ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШИТОБЕД, ВАЛЕ ОҲИСТА

ШИТОБЕД, ВАЛЕ ОҲИСТА

11 август 2023, Ҷумъа
16
0


(Ба модарам Сафиямоҳ мебахшам)
Номам Заррина аст. Рассом ҳастам. Намедонам барои чи имшаб бедор шудаму дигар хобам намебарад. Айёми беғаши кӯдакӣ ёдамро саршори хумори гузаштаҳо мекунад. Кӯдак будам, кӯдаки шӯху беғам. Чи қадаре ки худро дар ёд дорам, ҳамон қадар расмкаширо дӯст медорам. Ҳанӯз хуб роҳгардиро ёд нагирифта будам, гапзанӣ ҳам наметавонистам, аммо расм мекашидам. Дар ҳама ҷо. Дар деворҳо, дар дастархону кӯрпаву болишт, дар попӯшу либосҳо, дар дасту рӯям. Албатта, ба падару модарам ин корам писанд намеомад. Онҳо маро сахт ҷанг намекарданд. Вақте ки қаламро дар дастам дуруст меқапидагӣ шудам, бароям коғазу қалами ранга оварданд. Аввалин расмам тасвири падарам аст. Оҳ! Ҳоло ҳам дар ёд дорам, ки чи хел падарам хурсанд шуда буд. Гӯё ба куртааш намегунҷид. Падарам расмро ба чорчӯбаи зарҳалдор гирифта, ба девори хонаи хоб, ба болои сараш овехт. Ҳар касе, ки ба хонаамон ба меҳмонӣ меомад, ҳатман он расмро нишон медод.  Расм бо гузашти солҳо имрӯз ҳам дар ҳамон ҷояш аст. Албатта, расм ба падарам ҳеҷ монандие надорад. Ба ҷои чашмҳо ду нуқта, ба ҷои бинӣ як рахи рост, ба ҷои лаб як мавҷак. Сар каҷ ва мӯйҳо мор-морак.
– Ту рассоми машҳур мешавӣ! – бо бовар ва ифтихор мегуфтанд, падарам. 
– Кай? – бетоқатона мепурсидам ман.
– Дар рӯзу соаташ.  На пешу на пас. Агар кӯшиш кунӣ, сабур бошӣ, меҳнат кунӣ ва аз кори кардаат розӣ бошӣ, ҳатман рассоми машҳур мешавӣ.
Чизеро пешгӯйӣ карда намешавад. Баъди ҳафт сол мо шабона ба садама дучор шудем. Аз он садама фақат чароғҳои мошини боркаш ва зарбаи сахт дар ёдам мондаасту халос… Вақте ман чашмонамро кушодам, модарамро дидам. Рӯйи модарам сахт варам кардаву сиёҳу кабуд шуда буд. Дасту гарданаш гаҷбанд. Падарамро пурсон шудам. Хомӯшии беҷавоб. Баъди аз беморхона ҷавоб шудан дигар падарамро надидам. Бароям мафҳуми марг нофаҳмо буд. Чаро марг маҳз падари маро гирифт? Чаро? Ман мудом мегиристам, аммо модарам не. Ман бетоқатиҳо мекардам, аммо модарам ором буд. Ман ба як нуқта менигаристам, аммо модарам ҳамеша дар ҷунбиш. Дар чашмони модар боре ҳам ашкро надидам, аммо дар онҳо дигар нур набуд. Акнун бо орзуи рассом шудан падруд гуфтанӣ шудам. 
 Якумрӣ ва бебозгашт, аммо модарам розӣ нашуду гуфт:
– Офтобаки ман, ҳеҷ зарурате нест, ки ту аз орзуят даст кашӣ. Барои ба орзу расидан, фақат ҷидду ҷаҳд кифоя нест. Амали аз андоза зиёд даркор аст.  
– Очаҷон, шумо чиҳо мегӯед? Бо ин аҳвол ман чӣ хел расм кашида метавонам? Ягон вақт расм кашида наметавонам. Ягон вақт! – гӯён инони гиряро сар додам ман.
   Модарам бошанд маро ба оғӯш гирифтанду дуру дароз хомӯш истоданд. Баъд гуфтанд:
– Вақте одам ба худаш бовар намекунад, вай пешакӣ мағлубшуда ҳисоб меёбад. Агар кӯшиш кунӣ, сабур бошӣ, рассоми машҳур мешавӣ.
– Оҳ-ҳ, гуфтаҳои падарам! Он суханҳоро айнан аз забони модарам шунидам. Дар сарам боз ҳамон суол пайдо шуд:
– Кай?
   Ҷавоб аз дуриҳои дур омад:
– Дар рӯзу соаташ. На пешу на пас.
– Ҳо, ҳо, ман аз орзуям ҳаргиз даст намекашам! – азми қатъӣ кардам. 
Кори аввалинам кӯшиши қаламро  гирифтан буд, аммо ангуштҳоям тамоман гӯш намекарданд. Як бору ду бору се бору … даҳ бор. Оби дидагонам беист мерехтанд. Охир ангуштонам ақаллан ҳамин як қаламакро ҳам дошта наметавонистанд. Бо ин аҳвол чӣ хел расм мекашам? – ба худ саволи беҷавобро медодам  ман. Модарам гаштаву баргашта ҳар бор:
–  Ҷонакам, илтимос, каме дам гир.  Баъд боз аз нав сар мекунӣ, – мегуфтанд модарам. 
– Не, худи ҳозир давом медиҳам, бас намекунам! –  мегуфтам бесаброна ва қотеона.
– Ҷони ширин, ту саросема ҳастӣ, – аз нав гуфтанд модарам оромона. – Ту мешитобӣ ва мехоҳӣ, ки зуд ба мақсадат расӣ. Шитоб зарур аст, бишитоб, аммо оҳиста.
   Ростӣ, ба суханҳои охирини модарам хуб сарфаҳм нарафтам. Аз рӯзи дигар ман боз кӯшишҳоро сар кардам. Он рӯзе, ки бори аввал қаламро бо ангуштон доштаму чанд хатҳои хомакӣ кашидам, яке аз рӯзҳои беҳтарини умрам буд. 
– Ин рӯзи ғалабаи ту аст. Боз гумон накунӣ, ки ин як ғалабаяки ночизест. Не, ҳаргиз! Ин ғалабаи бузурги туст! Муборак шавад! – гуфт модарам. Овозашон ларзид. Ба назарам чунин намуд, ки  дар чашмонашон аз нав нуре пайдо шуд. 
   Баъди муваффақияти аввал дилгармие пайдо шуд. Ба худ бовар мекардагӣ шудам. Дар ман хоҳиши расми модарамро кашидан пайдо шуд. Дар бораи ин  ниятам ба дӯстам Комрон гуфтам. Комронро аз кӯдакӣ мешиносам. Дар як боғча будем ва дар як мактабу як синф таҳсил мекардем. Вай хеле хурсанд шуд ва гуфт:
– Нияти хуб. Ин нишонаи он аст, ки ту аз ғаму андуҳ, аз нобоварӣ баромаданӣ ҳастӣ.
– Чӣ кор кунем, ки модарам нафаҳманд? Мехоҳам туҳфа барояшон ногаҳонӣ шавад. 
Комрон гуфт:
– Ба хонаи мо биё! Расми модаратро дар хонаи мо мекашӣ!
Ман розӣ шудам. То рӯзи таваллуди модарам метавониста бошам, ки расмро сар карда ба итмом расонам? – пурсидам ман аз Комрон.
– Метавонӣ! – намедонам барои чи бо боварӣ гуфт Комрон. – Агар сахт хоҳӣ, метавонӣ, – боз илова кард, ӯ.
Дар бораи чӣ хел кашидани расм чизе намегӯям. Душвор буд. Аз душворӣ дида равиши кор аҷобат дошт. Вақте хаста мешудам ё ба дудилагӣ роҳ медодам, дар наздам ҳамеша Комрон буд… Инак, мусаввара тайёр шуд. Боварам намеомад, ки онро ман кашида бошам. То рӯзи таваллуди модарам зиёда аз як моҳ вақт буд. Ба Комрон гуфтам, ки мусаввара дар хонаашон истад, баъд онро омада мегирам. Баъди як моҳ Комрон ба назди ман омад.
– Заррина, ман бе иҷозати ту мусаввараро ба Озмуни байналмилалии рассомони ҷавон фиристодам. Ту сазовори ҷойи дуюм шудӣ, – хушҳолона гуфт ӯ.
   Аммо ман каме гаранг шудам. Намедонистам, ки хурсанд шавам, ё не. 
Комрон ин ҳолати маро фаҳмиду гуфт: 
– Пагоҳ Озмун ҷамъбаст мешавад.  Иштироки ту дар он заруру ҳатмист.
– Пагоҳ? Чӣ хел пагоҳ?! – дасту по хӯрдам ман. Охир пагоҳ, 11 август, рӯзи таваллуди модарам аст-ку? – гуфтам ман.
– Хеле хуб! Модарат ҳам ҳамроҳи мо мераванд. Ту мехостӣ-ку барои модарат туҳфа кунӣ. 
   Баъди фаҳмидани ин хушхабар боз дар чашмони модарам ҳамон нури гумшударо дидам. 
   Субҳи рӯзи дигар мо якҷоя ба ҷамъбасти Озмун рафтем. 
 Вақте аз зинапояҳо ба толор мебаромадам, дилам сахт-сахт метапид. Аз зӯрии ҳаяҷон қариб пешпо мехӯрдам. Аммо дастони бақуввате маро доштанд ва нагузоштанд, ки афтам. Дастони модарам. Ба толор баромадам. Ин дам мардуми толор аз ҷо хест. Баъди чандин солҳо бори аввал оби дидаи модарамро дидам ва боз чандин рӯзҳои дигар оби чашмашон хушк намешуд.  Гӯё, ки он оби дидаҳое, ки дар вақташ нарехта буданд, ҷамъ шуда, дарё гашта мерехт. Магар метавон пеши роҳи дарёро гирифт?

* * *
Мусаввараро модарам дар бари расми падарам овехт. Ҳар ду расмро бо меҳру муҳаббати беандоза кашидаам. Якеро вақте кӯдак будам, бо дастонам кашида будам. Мусаввараи модарамро бо дилам. Таваллуди дубораам буд, тасвири дувум. Дар вақти садама ман аз ҳар ду дастам маҳрум шудам. Расми модарамро бо пойҳоям кашидам.
Шитобед! Шитобед барои ба худ ва дигарон бовар кардан, шитобед барои ба як қарор омадан, шитобед барои кӯшиш, шитобед барои ғалаба, барои амал, барои сипосгузор будан, барои худро дӯст доштан, то ки дигаронро дӯст дошта тавонед, шитобед! Шитобед, вале оҳиста…  

Гулсара  АВАЗОВА,
узви Иттифоқи 
нависандагони Тоҷикистон

Санаи нашр: 09.08.2023 №: 160 - 161
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив