МОДАР
Модар, ҳамеша зиндаӣ дар ёдҳои ман,
Дар шеъру дар таронаву фарёдҳои ман.
Ҳар шом аз диёри ғуруб,
Аз каронаҳо
Падруди ту ҳамешунавад гӯши ман басе
В-он гаҳ хумори қаҳвагии чашмҳои ту
Дар ман кунад зуҳур,
Пазмонии вуфур,
Маро мегирад канор.
Ангор, ин баҳор
Як нусхаи ту аст.
Эй вой, модарам!
Ҳатто хайёли сабзи ту шуд сояи сарам,
Ҳам ёру ёварам,
Зеботарин чакома ба авроқи дафтарам.
Эй меҳр, модарам,
Эй ишқ, модарам,
Эй шеър, модарам!
РУҶУЪ
Ман модарам ва баъди Худо офаридагор,
Дар ояҳои аллаам наҷвои рӯзгор.
Хуршеду Маҳ чи хушназаронанд бар Замин,
Аз меҳри бекаронаи ман гул кунад баҳор.
Гӯйӣ биҳишт зери қадамҳои ман бувад,
Пас аз чӣ тухми шайтанатам медиҳӣ қарор?
Пайғамбарони даҳр зи домони сабзи ман,
Мисли тулуи шед дамида ба ҳар канор,
Гулвожаҳои ишқ шукуфад ба номи ман,
Худ орифонаҳом пур аз панди созвор.
Боре агар ба дафтари таърих бингарӣ,
Сабт аст бар ҷаридаи он ҳашматам ҳазор.
Борони лутфу раҳматам, гаштаст ройгон,
Чун оташак, валек алайҳи ситезакор.
Раҳмат ба Садри аъзами давлат, ки медиҳад
Бар ному эҳтироми латифи зан эътибор.
Хосият ВАЛИЗОДА,
шаҳри Кӯлоб