“АПРЕЛЕВКА” ВА РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ
Омӯзиш ва мавриди истифода қарор додани бойигариҳои зеризаминӣ кори осон нест. Бойигариҳои зеризаминӣ худ ба худ ба хазинаи давлат ворид намешаванд ва истихроҷу коркарди онҳо ҷустуҷӯву заҳмати вазнин, хароҷоти зиёд ва вақти тулониро тақозо мекунад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар вилояти Суғд, сол ба сол ҳиссаи саноати кӯҳӣ дар маҷмуи маҳсулоти истеҳсолшудаи саноатӣ муассир мегардад, ки беваҷҳ нест. Ин раванд солҳои баъдӣ низ бо ҷалби сармоягузории хориҷӣ, воридсозии хатҳои нави технологӣ вусъати тоза пайдо мекунад. Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, рушди саноати кӯҳӣ, бо назардошти имкониятҳои мавҷудаи ҷумҳурӣ, бояд солҳои наздик таконбахши воқеии иқтисодиёти кишвар шавад. Дар вилояти Суғд дар ин самт қадамҳои ҷиддӣ мегузоранд.
Дар шаҳру навоҳии вилоят марҳила ба марҳила бо ҷалби сармояву мутахассисони хориҷӣ Ҷамъияти муштараки Тоҷикистону Канадагии масъулияташ маҳдуди “Апрелевка”, ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой», ҶДММ КМ “Зарафшон”, артели заршӯии “Одина”, ҶДММ “Ганҷ” ва чанде дигар ба фаъолият оғоз бахшиданд.
Бино ба таҳлили амиқи коршиносону мутахассисони ватанӣ, пешрафти бемайлону равнақи воқеии иқтисодиёти мамлакат аз бисёр ҷиҳат ба рушду нумӯи соҳаи геология, истихроҷу коркарди маъдан ва истифодаи оқилонаву самараноки канданиҳои зеризаминии ҷумҳурӣ вобаста мебошад. Яъне, дар шароити ҷуғрофии Тоҷикистон, ки 93 дарсади онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, бино ба иттилои расмӣ, дар онҳо ганҷҳои бузурге нуҳуфтаанд, ки барои ободии кишвар ва зиндагии шоистаи мардум бояд истихроҷ ва коркард шаванд. Аз ин ҷост, ки дар сиёсати иқтисодии кишвар аз рӯзҳои аввали даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи геология чун маҳаки асосии рушд ба ҳисоб меравад.
Ҷамъияти муштараки Тоҷикистону Канадагии масъулияташ маҳдуди “Апрелевка” дар шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон воқеъ буда, имрӯз аз ҷумлаи аввалин коргоҳҳоест, ки самари сирф даврони соҳибистиқлолӣ оид ба коркарди маъдани кӯҳӣ бо ширкати хориҷӣ маҳсуб меёбад. Корхонаи мазкур бо маҳсулоти тайёри худ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ва ғанигардонии буҷет саҳми муносиб мегузорад.
– Дар фаъолияти беш аз чорякасраи худ “Апрелевка”, бешубҳа, дар ғанӣ гардондани буҷети кишвар, рушди иқтисодиёти мамлакат, ободии шаҳраки Консой, ки шаҳраки коргарист, ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ, болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ нақши муассир мебозад, – мегӯяд Бахтиёр Маҷидӣ, директори генералии ҶМТКММ “Апрелевка”.
Дар давоми солҳои фаъолият шумораи умумии коргарон дар ин ҷо аз 220 қариб ба 800 нафар расида, музди миёнаи меҳнат 3376 сомониро ташкил медиҳад. Имрӯз ҳиссаи ҶМТКММ “Апрелевка” дар маҷмуи умумии саноати шаҳри Гулистон наздик ба 7 дарсад баробар аст, ки нисбат ба солҳои қаблӣ зиёд мебошад.
Истихроҷи маъдан то имрӯз дар конҳои “Қизил-Чеку”, “Апрелевка” ва “Бургунда” босамар роҳандозӣ гашта, корхона ба натиҷаи баланди истеҳсолӣ расид. Табиист, ки захираҳо дар ин конҳо бо мурури солҳои зиёди баҳрабардорӣ коҳиш меёбанд ва ҳоло баробари истихроҷу коркарди маъдан, ҳамзамон, иктишофи геологии конҳои нав идома дорад. Давоми ду соли охир ба мақсади иктишофу дарёфти конҳои ҷадид зиёда аз 20 миллион сомонӣ маблағ сарф шудааст.
– Дар сурати ҷалби муваффақонаи сармояи хориҷӣ мо метавонем дар истихроҷу коркарди маъдани қиматбаҳо ва рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳиссаи назаррас гузорем, – мегӯяд Бахтиёр Маҷидӣ, – ва имрӯз, агар коркарди 140 ҳазор тонна маъдан дар як сол бошад, пас, дар оянда бо кушодани конҳои нав нишондиҳандаҳо афзоиш хоҳанд ёфт.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 25.07.2023 №: 151
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)