ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲУМО СӮЙИ ҲУМОЮН БОЛ БИКШОД

ҲУМО СӮЙИ ҲУМОЮН БОЛ БИКШОД

13 июл 2023, Панҷшанбе
20
0
(Новелла)
 
Модар олиҳаи покиву зебоӣ, муҳаббату садоқат, инсофу шафқат ва раҳму меҳр аст. Вақте ки шахс  калимаи модарро ба забон меорад, пеши назар симое ба ҷилва меояд, ки пур аз нафосат, латофат, назокат, малоҳат, иффат ва отифа мебошад. Беҳуда нест, ки тамоми адибон хостанд дар васфи модар беҳтарин сухан, зеботарин достон, ширинтарин  нақлу ривоятро баён созанд, аммо то имрӯз нафаре дар офариниши симои модар худро муваффақ наҳисобидааст. Ҳатто Биҳиштро зери қудумаш донистаанду дилҳояшон тар нашудааст.
Модар нигаҳдорандаи шамъи равшани ҳар хонадон аст. Ӯ бо меҳру  муҳаббаташ  метавонад  дилҳои сардро гарм, чашмони намро пок ва қалбҳои пурғамро шод гардонад. Модар нерубахш аст, писар – ҷигаргӯшааш,  вақти зарур, дар ҳолати бесарусомонии Меҳан,  сар ба зонуи модар мегузораду  аз ӯ дуо мегирад. Нисбат ба дуои модар эътиқоду бовар дорад.  
Ӯ – фарзандаш се бор  зону ба замин мондааст, аввал назди Офаридгор, дуюм зери Парчами кишвараш ва сеюм пеши пои  модар.
Модар даст ба дуо мебардорад ва кафҳояшро мекушояд, мехоҳад тамоми оламро дар ин панҷаҳои ларзону рӯзғордидааш нигаҳ дорад ва аз Худои худ илтиҷо мекунад, ки фарзандаш ва сокинони диёр боиқбол бошанду сарбаланду некном, чунки асли модар некдилу некрафтору некгуфтору некпиндор буда.
То поси шаб модарро хоб набурд.  Кӯрпаи болои наберагонашро, ки дар хоби ноз буданд, дуруст карду оҳиста аз хона баромад. Нигарист ба осмон, ҳама ҷо сиёҳ, абри ғафс осмонро пӯшонда буд, шамоли хунук барфрезаҳоро ба рӯяш зад. Дарақ-дарақ ларзид. Ба хона даромада худро зери кӯрпа гирифт.
Дар кишвар ақидаҳои гуногун бисёр буданд. На ҳама мехост  оромиву амонӣ бошад. Зан гиребони куртаашро қабза карда, зери лаб аз Худо осудагии диёрро хосту, ба фикр фурӯ рафт. Хоби солҳои пеш дидаашро ба ёд овард. Хоб дида буд, ки мурғи калоне болои хонааш дар парвоз буд. Зан ба само нигарист: 
– Худоё,  мурғи Ҳумо бошад? Мурғ як пари болашро канда ба зан дода таъкид кард: «Эҳтиёт кун!»
Шаби дуюм боз хоб дид. Аҷаб коре, гӯё давоми ҳамон хобашро медида бошад. Мурғи Ҳумо мисли гулхан ҳама ҷоро равшан карда буд. Аз гармии  оташи он рӯи модар низ, суп-сурх шуда, чашмони бодомияш медурахшиданд, лабҳои ба табассум моилаш ғунчаи гули навшукуфтаро мемонд. Ӯ дигар аз мурғи Ҳумо натарсид, баръакс, беихтиёр, ҷасурона ҳарф зад:
– Дирӯз аз болат паре додӣ, гуфтӣ эҳтиёт кун. Ман онро гум кардам, -  бо хиҷолат сар хам намуд ӯ.
Мурғи Ҳумо ханда зад, ҳама ҷоро рангинкамони аҷибе  зарринтару равшантару ҷолибтар ба ҷилва овард.
– Ту онро гум накардӣ, ӯ дар батни туст, фақат эҳтиёташ кун. Аз чашми бад эмин нигаҳ дор. Ба мушкилиҳои зиёд дучор меояд; миллати парокандаро сарҷамъ, кишвари харобгаштаро обод, тифлакони гирёнро хандон карда, ба Ватани ҷангзада сулҳ меорад.
Ояндаи душворе ӯро интизор аст. Маҳз бо тарбияи оқилона, одилона, орифона ва дуои ту ӯ марди баиқболу муваффақ мешавад. Ба дили пиру ҷавон роҳ меёбад, мардум ӯро Пешво интихоб мекунанд.  Ин имтиҳони ҷиддист, барои ту, модар – зодану парвардани  шоҳписар! Ин доди илоҳист!  
Модар оғушта дар об аз болин сар бардошт.
– Худоё, аҳли оилаамро дар паноҳат нигаҳ дор, – гуфта оҳиставу боэҳтиёт даст болои шикам монд; табассуми ба худаш зебанда дар гирди лабони зебояш нақш баст. Аҷаб коре…
Модар аз хоби дидааш ба касе чизе нагуфт.
Рӯзҳо мегузаштанд. Вақти ба дунё омадани тифл низ,   расид. Модар дар як рӯз садҳо бор хоби дидаашро ба ёд меовард. Аз Офаридгор хоҳиш мекард, ки тифлакаш сиҳату саломат ба дунё ояд.
 
Садои баланди гиряи навзод хонаро фаро гирифт. Модар ба хаёл парвози мурғи Ҳуморо дид. Шукр гуфт. Доя тифлро парпеч карду ба дасташ дод.
Рӯзҳо турнасон мегузаштанд. Рафтору гуфтору амали писараш  нисбат ба ҳамсолонаш фарқ мекарданд. Дар мактаб хуб мехонд. Аз дарс омада, ба кори хона ёрӣ мерасонд.
Модар  ҳамеша насиҳаташ мекард:
– Бачам, барои инсон  ахлоқи хуб доштан шарт аст: «Ахлоқи хуш гуноҳро об мекунад, чунонки Офтоб яхро».
Бачам, рост бош, ростгӯю рострафтору ростамал шав, беҳуда нагуфтаанд: 
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон,
Сарв агар хушк шавад, боз асо мегардад.
Ҳамеша хоксор бош, бачам: «Хоксорӣ нишони оқилист».
Бачам,  нони ҳалол  аз меҳнати худ хӯр:
Ҳар кӣ нон аз амали хеш хӯрад, 
Миннат аз Ҳотами Тойӣ набарад…
– Модарҷон, ин қадар шеъру афсонаи бисёрро аз куҷо омӯхтед? – савол мекард писар.
– Аз бобову бибиҳо ва калонсолҳо, бачам.
Рӯзе, ки модар писарашро ба хизмати аскарӣ мефиристод, оби чашм карда:
– Бачам, эҳтиёт шав! Аз суханҳои роҳбарон набаро. Хизматро бо сари баланд адо намуда, ба деҳа баргард. Шабу рӯз дуоят мекунам, ки сарбаланд бошӣ, бачам, иқбол ёрат шавад!
Се сол гузашт. Бо сари баланд хизматро адо карда, озими зодгоҳ гардид. Соҳибкасб шуд, барои гирифтани маълумоти олӣ шабҳо бедорхобӣ кашид. Модар мегуфт: «Илм болотар аз ибодат аст» Аз рӯи ин гуфта рафтор мекард. Дар ғаму шодии ҳамдеҳон дар барашон рост буд. Сокинони маҳал ӯро сарвари худ интихоб карданд. Ӯ фарзанди аҳли гузар буд, баъди ин боз ҳам  ба халқ наздиктар шуд. 
Модар шоҳиди созандагиҳои фарзанд буд. Обод кардани мавзеи беоб ва дар он пахта рӯёндан саҳл набуд. Кору пайкори писар ба ёди  модар мурғи Ҳуморо овард, ки гуфта буд: «Ояндаи душворе ӯро интизор аст». 
Аммо модар  намедонист, ки мушкилиҳо ҳанӯз дар пешанд… 
Дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ вакилони мардумӣ ба писараш бовар карданд. Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гашт. Ватан дар натиҷаи ҷанги таҳмилӣ дар ҳоле қарор дошт, ки бародар зидди бародар теғ кашид, гурӯҳҳои ифротгаро тухми кинаву адоватро дар дили мардум кишт кардан мехостанд. Хазинаи давлат холӣ буд.
Бисёриҳо тамошобин буданд, ки ин ҷавони ба ақидаашон камтаҷрибаи 40 - сола чанд моҳ тоқат мекарда бошад?
Ба бехи ниҳоли Истиқлол, ки пур аз муғча буд, оташи сӯзон мерехтанд, ки муғчаҳо гул нашаванду гулҳо мева. Оби софи диёрро махсус лой мекарданд, ки мардум  руҳафтода шавад. Навои хушро дидаву дониста хомӯш карда, оҳанги мотам менавохтанд. Тухми кинаву адоватро ҳар сӯ пош медоданд, ки шумораи бадхоҳону кӯтоҳандешон афзояд.
Ҳамаи инро дида модар месӯхт, оҳи пурдард мебаровард аз синаи реш, аммо бо дидани фарзанд ашк аз рухсораҳо пок мекарду ба ӯ дуои нек медоду оҳиста зери лаб, гӯиё худ ба худ мегуфт:
– Ба писар мардум бовар карданд. Қисмати худро ба дасти ӯ доданд. Ӯ вазифадор аст, ки халқро аз вартаи ноумедӣ раҳо созад. Мурғи Ҳумо гуфта буд, ку!..
Писар куҷое, ки ба сафар мерафт, аз модари азизаш дуо мегирифт. 
Он рӯзе, ки  бо чархбол ба давлати ҳамсоя – Афғонистон роҳ гирифт, нахост модарро нороҳат созад:
– Очаҷон, як дуоям деҳ, 2-3 - рӯза ба истироҳат меравам, – гуфта буд.
Модар хурсанд шуда: «Бачам, аҷаб кори хубе мекунӣ», – гуфту дуояш дод.
Вақте ки ровии телевизион хабар расонд, ки Сарвари давлат дар хоки Афғонистон бо гурӯҳи мухолифин вохӯрда, дар бораи ояндаи гурезаҳо сухан рондааст ва ба ҳамватанон:
– Ман ба шумо Сулҳ меорам, то гурезаи охирин ба Ватан барнагардад, худро осуда тасаввур намекунам…, – гуфт, дили модар ларзид.
Модар гоҳ телевизион мемонду гоҳ назди радиои деворӣ, гӯш ба баромадҳои писараш буд ва бо дасти рост номаълум дилашро молиш медод. Офарини он дили бузург!
Сарвари давлат дили ғарибафтода- гонро мебардошт:
– Хонаву дар, хешу табор, замини падариву бобоиатон шуморо интизор аст. Биёед, Ватанро якҷоя обод созем, хористонро ба гулистон табдил диҳем, сари хамгаштаи падаронро боло кунем, ашки модаронро поку кинаҳоро аз дил дур намоем, оғӯш кушоем сӯи якдигар. Он гурӯҳҳое, ки бародарро бо бародар ҷанг андохтанд, бояд  дар оташи афрӯхтаи худ сӯзанд. Ҳасуд худ душмани худ аст, аз бахилӣ хуни худро мехӯрад. Миллати мо ҳеҷ гоҳ сӯзанда набуд, созанда буд,– мегуфт.
Модар ашк мерехту ба фикр мерафт:
– Шукр, халқ ба писараш бовар кард. Савганди фарзанд ҳамеша дар гӯши модар садо медиҳад:
 «Савганд ба номи поки Худо, савганд ба шири сафеди модарам, савганд ба дуои неки падару модарон, савганд ба нону намаки дастархони пиру ҷавон, савганд ба обу хоки муқаддаси Ватан, ки масъулияти тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллати тоҷикро бар дӯш мегирам…».
Модар ифтихор дошт, ки фарзанд ба шири сафеди модараш  қасам хӯрд ва ман он модаре ҳастам, ки имрӯз дарк кардам, фарзанди ман фарзанди ҳамаи модарони Тоҷикистон аст. 
Дар ин лаҳзаҳо модар мехост чун мурғи Ҳумо сӯи Ҳумоюн бол кушояд. Ба пешвози писараш парвоз кунад, ӯро ба оғӯш кашад.
 
Гулчеҳра МАҲМАДИЗОДА, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
Санаи нашр: 13.07.2023 №: 143
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив