ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МО БАРОИ ВАСЛ КАРДАН ОМАДЕМ...

МО БАРОИ ВАСЛ КАРДАН ОМАДЕМ...

13 июл 2023, Панҷшанбе
160
0
 
Мавзуи сулҳу ваҳдат дар адабиёти классикӣ ва муосири мо яке аз мавзуъҳои асосӣ ба шумор меравад. Пешиниёни мо ва шоирони даврони навин ба хотири сар назадани ҷангу муноқишаҳо, дар ҳоли амну осоиш зиндагӣ кардани мардум бо сухан тадбирҳои заруриро андешиданд. Аз оқибати ногувори ҷанг андешаҳояшонро иброз доштанд. Аз зумраи шоироне, ки сулҳу ваҳдатро тараннум кардааст, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ мебошад. Ӯ дар «Маснавии маънавӣ» на аз нусха, балки аз асли зиндагӣ сухан мегӯяд ва бештар ҳақиқати ҳаётро тасвир менамояд. Мавлоно бо низоъҳои динию мазҳабӣ сахт муқобил баромада, ваҳдату муҳаббатро байни одамон талқин мекунад. Ба дидаи ҷаҳонбиниаш чун менигарем, ин ҳақиқатро бештар дармеёбем:
Мо барои васл кардан омадем,
Не барои фасл кардан омадем.
Ту барои васл кардан омадӣ.
Ё барои фасл кардан омадӣ?!
Ӯ дар ҷойи дигар барҳақ гуфтааст, ки “Маснавӣ”-и мо инсонҳоро ба ваҳдат, инсондӯстӣ, оромиву осудагӣ, ҳамдигарфаҳмиву оштихоҳӣ, сулҳу салоҳи абадӣ талқин мекунад. Чунончи:  
“Маснавӣ”-и мо дукони ваҳдат аст,
Ғайри ваҳдат ҳар чи мебинӣ, бут аст.
Ҳамзистӣ бо қавму қабила ва миллату халқҳои дигар маҳсули хирад ва хайрандешист. Аз таҷрибаи тулонии таърих бармеояд, ки бо эҳтиромтарин санади фарҳангӣ сулҳ ва афви гуноҳ аст. Барои ин амалро анҷом додан кас бояд, хирадманд бошад, ки ба манфиати қавми худ ва ҳам қавми дигар хизмат карда тавонад, зеро бехирад аз саманди ҷаҳл фуруд намеояд ва таассуб ақли ӯро тира ва хира карда, дар ҳамин саманди ҷаҳл ҷавлон медиҳад. Ҳар як сулҳ аз гузашт кардан ва авф намудану узр пазируфтан иборат аст. 
Ин ҳақиқатро Мавлоно дар замони худ пай бурда буд ва дар ҳалли ҳар як масъала ба натиҷаҳои таҷриба такя менамуд. Дар ҳар миллат ду тоифа вуҷуд дорад. Амали тоифае ба васл кардан ва амали тоифаи дигар барои фасл кардан нигаронда шудааст. Ёдрас менамоем, ки ҳангоми ҷангҳои салибӣ ва авҷ гирфтани таассуб дар олами ислом, задухӯрдҳои мазҳабӣ, таассубӣ, динию нажодӣ назарияи сулҳи куллро кор кард, ки он ба муттаҳид кардани башар ва аз байн бурдани ҳама гуна таассуб нигаронда шудааст.
Ҳар валиву ҳар набиро маслакест.
Лек то Ҳақ меравад, ҷумла якест.
Мавлоно соҳибдиле буд, ки дар он асри таассуб барои васл кардани башар камари ҳиммат баста буд.
Ӯ на танҳо дар назария, балки дар амалия ҳам дар ин ҷода намуна маҳсуб мешуд. Мавлоно мегӯяд: “Ман ба ҳафтоду ду миллат муттафиқ ва якеам”. 
Решаи ваҳдати миллӣ дар амонӣ ва хайрхоҳии афроди миллат нисбат ба якдигар мебошад. Омили эҷодкунандаи ин ваҳдат ғурури миллӣ буда, асоси он худшиносии миллист, ки дар заминаи хотираи таърихӣ сурат мегирад. Ҳар як фарди миллат ҳамон вақт нисбат ба миллаташ ҳусни таваҷҷуҳ пайдо мекунад, ки бо таърихи тамаддуни ӯ шинос бошад ва бо он фахр кунад. Дар ин самт пешиниёни миллат корҳои босазое кардаанд. Дар давраи Сомониён боз масъалаи худшиносӣ ва нигоҳ доштани хотираи таърихӣ ба миён омад. Ёдрас менамоем, ки аз кулли муқаддасоте, ки мо дорему бар он барҳақ ифтихор мекунему арҷ мегузорем, ба пиндорамон муқаддастаринаш ваҳдати миллист, зеро танҳо ҳамин ваҳдату ягонагии миллат аст, ки кафолати пойдориро дар имрӯзу ояндаи халқ ва давлати мо метавонад бидиҳад. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи июни соли 1997 сулҳу оштии миллиро барқарор намуд. Ин падидаи нусратбахш, ки мӯҷиби тағйироти кул дар ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакати мо гардид, ба адибон низ, руҳу илҳоми тоза бахшид. 
Лоиқ Шералӣ ҳамватанонро ба ин рӯзи фирӯз муборакбод намуда, ба онҳо бахту саодат орзу намудааст. Ёдрас менамоем, ки дар он рӯзҳои мудҳиш аз ҳар як хонадони шаҳру деҳот ҳамвора нолаву навҳаи “Бачамой” шунида мешуд. Ҳар рӯз дар телевизион ёдбуди шаҳидони роҳи озодиро ба намоиш мегузоштанд. Дар ҳақиқат, ҷанги бунёдсӯз ва хонабарандоз сокинони мамлакатро ба дараҷае озурдахотир карда буд, ки мардуми одӣ роҳи наҷоти баромадан аз ин вартаро меҷустанд. Аҳолии мамлакат аз сабаби нарасидани маводи ғизоӣ дар ҳоли табоҳ қарор дошт. Мардуми минтақаҳои Кӯлобро ба гуруснагӣ рӯ ба рӯ намуданд. Онҳоро нагузоштанд, ки аз маркази ҷумҳурӣ маводи ғизоӣ ба даст оранд. Аз сабаби он ки мардум ҷувории куҳнашуда, гандумҳои пӯсидаро истеъмол намуданд, ба бемориҳои гуногун мубтало гардиданд. Вазъият то дараҷае ташвишовар буд, ки мактабҳои миёнаро барои қабули беморон истифода мебурданд. Бемории домана ҳамаро мубталои худ гардонда буд. Аҳолии ҷангзада, чӣ хеле ки шоири шаҳир Ашӯр Сафар баён намудааст, дар ҳасрати тенҷиву осудагӣ буд:
Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад?
Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад?
Дар кашмакши рӯзи фурӯзону шаби тор,
Помоли фано зулмати шаб мешуда бошад?
Дар шеъри “Иҷлосияи XVI”-и Муҳаммад Ғоиб низ, тавассути ҷузъиёти қасам хӯрдан, аз ҳастӣ ва тақдири миллат сухан гуфтан, парчами мулкро бӯса кардан ва минбаъд ба аҳди бастаи худ вафо кардан, ба боварии халқи азизаш сазовор шудани Сарвари муаззами давлат басо муассир мавриди тасвири бадеӣ қарор гирифтааст.
Шавад, то мушкил осон, рӯ ба даргоҳи Худо кардӣ,
Ливои мулки худро ашкрезон бӯсаҳо кардӣ
На танҳо хешро, бегонаро ҳам ошно кардӣ,
Ҳалолат бод бар аҳдат вафо, қарзат адо кардӣ.
Имрӯз дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сохтори ҷомеаи демократӣ ҳамаи шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуддаанд. Пеш аз ҳама, дар байни мардум созиш, сулҳу осоиш торафт мустаҳкам гардида, фазои иҷтимоию сиёсии ҷумҳурӣ муътадил мебошад. Эҳтирому якдигарфаҳмии ҳамаи табақаҳои аҳолии  мамлакат ба вуҷуд омадааст. Сарвари давлат дар бораи ваҳдати миллӣ барҳақ гуфта буд: “Имрӯз ҳар тоҷику тоҷикистонӣ дар ҳамон ҳолат тинҷу осуда ва сарбаланд зиста метавонад, ки истиқлолияти ҷумҳурӣ, ваҳдати миллиро ҳифз карда тавонад”. Албатта, барои ин ҳамаи мо масъулем.
 
С. ХОЛИҚОВ, Д. ИСУФОВ, 
устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб 
ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Санаи нашр: 13.07.2023 №: 143
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив