ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

01 август 2023, Сешанбе
21
0
 
Нависандае чун Ҷонибек Акобирро дӯст надоштан, эҳтиром нагузоштан ҳеҷ мумкин нест. Мисли ин ки бармаҳал аз дунё рафт, бе огоҳӣ, бе видоъ. Марги ӯ, реҳлаташ бори дигар моро ҳушдор дод, ки одамӣ банохост мегузарад ва пас аз он ба қадри якдигар мерасем, суҳбатҳои ҷонпарварашро ёд меорем. Ва ҳам ин маргу реҳлат чашми моро бештар боз карда, то бидонем, ки дар зиндагӣ Рустамҳои зиёд Суҳробҳоро кушта ва ҳам Суҳробҳо Рустамҳоро.
Магар онҳое, ки ӯро аз наздик мешинохтанд, дарнамеёфтанд, ки мушкилоти зиндагӣ одамиро зуд пир ва гирифтори ҳазор дард мекунад? Албатта, дарёфтанд.
Бешак, ин ҳамаро бархе дида гирифтанду бархе нодида ва ё аз он чашм пӯшиданд. Донистанд, ки андешидан дар ин бора ҳеҷ нафъе надорад, балки бар ғам ғам меафзояд.
Ҷонибек каси дигар буд – бо ғам ҳам месохту бо шодӣ ҳам. Аз чеҳрааш кас наметавонист ғаму шодии ӯро, ғаму шодии ботини ӯро бихонад.
Вақте аз олам даргузашт, устод Абдулҳамид Самад дареғгӯяш шуд ва навиштаашро дар реҳлати дӯсташ “Ҷонибек ҳам рафт” унвон гузошт. Ҳамин унвон, ҳамин як ҷумла бозгӯи дарду андуҳи зиёду амиқаш буд. Ҳазорон маъно дошту ҳазорон шарҳи ҷудоӣ ба шумор мерафт. Ин як рафтани одӣ набуд охир, рафтане буд, ки омадан надошт. Агар аз даргузашти ин марди наҷибу дӯстдори инсонҳо 9 сол гузаштааст, фикр мекунам, чанд рӯз пеш буд.
Замоне ки (соле пештар, соли 2022) ба хотири ҳафтодсолагиаш дар Иттифоқи нависандагон ҳамоиш баргузор карданд, толор аз дӯстони ихлосмандаш пур шуд. Он рӯз як рӯзи одӣ набуд. Борон мебориду меборид. Дар кӯчаҳои пуроб гом бардоштан мушкил буд. Чатрҳо дар ёрӣ додан оҷиз омаданд. Аксар иштирокчиён ба якдигар мегуфтанд: “Ба хотири Ҷонибек омадем, медонистем, ки ҳатман тар мешавем”. Аз зеҳнам дар ин маврид гузашт: “Баъзе вақт чашмҳо аз беобӣ хушк мешаванд, аммо аз дилҳо дарёҳо мегузаранд”.
Нафаре дар ин ҳамоиш зимни суханронӣ изҳор дошт: “Ҷонибек дӯстони зиёде дошт. Хонааш ҳамеша пур аз меҳмон буд. Дуторашро менавохту суруд мехонд. Ман мисли ӯ дӯстони зиёд надорам, ангуштшуморанд”. Бузургии ин дӯсту рафиқи муносиб дар ҳамин буд. Ҳеҷ гоҳ бо он донишу истеъдод, унвону асарҳои таълифкардаву нашрнамудааш ҳунари сарвариаш наменозид.
Ин ифтихор маро ҳам насиб гардида буд, ки чанд сол бо ҳам дар рӯзгори вазнини кишвар (солҳои 1993-1997) дар маҷаллаи “Фарҳанг” ҳамкор будем ва аз суҳбатҳо, роҳнамоии дурусташ баҳравар шудем.
Дар маҷаллаи “Садои Шарқ” ҳам, ки роҳбар таъин гардид, аз муаллифон матлабҳои хубу хонданӣ, ҷолибу муфидро барои нашр дархост менамуд. Маҷалла дар ин давра бештар шуҳрат пайдо кард. Ҷасораташ дар нашри бисёр матлабҳо намунаи ибрат буд ва ба нафъи адабиёти асилу шаҳрвандони кишвар.
Дар 62 соли зиндагии пурранҷу моҷаро бо заҳматҳои зиёд эҷод карда, асарҳои бузургонро тарҷума намуд, дар иттиҳоду ҳамдигарфаҳмии мардум саҳм гузошт, саҳми бузургу фаромӯшношуданӣ. Гоҳе ки ба ёди ӯ меафтам ва пеши рӯяш меорам, беихтиёр мегӯям: “Кош ҳама мисли Ҷонибек мебуд, яъне бо дилсофӣ, меҳнатқаринӣ, одамдӯстӣ, фурӯтанӣ, ёрирасониву ҳамдардӣ маҳбубу маъруф мегардид”.
 
Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 01.08.2023 №: 155
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив