабз» аз ҳисоби неругоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ мебошад, ки ба он ҳайати ҳакамони ҷоизаи ёдшуда таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Дар ҳақиқат ноҳияҳои баландкӯҳи ҷумҳурӣ ба сохтмони неругоҳҳои бодӣ ва офтобӣ афзалият доранд. Мисол, ноҳияи Мурғоб аз системаи ягонаи электроэнергетикии ҷумҳурӣ ҷудост. Дар он як Неругоҳи барқи обии "Тоҷикистон" бо тавоноии 1500 киловатт фаъолият дорад. Ин барои қонеъ гардондани талаботи соҳаҳои гуногуни ноҳия кифоя нест. Кашидани хатти ягонаи баландшиддати барқ мушкил аст, аз ин рӯ, минтақа ба неругоҳҳои бодӣ ва офтобӣ ниёз дорад. Аллакай, дар Мурғоб якчанд неругоҳҳои обӣ ва бодӣ бо иқтидори 200 киловатт ва неругоҳи гибридии бодию офтобии тавоноии умумияш 120 киловатт дар бунгоҳи гумрукии "Кулма", сарҳади Тоҷикистону Чин фаъоланд. Инчунин, соли 2020 дар ноҳияи Мурғоб неругоҳи офтобии тавоноияш 220 киловатт ба истифода дода шуд.
Дарвоқеъ, аз овони донишҷӯӣ медонистам, ки расидан ба истиқлоли энергетикӣ мақсаду мароми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва яке аз ҳадафҳои муҳиму калидии стратегияи рушди саноат аст. Заҳмату талошҳои Пешвои муаззамро дар ин самт пайваста мушоҳида мекардем, дар баробари ин, камбудиҳои соҳаро низ медидем. Аз ҳамон замон дар дил мақсад гузоштам, ки дар рушди энергетикаи кишвар саҳм бигирам. Мушкилоти ноҳияҳои баландкӯҳро омӯхта, ба таҳияи лоиҳаҳои неругоҳҳои хурди барқӣ пардохтем. Проблемаи танзими параметрҳои барқ пайдо шуданд. Ба коркарди системаи автоматикии генератори шиддат дар барқ оғоз кардем. Системаи автоматикиеро сохтем, ки бе истифода аз дастгоҳҳои танзимкунанда кор карда метавонад. Сифати энергияи барқ беҳтар шуд.
Пеш аз таҳсил дар Москва ман бо ёрии устод Маҳмадризо Додхудоев, номзади илмҳои техникӣ, тадқиқоти кори илмиро оғоз карда будам. Мақсад аз таҳсил дар Москва чизи нав омӯхтан буд.
Имрӯз ҳам дар баробари ба донишҷӯён дарс гуфтан, ба таҳияи китобҳои методӣ машғулам. Мехоҳам донишҷӯён ихтисосро ба забони давлатӣ омӯзанд, аммо мушкил дар он аст, ки китобҳои методӣ ба забони давлатӣ камтар ба нашр мерасанд. Мо бояд он чизеро, ки худ дар амал татбиқ намудаем ба донишҷӯён расонем. Перомуни муваффақиятҳои донишҷӯёни Донишгоҳ гуфтаниям, ки онҳо ба дастовардҳои зиёд ноил гаштаанд. Масалан, соли равон Азимҷон Ҳакимов донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳ дар дуюмин чемпионати байналмилалӣ аз рӯи номинатсияи “Электромонтаж вторичной коммутаций” дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия сазовори ҷойи дуюм гардид. Чунин дастовардҳои донишҷӯён боиси ифтихор ва гувоҳи кори чашмраси Донишгоҳ аст.
Дар кишвар ба мутахассисони электрик эҳтиёҷ меафзояд ва ҷавонон метавонанд соҳибкасб гашта, дар пешрафти энергетикаи кишвар саҳм гузоранд. Яъне, бояд донанд, ки пешаи омӯхтаи онҳо дар кишвар талаботи зиёд дорад ва ишон ҳаргиз бекор намемонанд.
Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 12.07.2023 №: 142
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)