ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАТЛОН. НИШОНДИҲАНДАИ РУШДИ ВИЛОЯТ  БА 13,7 МИЛЛИАРД СОМОНӢ РАСИД

ХАТЛОН. НИШОНДИҲАНДАИ РУШДИ ВИЛОЯТ  БА 13,7 МИЛЛИАРД СОМОНӢ РАСИД

18 июл 2023, Сешанбе
71
0
 
Дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати  раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят дар нимсолаи якуми соли 2023 бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва фаъолон баргузор гашт.
 
Давлаталӣ Саид зикр кард, ки аксари нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар нимсолаи якум мусбат ҷамъбаст гардиданд. Нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии вилояти Хатлон ба 13 миллиарду 867 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 8,2 фоиз ё 1 миллиарду 137,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳиссаи вилоят дар нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии ҷумҳурӣ 25,6 фоизро ташкил медиҳад. 
Сипас, муовини раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода вобаста ба рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят иброз дошт,  ки нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102,7 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 1 миллиарду 127 миллион сомонӣ маблағ ворид шудааст, ки нисбат ба нақша 29,2 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 152,5 миллион сомонӣ зиёд аст. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо назардошти маблағҳои мақсаднок аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 101 фоиз таъмин шуд.
Маблағгузорӣ ба соҳаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба 1 миллиарду 306,6 миллион сомонӣ расид. 1155,4 миллион сомонӣ ё ин, ки 88,4 фоизи маблағи буҷетӣ ба соҳаи иҷтимоӣ равона шудааст. Аз ҷумла, ба маориф 785,2 миллион сомонӣ, тандурустӣ  321 миллион сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ 10 миллион сомонӣ, фарҳанг  39,1 миллион сомонӣ.
Тибқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021–2025, татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Ба ҳолати 31 декабри соли 2022, дар доираи тадбирҳои андешидашуда, 131 лоиҳа ба маблағи 3,6 миллиард сомонӣ ё 42,1 фоиз иҷро гардида, дар 95 лоиҳаи дигар корҳо идома доранд. 
Татбиқи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо барои солҳои 2021–2025 бомаром ҷараён дорад. 
Дар идома Заробиддин Файзуллозода иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли 2023 бонкҳои вилоят ба соҳаҳои иқтисодӣ 1 миллиарду 855,8 миллион сомонӣ қарз доданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 528,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Содироти маҳсулоти кишоварзӣ то 4 июли соли 2023 танҳо ба воситаи Хадамоти гумруки вилояти Хатлон 7430 тоннаро ташкил дод. Қисми зиёди маҳсулоти кишоварзӣ, асосан, ба Қазоқистон (3601 тонна), Россия (2063 тонна), Беларус (98 тонна), Покистон (1555 тонна), Афғонистон (76 тонна) ва Туркия (36 тонна) ва содирот шуд. Содирот тавассути Хадамоти гумруки вилояти Суғд 56311,2 тонна ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1086,6 тоннаро дар бар мегирад.
Ҳамчунин, зикр шуд, ки ба ҳолати 1 июни соли 2023 дар вилоят 23965 ҷойи нави кор таъсис ёфт. Музди миёнаи меҳнат ба 1483,69 сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 13,7% зиёд аст. 
Гардиши мол дар шаш моҳи соли 2023 ба 6 миллиарду 250,4 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 116,9 фоиз ё ин ки 904,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Гардиши савдои хориҷӣ ба 226,4 миллион доллари ИМА баробар шуд.
Бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди устувори соҳаи кишоварзӣ чораҳои саривақтӣ амалӣ гардида истодаанд. Зимнан, бо амри раиси вилояти Хатлон гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ ва минтақавӣ таъсис ёфта, вазъи ҷамъоварии ҳосили зироатҳо, истифодаи заминҳо, рафти кишти такрорӣ, захираи маводи ғизоӣ ва ғайра дар шаҳру ноҳияҳо мавриди омӯзиш ва таҳлили ҳаматарафа қарор мегиранд. 
Дар натиҷаи ҳамкорӣ бо олимони соҳа ва андешидани тадбирҳои самарабахш, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 11 миллиарду 953 миллиону 703,5 ҳазор сомонӣ расонда шуд, ки афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 675 миллиону 159,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҳиссаи бахши аҳолӣ дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 44% ва дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 56% мебошад. 
Тибқи иттилои муовини раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода, имсол наздик ба 7000 гектар пунба бо истифода аз технологияи муосир, яъне зери плёнка кишт шудааст, ки ҷиҳати баланд гардидани ҳосилнокӣ мусоидат менамояд. Айни ҳол риояи агротехникаи парвариши пахта зери назорати мутахассисони соҳа қарор дошта, инкишофи ниҳолҳо дар ҳолати хуб буда, 60 фоиз ҳосил бастааст. 
Ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва гирифтани се-чор ҳосил аз як замин, мувофиқи маълумоти расмӣ ба ҳолати 1 июли соли равон дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 53,8 гектар гармхонаҳои доимоамалкунанда кишти сабзавоти барвақтӣ гузаронда шуда, аз ин ҳисоб 18494 тонна сабзавот, аз ҷумла 853,1 тонна помидор, 371,7 тонна бодиринг, 621,5 тонна дигар сабзавот истеҳсол ва дар бозорҳои дохилӣ ба фурӯш бароварда шуданд. 
Дар доираи имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба соҳаи моҳипарварӣ диққати махсус зоҳир шуда, шумораи хоҷагиҳои моҳипарвар ба 315-то расид. Ба ин хоҷагиҳо масоҳати умумии 2346,4 гектар кӯлу ҳавзҳо вобаста гардида, ба ҳолати 1 июли соли равон 930,6 тонна моҳӣ ба фурӯш рафт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 154,7 тонна зиёд мебошад.
Вилояти Хатлон дар истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ низ пешсаф аст. Ба маблағи 4 миллиарду 788 миллиону 772 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст. Дар вилоят  792 корхонаи саноатӣ 209 намуди маҳсулотро ба харидорон пешкаш мекард, имсол боз истеҳсоли 23 намуди маҳсулоти нави саноатӣ ба роҳ монда шуд. Ҳамчунин, 83 корхона ва як коргоҳи нав фаъол гашт, ки, аллакай, ба маблағи 31,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд. 
Дар ҶСП КМ «Азот» то имрӯз 8314,9 тонна карбомит ба маблағи 41,5 миллион сомонӣ, амиаки синтетикӣ 22000 тонна, оксиген 2898 метри мукааб ва углекислота 42,4 тонна  ба маблағи 1,2 миллион сомонӣ истеҳсол гардидааст. Дар маҷмуъ, ҶСП КМ «Азот» ба маблағи 42,7 миллион сомонӣ маҳсулот баровард.
Давлаталӣ Саид ба масъулон дастур дод, ки вобаста ба рушди соҳаи саноати вилоят мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар ҳамкорӣ бо ташкилоту идораҳо ва корхонаҳо вобаста ба ислоҳи саривақтии камбудию норасоиҳо дар самти фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ, талафоти барқ ва ҷамъоварии саривақтии маблағи истифодаи он тадбирҳои иловагӣ андешида, баҳри дастёбӣ ба нишондодҳои мусбат масъалаҳои асосиро мавриди таваҷҷуҳи ҳамарӯза қарор диҳанд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 17.07.2023 №: 145
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив