ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ЭНЕРГИЯИ САБЗ» НУФУЗИ ТОҶИКИСТОНРО  ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ МЕАФЗОЯД

«ЭНЕРГИЯИ САБЗ» НУФУЗИ ТОҶИКИСТОНРО  ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ МЕАФЗОЯД

19 июл 2023, Чоршанбе
257
0
 
Баробари афзудани аҳолӣ ва инкишофи тамаддуни башар талабот ба неруи барқ мунтазам рӯ ба афзоиш ниҳод. Дар ҳамин ҳол, афзоиши сарфи неруи барқ ва тараққиёти иқтисодиёт алоқамандии ногусастанӣ пайдо кард. Бо назардошти ин, дар ҷаҳон манбаъҳои анъанавии тавлиди неруи барқ метавонанд дар давоми чанд даҳсола ба итмом расанд. Бинобар ин, сарчашмаҳои маҳдуд ва тамомшавандаи энергия ниёз ба ҳалли алтернативӣ пайдо карданд. Яке аз онҳо «энергияи сабз» мебошад. 
 
«Энергияи сабз» як қисми тавлидкунандаи энергия мебошад, ки ба захираҳои табиии тамомнашаванда ё барқароршаванда асос ёфтааст. Ба манбаъҳои «энергияи сабз», асосан, бод, нури офтоб, ҷараёни об, чашмаҳои гарм нисбат дода мешаванд. Бартарии ин гуна манбаъҳо ба ғайр аз тамомнашаванда буданашон безарарии онҳо ба муҳити зист мебошад. 
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба далели мавқеи хоси ҷуғрофиаш дорои захираҳои бузурги обҳои ҳаракаткунанда буда, ин манбаи барқароршавандаи энергияро барои тавлиди неруи барқ фаъолона истифода мебарад. Аз ҷумла, 98 дарсади барқ дар мамлакат дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад. Иқтидори гидроэнергетикии кишвар 527 миллиард киловатт-соат неруи барқ дар як сол арзёбӣ шуда, танҳо 5 дарсади он феълан мавриди истифода қарор дорад. Тоҷикистон аз нигоҳи захираҳои гидроэнергетикӣ, яъне неруи таҷдидшаванда, дар ҷаҳон ҷойи ҳаштум ва аз рӯи фоизи истеҳсол ва истеъмоли энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза дар байни кишварҳои ҷаҳон дар ҷойи шашум меистад. 
 
САБАБИ ТАВАҶҶУҲИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ БА “ЭНЕРГИЯИ САБЗ”?
Меҳрдод Қурбониён, профессори Донишгоҳи пост ва коммуникатсияи Чон чини Ҷумҳурии Мардумии Чин, номзади илмҳои физика-математика дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки имрӯзҳо сарчашмаҳои энергетикие, ки инсоният барои қонеъ гардондани талаботи худ истифода мебарад, хеле зиёданд. Инҳо ангишт, ҳезум, нафт ва навъҳои алтернативии энергияҳои барқароршаванда ё “энергияи сабз” аз қабили иқтидори энергетикии оби дарё, ҳаракати оби болои баҳр, офтоб, шамол ва амсоли инҳо мебошанд. Муҳимтарин омил дар ин ҷо он аст, ки инсон баъди истифодаи сарчашмаҳои энергия аз худ пайомадҳои бад боқӣ нагузорад. Аз ин рӯ, ҳам олимон ва ҳам сиёсатмадорон алтернативаи манбаъҳои энергетикиро дар ҳамон манбаъҳое мебинанд, ки онҳо хусусияти барқароршавӣ доранд. Масалан, агар мо ин ё он дарахтро бурем, барои дубора дар ҷойи он сабзондани як ниҳол солҳои зиёд лозим мешавад, ғайр аз ин, ҳангоми сӯзондани дарахт ба атмосфера партовҳои зараровар хориҷ мешаванд. Аммо агар мо аз иқтидори ҳаракати оби дарёи равон ба воситаи генератор энергия ҳосил намоем, оби дарё талаф намеёбад ва атмосфераи атроф тоза боқӣ мемонад. 
Имрӯзҳо «энергияи сабз» бештар дар баррасии мавзуъҳои марбут ба тағйирёбии иқлим ва харобшавии манбаъҳои анъанавии тавлиди неруи барқ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Сабаби таваҷҷуҳи бештари ҷомеаи башарӣ ба «энергияи сабз» маълумшавии бемаҳдуд, набудани навъҳои маъданҳои фоиданок (газ, нафт ва уран) ва дер ё зуд тамом шудани ин захираҳо аз ҷониби инсоният мебошад. Аз ин рӯ, бисёри кишварҳо кӯшиш доранд, ки роҳҳои алтернативии тавлиди неруи барқро дарёфт намоянд. Дар ин самт дар ҷаҳон Чин ва ИМА пешсафанд. Дар Аврупо низ барои гузариш ба “энергияи сабз” кӯшишҳо идома доранд. Ба ғайр аз ин, қариб тамоми кишварҳои ҷаҳон барои дарёфти роҳҳои иловагии тавлиди энергия чораҳо меандешанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башар бо дарки муҳимияти энергияи барқароршаванда дар ин самт аз тадбирҳои муассир кор мегирад. 
 
ОЁ ДАР ТОҶИКИСТОН ЭНЕРГИЯИ АЛТЕРНАТИВӢ ИСТИФОДА МЕШАВАД?
Тоҷикистон аз захираҳои об ғанӣ буда, релефи кӯҳӣ ва мавҷудияти дарёҳо имкон медиҳанд, ки сарбандҳои баланд ва неругоҳҳои  барқи  обии  хурду  бузурги зиёд бунёд гашта, неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза тавлид шавад. Ва ҳамин тавр ҳам ҳаст. Тавлиди неруи барқ тавассути неругоҳҳои обӣ худ, аллакай, истифодаи “энергияи сабз” маҳсуб меёбад ва дар Тоҷикистон ин нишондиҳанда 98 дарсадро ташкил медиҳад. Аммо, дар баробари ин, ба гуфтаи экологҳо, бояд дар бораи роҳҳои алтернативии истеҳсоли неруи барқ низ андеша кард. Мувофиқи арзёбиҳои олимону коршиносони ватанӣ барои кишвари мо неруи офтобӣ ва бодӣ беҳтарин алтернатива дониста мешавад. Иқтидори неруи офтоб ва бод дар Тоҷикистон хеле бузург буда, мамлакат дар минтақаи «қамари тиллоӣ» ҷойгир мебошад. Бино ба маълумоти дастрас, давомнокии офтоб дар кишвар 2100 – 3166 соат дар як сол буда, шумораи рӯзҳои офтобӣ дар як сол тақрибан аз 260 то 300 рӯзро ташкил медиҳад. Ин ҷиҳат барои ҳамчун манбаи иловагӣ истифода бурдани неруи офтоб, хусусан дар минтақаҳои кӯҳӣ, ки хатти электрикӣ мавҷуд нест, имконияти хубро фароҳам меорад. Ҳисобҳои пешакии коршиносон нишон медиҳад, ки иқтидори истифодаи неруи офтоб барои қисман пӯшондани камбуди неруи барқ дар минтақаҳои кӯҳӣ, ки 70 дарсади аҳолии кишвар ба сар мебаранд, басанда аст. Қобили зикр аст, ки дар кишвари мо мувозинати энергетикӣ дар фаслҳои тобистону зимистон вайрон мешавад: дар тобистон неруи барқ барзиёд ва дар зимистон норасоии неруи барқ мушоҳида мегардад. 
Тибқи маълумоти сомонаҳо, дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 неругоҳи шамолӣ бо иқтидори 5,1 киловатт ва 2433 дастгоҳи ҳосилкунандаи неруи офтобӣ бо иқтидори умумии 8,87 киловатт мавҷуданд. Дар ҳамин ҳол, бисёре аз коршиносони тоҷик бар он назаранд, ки офтоб ва шамол барои Тоҷикистон манбаи гаронарзиши тавлиди неруи барқ мебошанд. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз соли 2019 дар ноҳияи Мурғоб татбиқи лоиҳаи сохтмони неругоҳи хурди офтобӣ оғоз шуд. Сохтмони неругоҳҳои бодӣ дар ин минтақаи кишвар ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар баробари аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ доштанашон аҳамияти баланди экологӣ низ доранд.
 
РУШДИ “ЭНЕРГИЯИ САБЗ” ИМКОНИ ХУБИ ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН 
Сол то сол дар ҷаҳони муосир аҳамияти “энергияи сабз” барои рушди устувор ҳалкунанда мегардад. Ба гуфтаи бисёре аз коршиносон ва маҷаллаи “Wоrld Energy Outlook”, муҳимтарин ҳадафи рушди устувор дар Рӯзномаи то соли 2030-и СММ маҳз ҳадафи гузариш ба “энергияи сабз” мебошад, зеро ҳалли он ба ноил шудан ба ҳадафҳои дигар роҳ мекушояд. 
– Дар бистсолаи охир бо дарки ҳамин муҳимиятҳо амалан рӯй овардан ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия ё ин ки “энергияи сабз” дар як сатҳи баланд ҷараён дорад, имрӯз ҳатто кишварҳое ҳастанд, ки қариб 60 – 70 дарсади таъминоти энергияи электрикии худро аз навъи анъанавии тавлиди энергия ба ин навъ гардонданд. Бо назардошти масъалаи глобалии рақами яки инсоният – тағйирёбии иқлим, ки яке аз омилҳои муҳим дар ин раванд партофтани миқдори зиёди газҳои зараровар ба атмосфера мебошанд, рӯй овардан ба ин навъи фаъолияти энергетикӣ бисёр муҳим аст, – мегӯяд М. Қурбониён. 
Ба гуфтаи ӯ, дар ин самт Тоҷикистон аз рӯзи аввали таъмини кишвар бо неруи барқ пешсаф аст. Имрӯз Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз кишварҳое мебошад, ки таъминоти пурраи аҳолиро ба воситаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне энергияи обӣ ба роҳ мондааст. Албатта, аз нуқтаи назари ҷуғрофӣ, ки мо дар минтақаи хуб ва эффективӣ ҷойгир ҳастем, бояд ҳам ҳамин тавр ҳам шавад. Дар баробари ин, мо метавонем тамоми сарчашмаҳои навъи “энергияи сабз”, ки дар Тоҷикистон мавҷуданд, махсусан бо назардошти иқлим, атмосфераи тоза, рӯзҳои офтобӣ нурҳои офтобӣ ва неруи бодиро густурдатар истифода бурда, рушд диҳем. 
Ба андешаи коршиносон, рушди “энергияи сабз” барои Тоҷикистон имкони хуби пешрафти кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ хоҳад буд. Имрӯз Тоҷикистон дар ин самт иқтидори азим дорад ва метавонад дар истеҳсоли энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза иқтидори ҷаҳониро пурра гардонад. 
Бо мақсади гузариш ба “иқтисоди сабз”, инчунин, таъмини истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, ҷалби сармоягузориҳо, роҳандозии технологияҳои муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ соли гузашта Ҷумҳурии Тоҷикистон “Стратегияи рушди “иқтисоди сабз” барои солҳои 2023 – 2037”-ро қабул кард. “Иқтисоди сабз” ин “сабзсозӣ”-и на танҳо як  бахши саноат, балки дигаргунсозии тамоми соҳаҳои иқтисодиётро дар бар мегирад. Яке аз афзалиятҳои рушди “иқтисоди сабз” дар Тоҷикистон тавсеаи истифодаи манбаъҳои  барқароршавандаи энергия мебошад.  Ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои рушди гид-роэнергетика ва манбаъҳои ғайрианъанавии энергетикиро дар минтақаҳои ҷумҳурӣ амалӣ менамояд. Аз ҷумла, сохтмони НБО “Роғун” идома дорад. Баъди анҷоми лоиҳа, сарбанди НБО “Роғун” бо баландии 335 метр баландтарин дар ҷаҳон ва Неругоҳ бо иқтидори 3600 МВт бузургтарин неругоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ мегардад. Инчунин, то анҷоми Стратегия бояд тавассути бунёди неругоҳҳои  хурду бузурги обӣ Тоҷикистон ба як содиркунандаи аслии неруи барқ дар минтақа табдил ёбад. Саҳми тавлиди неруи барқ аз ҳисоби дигар манбаъҳои алтернативии энергия бояд 10 фоиз афзоиш ёфта, талафоти неруи барқ, баръакс, 10 фоиз кам шавад. Имрӯз замони рушди “иқтисоди сабз” фаро расидааст ва аз рӯи дигаргуниҳое, ки дар ҷаҳон ба амал меоянд, соҳаи энергетикаи Тоҷикистон ба яке аз авлавиятҳои баландтарин дар арсаи байналмилалӣ ноил хоҳад шуд. 
 
Шаҳноз ҚУРБОН, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 18.07.2023 №: 146
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив