ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МОДАРАМ ШАБЕҲИ СУБҲ БУД

МОДАРАМ ШАБЕҲИ СУБҲ БУД

31 июл 2023, Душанбе
39
0
Ёдам меояд: шонздаҳ сол доштам; як шаби барфии зимистонӣ модар маро дар ин дунёи бераҳму шафқат танҳо гузошту абадӣ падрудам гуфт. Ман дигар он духтари нозанине, ки дар зери боли ҳумои муҳаббати модар шод буд, беғамона ва ошиқона механдиду мерақсид, набудам. Бале, ҷудоӣ аз модар дар  ин синну сол, ки духтар ниёзи бештар ба навозишу дилдиҳиву насиҳату муҳаббат дорад,  хеле гарон омад, диламро ҳар лаҳза гӯё касе аз дарун теғ мезад; ин ҳама дардро наметавон тафсир кард.
 
То ҳол аз набудани модар заҷр мекашам, ҳамеша аз пушти ҳарири хотираҳо ӯро  дар ҷон садо мезанам ва мегӯям:
Модар, бари ту хоби ширинам мебурд,
Ширин-ширин хоби маҳинам мебурд.
Он лаҳза, ки ту навозишам мекардӣ,
Ангушт фаришта бар ҷабинам мебурд.
 
Чашмҳои ман  истеъдоду нигоҳи  пур аз меҳру муҳаббатоварро аз нигоҳи  модарам омӯхта буданд. Ӯ бароям маънии дар зиндагӣ будану зистанро фаҳмонда буд. Модари ман дар чашмасори ишқу имон вузӯ мегирифт, то мисли дарё пок бошад, хуб медонист, ки то даме инсон олудаи гуноҳ аст, лаззати инсон будан ва зистани зеборо дарк намекунад. Модарам як зани одӣ не, балки зане саводомӯхта, таҳсилдидаву сермутоила буд. Бо падарам ҳар ду дар Мактаби ҳизбии шаҳри Душанбе таҳсил кардаанд. Солҳо корманди ҳизбӣ  ва сарварии занони ноҳия ва фарҳангро ба дӯш дошт. Ҳатто рӯзе, ки аз фишори баланди хун азият мекашид, китоб мехонд, агар мушкил меомад мегуфт: "Духтарам бароям китоб хон". Оре, ман китобхонаки модар будам, баъзан аз китобхонӣ хаста мешудам, зуд аз ин саҳифа ба он саҳифа мегузаштам, аммо чун модарам зеҳни хубу равонполо дошт ва чандин бор ин китобро хонда буд, маро сарзаниш мекард: “Ай духтари ҷунум,  маро гӯл назан”.
Ёдам меояд, ки баъди аз сар рафтани модар, падарам ба хотири дӯст доштану эҳтироми руҳи  модар ва наранҷондани фарзандон натавонист муддатҳо бонуи дигареро ба хона ба ҷойи модар биёрад, аммо “омад ба сарам аз он чӣ метарсидам”. Падарам, вақте моро барои таҳсил ба шаҳр фиристод, бо фатвои хешу табору мардуми ноҳия тасмим гирифт, то хонадор шавад. Падар раисии ноҳияро ба дӯш дошт ва наметавонист умрбод танҳо бошад. Таътили тобистонӣ буду мо дар хонаи падар. Он рӯзгор падар як маъракаи кӯчак баргузор карду ба гуфтаи мардум зан гирифт. Болои дастархон тамоми нозу неъмат арзонӣ буд, аммо ман мисли кафтараки паршикаста ба чизе майл надоштам, дилам сахт гирифта буд ва ноҷӯр метапид, тамоми вуҷудам гӯё дар оташ месӯхт, зуд-зуд дари яхчолро мекушодаму дӯғи сардро дам мекашидам, то алангаи оташ дар дил хомӯш шавад, аммо афсус оташ баландтар аланга мегирифт. Падарро сахт дӯст медоштам, наметавонистам дар чунин рӯз табъи ӯро нохуш намоям, аз ин  рӯ, табассуми дурӯғине ба лаб доштам. Қиблагоҳи доноям кайҳо дарк карда буд, ки ман чи ҳоле дорам. Ӯ ин ҳолати ноҳинҷори маро дарк кард ва дастамро гирифту ба хонаи дигар бурд, сарамро навозишкунон гунаҳкорона гуфт: “Азизи дилам, худро ба даст гир, ту боз меравию ман боз танҳо мемонам, ман меҳмондорам, пас чӣ кор кунам? Дигар илоҷ надорам, духтарам. Ба чашмони пурашки падар нигоҳ карда, худро ба оғӯшаш андохтаму ҳар ду сахт гиристем.
Дар ҷавонӣ вақте тоза ба шеъргӯӣ оғоз кардам, қариб тамоми шеъргунаҳоям аз ҷудоӣ бо модар тавъам буданд. Дар ҳама  маҳфилҳои адабӣ шеъри навбатиро, ки барои  модар навиштаам,  мехондам. Дугонаи азизам, яке аз шоирони хуби мо, ки хеле эҳтиромаш мекунам, гуфт: “Шаҳрия, ту дигар  мавзуъ надорӣ? Ҳоло ҷавонӣ, ошиқона навис...”
Солҳо пайи ҳам гузаштанду мо ҳам солхӯрда шудем. Рӯзе шумхабаре ба гӯш расид. Модари дугонашоирам дунёро падруд гуфтааст. Зуд барои таъзия ба хонааш рафтам. Қариб буд, ки дугонаамро нашиносам, он қадар пажмурдаву хаставу дилшикаставу ноумед ба назар мерасид, ки гӯё дар ин ду-се рӯзи аз модар ҷудоӣ осмон ба сараш афтодааст. Беист оҳи сард мекашиду модарашро ёд мекарду ашк мерехт. Ниҳоят бо ҳоли зор афзуд: “Шаҳрияҷон, ман акнун дарди туро дарк мекунам, ки чӣ қадар бемодарӣ сахт будааст, умрам ба ҷое расидаву фарзанду набераҳои ширинаке дорам, аммо чунон аз ҷудоӣ бо модар ҷонам месӯзад, ки ногуфтанӣ.  Бале, сӯхтанро ҳамон гиёҳу буттаву навдае медонад, ки оташ ба ҷонаш афтода.
Модарам вақте медид, ки ман шеъри зиёд мехонам, таъкид мекард, ки духтари ҷони модар, боз шоир нашавӣ, ки азоб мекашӣ. Намедонистам, ки барои чи модар он замон ин суханҳоро мегуфт, вале ҳоло ба ҳарфҳои модар сарфаҳм рафтам. Бале, модари ҷон, ту фариштаи малакутӣ будӣ, пешгӯият дуруст баромад, имрӯз маҳзунтар аз пойизаму боронитар аз баҳор:
 
Сангҳо мезанадам дар ҳама ҷо душмани ман,
Дӯст донад, ки чи ҳолеву хаёле дорам.
 
Модарҷон, бояд бигӯям, ки шеър бароям роҳе ба сӯйи ту буд, зеро забони нобу ширини ту навиштаҳои маро шамиму нафосати кибриёӣ ато кард. Инак, садбарги умрам сад барг шуду ҳеҷ дастагуле дигар касе ба шодбодам намеорад, садбарги рӯятро бештар ба ёд меорам. Фикр мекунам, ки қаламкаш дар авроқи тақвими зиндагии ман танҳо достони хазонро навиштааст, аҷаб хазон, дардолуду серборон...
Модар, ин меҳрнома як чашмандози  кӯчаку камранге аст, ки бароят навиштаам ва хеле шармсорам, яъне ба қавле мушобеҳи мӯрчае ҳастам, ки пеши Сулаймон пойи малах оварда.
Шаҳрия АҲТАМЗОД
Санаи нашр: 31.07.2023 №: 154
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив