ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

21 июл 2023, Ҷумъа
73
0
 
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
МУАММОИ «ДАРВОЗА»
1. Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 2. Миллат. 3. Шаҳр дар Тоҷикистон. 4.  Асари Саъдӣ. 5. Нашриёт дар шаҳри Хуҷанд. 6. Ба манзил мерасонад. 7. *** Қурбонова, Шоири халқии Тоҷикистон. 8. Қаҳрамони «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ. 9. Ҳарфи алифбои ниёгон. 10. Шаҳри энергетикҳо. 11. Навъи полизӣ. 12. «*** агар хуш гузарад, зиндагии хизр кам аст». 13. Яке аз пардаҳои «Шашмақом». 14. Нашриёт. 15. Мухаммаси Сайидо бар ғазали Соиб. 16. Асбоби мусиқии торӣ. 17. Ҳаммаънои «ташаккур».18. Асари Б. Ғафуров. 19. Қаҳрамони афсонаҳои кӯдаконаи тоҷик. 20. Ҳарфи алифбои ниёгон. 21. Навъи нони тоҷикӣ. 22. Ҳайвони саворӣ дар «Шоҳнома». 23. Шукркунанда. 24. Ҳайвони ҳилагар. 25. «То *** зи ҷонам рамақе, кори ман ин аст» (Камоли Хуҷандӣ). 26. Ноҳия дар Тоҷикистон. 27. Пешоянди забони тоҷикӣ. 28. Навъи санъат. 29. Гул. 30. Неъмати моддӣ, ки аксаш дар Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаст. 31. Шахси якуми шумораи танҳо. 32. Шаҳр дар Ҷумҳурии Исломии Эрон. 33. Донаи шоҳмот. 34. Жанри матбуот. 35. Шакли геометрӣ. 36. Иоҳан Себастян ***, бастакори машҳури немис. 37. Маркази маъмурӣ дар ВМКБ. 38. *** Ғулом, Шоири халқии Ӯзбекистон. 39. «*** и манзари чашми ман ошёнаи туст» (Ҳофиз). 40. Навъи шеърӣ. 41. Яке аз дувоздаҳ моҳи тақвими григорианӣ. 42. Гул. 43. Кӯҳ дар ИМА. 44. Персонажи операи «Пӯлод ва Гулрӯ». 45. «Овози *** шунидан аз дур хуш аст». 46. Кӯл дар Россия. 47. Андози давраи амирӣ. 48. *** Ҳаким, Шоири халқии Тоҷикистон. 49. «Роҳе, ки бе  *** аст, душвор менамояд» (Соиб). 50. Ҳарфи алифбои ниёгон. 51. Раҳоӣ ва халосӣ аз сахтӣ ва ғам, осоиш (бо забони арабӣ).
 
Файзалӣ МУҲАММАДИЕВ,сокини шаҳри Душанбе  
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
 
Телефон: 238-53-40
Вайбер:  93-547-00-05, 
bzm_701@mail.ru
 
 
 
ГУРГИ САРХӮР
Рӯи теғаи буридае миқдори хун мерезанд ва онро дар қолаби ях қарор дода, дар табиат раҳо мекунанд. Гург яхи таъми хундоштаро мелесад. Яхи рӯи теға кам-кам об мешавад ва теғаи тез, забони сарду беҳисшудаи гургро мебурад. Гург хуни бештаре мебинад ва ба тасаввури ин, ки шикори хубе ба даст овардааст, бештар мелесад.
Гурги ғофил намедонад, ки бо ҳирс кам-кам худашро хӯрда истодааст. Он қадар аз забонаш хун меравад, ки ба қавле худ сари худашро мехӯрад.
Бе тир, бе гулула ва, ҳатто бе найза гург бо теғи ҳирси худ сарнагун мешавад. 
 
Таҳияи Абдурашид ҚАЮМ
 
 
“ҶАҲИШ БА АСРИ XXI”
Рекорди таърихии варзишгаре, ки миёни нашъамандон ба воя расид
 
Боб Бимон, варзишгари амрикоӣ, бо як ҷаҳиш “Ҷаҳиш ба асри XXI”-ро ба амал овард ва бо ҳамин лақаб маъруф аст. Ӯ дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Мехико-1968 дар риштаи ҷаҳидан ба дарозӣ ба масофаи 8,9 метр рекорд гузошт, ки аз рекорди қаблӣ 55 сантиметр зиёд буд. Дарозии майдони ҷаҳиш 8,7 метр буд ва боқимондаи масофаро доварон бо метри одӣ чен карданд. 
Ин варзишгар рӯзгори пурмоҷароеро аз сар гузарондааст. Боб соли 1946 дар ноҳияи қашшоқи Ню-Йорк – Ямайка таваллуд шуда, ба воя расид. Ӯ падарашро намешинохт ва модараш дар 25-солагӣ, вақте Боб 11-моҳа буд, аз бемории сил мемирад. Писарак дар як манзили серодам бо модаркалонаш миёни нашъамандон ва майзадагон умр ба сар мебурд ва ояндааш торик буд.
Вале дар мактаб ӯ мафтуни варзиши сабук (ҷаҳидан ба дарозӣ) гашт. Боб рӯй овардан ба ин риштаи варзишро ягона роҳи наҷот аз вартаи нашъамандон медонист. Аз ин рӯ, пайваста машқ мекард. Дар 16-солагӣ дар Олимпиадаи наврасон ба дарозии 7,3 метр ҷаҳид. Алаккай, дар 19-солагӣ дуюмин ҷаҳандаи беҳтарини ИМА эътироф гардид. Ҳамин тавр, ӯ то ба қаҳрамонии олимпӣ расид. 
 
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
 
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Дар беморхона
- Духтурҷон, ҷарроҳӣ накунем намешавад? Наход ягон илоҷи дигар набошад?
- Илоҷи дигар нест, бародар. Ҷарроҳӣ, ки накунем, Дубай як тараф истад, Варзоб рафта намешавад.
- Духтурҷон ман ягон ҷо рафтанӣ нестам.
- Эй сода, гап сари ту намеравад, охир.
 
Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
ОСИЁ —  БУЗУРГТАРИН ҚИТЪАИ ОЛАМ
40 давлати дунё дар он ҷойгир буда, масоҳаташ 44,5 млн км2 аст. 8,6 дарсади масоҳати умумии Замин ва ё 29,4 дарсад хушкии онро иҳота мекунад. Тибқи маълумоти соли 2014, аҳолии Осиё 4,1 миллиард нафар буда, 60 дарсади аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад. Қитъаи Осиё релефи гуногун дошта, нуқтаи пасттарин ва баландтарини кураи Замин дар он ҷойгир аст (қуллаи Эверест дар баландии 8848 метр ва баҳри Мурда дар пастии 395 метр аз сатҳи баҳр). Дар қитъаи Осиё нахустин империя – давлати Ҳахоманишиё ва се дини ҷаҳонӣ – Буддоӣ, Насронӣ, ва дини мубини Ислом ба вуҷуд омадаанд.
Таҳияи Лола РИЗОӢ 
 
 
 
ЧАНД  ДАЛЕЛИ ҶОЛИБ
1. Мафҳуми имтиҳонро аввалин маротиба дар охири асри XIX соҳибкори амрикоӣ  Генри Фишел ихтироъ кард.
2. Дар шаҳри Аляскаи  Америка мардум аз 18 ноябр то 23 январ, яъне 67 рӯз Офтобро надида, дар торикӣ зиндагӣ мекунанд.
3. Ҷон Рокфеллер (аввалин миллиарддори доллари расмӣ),  Авраам Линколн (16-ум Президенти ИМА), Уолт Дисней (асосгузори Уолт Дисней Продакшн), инчунин,  Билл Гейтс, Стив Ҷобс ва Марк Сукерберг  аз маъруфтарин чеҳраҳои дунё мебошанд, ки, онҳо ҳатто маълумоти олӣ надоштанд.
4. Пирамидаҳо на танҳо дар Миср вуҷуд доранд, дар Судон низ беш аз  200 пирамида аст.  Аммо онҳо мисли пирамидаҳое, ки дар Миср ҳастанд,  баланду машҳур нестанд.
Таҳияи Руҳафзо
МУРОДОВА
 
 
 
«КӮШКИ САДОҚАТИ ЗАНҲО»
ДАР КУҶОСТ?
 
Шоҳ Конрад III дар Олмон соли 1140 кӯшки маъруфи Вайнсбергро забт кард. Баъд фармон дод, ки бонувон ҳар чизи гаронарзишро, ки қуввати бардоштан доранд, сари шонаҳо гузоранду баранд.
Занҳо доноӣ карда, мардҳои маҳбасшудаи худро бо шонаҳояшон бардошта, берун мешуданд.  Одамони Конрад хостанд ба ин монеъ шаванд, аммо шоҳ хандид ва ба зиракии занҳо чунин баҳо дод: «Шоҳ бояд ҳамеша ба қавли худ вафо кунад». Воқеан, харобаҳои қалъаро то ҳанӯз «Кӯшки садоқати занҳо» меноманд. 
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
 
 
МУЪҶИЗАҲОИ МУҲАНДИСӢ
КИШТИИ ЗЕРИОБИИ НОБУДГАР
«USS Пенсилвания» бузургтарин киштии зериобии флоти баҳрии ИМА мебошад. Вай ноаён аст, метавонад ба чуқурии беш аз 250 метр ғарқ шавад ва ним сол дар зери об бимонад. Садои он шунида намешавад. Киштӣ 20 сол бе сӯзишворӣ шино карда метавонад. Ин силоҳи пурқувваттаринест, ки то ҳол офарида шуд. Он қодир аст, ки қитъаҳоро нест кунад. Пешравии моҳирона дар соҳаи муҳандисӣ ниҳоят дар ин киштии зериобии амрикоӣ таҷассум ёфт. 
Баҳрнавардони ин киштӣ (165 кас) дар тамоми давраи хидмат, ки одатан қариб 72 рӯз давом мекунад, дар дохили киштӣ истода метавонанд. Дар ин муддат «USS Пенсилвания» дар умқи уқёнуси Ором хомӯшона шино мекунад ва ҳар лаҳза омода аст, ки силоҳи яксонкунандаи худро ба сӯи ҳадаф равона созад. 
Таҳияи Шаҳноз ҚУРБОН
 
 
 
«РУСТАМ ВА СУҲРОБ» 
АЗ ФИЛМҲОИ БЕҲТАРИНИ СОЛИ 1973 
Бино ба иттилои сомонаи dzen.ru, тибқи назарсанҷии соли 1973-юми маҷаллаи «Советский экран», филми коргардони маъруфи тоҷик Борис Кимёгаров «Рустам ва Суҳроб» (истеҳсоли «Тоҷикфилм») дар бистгонаи беҳтарин филмҳои Иттиҳоди Шуравӣ ҷой гирифт.   
Боиси тазаккур аст, ки он аз рӯи достонҳои асари мондагори Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» таҳия гардида, нақши Рустамро Бимболат Ватаев, Суҳробро ҳунарманди маҳбуби тоҷик Ҳошим Гадоев иҷро намудаанд. 
Тавре гуфта мешавад, соли аввали намоиш онро дар кинотеатрҳои мамлакати паҳновари Иттиҳоди Шуравӣ 19,1 миллион мухлиси синамо тамошо кард.
Филми «Рустам ва Суҳроб» – шоҳкории Борис Кимёгаров, то ба ҳол миёни мухлисон маҳбубияти хос дорад, зеро ба 89 дарсади муштариён, ки онро тавассути интернет дидаанд, писанд омадааст.
 
Аз русӣ тарҷимаи Ш. ШОКИР
 
 
 
5 МАСЛИҲАТИ РОЙГОНИ МИЛЛИАРДДОРИ 60-СОЛА
Аз сарватманди 60-сола пурсиданд, ки чӣ гуна тавонистӣ соҳиби миллиардҳо бошӣ? Ӯ чунин гуфт:
- Аввалан, чун ту аз оилаи доро нестӣ, кӯшиш кун, то аҳли оилаи худро сарватманд гардонӣ.
- Дувум, ба «не» гуфтан одат кун ва аз ин рафторат ҳаргиз ғамгин мабош. 
- Сеюм, дар пеши худ мақсад гузор, то сарватманд шавӣ, вале аз ин ҳадаф касе огаҳӣ надошта бошад.
- Чорум, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз дастовардҳоят сухане магӯ, балки нокомиҳоятро ифшо намо. Чунки баъзе инсонҳо комёбии дигаронро чашми дидан надоранд. 
- Панҷум, интизомро дар вазнинтарин лаҳзаҳои зиндагӣ риоя фармо. Танҳо интизоми пайваста зиндагиатро ба куллӣ тағйир хоҳад дод.
 
Таҳияи Меҳрона ЗУВАЙДОВА
 
 
 
АҶОИБОТИ МӮД
Мардон бештар мӯдгаро буданд
Дар соли 1500 тарроҳон либосҳои худро ба лӯхтакҳои мавзун пӯшонда, ба намоиш мегузоштанд. Он замон фаҳмише чун тарҳ вуҷуд надошт. Аввалин тарроҳӣ  соли 1853 пайдо шуд. 
Тааҷҷубовар аст, ки мардон, махсусан ҳукуматдорон нисбат ба занҳо аз индустрияи мӯд бештар истифода мебурданд. 
Аз ибтидо дар Рим мардону занон ҷома  мепӯшиданд, вале пас аз асри II пеш аз милод занҳои соҳибэътибор, аллакай, мӯдгаро шуда буданд. 
 
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
 
 
 
БАРҚ  АЗ ҲАВО
 
Соли 2020 олимони Донишгоҳи Массачусетск Air-gen генератореро сохтанд, ки  бо ёрии сафедаи табиӣ ва нами ҳаво барқ ҳосил мекунад. Аз он плёнкае месозанд, ки ғафсиаш аз 10 микрон камтар ва чанд маротиб бориктар аз мӯйи инсон аст. Онро дар байни ду электрод мегузоранд. Сафеда намии ҳаворо ба худ гирифта, аз ҳисоби буғи нафис  дар байни электродҳо ҷараёни электрикӣ ҳосил менамояд. Генератор бо вуҷуди шароиту  вазъи ҳаво ва, ҳатто дар дохили биноҳо низ, мавриди истифода қарор гирифтанаш мумкин аст.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
 
БЕТХОВЕН ЗАРБУ ТАҚСИМРО  НАМЕДОНИСТ
Пианинанавози маъруфи ҷаҳон Бетховен ба мактаби лотинии «Tirocinium» рафт, то дар он ҷо ба ӯ каме риёзиёт таълим диҳанд, аммо ҳеҷ гоҳ зарб ё тақсимро наомӯхт, танҳо ҷамъ карданро ёд гирифт. 
Боре ба ӯ лозим шуд, то 62-ро ба 50 зарб кунад. Ӯ баъди каме сукут 62-ро дар як сатри варақ 50 маротиба навишт ва ҳамаашро ҷамъ кард.
 
Таҳияи С. УМАРАЛӢ
 
 
ЛЕТАРИЯ ДАР ТИБ ЧӢ ГУНА КАШФ ШУД?
 
Соли 1915 зан ба маросими дафни хоҳараш Эсси Данбер дер кард. Дар охир дархост намуд, ки сарпӯши тобути хоҳарашро бардоранд, то охирин маротиба чеҳраи Эссиро бинаду падруд гӯяд.
Баъди кушодани тобут Эсси Данбер аз ҷой бархост ва табассум дар лаб дошт.  Баъди ин ӯ 47 соли дигар зиндагӣ кард. Ин ҳодисаро дар тиб летария номиданд ва то ҳанӯз ин ифода истифода мешавад.                                          
 Таҳияи Латифабону РУСТАМЗОДА
 
 
 
ЭКОЛОГИЯ ДАР ДАЛЕЛУ РАҚАМҲО
ДУД ДАР ЛОНДОНИ АФСОНАВӢ
 
Шаҳрҳои бузург муаммоҳои бузург доранд. Моҳи декабри соли 1952 шаҳри Лондонро дуди заҳрноки зарди сиёҳчатоб печонд. Ҳафтаи аввал дуди ғализ ҷони 4 ҳазор нафарро рабуд. Пасомади он дар шакли бемориҳои музмини дилу системаи нафаскашӣ 100 ҳазор нафарро то охири умр азият дод.  
Дуд чандин сол мушкилоти асосии Лондон боқӣ монд, зеро коргоҳҳои саноатӣ бо ангишти пастсифат кор мекарданд. Илова бар ин, гармии хонаҳои мардум бо ҳамин гуна ангишт таъмин мешуд.  
Рӯзи барфии 5 декабр. Гази ба ҳаво партофтаи корхонаҳо, автомобилҳо ва хонаҳо дар фазо паҳн нашуда, болои шаҳр «овезон» монд. Туман ва чангу ғубор қабати ғафси дудро ба вуҷуд овард. Бо сабаби навазидани шамол дуд то 9 декабр шаҳрро таҳти  «асорати» худ нигоҳ дошт. Ҳазорон одамон бо ҳолати бад то беморхона рафта наметавонистанд.  
Ин яке аз ҳолатҳои ба садамаи экологӣ гирифтор шудани шаҳри афсонавии Лондон буд. Ҳоло шаҳрҳои зиёде дар иҳотаи чунин дуд қарор доранд. 
Таҳияи М. ТАБАРӢ
 
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ТУҲФА 
Аз пурсиши сотсиологӣ:
- Дар 23 феврал ба шумо чӣ туҳфа мекунанд?
- Ҷуроб - 50 %
- Гaлстук - 50 %
- Туҳфаҳои дигар - 0 %
Таҳияи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
 
ПАНҶ ГУЛИ ҚИМАТТАРИНИ ХОНАГӢ
3. МЕДИНИЛЛА
Гулҳое ҳастанд, ки маҳз барои ранги дилкашу сурати зебояшон харидори зиёде доранду зеби беҳтарин офисҳои ҷаҳонӣ шудаанд. Мединилла яке аз онҳост. Ин гули сари сабади гулҳои ҷаҳон танҳо дар қисматҳои алоҳидаи Осиё ва Африқо меруст. Баъдтар аз Африқо ба Аврупо паҳн шуд.
Ранги гулобии паст ва гулҳои аҷибаш имкон медиҳанд, ки ба ҷиддияти офисҳои камранги аврупоӣ зебоии хотирмоне зам намояд. Дар кадом кунҷи офис гузошта шавад, ҳамон нуқта маркази таваҷҷуҳ қарор мегирад. 
Барои як тубаки гули мединилла дар ҷаҳон аз 500 то 1500 доллар талаб мекунанд.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
 
 
 
БАЙТҲО
 
Мо на онем, ки нодида қадам бигзорем, 
Шукр, ин қофиларо роҳбаре дар пеш аст.
* * *
Ҳар кас муносиби гуҳари худ гирифт ёр,
Булбул ба боғ рафту заған сӯи хорзор.
 
Таҳияи Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
 
ГАВҲАРИ ТЕАТРУ СИНАМО – 55 СОЛ ДАР САРИ ЧАНБАРАК
Ин воқеаи фараҳбахш ва ғайриинтизор дар Амрикову Аврупо не, балки дар Тоҷикистони мо рух дод. Чанде пеш корманди БДА дар шаҳри Хуҷанд, лейтенанти калони милитсия Наимҷон Сангинов ҳунарпешаи шинохтаи Театри мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ Гавҳар Тоҷибаеваро боздошт. Баъди аз назар гузарондани ҳуҷҷати ронандагӣ Гавҳарбонуро барои собиқаи 55-солаи ронандагӣ ва вайрон накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз номи Раёсати БДА-и вилояти Суғд бо Сипоснома ва гулдастаи тару тоза қадр кард.
Ёдовар бояд шуд, ки Гавҳар Тоҷибаева имсол 83-сола шуд ва яке аз нахустин ронандагони вилоят ба шумор меравад. Дар саҳнаи театру синамо аз соли 1961 ва аз соли 1968 дар сари чанбараки сабукраванд.
 
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
Санаи нашр: 21.07.2023 №: 149
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив