ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХОСИЯТИ БАХТИ БАЛАНД

ХОСИЯТИ БАХТИ БАЛАНД

11 август 2023, Ҷумъа
17
0

   
Ба вақти зодани ту марги худро
Бигирад дар назар, бечора модар.            Эраҷ Мирзо

Ҳар боре аз шаҳр ба деҳа равам ва ҳар қадаре ба ҳавлии падар наздик шавам, дилам ҳамон қадар гум мезанад. Ҳар гӯшаю канори ҳавлӣ ва ҷиҳози хона падару модарамро ба ёд меоранд. Бахусус, ранҷҳои модарро духтар бисёртар эҳсос мекунад.
Дар оила ҳашт духтару ду писар ба воя расидем. Падарам омӯзгор, роҳбари мактаби деҳа буд. Он рӯзгор роҳбарӣ коре буд мушкилу сангин. Бо кори мактаб ба маркази ноҳияву вилоят, ки аз деҳа фарсахҳо дур буд, мерафту чандин рӯз ба хона барнамегашт. Он солҳо нақлиёт дар деҳаи кӯҳии мо кам буд.
Дар ёдам ҳаст, модарам арақи ҷабин рехта 2-3 танӯр нон мебаст, дар деги калон хӯрок мепухт, гову буз медӯшид, досро гирифта барои алафдаравӣ ба боғ мефаромад. Яке аз кирмакпарварони пешқадами деҳа буд. Он солҳо ба ин соҳа эътибори ҷиддӣ дода мешуд. Модарам гӯё ба идгоҳ мерафта бошад, 2-3 қуттӣ кирмакро аз хоҷагӣ ботантана гирифта меомад ва ҳамаи мо ба парвариши он мепардохтем. Одатан, кирмаки пилла дар давоми як моҳ чор маротиба аз хӯрдан монда, дам мегирад. Вақте аз хоби сеюму чорум мехест, ҳамаро ба хонаҳо тақсим мекардем. Модарам бо меҳр ба онҳо нигоҳубин ва супоришро барзиёд иҷро мекард. Меҳнати ӯ аз тарафи хоҷагӣ якчанд маротиба қадр шуда буд. Дар ҳама кор хосияти некаш ҳувайдо мешуд, чун ӯро ном Хосият буд. 
Модарам қолинбоф ҳам буд. Шабҳои дарози зимистон пашми аз молҳо ҷамъкардаашро ресида, калоба мекард. Рӯзҳои гарми тобистон калобаашро рангу бор дода, дар таги воиши ангур дастгоҳи гилембофӣ мегузошт.
– Духтарам, рав, янгаи Ҳанифаю аммаи Муаззаматро ҷеғ зада биё, имрӯз гилем мебофем, дар ин кор онҳо таҷрибаноканд, – супориш медод модарам.
Ҳамон рӯз дар ҳавлии мо ҳашар барпо мешуд. Яке хӯрок мепухт, дигаре нон мебаст, сеюмӣ аз чашма об мекашонд. Гилемро қариб 15-20 рӯз мебофтанд. Риштаҳои  ранга ба гилеми хушрӯю нафис табдил меёфтанд. Дар деҳаи мо анъанае буд, ки ба ҷиҳози духтар, албатта, гилеми дастбофт ба сифати ҳадя илова мекарданд. Ҳамон гилеми дастбофти модарамро ҳар куҷо равам, бо худ мебарам, он барои ман азиз аст.
Модарам дӯзанда буд. Либосу пойҷомаҳои моро худаш медӯхт. Мӯйҳоямонро бо ҷурғот, оби гули хайриву ҳино ва дигар гиёҳҳои шифобахш мешустем. Модарам мӯйи моро бофта, таъкид мекард, ки бе иҷозати ӯ бофтаҳоро накушоем. 
Модарам пазанда буд. Хӯрокҳои милливу маҳаллӣ, аз ҷумла кулчатой, лахчак, барак, чалпак, фатир, нонҳои баширро бомаҳорат мепухт. Аз меваҳои боғ: себ, биҳӣ, олуча, зардолу, тут мураббою шириниҳо тайёр мекард. Себу шафтолуи хушк ва тутмавизро дар ҷувоз кӯфта, талқон ҷамъ меовард. 
Саҳарӣ хеста гуппӣ мезад, айронашро ба тӯрбаи калон, ки аз суфи сафед медӯхт, андохта мемонд. Вақте зардоби он мерафт, тӯрбаро таги санг мегузошт. Айрон ба чаккӣ табдил меёфт ва аз он қурут месохтем.
Дар ёдам ҳаст, адиб ва фолклоршиноси тоҷик Баҳром Шермуҳаммедов ба хонаи мо меҳмон шуд. Рӯзона аз эҷодиёти даҳонакии мардуми Эҷ мавод ҷамъ мекарду шабона то поси шаб бо падарам суҳбат меорост. Адиб ба дасторхони густурдаи модарам нигоҳ карда, “Янга соҳибкор будаанд” гуфта, баҳо дода буд. Имрӯзҳо низ дар деҳаҳои қаторкӯҳи Нурато занони соҳибкор, сариштакору ранҷкаш зиёданд.
Модарам табӯрок (дойира) зада суруд мехонд. Бо овози хушу форами худ тӯйи арӯсӣ, гаҳворатӯй, базмҳои занонаро метафсонд:
Ҳой арӯс, ҳой арӯс, арӯс мебарем имрӯз,
Хез оча келин омад, нури хона даромад.
Очаш кунад рахташа, Худо теяд бахташа,
Духтар мерад молаш катӣ, амлоку рӯзгораш катӣ.
                
Ҳар гоҳ ки духтарҳояшро ба шавҳар медод, ҳама хурсандиву рақс мекард, аммо модари ғамгусори ман ба даричаи ҳавлӣ такя карда, ашк мерехт...
Дарёдил буд модарам. Мо, хоҳарон аз каму кости рӯзгор ва касони бепарвою танбал ё майхора шикоят мекардем. Модарам бо сабру таҳаммул мефаҳмонд, ки ҳаёт аз нобаробариҳо иборат аст. Ба пастию баландӣ, ба сахтиҳои рӯзгор тобовар бошед. Ширинсухан бошед, таомро намак – одамро сухан гуфтаанд. 
Покизагию сариштакориро дӯст медошт модарам. Таъкид мекард, ки хонаи босаришта фаришта дорад. Таги дарвоза, гирду атрофи танӯру оташдон ҳамеша бояд рӯфтаю озода бошад.
Дар ёдам ҳаст, додарам хидмати ҳарбиро дар хоки Афғонистон адо кард. Ду соли хидмат барои падару модар гӯё даҳ сол шуд. Ҳар як мактуби ӯро хонда ашк мерехтанд. Вақте аз хидмат саломат баргашт, ҳавлии мо тӯйхонаро мемонд. Модарам ба ронандаи автобус, ба оне, ки писарашро аз дуриҳо овардааст, ҷома пӯшонда, боз ашки шодӣ мерехт...
Модарам китобхону китобдӯст буд. Дар сари гаҳвора китобхонон хобаш мебурд. Аз китоби “Афсонаҳои халқи тоҷик” ба мо афсона мегуфт. Асарҳои “Ятим”, “Одина”, “Дохунда”-и устод Садриддин Айнӣ, “Субҳи ҷавонии мо”-и Сотим Улуғзода, “Вафо”-и Фотеҳ Ниёзиро ба такрор мутолиа мекард. Дар шароити кӯҳистон хонондани духтар душвор бошад ҳам, ӯ моро соҳибмаълумот кард. Ҳазор ташаккур ба ӯ, руҳаш шод бодо!
Бо мурури вақт дарди бедаво модарамро, Хосияти бахтамро аз байни мо бурд. Ҳоло чеҳраи нуронии ӯро пеши назар оварда, хаёлан бо ӯ суҳбат мекунам. Ҳар қадар ба синну соли модар наздик мешавам, ҳамон қадар қадри ӯро бештар эҳсос мекунам. Дар хонаи ҷонам ҷоят холист, модар!..

Саодат БЕКНАЗАРОВА,
муҳаррири рӯзномаи 
“Овози тоҷик”, 
узви Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон

Санаи нашр: 09.08.2023 №: 160 - 161
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив