ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТ – АСОСИ ПЕШРАФТИ ИННОВАТСИОНИИ ИҚТИСОДИЁТ

САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТ – АСОСИ ПЕШРАФТИ ИННОВАТСИОНИИ ИҚТИСОДИЁТ

31 июл 2023, Душанбе
633
0
  
Дар шароити таҳаввулоти босуръату пешгӯинашавандаи иқтисоди ҷаҳонӣ, рақобатҳои шадид барои дастрасӣ ба захираҳо ва пайомадҳои тағйирёбии иқлим истифодаи тамоми воситаҳои муосири фаъолгардонии иқтисодиёт, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи саноати кишвар, хусусан лоиҳаҳои хусусияти инноватсиониву навоваридошта, муҳиму саривақтӣ мебошанд. 
Қобили зикр аст, ки саноати ватанӣ неруи азими пешбаранда ва иқтидори калидии тараққиёти иқтисодӣ дар кишвар ба шумор меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул намуд, ки он барои таъмини устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он заминаи амиқ мегузорад. Бо назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати   миллӣ  – Пешвои  миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022 – 2026-ро Солҳои рушди саноат эълон доштанд. Дар ин росто, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат табдирҳои муассир андешида мешаванд. Аз ҷумла, Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дар асоси он барномаҳои гуногуни соҳавӣ қабул шуда, мавриди амал қарор доранд. Барномаву стратегияҳо ба таъсиси корхона ва коргоҳҳои нав, ташкили ҷойҳои нави корӣ, афзун намудани ҳаҷму сифати маҳсулоти ватанӣ, таъмини рақобатнокии он равона шуда, барои гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли тавлидкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ замина гузоштанд. Махсусан, Барномаи саноатикунонии босуръати кишвар барои солҳои 2020-2025 ба гузариши босуръати иқтисодисодиёти ҷумҳурӣ ба самти инноватсионии рушд, рақобатпазир гардидани он, беҳзистии сокинон ва рушди босуръати соҳаҳои иқтисодиёт равона гашта, дар иҷрои он сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ саҳми асосӣ мегузоранд. Комёбиҳои назарраси се ҳадафи стратегии амалкунанда барои татбиқи сиёсати саноатикунонии босуръати кишвар заминаҳои зарурӣ гузоштанд. Дар натиҷа, агар соли 1991 дар мамлакат  ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошт, пас дар замони соҳибистиқлолӣ ин нишондиҳанда ба 2800 корхонаи саноатӣ бо 85 ҳазор ҷойи корӣ расид. Дар ин хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 23 декабри соли 2022 иброз доштанд. Ба гуфтаи Сарвари давлат, танҳо соли 2022 беш аз 500 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо 6 ҳазор ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз карданд ва барои то 43 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2022 мусоидат намуданд. Вале ин нишондиҳандаҳо, бо назардошти захираву имкониятҳои кишвар, аз ҷумла ашёи хоми ватанӣ, иқтидорҳои истеҳсолӣ, захираҳои меҳнатӣ, «энергияи сабз» ва талаботи афзояндаи ба маҳсулоти саноатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ҷиҳати ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мо – саноатикунонии босуръат ҳанӯз нокифоя мебошад. Ҳамчунин, нишондиҳандаҳои содироти мамлакат низ дар сатҳи паст арзёбӣ шуданд. Бинобар ин, Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазорату идораҳои марбута, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорону сармоягузорон ҷиҳати таъсиси корхонаҳои саноатӣ бо технологияҳои муосир, муҳайё намудани ҷойҳои кории нав ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда муваззаф гардиданд. 
Гуфтан ба маврид аст, ки ҳадафи асосии саноатикунонии босуръати кишвар ташаккул додани саноати миллии рушдёфтаву рақобатпазир ва дар асоси он ба сатҳу сифати нав баровардани иқтисоди миллӣ ва беҳзистии шаҳрвандон мебошад. Ин ҳадаф дар коҳиш додани вобастагии кишвар аз воридоти маҳсулоти ниёзи аввал, таъмини соҳаҳои гуногун бо таҷҳизоти муосир, тақвияти иқтидорҳои содиротӣ ва таъмини гуногунсамтии истеҳсоли ватанӣ нақши ҳалкунанда дорад. Зеро ҳамасола маҳсулоти тайёри металлургияи сиёҳ ва ранга, нуриҳои минералӣ ва техникаи кишоварзӣ, маводи сӯзишвориву молиданӣ, автобусҳо ва автомобилҳо, техникаи маишӣ, масолеҳи гуногуни сохтмонӣ, хӯрокворӣ ва ғайра дар ҳаҷми зиёд ба мамлакат ворид мешаванд. Бинобар ин, ба андешаи коршиносон, фаъолият дар ин самтҳо бояд тақвият бахшида шавад. Илова бар ин, андешидани тадбирҳо дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, инчунин, омода намудани мутахассисони соҳавӣ, таъмини ҳамгироии илм ва истеҳсолот ва тақвияти иқтидори технологии соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз ҷониби коршиносону мутахассисони соҳа муҳим арзёбӣ мегарданд. 
Тағйироти ҷиддӣ дар вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳони муосир, ки бинобар паҳншавии бемории сироятии COVID-19, низоъҳову таҳримҳои иқтисодӣ байни кишварҳо ва дар ин росто, тағйирёбии нархҳо дар бозори ҷаҳонӣ рақобатро байни кишварҳои рӯ ба тараққӣ барои ҷалби сармоя боз ҳам шиддатноктар гардонданд. Ин аст, ки дар Барномаи саноатикунонии босуръати кишвар барои солҳои 2020 – 2025 ба масъалаҳои таҳкими қонунгузорӣ дар самти ҳимояи манфиатҳои сармоягузорон ва таъмини адолати судӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гаштааст. 
Дар доираи татбиқи саноатикунонии босуръати кишвар то соли 2030 дар назар аст, ки ҳиссаи саноат дар ММД-и кишвар ба сатҳи 30 фоиз ва вазъи қиёсии соҳаҳои коркард дар сохтори саноат аз нишондиҳандаи ниҳоии сатҳи байналмилалӣ (70 фоиз) ба сатҳи 75,5 фоиз расонда мешавад. 
Ноил гардидан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои сиёсати саноатикунонии босуръат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки кишварамон мавқеи худро дар арзёбиҳои байналмилалӣ аз рӯи сатҳи саноатикунонӣ тағйир дода, ба гурӯҳи кишварҳои дорои саноати рушдкунанда ворид гардад. 
 
Шаҳноз ҚУРБОН, 
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 31.07.2023 №: 154
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив