ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПИРЯХҲОИ «НООРОМ»

ПИРЯХҲОИ «НООРОМ»

21 июл 2023, Ҷумъа
47
0
 
Кишвари моро кӯҳҳои баланд ва пиряхҳои азими он низ муаррифӣ менамоянд. Онҳо захираи беназири обҳои ширини диёр буда, ҳудудан шаст фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказиро  ташкил медиҳанд.
 
ОЁ ПИРЯХҲО БО ЧУНИН БУЗУРГӢ ВА «БОЛОНИШИНӢ» ОРОМАНД?
Мушоҳидаҳои тули садсолаҳо гузаронда нишон  медиҳанд, ки пиряхҳо ором нестанд ва баъзан аз мавҷудияти худ «дарак» медиҳанд.  Дар ҳолати ба «тапиш» омадан, забонаи пирях дароз шуда, ба поён мефарояд ва сабабгори сар задани селу тарма мегардад. Дар китоби «Ҷараёни хавфноки пиряхҳои Тоҷикистон» (муаллифон Б. У. Маҳмадалиев, А. А. Яблоков), ки ба муносибати 80-солагии Хадамоти обуҳавошиносии Тоҷикистон таҳия шудааст, доир ба ҳолати чунин пиряхҳо маълумоти муфассал медиҳад. Аз ин китоби таҳқиқотӣ маълум мешавад, ки  баъзе пиряхҳо баъди чанд сол ҷараён мегиранд, яъне ба ҳаракат медароянд. Чунончи, пиряхи Дидол солҳои 1897, 1926, 1939, 1974 ба «тапиш» омада будааст. Он дар қаторкӯҳҳои қисми шимоли ноҳияи Тоҷикобод дар баландии 3800 метр аз сатҳи баҳр воқеъ мебошад. 
Чунин пиярхҳои «ноором» дар кӯҳсори Тоҷикистон кам нестанд. Соли 1998 аз ҷониби олимон – глятсиологҳои Институти географии Академияи илмҳои Федератсияи Россия ва Институти осиёимиёнагии илмӣ – таҳқиқотии  обуҳавошиносии ба номи В. А. Бугаев дар асоси наворҳои кайҳонӣ ва ҳавопаймоӣ «Феҳристи пиряхҳои  набздори Помир» таҳия гардида буд. Тибқи ин Феҳрист шумораи чунин пиряхҳо 612 ададро ташкил медиҳад. Дар ин манбаъ ҳафт чунин пиряхи бештар хавфнок дар се ҳавзаи Тоҷикистон нишон дода шудааст ва пиряхи Дидол аз ҷумлаи онҳост. Дар ин миён пиряхи Хирсон бештар «аз хоб бедор» мешудааст. Тибқи маълумотҳо, ин пиряхи бузург, ки дар ҳавзаи Ванҷ воқеъ аст, аз соли 1914 то соли 2002-юм 7 маротиба «хамёза» кашидааст.  Ҳар вақти ба ҳаракат омадан, харобиҳои зиёде боқӣ гузоштааст. Дарозии ин пирях 15,4 километр буда, масоҳати 25,3 км мураббаъро дар бар мегирад.
Он аз  баландии 5900 метр аз  сатҳи баҳр оғоз ёфта, то ба 2860 метр доман паҳн кардааст. Хусусияти хоси пиряхи Хирсон аз он  иборат аст, ки дар қисми болоияш яхпораҳо ҷамъ гашта, баъд ба қисми поён фуру мерезанд. Мушоҳидаҳо нишон додаанд, ки ин яхпораҳо баробари ҷамъ омадан, ҳамоно масраф мешаванд, яъне об мегарданд.  Пирях солҳои 1914-1937 ва 1951 тақрибан яку ним километр дароз гашта, пеши роҳи водӣ ва дарёи Абдуқаҳҳорро мебандад. Аз зери гунбази панҷсадметра маҷрои нав ёфтани дарёи Абдуқаҳҳор исботи ҷараён гирифтани пиряхи Хирсон мебошад.
Баҳори соли 1963 обуҳавосанҷҳо бештар суръат гирифтани ҳаракати пиряхи Хирсонро мушоҳида намуданд. Дар як шабонарӯз он то 50 метр дароз мегашт ва ин тағйирёбиро мутахассисон баръало мушоҳида менамуданд. Пирях пеши маҷрои дарёи Абдуқаҳҳорро пурра  баста буд. Аз сарбанди баланди яхин кӯл ба амал омад. Дар сурати кандашавӣ сел ба тамоми водии Ванҷ таҳдид  мекард.
Чӣ тавр оби кӯлро бояд кушод ва водиро эмин нигоҳ дошт? Барои кушодани оби кӯл кадоме аз роҳбарони  воломақом бомбаборон намудани сарбанди яхинро пешниҳод намуд. Аз афташ, ин пешниҳод дастгирӣ ёфт, ки тайёраҳои бомбаандози тактикии ИЛ-28 округи ҳарбии Туркистон ба ҳаво  бархостанд. Онҳо ба садди яхӣ бомбаҳои фугасиро (моддаҳои зиёди тарканда) фуру  рехтанд. Хусусияти хоси ях ба назар гирифта нашуд, зеро он нафисии шишаро дошта, чун пӯлод мустаҳкам ва дар чандирӣ шабеҳи резин мебошад. Аз ин рӯ, бомбаҳо дар рӯйи ях чуқурчаҳо гузоштанд, ки зуд бо  об пур мешуданд.
Дарёи Абдуқаҳҳор ҳамоно кӯлро бо об пур  мекард. Аз ин рӯ, аз манотиқи хавфноки водии Ванҷ одамон, техникаву чорворо  кӯчонданд.
Баъдан, соли 1973 пиряхи Хирсон боз ба ҳаракат  омад. Ин дафъа нисбати соли 1963 ба 175 метр дарозтар шуд.  Минбаъд  ҳам «бедоршавии» пиряхи Хирсон мушоҳида шуд, аммо ҳаракати нисбатан суст дошт. Дар яке аз чунин ҳаракатҳои пиряхи бузург (моҳи майи соли 2002) дарёи Абдуқаҳҳор дар зери он нақб кофта маҷрояшро идома дод. Ин дафъа чун маротибаҳои пешин кӯл ба амал наомад. 
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки пиряхҳо дар як ҳолати муқаррарӣ қарор надоранд. Онҳо на он қадар ороманд, тавре дар назар менамоянд. Масалан, аз соли 1928 то 1960 пиряхи Федченко қариб тамоми шохоби қисми росташро гум карда, ба пиряхи мустақил табдил ёфтааст. 
Аксари олимон ин зуҳуротро бо гармшавии глобалӣ мансуб медонанд. Дар навбати худ, раванди гармшавии глобалӣ то ҳол мураккабу ноомӯхта боқӣ мемонад, ҳарчанд омили инсониро таъсиррасони он  медонанд. Аз давраи индустрализатсия – соли 1750 дар қитъаҳои олам ҳарорати ҳаво  баланд шуда истодааст. Барои пешгирии он, соли 1988 Созмони коршиносони тағйири иқлим  таъсис ёфт. Дар асоси пешниҳоди он Конвенсияи СММ (9 майи соли 1992) қабул гашт, ки самтҳои асосии пешгирии тағйири иқлим нишон дода шудаанд. Аз ин рӯ, таҳқиқоти илмӣ оид ба хусусиятҳои пиряхҳои Тоҷикистон аҳамияти беназир доранд. Дар доираи Соли байналмилалии қутбӣ (солҳои 2007-2008)  Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии он буд. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2007, таҳти рақами 587 «Дар бораи гузарондани «Соли байналмилалии қутбӣ 2007-2008 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид. Дар доираи ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ    корҳои зиёди илмӣ – таҳқиқотӣ ба анҷом расиданд. Лозим ба ёдоварист, ки Соли байналмилалии қутбӣ дар се марҳила (1882-1883, 1932-1933 ва 1957-1958 ) доир гардида буд. Дар ин давраҳо пиряхҳои кӯҳсори Тоҷикистон омӯхта шуданд. Бахусус, дар доираи Соли байналмилалии геофизикӣ (солҳои 1957-1958) дар омӯзиши пиряхҳо корҳои густурдаи таҳқиқотӣ гузаронда шуданд. Танҳо дар омӯхтани пиряхи Федченко  беш аз 100 нафар муҳаққиқи советӣ ва хориҷӣ иштирок дошт. Аз рӯйи  ҷамъбасти он  силсилаи корҳои илмӣ, аз ҷумла Атласи ранга, таҳия гардид.
– Илми тоҷик дар бурдани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ  дар доираи чорабиниҳои вобаста ба солҳои байналмилалии қутбӣ таҷриба ва заминаи кофӣ дорад. Зеро пиряхҳои Тоҷикистон бо хусусиятҳои табиии худ ба иқлими Антарктида шабоҳат доранд, – мегӯяд директори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳо”-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  доктори илми тиб, профессор Абдулҳамид Қаюмов. 
Маркази илмии мазкур аз давраи фаъолияти худ (соли 2018) 50 экспедитсияи илмӣ-таҳқиқотӣ доир намуд. Ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Зарафшон, Варзоб, пиряхҳои Федченко, Қизилсу ва ғайра омӯхта, ба Системаи ягонаи мониторинги байналмилалии пиряхҳо ворид шуданд. Ҳоло омӯзиш ва таҳияи "Феҳристи  пиряхҳои Тоҷикистон" идома дорад.  
 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни суханронӣ дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ-2023 (24 марти соли 2023, ИМА) таъкид доштанд: ”Моро зарур аст, ки вобаста ба об дидгоҳи наве дошта бошем, ки дурнамои рушди захираҳои онро инъикос намуда, ҳамзамон, ба таҳкими нақши захираҳои оби тоза дар рӯзно-маҳои баъдинаи ҷаҳонӣ мусоидат кунад”.
 
Аъзам  МӮСОЕВ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон
Санаи нашр: 20.07.2023 №: 148
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив