МОДАР, ОМАДАМ, КИ ДУО КУНЕМ!
Дар танҳоӣ сари зону менишинам ва сар ба саҷда мебарам, пешониро ба хоки сияҳ месояму онро бо алам мебӯсам. Фарёди аламнок қафаси синаамро сӯхта-сӯхта берун меҷаҳад.
Дигар ман мемонаму ғами бемодарӣ, дигар ман мемонаму нолаҳои дили дардманд. Ману ин теппаи хок, теппаи хоке, ки туро ба оғӯши сардаш гирифт ва солҳост, ки болои он сабза медамад ва тирамоҳ хазон мешавад, маро ҳушдор медиҳад, ки хазони ту низ рӯзе фаро хоҳад расид, вале ёди туву фироқи ту маро ором намегузорад, куҳна намешавад.
Омадаам ба шаҳри хомӯшон. Ҳанӯз ғами дилам кам нашудааст. Ҳанӯз захми қалбам рӯ нагирифтааст.
Ёд дорам, бори охир гуфта будӣ, ки муддате бо ман бимон. Бимон, ки аз дидорат сер шавам. Ба пуштманзари ҳарфҳоят сарфаҳм нарафтам. Ҷавонӣ буду ҷаҳоне пур аз зебоиҳо, ки мани дунёнадида ва таҷрибанаандӯхтаро афсун карда буд ва натавонистам, ки по аз сафар бикашам. Гуфтам, ки ҳамроҳи ҷӯраҳоям мераваму рӯзи идат меоям.
Модар! Ту табассум кардӣ. Лабони хушкат гумоне ларзиданд. Хандаат гиряро мемонд. Миёни мижаҳои зебоят як зум қатраҳои ашкро дидам, вале зуд онҳоро бо гӯшаи қарси сафед пок кардӣ. Нахостӣ, ки дили бачаи якрави бепарвоят ганда шавад. Аз пешонаам бӯсидӣ ва зери лаб чизе хондӣ. Пиндоштам, ки аз оташи лабони тафсидаат пешонаам сӯхт. Аммо он соат аз суханҳоят, аз ҳаракотат чизеро пай набурдам. Нафаҳмидам, ки дарди ҷонгудоз пайкаратро мефишораду тоб меорӣ, шикоят намекунӣ. Намехостӣ дили бачаҳои худро ношод гардонӣ. Нафаҳмидам, ки ин бӯсаи вопасинат буд. Нафаҳмидам, ки бо сукути гиряолуди хеш маро падруд гуфтӣ. Ҳамаро баъд фаҳмидам.
Намедонам рӯзи дигар ё ҳафтаи дигар кадоме аз ҳамдеҳаҳо маро пайдо карду ба хона бурд. Намедонам, ки чанд рӯзу чанд моҳу чанд сол дар он ҳолат қарор доштам. Замоне ба худ омадам, ки гулдастаи ман болои қабри ту хушкида буд. Дар ҳамон ҳолати пешин теппаи хокро ба оғӯш кашида миёни сабзаву себаргаи навруста хуфта буд. Ӯ дигар моли ман набуд, лекин натавонистам ӯро он ҷо гузорам. Ӯ шоҳиди болои теппаи хок рехтани пораҳои ҷигари сӯхтаи ман буд. Гулдастаро ба хона овардам ва онро аз банд раҳондаму миёни саҳифаҳои китоби ғафсе ҷо кардам. Чунон ки замоне дар Мисри қадим наъши бузургонро мумиё мекарданд. То барои ҷовидон дар ҳамон сурат боқӣ бимонанд. Гулдастаи ман низ имрӯз сурати мумиёӣ дорад. Шаҳри хомӯшонро оё гули ман анбарафшон мекарда бошад? То димоғи модар мерафта бошад?
Модар! Ҳанӯз чеҳраи зебои бародари дувумам Мирзошоҳ пеши рӯям ҷилвагар аст. Ман ӯро фаромӯш накардаам. Ба ӯ ҳавас мекардем. Бачаи сухандону ҳунарманде буд. Хотираи қавӣ дошт. Сурудҳои шунидаашро аз ёд мекард. Ва ҳар чи мегуфт, падарам нозашро мебардошт. Овози ширинашро гӯш мекарду мегуфт: «Бачаи ман ҳофизи номдоре мешавад». Ба падарам гуфт, ки барояш думбура биёрад. Не, нагуфт. Хонаи усто Шариф рафт. Якбор не, даҳ бор рафт. Усторо зориву тавалло кард, ки барои бачаи ман думбура бисоз. Думбураро овард ва онро ба дасти Мирзошоҳ дод. Ҳафтае пас Мирзошоҳ думбура менавохту суруд мехонд. Истеъдоди модарзод дошт. Мӯйсафеди Қаландаршоҳ, ки дар ҳамсоягии мо мезист, хондану навохтани ӯро диду даст ба гиребон бурд: “Худо медонаду ин бача умри дароз намебинад”. Модарам аз ҳарфи ҳамсоя ранҷид. “Гапатро шамол барад, амак”, - посух дод модарам. Дареғо, сухани ӯ рост баромад. Бародарам ҳамагӣ нуҳ сол дар хонаи падар меҳмон буд. Рӯзи марги Мирзошоҳ падарам думбураро дар оғӯш то қабристон бурд. Баъди омаданаш онро ба замин намегузошт. Намедонам, кӣ думбураро аз дасти вай гирифту ба ман дод. Ҳафтае пас ту маро фармудӣ, ки навохтани онро биомӯзам. Падарам маро назди Умаралии Раҷаб бурд. Умаралие, ки дар хонданаш пиру барно мегиристанду аҳсант мехонданд. Бо азоб навохтанро ёд гирифтам. Ту маро мешинондиву маҷбур мекардӣ, ки бо нолаи думбура ҳамовоз шавам ва чанд рубоии омӯхтаатро бихонам. Бо чашмони пӯшида менавохтаму мехондам. Даме чашмонамро кушодам, дидам, ки гаҳвора меҷунбониву ҳамроҳи ман рубоӣ мехонӣ. Ту гаҳвораи холиро меҷунбондиву ашки шашқатор бораи рухсораҳоятро об медод. Ту илтиҷо мекардӣ, ки Парвардигор модареро ба рӯзи ту гирифтор накунад.
Модар, ту он касе ҳастӣ, ки бузургтарин неъматро Худованд пояндозат гардондааст: “Ҷаннат зери қудуми модарон аст.” Онеро ин неъмат насиб мегардад, ки ту аз вай розӣ бошӣ! Худо туро ин қадар азизу мукаррам карда, мо – ғофилон намедонем!
Модар! Омадам, ки ҳамроҳи ту, ҳамрози хоки ту, ҳамдами хокҷои хоксоронаи ту дуо кунем:
Дуо кунем, ки рӯзҳои сахти ту дидаро модарони тоҷик дигарбора набинанд.
Дуо кунем, ки ҳеҷ модаре доғи фарзанд набинад!
Дуо кунем, ки ҳеҷ фарзанде ба дидори модар дер накунад!
Дуо кунем, ки модарони давлати соҳибистиқлоли ман ҳамеша сиҳату неруманд бошанд.
Дуо кунем, ки мурғи бахт болои кишвари азизи ман ҳамеша парафшонӣ кунад.
Дуо кунем, ки Худованд умри Пешвои муаззами миллатро дароз гардонаду ӯ мисли арчаи сабз болои сари мо соябон бошад.
Дуо кунем, ки фарзандони ин миллати ранҷкашида ҳамдигарро бо муҳаббат ба оғӯш бикашанду сари дастархони ороста нишаста, бародарвор суҳбат кунанд ва ҳеҷ гоҳ ашки чашми модаронро набинанд. Кишварамон амон бошаду фазои онро хандаи ширини тифлону модарон пур кунад.
Дуо кунем, ки кишвари сарсабзу ҳамешабаҳори мо то ҷовидон ободу зебо бошад ва ҳар сол сокинони он саодатманду аз бахт розӣ идҳои миллии хешро бо шукӯҳ таҷлил намоянд.
Медонам, агар ҳамроҳи ту, ҳамрози руҳи поки ту дар дили шаб дуо кунам, мустаҷоб мегардад. Инро аз таҷриба, аз дидаҳо мегӯям. Борҳо бо мадади руҳи ту дуо карда, бо ёди ту дуо хонда, ба мақсуди дилам расидаам.
Диловари МИРЗО,
барандаи Ҷоизаи адабии
ба номи Садриддин Айнӣ,
ноҳияи Рашт
Санаи нашр: 19.07.2023 №: 147
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)