ШОМИ ШАНБЕ
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
ЧАЙН – КРОССВОРД
1.Пойтахти давлат дар Осиё; 2. Қитъаи олам; 3. Матоъ; 4. Дарахт аз оилаи сӯзанбаргҳо; 5. Майдони калони таърихӣ дар шаҳри Самарқанд; 6. Рустании техникӣ; 7. Иди мусалмонон; 8. Романи Сотим Улуғзода; 9. Асъори ИМА; 10. Ноҳия дар НТҶ; 11. Яке аз ҳашт тасвир дар Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 12. Нашриёти ҳукуматӣ; 13. Дарахти ангур; 14. Паранда – рамзи сулҳ; 15. Асари Носири Хусрав; 16. Ҳимоятгари ҳуқуқи шаҳрвандон; 17. Қаҳрамони Тоҷикистон; 18. Давлати ҳамсоя; 19. Шоираи тоҷику ӯзбек; 20. Калонтарин дарёи олам; 21. Дарахти ҳамешасабз; 22. Математик ва механики Юнони Қадим; 23. Минтақаи озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон; 24. Нурии минералӣ; 25. Кавкаб, ахтар; 26. Давлат дар Қафқоз; 27. НБО дар Тоҷикистон; 28. Антоними нав; 29. Масолеҳи роҳсозӣ; 30. Функсияи тригонометрӣ; 31. Роҳбари раёсат ё шуъба дар корхона; 32. Дарёчаи кӯҳӣ.
Тартибдиҳанда: Аълочии
матбуоти Тоҷикистон
Нуралишо СУЛАЙМОНШОЕВ
ЗАҲРО БОБОХОНОВА ВА ФАЙЗАЛӢ МУҲАММАДИЕВ
ҒОЛИБОНИ НАВБАТИИ РУБРИКАИ "ИНТЕЛЛЕКТ +"
Ҳамарӯза аз тамоми гӯшаву канори кишвар нафарони зиёде бо мо тамос гирифта, ҷавобҳои худро ба пурсишҳои суолу ҷавобҳояшонро ба муаммо, чайнворд ва кроссвордҳои мо пешниҳод менамоянд. Биноан, ин дафъа ҳам, ҷамъбасти натиҷаҳои рубрикаи «ИНТЕЛЛЕКТ+»-и саҳифаи «Шоми шанбе» тул накашид. Инак, тибқи хулосаи ҳакамон миёни ширкаткунандагон Заҳро Бобохонова, сокини ноҳияи Восеъ ва Файзалӣ Муҳаммадиев, сокини шаҳри Душанбе, барои пешниҳоди муаммову чайнвордҳои ҷолиб ва пешниҳоди ҷавобҳои дуруст ба пурсишҳои мо ғолиби рубрика дониста шуданд.
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
ПЕШ АЗ МАРГ БУЗУРГОН ЧӢ ГУФТАНД?
Ҳёте: “Каме нур мехоҳам».
Боб Марли: “Инҷост, ки пул наметавонад зиндагиро бихарад».
Граучо Маркс: “Ин ҷо дигар ҳеҷ роҳе барои зиндагӣ нест”.
Чарлз Дарвин: “Ман, ҳадди ақал, аз марг наметарсам”.
Мотсарт: “Таъми маргро рӯйи лабҳоям ҳис мекунам, мазааш, аслан, заминӣ нест”.
Бернард Шоу: “Ин барои ман як таҷрибаи ҷадид хоҳад буд”.
Таҳияи Руҳафзо МУРОДОВА
МУҲАББАТ БУЗУРГТАРИН ИРТИБОТ АСТ
Ошпази маъруфи турк Бурак Оздемир, дар инстаграмаш видеоеро таҳти унвони «Муҳаббат бузургтарин иртибот аст» нашр намуд, ки дар як шабонарӯз беш 1, 9 миллион нафарро ҷалб сохта, 25 ҳазор кас зери он шарҳ навишт.
Дар видео дида мешавад, ки чӣ гуна ошпази машҳур бо дасти худ сендвич омода карда, дар кӯчаҳои Душанбе онро байни занҳои кӯчарӯб тақсим мекунад. Занон аз лутфи ошпази ҷаҳонӣ шод гашта, дуои хайраш медиҳанд.
Бурак Оздемир дар инстаграм қариб 49 миллион пайрав дорад.
Таҳияи Меҳрона ЗУВАЙДОВА
ФИЛ ҲАМ ДИЛ ДОРАД
1. Дили фил 20-30 кг вазн дошта, дар як дақиқа 30 маротиба метапад.
2. Филҳо на аз пирӣ ва беморӣ, балки аз дарди дандонашон бештар мемиранд. Вақте фил тамоми дандонҳояшро аз даст медиҳаду дигар ғизоро дуруст хоида наметавонад, организмаш суст шуда, мемирад.
3. Филҳо метавонанд аз овози шумо ҷинсият, синну сол ва мансубияти этникиатонро муайян созанд.
Таҳияи Кароматулло АТО
ЭКОЛОГИЯ ДАР РАҚАМҲО
ЮНЕСКО дар ҳудуди 50 иншооти таҳти назорат қарордодааш 18 600 пиряхро ба қайд гирифтааст. Коршиносон бонги изтироб мезананд, ки агар гармшавии иқлим ҳамин тавр идома ёбад, то соли 2050 аз се ду ҳиссаи ин пиряхҳо пурра об хоҳанд шуд. Ин дар ҳолест, ки экологҳо ин манбаъро ҳамагӣ 10 дарсади пиряхҳои ҷаҳон муайян кардаанд.
Тули 20 соли охир танҳо пиряхҳои қаторкӯҳҳои Тян-Шони Ғарбӣ 27 дарсади ҳаҷми худро аз даст додаанд. Агар вазъият ҳамин тавр идома ёбад, пас аз 25 сол аз пиряхи кӯҳҳои Мон-Пердюи Пиренея, Алпи Италия, Калиманҷари Кения ва Йеллоустони ИМА нишоне нахоҳад монд. Дар нимаи аср пиряхи Парки миллии «Се рӯди параллел»-и музофоти Юннани Чин пурра аз байн хоҳад рафт.
Ҳамасола танҳо дар иншооти таҳти назорати ЮНЕСКО қарордошта зиёда аз 58 миллиард тонна ях об мешавад. Аз ин ҷост, ки сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ 5 дарсад боло рафтааст.
Таҳияи М. ТАБАРӢ
Панҷ гули қиматтарини хонагӣ
2. ПАФИОПЕДИЛУМИ РОТШИЛД
Пафиопедилумро барои яке аз гулҳои қиматтарини хонагӣ буданаш ба миллиарддор Ротшилд нисбат медиҳанд. Ба шарофати «роҳ ёфтан ба ин хонадон» пафиопедилум ё Paphiopedilum Rothschildianum, насаби гули тиллоиро ҳам ба худ касб кардааст. Чун дар мавзеи Кинабалу месабзад, онро тиллои Борнео низ, мегӯянд. Хӯшаи гулҳои зардрангаш дар ҳарири баргҳои бо рахҳои сиёҳ ороёфта ба он на танҳо шукӯҳи хос мебахшад, балки чун тиллои холис пеши чашм ҷилвагар менамояд.
Ин рустании нодир пас аз 15 соли нахустин баргҳояшро нишон додан гул мекунад. Гулҳои зебояш ҳамагӣ чанд рӯз мешукуфанд. Гулшиносон онро аз қаламчааш месабзонанд. Пафиопедилум гули хеле нозук буда, як қаламчаи онро аз ауксионҳои гулфурӯшӣ бо маблағи на камтар аз 5 000 евро дастрас кардан мумкин аст.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
ДАНДОН ДИЛ НЕ-КУ
Аз лаҳзаи дандонканӣ.
Духтур:
– Натарс азизам Ашӯралӣ, як бор ду бори аввал, ки нашуд, оқибаташ ҳатман нағз мешавад, дандон дил не-ку.
Бемор:
– Мебахшед, ман Ашӯралӣ не.
Духтур:
– Медонам, азизам, ман худамро дилбардорӣ дорам.
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
ПАРВОЗИ САНҶИШӢ
Гурӯҳи калони профессоронро беогоҳӣ дар як тайёраи нав мешинонанд. Вақте дарҳо пӯшида шудаву ҳама ба парвоз омодагӣ мегирад, сарнишин ба меҳмонон эълон мекунад, ки ин ҷонвари худпарвозро шогирдони худи онҳо сохтаанд ва ин нахустин парвози санҷишӣ аст. Эълон тамом нашуда, ки устодон «аз бало ҳазар» гуфта, худро ба дари тайёра мезананд. Сарнишин аз профессори каммӯи айнакдоре, ки як худаш бепарво менишаст, мепурсад:
– Ба ин мардум чӣ шуд?
– Инҳо, ки муфт маош хӯрда дарси ҳалол надодаанд, метарсанд, ки тайёраи шогирдонашон аз баландӣ чаппа мешавад.
– Набошад шумо чаро беташвишед, хеле хуб дарс додаед чӣ?
– Не, дарсҳоям аз инҳо ҳам бадтар буд, барои ҳамин бовар дорам, ки агар ҳамин тайёраро аниқ шогирдони мо сохта бошанд, ин ҷонвар аз ҷояш намеҷунбад.
Аз русӣ тарҷимаи
Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
СУХАНОНИ КӮТОҲ
Ғами ояндаи дурахшонро сиёсатмадорон, ғами гузаштаи дурахшонро таърихнигорон ва ғами имрӯзи дурахшонро журналистон мехӯранд.
***
Касби дигаре, ҷуз журналистика, нест, ки мутлақо ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро дар худ ҷо карда тавонад.
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
МӮД. КАТЕГОРИЯИ МАХСУСИ ЭСТЕТИКӢ Ё ТАРЗИ ЗИНДАГӢ
Мақоми иҷтимоӣ ва касбу кори аврупоиён дар асрҳои миёна бо ранги махсус нишон дода мешуд. Ашрофзодаҳоро ранги либосашон сурх буд. Деҳқонон либоси малларангу бӯр, тоҷирон ва масъулон ранги сабз ба бар мекарданд.
Дар Рум либоси императорро аз матои рангаш нофармон омода месохтанд. Сиёҳ пӯшидан мамнуъ буд. Танҳо занҳои викторианӣ пас аз марги шавҳарашон як муддат либоси сиёҳ мепӯшиданд. Албатта, ҳоло касе ин анъанаҳоро идома намедиҳад, аммо боз ҳам чизҳое ҳастанд, ки мо аз асрҳои миёна «ба мерос гирифтаем». Масалан, ба занҳо тааллуқ доштани ранги сурху хоси мардон шумурдани ранги кабуд. Ё чандин аср аст, ки занҳо тугмаи куртаҳояшонро аз тарафи чап мечаспонанду мардон аз рост.
Либосҳое ҳастанд, ки ҳеҷ аз мӯд намебароянд ва, баръакс, чизҳое ҳастанд, ки зуд куҳнаву фаромӯш мешаванд. Вале, ба андешаи тарроҳон, «умри миёнаи» як либос на бештар аз 3 сол мебошад.
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
74 РӮЗ ДАР ҚАЪРИ УҚЁНУС
Профессори Донишгоҳи Флоридаи ҷанубӣ Ҷозеф Дитури рекорди нави ҷаҳониро оид ба зиндагӣ дар зери об гузошт. Ӯ дар капсулаи махсус 74 рӯз дар қаъри уқёнус ба сар бурд ва аксуламали организмашро дар шароити нав таҷриба кард.
Аҷиб ин аст, ки рекорди пешинаро низ дар ҳамин ҷо гузошта буданд, вале он 73 соату 34 дақиқаро ташкил медод. Ҳоло Дитури мехоҳад, ин нишондодро ба 100 рӯз бирасонад. Профессор ба хулосае омадааст, ки зиндагӣ дар қаъри об аксари бемориҳоро пешгирӣ ва табобат ҳам менамояд. Ба ақидаи ӯ, дар ҳолати таҳти фишори баланд қарор доштан ҳуҷайраҳои организм бузургтар шуда, фаъолтар мегарданд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
БОДБОНҲОИ ОФТОБӢ
Соли 2019 Ҷамъияти планетарӣ бодбони Light stail-2-ро мавриди озмоиш қарор дод, ки аз он бомуваффақият гузашт. Бояд гуфт, ки бодбони офтобӣ низ, монанд ба бодбонҳои одии киштиҳои обӣ мебошад. Фақат онро на бод, балки энергияи аз ҷараёни зарраҳои нури Офтоб ҷудошаванда ба ҳаракат медарорад.
Бо истифода аз ин коркарди Ҷамъияти планетарӣ NASA бо ёрии бодбонҳо нақша дорад то ба моҳ парвоз анҷом диҳад ва, сипас, бо астероиди 1991 YG-и даври Заминро чарх бизанад.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
25 ҷойи мамнуъ дар сайёра
1. ФОРТИ БҲАНГАР, ҲИНДУСТОН
Форти Бҳангар дар иёлати Раҷастони Ҳиндустон ҷойгир буда, харобаҳои асри ҳабдаҳро мемонад. Ҳиндуҳо аз ин ҷой метарсанд. Ба андешаи онҳо, дар қалъаи куҳна руҳи гузаштагон маскан гирифтаанд.
Ҳукумати кишвар низ, шаҳрро расман макони арвоҳҳо эълон карда, қоидаҳои қатъии зиёрати ин харобаҳоро ҷорӣ намудааст. Шабона ба қалъа рафтани сайёҳон манъ аст. Сокинони маҳаллаҳои гирду атроф мегӯянд, ки он нотарсоне, ки қоидаро вайрон карда, шабона ба қалъа рафтаанд, то ҳол аз он барнагаштаанд.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
МАРДИ ҲАҚИҚӢ АЙБИ ЗАНИ БЕГОНАРО НАМЕГӮЯД
Марде аз занаш ҷудо шудан хост. Хабаре, ки зуд дар деҳа овоза шуд, шахсе аз ӯ пурсид: «Чаро аз занат, ки зебост, ҷудо шудан мехоҳӣ?»
Мард гуфт: «Ҳоло ӯ зани ман аст, марди ҳақиқӣ айби занашро ба касе намегӯяд».
Баъди чанд рӯз, ки мард аз занаш ҷудо шуд, он шахс боз бо ӯ вохӯрда, пурсид: «Шунидам аз занат ҷудо шудаӣ, акнун бигӯй: чӣ ҷурмеву феъли баде дошт? Бояд ман донам, зеро ба ӯ талабгорам».
Мард гуфт: «Ӯ дигар зани ман нест, марди ҳақиқӣ айби зани бегонаро намегӯяд».
Таҳияи Нигина РАҲМОН
ГӮШТУ НОХУН
АЗ ХУНСУПОРИИ МУХЛИСОНИ “УНИОН” ТО ШИРКАТ ДАР СОХТМОНИ ВАРЗИШГОҲ
Соли 2004 клуби футболи «Унион»-и Берлин барои пардохти аъзоҳаққӣ дар дивизиони 4-уми Олмон маблағи кофӣ пайдо карда натавонист. Барои насупурдани маблағ бошад, даста аз мусобиқот хориҷ мегардид. Тааҷҷубовар аст, вале мухлисони аршади «Унион» барои “наҷот”-и даста маъракаи хунсупорӣ гузаронда, аз фурӯши он 1,5 миллион евро ҷамъ оварданд ва “Унион” дар дивизион боқӣ монд.
Пас аз 4 сол, яъне соли 2008 зарурати азнавсозии варзишгоҳи хонагӣ (“An der Alten Fоrsterei”) ба миён омад, аммо боз ҳам маблағ нокифоя буд. Ин навбат зиёда аз ду ҳазор мухлиси тим дар сохтмони варзишгоҳ ройгон кор кард.
Ҳамин дастгириҳои ҳаводорон буд, ки «Унион» соли 2019 бори аввал ба Бундеслига роҳ ёфта, дар мавсими 2022/23 бо касби мақоми 4-ум роҳхати Лигаи чемпионҳоро ба даст овард.
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
СЕМЕНТ
ИСТИФОДАИ ОН ДАР ИМА ВА ЧИН
Чин миқдори сементи дар 100 сол истифода мекардаи ИМА-ро дар се сол сарф мекунад.
СММ хабар медиҳад, ки агар ИМА аз соли 1901 то соли 2000-ум 4,4 гигатонна семент истифода бурда бошад, Чин аз соли 2011 то 2013-ум 6,6 гигатонна масраф кардааст. Маълум мегардад, ки Чин нисбат ба ИМА сементро дар солҳои зикргардида 2,2 гигатонна зиёд харҷ намудааст. Сабабашро коршиносон дар рушди бесобиқаи сохтмон дар ин кишвар медонанд.
Таҳияи Қурбонбибӣ ХОЛНАЗАРОВА
ВАФЛӢ ВА НАХУСТИН ҶУФТИ КРОССОВКАҲОИ “NIKE”
Билл Бауэрман, ки солҳои 50-уми асри гузашта мураббии варзиши сабук буд, ҳамвора кроссовкаҳоро такмил медод. Дар ин кор таҷрибаи кофӣ ҳам дошт, зеро аввалин намунаҳои пойафзоли варзишии “Cortez”-ро маҳз ӯ офарида буд. Орзуи ягонааш ин буд, ки кроссовкаҳо боз ҳам сабуктар бошанду дар ҳама ҷо пӯшида шаванд.
Соли 1970 ҳангоми хӯроки субҳ аз вафлӣ илҳом гирифт. Ӯ фикр кард, ки агар шакли вафлиро дар тагчарми кроссовкаҳо истифода барад, он боз ҳам чандиртар хоҳад шуд. Ҳамин тавр, нахустин намунаи пойафзоли варзишии бо “усули вафлӣ сохташуда” соли 1972 дар мусобиқаҳои олимпии варзиши сабук дар Орегон (ИМА) истифода гардид.
Таҳияи Умаралӣ САФАРАЛӢ
ДУ БАЙТ
Он турушрӯии модар ё падар
Ҳофизи фарзанд шуд аз ҳар зарар.
***
Гург дарёбад валиро, беҳ бувад,
З-он ки дарёбад валиро нафси бад.
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО – ҲИФЗИ ҲАЁТ
Пиряхи Бивачний – шохаи поёну чапи пиряхи Федченко буда, дар нишебии ҷанубии қаторкӯҳи Язғулом воқеъ аст. Дарозиаш 27,8 километр ва паҳноияш – 139450 метр буда, дар масоҳати умумии 197 км2 доман паҳн кардааст. Ҳаҷми яхи пирях 1,43 км2-ро ташкил медиҳад.
Аз ин пирях дарёи Хабарвихас – шохоби Ғӯдара ва ҳавзаи дарёи Мурғоб сарчашма мегиранд.
Пирях ба ифтихори Бивачний ном муҳаққиқ номгузорӣ шудааст.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)