САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ – ОМИЛИ РУШДИ САЙЁҲИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Солҳои охир дар Тоҷикистон сайёҳии дохилӣ рушд меёбад. Агар солҳои қаблӣ шаҳрвандон танҳо ба хотири кор ва ё зарурат аз ноҳия ба шаҳр ё баръакс сафар мекарданд, имрӯз онҳо барои истироҳату фароғат, зиёрати оромгоҳҳои шахсиятҳои бузург, солимгардонӣ дар истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо аз як минтақа ба минтақаи дигари кишвар бемамоният ва озодонаву бароҳат дар дилхоҳ фасли сол сафар мекунанд.
Тибқи иттилои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи сайёҳони дохилӣ сол ба сол меафзояд. Чунончи, агар соли 2021 теъдоди сайёҳон 277758 нафарро ташкил дода бошад, пас соли 2022 ин нишондиҳанда ба 324445 нафар расид, ки нисбат ба соли 2021 -ум 46687 нафар зиёд мебошад. Танҳо дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ шумораи сайёҳони дохилӣ 64516-ро ташкил дод.
Хушбахтона, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз соҳибистиқлолӣ дар қатори дигар соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ соҳаи сайёҳӣ тадриҷан рӯ ба рушд ниҳода, хизматрасониҳо дар ин соҳа ба сатҳи сифатан нав ворид гардиданд.
Дар ин радиф ва дар заминаи нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар солҳои 2023-2026 аз ҷониби мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ нақшаи чорабиниҳо дар маҳал татбиқ мегарданд. Нақшаи чорабиниҳои мазкур ба рушди соҳаи сайёҳӣ дар маҳал бавижа ба беҳтар намудани инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳо, омодасозӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи сайёҳӣ, татбиқи имтиёзҳои соҳаи сайёҳӣ ва, ба ин васила, таъсиси ширкатҳои нави сайёҳӣ ва дигар чорабиниҳои вобаста ба татбиқи сиёсати рушди сайёҳӣ дар маҳал нигаронда шудаанд.
Ба гуфтаи Сайёд Қодирзода, муовини сардори раёсати рушди сайёҳии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳлилҳо ва сегментатсияи гардиши сайёҳони дохилӣ нишон медиҳад, ки имрӯз сайёҳони дохилӣ вобаста ба мавқеи ҷойгиршавиашон аз минтақаҳои гуногуни кишвар дидан менамоянд. Масалан, сокинони вилояти Суғд бештар аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳии водӣ, аз қабили Ҳафткӯл, Артуч, Кӯли Калон, кӯҳҳои Аловуддин, Шинг, Искандаркӯл, инчунин, соҳилҳои дарёи Сир, Осоишгоҳи "Зумрад", "Баҳористон" дидан менамоянд. Зарафшон на танҳо дар дохил, балки берун аз ҷумҳурӣ ҳамчун беҳтарин самти саёҳат шинохта мешавад. Сокинони шаҳри Душанбе бошад, аз мавзеъҳои рекреатсионии Варзоб, дараи Ромит, Норак, шаҳри Ҳисор, инчунин, Искандаркӯл бештар дидан мекунанд. Дар маҷмуъ, тамоми минтақаҳои кишвар дорои ин ё он захираҳои сайёҳӣ буда, гардиши сайёҳони дохилию хориҷиро дар ҳама фаслҳои сол ва тамоми минтақаҳои кишвар таъмин менамояд. Бояд гуфт, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, бо рӯдҳо, дарёҳо, кӯлу кӯҳҳо ва манзараҳои аҷиби табиӣ дар ҷаҳон шуҳрат пайдо кардааст. Ба рушди соҳаи сайёҳии вилоят, инчунин, мавҷудияти ҷойҳои таърихию табобатӣ, ба монанди кӯли Сарез, Гармчашма, Авҷ, Ямчун, Ҷелондеҳо, Биби Фотимаи Зуҳро, қаторкӯҳҳои баландтарин дар ҷаҳон, пиряхҳои Помир ва ғайра мусоидат менамоянд. Хатлонзамин бо ёдгориҳои бостонӣ, ки таърихи куҳану асрори ниёконро дар худ нуҳуфтааст, табиати зебову афсункору водиҳои паҳновар, гиёҳҳои шифобахшу чашмасорони мусаффо, меваҳои шаҳдбор ва ҳавои форамаш ҳамасола шумораи зиёди сайёҳони дохиливу хориҷиро ҷалб менамояд.
Ба гуфтаи Сайёд Қодирзода, бо мақсади тарғибу муаррифии ҳар минтақаи кишвар мунтазам ба ширкатҳои сайёҳӣ тавсия дода мешавад, ки хатсайрҳои нав ва барномаҳои ҷолибро бо нархҳои дастрас пешниҳоди сокинон, меҳмонон ва шаҳрвандони дохили кишвар гардонда шаванд. Чунин хизматрасониҳо барои боздиди шумораи ҳарчи бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ аз мавзеъҳои маъруфи сайёҳии минтақаҳои гуногун, ки ҳар кадоми онҳо дорои вижагии хоссаи худ мебошанд, мусоидат менамояд.
Бо вуҷуди андешидани чораҳои муассир аз ҷониби давлат бояд гуфт, ки дар таъмини рушди сайёҳии дохилӣ, камбудиҳои ҷиддӣ дида мешаванд, ки боиси нигаронии мутахассисони соҳа ва дилхунукии сокинон ҷиҳати сайру истироҳат ва табобат дар дохили мамлакат мегарданд. Ба андешаи кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, ба сатҳи муносиб рушд наёфтани инфрасохтори соҳа, ғайрикасбӣ будани кормандони соҳаи сайёҳӣ, надонистани забонҳои хориҷӣ ё танҳо забони англисиро дар сатҳи хеле паст балад будани роҳбаладону гидҳои соҳа боиси на танҳо рушд наёфтани соҳа, балки дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир набудани сайёҳии Тоҷикистон мегардад. Бинобар ин, сайёҳии дохилӣ яке аз омилҳои асосии пешрафти соҳа ва ба бозорҳои ҷаҳонӣ роҳ ёфтани сайёҳии мамлакат мегардад.
Ба сатҳи муносиб роҳандозӣ нагардидани хизматрасонӣ аз ҷониби субъектони хизматрасони соҳа, ба талаботҳои санитариву гигиенӣ мувофиқ набудани баъзе мавзеъҳои сайёҳӣ, набудан ё таъмирталаб будани роҳҳо ба баъзе ёдгориву маконҳои маъруфи сайёҳӣ, номувофиқатии нархҳои меҳмонхонаву ошхонаву осоишгоҳҳо бо сатҳу сифати хизматрасонии пешниҳодшаванда, маълумотнокии ками шаҳрвандон аз мавзеъҳои гуногуни сайёҳӣ аз ҷумлаи дигар мушкилоти соҳа мебошанд, ки ҳалли худро аз масъулон тақозо менамояд.
Ба гуфтаи мутахассисон барои рушди сайёҳӣ дар кишвар бояд маҳз барномаи таблиғотӣ пурқувват гардонда ва пешбарӣ шавад. Дар ин ҷо бояд Кумитаи рушди сайёҳӣ ва сохторҳои он дар минтақаҳо барои пешбарии мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ, ки мо дорем, саҳми бештар гиранд. Агар таблиғот дар сатҳи хуб ҷорӣ гардад, сармоягузорон ҳам ба рушди инфрасохтор таваҷҷуҳи бештар хоҳанд кард. Ширкатҳои сайёҳӣ дар навбати худ ихтисосмандии кадрҳои коргарии худро баланд бардоранд. Донишгоҳу донишкадаҳо дар омодасозии кадрҳои соҳаи сайёҳӣ, пеш аз ҳама, такя ба дониши ҳам омӯзгорон ва ҳам донишҷӯён намоянд. Тиҷорати меҳмонхонавӣ бештар рушд дода шавад.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 02.08.2023 №: 156
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)