МОДАР БУДАН ОСОН НЕСТ!
Хурд будам, ки аз навозиши падар маҳрум шудам. Бо амри илоҳӣ падарам ҷавон аз дунё гузаштанд. Аз қиблагоҳам дар рӯи Замин танҳо ман ба ёдгор мондам, ки на оғӯши гармашон дар ёдам мондаву на оразашон. Қиблагоҳамро танҳо дар расмҳо дидаам. Аниқтараш, ӯро модарам аз расмҳо ба ман шиносонд. Гуфт, ки ман падарамро ва умуман, авлоду аҷдодамро бояд шиносам ва ҳаргиз аз ёд набарорам. Чун бузургтар шудам, дарк намудам, ки модарам бо ин роҳ маро худогоҳиву хештаншиносӣ меомӯхтааст. Ӯ хуб медонист, ки ҳар инсони комил аз роҳи худшиносӣ ба шинохту эҳтироми дигарон мерасад.
Ҳангоми реҳлати падар, модари фариштаниҳодам хеле ҷавон буд: бист сол дошт. Акнун, дуи мо дар чорсӯи зиндагӣ тани танҳо мондем. Бе муттако. Албатта, дар барамон наздикону ақрабо буданд ва талош ҳам мекарданд, ки танҳоиямонро эҳсос нанамоем, аммо магар меҳри дигаре муҳаббати падарро иваз карда метавонад?!
Ҳолиё вақте модарам он рӯзҳои барои дуи мо талхро ба ёд меоварад, дарк мекунам, ки ҳамон вақт батамом руҳияаш шикаста буд. Дигар зиндагӣ барояш маънӣ надошт, аммо бояд ба хотири ман – ягона нишона аз ҳамсари азизаш зиндагӣ мекард.
Мегӯянд, ки вақт ба ҳама дардҳо даво мебахшад, аммо ман мебинам, балки эҳсос менамоям, ки дарди аз даст додани падарам ҳеҷ гоҳ аз дили модарам нахоҳад рафт. Аммо чи илоҷ, зиндагӣ бо ҳама бешу камаш идома дорад ва бояд зист, ба зиндагӣ идома бояд дод.
Бо гузашти солҳо бахт боз ба рӯи модарам хандиду дигарбора шавҳар кард ва ман соҳиби як хоҳару додараки дустрӯ шудам. Акнун, ману модарам дигар танҳо нестем…
Модарам маълумоти олӣ надоранд, аммо ҳунарманданд. Дӯзандаи моҳиранд ва бо хости Худованди бузург бо ин ҳунари волояшон дар давраҳои мушкили зиндагӣ дастгиру мададгорамон буданд.
– Солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, замоне ки Душанбе ноамн буд, либос дӯхта, дар бозор мефурӯхтам ё дар хона фармоиш мегирифтам. Умуман, дар баробари марди хона, бори зиндагӣ мекашидам. Ҳама талошҳоям ба хотири танқисӣ накашидани шумо – ҷигарбандонам буд, – мегӯяд модарам.
Воқеан, тамоми саъю талоши модарам дар он буд, ки то ман аз дигарон камӣ надошта бошам. Ҳамеша либоси нағз мепӯшидам. Ба масъалаи донишандӯзиам таваҷҷуҳи беандоза мекард. Дар ҳамаи лаҳзаҳои муҳими зиндагиам бо ман буданд. Ҳамон гунае, ки бори нахуст маро ба мактаб бурданд, ҳамон гуна то донишгоҳ – (Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон) гуселам карданд. Рӯзи аввали корӣ ҳам ба идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» омада, бо кормандон ошно шуданд...
Ман дар чашми модари азизу меҳрубонам гӯиё ҳамоно кӯдакам – кӯдаки домангиру гирён. Ҳанӯз ҳам дасти шафқати ӯро болои сарам эҳсос менамоям. Чун ба кор меоям, писари дӯстрӯякамро нигоҳубин мекунад. Пайваста дар андешаи ман аст ва талош менамояд, то дар шебу фарози зиндагӣ худро танҳо ҳис накунам.
– Роҳи зиндагӣ ҳамвор нест. Баъзан, дар зиндагӣ ҳодисаҳое рух медиҳанд, ки рӯҳи касро мешикананд. Дар чунин ҳолатҳо кас гумон мекунад зиндагиаш барбод рафта. Аммо чунин нест. Таҳаммулпазир бояд буду бо ҳама нокомиҳо дар набард,– панд медиҳад ба ману хоҳари донишҷӯям.
Акнун, ки худ модарам, мебинам, ки модар будан осон нест. Модар, яъне шабзиндадориҳо, аз худ гузаштанҳо, сӯхтану сохтанҳо аст. Албатта, ин сифати ҳар модар аст. Аммо модари ман бар замми ин ҳама, боз масъулияти дигаре ҳам доштанд: ба ман на танҳо модар бояд, ки падар ҳам мешуд ва тавре маро ба камол мерасонд, ки эҳсоси бепадарӣ накунам. Мутмаинам, руҳи падари бузургворам аз модари азизам розист.
Меҳрона ЗУВАЙДОВА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 26.07.2023 №: 152
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)