ҲОИТ. ОҚИБАТҲОИ ЗАМИНЛАРЗА ФАРОМӮШ НАМЕШАВАНД!
Калимаи «ҳоит» дар «Шоҳнома»-и ҳаким Фирдавсӣ ба маънои ҳота омадааст, яъне замине, ки гирдашро кӯҳҳо иҳота кардаанд. Ҳоит аз қадимулайём ватани тоҷикон буда, дорои заминҳои паҳновари ҳосилхез ва рӯду дарёҳо бо обҳои мусаффост.
То Инқилоби Октябр Ҳоиту Ҷиргатол тобеи бекигарии Қаротегин буданд. Ба ҳайати он дараи Ясманд бо деҳоташ ва Сақову Ҳоит то кони ангишти Назарайлоқ ва ағбаи яхпӯши Зардолу дохил мешуданд. Баъди Инқилоби Октябр тумани (ноҳияи) Ҳоиту Ҷиргатол дар ҳайати вилояти Ғарм ташкил шуданд. Соли 1929 тумани Қалъаи Лаби Об барҳам хӯрда, ҳудуди он бо Ҳоит якҷоя шуд. 7 августи соли 1936 бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ ноҳияи Қалъаи Лаби Об дар ҳудуди пештара аз нав барқарор гашт.
Ҳоит аз ноҳияҳои тараққикарда ва пурфайзу баракати вилояти Ғарм маҳсуб меёфт, махсусан маркази ноҳия бо кӯчаҳои рости сангфарш, биноҳои дуошёнаи идораҳои давлатӣ, мактабу беморхона, шуҳрат дошт.
Дар идораҳои давлатӣ, мактабу беморхона баробари одамони маҳаллӣ мутахассисони русу украин ҳам кор мекарданд. Занону духтарони маҳаллӣ ба омӯзгорию духтурӣ ва корҳои хизматрасонӣ машғул буданд.
Дар қисми болоии маркази ноҳия байни кӯҳҳо замини калони ҳамворе ҷойгир буд. Ҳавз низ дошт. Ин ҷо чарогоҳи тобистонаи чорвои мардуми Ҳоит ва деҳоти гирду атроф буд.
Моҳи июни соли 1949 рӯзона заминларзаи сахте шуд, ки дар натиҷаи он пеши роҳи оби ҳавз кушода шуда, кӯҳпораи азимеро канда, ба поён партофт. Дар андак фурсат хок маркази ноҳияро зер карда, пеши дарёи Оби Кабудро баст ва то деҳаи Ҳисораки водии Ясманд рафт. Кӯҳпорае, ки пеши роҳи дарёи Оби Кабудро баст, обанбори азимеро ба вуҷуд овард, ки оқибаташ хавфнок буд.
Бо супориши роҳбарони ҷумҳурӣ тайёраю чархболҳо ба воситаи моддаҳои тарканда кӯҳро пора-пора намуда, хавфро бартараф карданд.
Заминларза деҳаҳои бисёрро ба хок яксон намуд, ки баъзеи онҳо ҳоло ҳам эҳё нашудаанд. Аз ҷумла, аз ноҳияи Ҳоит: Ҷамоати деҳоти Шавр (зодгоҳи бобоии ҳофизи номӣ Зафар Нозимов) бо деҳаҳои Шавр, Мангорик, Чев, Урғелӣ, Бодумлуғ, Пиёзӣ, Девонасу, Туратол, Утолак, Санги Ҳуч ва ғайра.
Аз ноҳияи Қалъаи Лаби Об: Чодара, Вурсак, Қизилҷар, Чашмаи Бед, Каҷбед, Навободи Хунрез (дар қисми болоии деҳаи Сари Най), Марғ, Келинбоқӣ, Кавдал, Биёвак.
Аз ноҳияи Ғарм (Рашт) 15 деҳаи Ҷамоати деҳоти Қалъанак, аз ҷумла Духониё, Дуоба, Муртако, Бадалионҳо (Болою Поён), Шоҳмирзохон, Қалъаи Чак, Қара Маҳмуд, Сафедхок, Қалъаи Миёна, Ҳарбак, деҳаҳои Белгию Қалъанак, ки пурра зери хок монда буданд, дар ҷои дигар аз нав барқарор шуданд.
Дар ноҳияи Ҷиргатол (Лахш) ва Нуробод ҳам деҳаҳои бисёре вайрон шуданд.
Комиссияи ҳукуматӣ ба хулосае омад, ки ноҳияи Ҳоитро дар макони аслӣ барқарор кардан имкон надорад. Барои ҳамин, ба водиҳои Вахшу Ҳисор кӯчондани аҳолии деҳаҳои харобгашта зарур шумурда шуд.
Роҳбарони ҷумҳурӣ дар ноҳияи Қалъаи Лаби Об бо роҳбарону фаъолон вохӯрданд. Бобоҷон Ғафуров, котиби аввали Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, иброз дошт, ки пеши роҳи офатҳои табииро гирифтан мушкил аст, вале бартараф намудани оқибатҳои онҳо имконпазир аст: «Маркази ноҳияро ба ҳамин макони васеъ мекӯчонем. Мо ёрӣ мерасонем, шумо меҳнат мекунед, ноҳияро барқарор менамоем ва номашро Тоҷикобод мегузорем».
Ҳамин тавр, ноҳия барқарор ва бо номи Тоҷикобод машҳур гашт.
Пас аз сӣ соли заминларза Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ободонии ҳудуди ноҳияи собиқ Ҳоит иҷозат дод. Дар муддати кӯтоҳ дараҳои Ясманд, Тутак, Ярхичҳо, Тарутол бо ҳама инфрасохторҳои зарурии зиндагӣ (заминҳои ҳамвор, роҳҳои росту шағалпӯш, каналҳо бо обҳои мусаффо) таъмин шуданд.
Шахсони хоҳишманд ба Ҳоит баргашта, деҳаҳои бобоиро эҳё намуданд.
Соли 1980 Ҷамоати деҳоти Ҳоит ташкил шуд, ки ҳоло 15 деҳа, 1200 хоҷагӣ ва зиёда аз нуҳ ҳазор аҳолӣ дорад.
Ба хотираи қурбониёни ин фоҷиаи мудҳиш, бо қарори Ҳукумати кишвар дар Ҳоит муҷассамаи «Модари ғамгин» гузошта шудааст. Модари дилфигор болои таҳкурсие рӯ ба тарафи қибла нишаста, дасти рост болои зону аз Худованди мутаол илтиҷо дорад, ки ҳамаи 18 ҳазор фарзандонашро, ки дар натиҷаи заминларза қурбон шудаанд, раҳмату махфират намояд ва ҳеҷ гоҳ чунин рӯзи сахтеро ба кас нишон надиҳад.
Бегмат МАҲМУДОВ, ноҳияи Тоҷикобод
Санаи нашр: 12.07.2023 №: 142
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)