САНОАТ. ТАЪМИНИ СУРЪАТИ АФЗОИШ ДАР САТҲИ 9%
Панҷ моҳи соли равон дар Тоҷикистон корхонаҳои саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусӣ ба маблағи 16 миллиарду 656,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиарду 155,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамчунин, суръати афзоиш бо назардошти нархҳои муқоисавӣ дар сатҳи 9 дарсад таъмин гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар додааст.
Саноати мамлакат омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ буда, ҳиссаи он дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ батадриҷ зиёд мегардад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 15,1 миллиард сомонии соли 2016 то ба 43,0 миллиард дар соли 2022 расонда шуд, ки суръати рушд 2,8 баробар зиёд гардид.
Ба иттилои сардори раёсати омори саноат ва сармоягузорӣ дар сохтмони Агентии омор Фирдавс Асматбекзод, дар панҷ моҳи соли 2023 омили асосии рушди суръати соҳаи саноат, асосан, аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми саноати истихроҷ 2,8, саноати коркард 12,8, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 13,1 дарсад ба амал омадааст.
Дар ин давра 3174 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ 301, коркард 2706, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 71 ва таъминоти об ва коркарди партовҳо 96 корхона фаъолият намуд.
ГӮШАИ ТОҶИКИСТОН ДАР НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САНОАТӢ
Дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ-2023», ки дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия идома дорад, вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир дар ҳамоиш бахшида ба ҳамкории кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар соҳаи саноат иштирок намуд.
Дар Намоишгоҳ гӯшаи саноатии Тоҷикистон ташкил гардида, дар он маҳсулоти ватании ба содирот нигарондашуда ба намоиш гузошта шудааст. Иштирокдорони ин чорабинӣ дар гӯшаи Тоҷикистон бо имконияти саноатии ҷумҳурӣ шинос мешаванд.
Дар Намоишгоҳи «ИННОПРОМ-2023» намояндагони беш аз 700 ширкат аз кишварҳои узви СҲШ иштирок дорад.
25,6%. ҲИССАИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НИШОНДИҲАНДАҲОИ РУШДИ МИНТАҚАВӢ
Аксари нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон дар шаш моҳи соли равон ҷамъбаст гардида, ҳиссаи вилоят дар нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии ҷумҳурӣ 25,6 дарсадро ташкил медиҳад.
Дар ин хусус зимни маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон дар нимсолаи якуми соли равон иттилоъ дода шуд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зикр намуд, ки дар шаш моҳи соли 2023 нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии вилояти Хатлон ба 13 миллиарду 867 миллион сомонӣ расид. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2 дарсад ё 1 миллиарду 137,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Гуфта шуд, ки тибқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025 татбиқи 368 лоиҳа бо маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Ба ҳолати 31 декабри соли 2022 дар доираи тадбирҳои андешидашуда 131 лоиҳа бо маблағи 3,6 миллиард сомонӣ ё 42,1 дарсад иҷро гардида, дар 95 лоиҳаи дигар корҳо ҷараён доранд.
Ба ҳолати 1 июни соли ҷорӣ дар вилоят 23965 ҷойи нави корӣ таъсис шуда, музди миёнаи меҳнат дар вилоят ба 1483,69 сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,7 дарсад зиёд мебошад.
ТАЪСИСИ 34 КОРХОНА ДАР ХУҶАНД
Дар шаш моҳи аввали соли равон дар Хуҷанд 34 корхонаи нави хурду миёнаи истеҳсолӣ таъсис дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 241 адад расид. Аз ҳисоби корхонаҳои навбунёдгашта 208 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд.
Ҳамзамон, дар 108 корхонаи хурду калон маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба маблағи 369,8 млн сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 47,4 миллион сомонӣ ё 14,7 дарсад зиёд мебошад.
Дар ин муддат ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти истеҳсол ва фурӯши барқ ба 738,9 миллион сомонӣ баробар гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 115,4 дарсадро ташкил додааст. Аз ин бо маблағи 213,6 миллион сомонӣ ба хориҷи мамлакат маҳсулот содирот шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 26,3 миллион сомонӣ афзоиш ёфта, барои рушди иқтидори содиротии шаҳр заминаи устувор мегузорад.
Илова бар ин, дар шаҳр номгӯи намуди маҳсулоти саноатӣ низ зиёд шудааст, ки онҳо, асосан, аз ашёи хоми маҳаллии аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол гардида, ба 17 кишвари хориҷӣ содирот мешавад. Дар корхонаҳои саноатии шаҳр бештар маҳсулоти армуғонӣ, заргарӣ, собун ва пойафзоли бачагона истеҳсол гардида, содирот низ, мешаванд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 14.07.2023 №: 144
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)