ГЕОГРАФИЯ. СОҲАЕ, КИ ТАВАҶҶУҲИ БЕШТАР МЕХОҲАД
Дар замони муосир, дар шароите, ки мушкилиҳои зиёд ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтааст, омӯзиши география ва зербахшҳои он: географияи иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, географияи фарҳангҳо ва низоъҳо аз масъалаҳои умдатарин ба шумор мераванд. Омӯзиши илмҳои географӣ ба ташаккули тафаккури иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ таъсири амиқ мерасонад. География, инчунин, алоқаи байни ҷаҳони инсоният ва табиатро баррасӣ намуда, роҳҳои ҳалли мушкилиҳои дар ин самт ҷойдоштаро пешниҳод мекунад. Дар баробари ин, роҳҳои самаранок ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табииро бидуни зиён расондан ба муҳити табиӣ пешниҳод менамояд.
Ин илм дар ҳалли мушкили таъмини пешрафти давлат нақши бузург дорад. Он дониши васеъ ва фарохро оид ба табиат, инсоният ва хоҷагидорӣ заминагузорӣ намуда, дар тарҳрезии низоми чорабинӣ ҷиҳати мубориза ба пайомадҳои нохуби таъсири инсон ба табиат иштирок намуда, дурнамои рушд ва тағйирёбии ҳудудҳои алоҳидаро муайян месозад.
Бояд зикр намуд, ки дар як қатор ҳолатҳо мавқеи географии давлат сатҳи рушди иқтисодии онро муайян месозад. Дар баробари ин, география хусусиятҳои муносибатҳои ҳамдигарии давлатҳоро тавсиф намуда, ба суоли “Чаро баъзе давлатҳо бо ҳамдигар дар низоъ қарор доранду баъзе давлатҳо дар иттиҳод ба сар мебаранд?” посух медиҳад.
Дар муносибатҳои геосиёсӣ миёни давлатҳо “дӯстони абадӣ” вуҷуд надоранд ва танҳо “бархӯрди манфиатҳо” мавҷуд буда, маҳз манфиатҳо давлатҳоро ё бо ҳам меоранд ва ё боиси низои онҳо мегарданд. Чунончи, он ҳолати сиёсию ҳарбие, ки миёни Федератсияи Россия ва ҷаҳони Ғарб ба вуқуъ пайвастаст, натиҷаи “бархӯрди манфиатҳо”-ст. Ҳамчунин, тамоми низоъҳои ҳарбию сиёсие, ки дар гӯшаҳои гуногуни сайёра рух дода истодаанд (ҳоло дар беш аз 30 нуқтаи сайёра низоъҳои гуногуни ҳарбӣ идома доранд ва ҳамарӯза ҷони ҳазорон нафарро аз байн мебаранд), маҳз дар заминаи ҳифзи манфиатҳо падид меоянд. Дар бахши географияи сиёсӣ, ба масъалаи марзбандӣ ва сиёсати демаркатсионӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад, зеро таҳлилҳо собит менамоянд, ки аксаран масъалаҳои марзӣ сабаби низоъҳо миёни давлатҳо мегарданд.
Дар баробари масъалаҳои хусусияти глобалӣ (ҷаҳонӣ) ва минтақавӣ дошта, география, инчунин, масъалаҳоеро пайгирӣ менамояд, ки дар доираи давлат ба вуқуъ мепайванданд. Масъалаҳои шинохти давлат ва таърихи ташаккулёбии он, омӯзиши истифодаи сарватҳои табиӣ, беҳбудии ҳолати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, масъалаҳои демографӣ дар ин гурӯҳанд.
Нуктаи дигар он аст, ки дар Ҳадафҳои Рушди Устувор, ки дар қатъномаи СММ барои то соли 2030 қабул гардидааст ва 17 ҳадафро фаро мегирад, қисме аз онҳо ба мисли, рафъи гуруснагӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, таъмини мавҷудият ва истифодаи сарватҳои обӣ, таъмини дастрасӣ ба неруи барқ, таъмини шуғл, чораандешӣ ҷиҳати мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои он, ҳифзу барқарорнамоии экосистема, мубориза зидди биёбоншавӣ, пешгирии деградатсияи замин ва ғайраҳо, ҳамчун масъалаҳои ба география вобастабуда мебошанд.
Дар солҳои охир география дар радифи илмҳое қарор дорад, ки ба ташаккули худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ мусоидат менамояд, зеро раванди омӯзиши он худ хештаншиносӣ ва ватаншиносӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳамасола дар баъзе аз кишварҳои олам бо мақсади бедор намудани ҳувияти миллӣ, диктанти географӣ мегиранд. Чунончи, соли гузашта дар беш аз 110 давлати дунё аз сокиноне, ки дар сохторҳои гуногун фаъолият менамоянд, диктанти географӣ гирифта шуда, аҳолии ин давлатҳо ба шинохти географии кишвари хеш даъват шуданд. Агар дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ҳамасола қабули диктанти географӣ ҷорӣ мегардид, дар ташаккули худшиносии миллии аҳолии кишвар мусоидат менамуд. Манзури мо он аст, ки ҳарчи бештар омӯхтани география инсонро водор менамояд, ки худшиносию худогоҳии хешро такмил диҳад, аз ҳолати иқтисодӣ ва сиёсати байналхалқӣ огоҳ бошад, муносибаташро нисбат ба табиат ва қонуниятҳои табиӣ тағйир диҳад ва барои ба наслҳои оянда аз худ боқӣ гузоштани табиати зебову зиндагибоб ва созгору солим саҳмгузор бошад.
Ҷамшед ЁРОВ,
дотсенти кафедраи географияи иқтисодӣ ва сайёҳии ДМТ, номзади илмҳои иқтисод
Санаи нашр: 13.02.2023 №: 34
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
30 июн 2023, Ҷумъа
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АЛОҚАИ БАРҚӢ
Шарҳҳо (0)