ПАНҶАКЕНТ. СИМОИ НАВИ ШАҲРИ БОСТОН
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар партави сиёсати ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми саъю кӯшиши худро барои таъмини рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардум равона карда, ният доранд Ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои шоён истиқбол намоянд.
Бешубҳа, Панҷакент аз мулкҳои бостонии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, аз замонҳои қадим ҳамчун маркази илму фарҳанг, ҳунар, савдо ва бозоргонӣ маъруф аст. Имрӯз ин шаҳри тамаддунофарин симои худро ба куллӣ иваз намуда, аз минтақаҳои пешрафтаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад. Боғу гулгаштҳо, иншооти замонавию марказҳои хизматрасонӣ, ки мо ҳангоми сафар дидем, далели ин гуфтаҳоянд.
Абдухолиқ Холиқзода, раиси шаҳри Панҷакент, зимни суҳбат иброз намуд, ки корҳои бунёдкориву созандагӣ дар ҳудуди шаҳр бомаром идома дошта, баҳри сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии истиқлоли давлатӣ бунёди 1000 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи як сафари раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Панҷакент 30 иншоот, аз ҷумла кӯдакистони хусусӣ дар маҳаллаи Зордолузор, бинои муассисаи таълимӣ дар деҳаи Бостондеҳ, меҳмонхонаи “Ашам” дар деҳаи Ғӯсар ва маркази хизматрасонии тиббии “Зармед”, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин, дар ин давра меҳмонхона бо 20 рахти хоб, пули мошингузар дар деҳаи Сор ба истифода дода шуда, бинои беморхонаи сироятии шаҳр баъди навсозӣ рӯзҳои наздик мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Маврид ба ёдоварист, ки дар шаҳри Панҷакент ба рушди соҳаи маориф, ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ диққати махсус дода мешавад. Чунончи, соли равон дар деҳоти Саразм муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 240 хонанда ба истифода дода шуда, сохтмони дигар муассисаҳои нави таълимӣ дар деҳаҳои Боғча, Ворӯ, Дашт, Дашти Малла ва бунёди бинову синфхонаҳои иловагӣ дар як қатор деҳаҳои дигар бо маром идома дорад.
Дар маҷмуъ, ба истиқболи ин санаи таърихӣ, то ин давра 229 иншоот бо маблағи 176,8 миллион сомонӣ бунёд шуда, сохтмони 109 иншооти дигар идома дорад.
ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ МЕАФЗОЯД
– Тавре ҳамагон шоҳид будем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари навбатиашон ба шаҳри Панҷакент корхонаи азими коркард ва истеҳсоли мисро дар ҶДММ КМ “Зарафшон” ифтитоҳ намуданд. Коргоҳ маҳз дар доираи эълон шудани солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат бунёд шудааст. Ҳоло дар шаҳр 41 корхонаи саноатӣ фаъолият дорад, ки назар ба соли гузашта 20 коргоҳ зиёд аст. Аз ҷумла, дар нимсолаи аввали соли равон 7 коргоҳи хурди истеҳсолӣ бо 73 ҷойи нави корӣ ташкил гардид, – гуфт Абдухолиқ Холиқзода.
Тибқи иттилои раиси шаҳр, дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ якҷо бо хизматрасонии пулакӣ ба беш аз 2 миллиарду 626 миллион сомонӣ расида, бо ба кор даровардани иқтидорҳои нав, баланд бардоштани иқтидорҳои мавҷуда, таъсиси корхонаҳои хурди истеҳсолию хизматрасонӣ, дар маҷмуъ, 456 ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шуд.
Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” чораҳои зарурӣ андешида, бо ҷалби мутахассисон ва ҳунармандон Барномаи рушди ҳунармандӣ дар шаҳри Панҷакент барои солҳои 2023-2025 таҳия гардид. Айни замон, дар шаҳру деҳоти Панҷакент 76 намуди ҳунари мардумӣ мавҷуд буда, 1100 нафар, ки аксарашон занону бонувонанд, ба ҳунармандӣ машғуланд. Бо сарпарастии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр моҳҳои январ ва майи соли 2023 гурӯҳи ҳунармандон аз шаҳрҳои Самарқанд ва Риштони Ӯзбекистон сафар карда, бо таҷрибаи рушди ҳунармандӣ ошно шуданд.
РУШДИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ – ОМИЛИ АСОСИИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ
Роҳбарияти шаҳр ба рушди соҳаи кишоварзӣ, ҳамчун омили асосии расидан ба яке аз ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат – таъмини амнияти озуқаворӣ диққати аввалиндараҷа медиҳад. Натиҷаи ҳамин тадбирҳост, ки ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ сол ба сол афзоиш ёфта, тавассути гузарондани ислоҳоти соҳа, амалишавии барномаҳои рушд, беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва зиёд кардани майдони боғу токзор соҳа беш аз пеш рушд меёбад. Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 263,9 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар хоҷагиҳои кишоварзӣ 116 гектар токзори куҳна барқарор шуда, 20 гектар боғу токзори нав бунёд гардид. Ҳамчунин, дар майдони 603 гектар кишти такрорӣ гузаронда шудааст. Ҳоло ҷамъоварии ҳосил идома дошта, тибқи маълумоти оморӣ, давоми нимсола истеҳсоли ғалла, картошка, сабзавот, мева нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бамаротиб зиёд буда, ба таъминоти бозори дохилӣ таъсири мусбат расондааст.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати обёрии заминҳои соҳили дарёи Зарафшон бо ҷалби соҳибкорону кишоварзон корҳои соҳилбандӣ ҷараён дошта, аллакай, беш аз 200 гектар замин обёрӣ шудааст. Дар 10 гектари он ҳавзи моҳипарварӣ бунёд гардида, дар 19 гектар полизӣ ва 171 гектар шолӣ кишт карда мешавад. Ҳамчунин, лоиҳаи ангоравии 4 пойгоҳи обкашӣ, ба як маҷро даровардани дарёи Зарафшон ва барои азхудкунии беш аз 4000 гектар замин барои дарёфти манбаъҳои маблағгузорӣ пешниҳод гардидааст.
ПАНҶАКЕНТ ШАҲРИ САЙЁҲИСТ
Боиси зикр аст, ки тақвияти соҳаи сайёҳии ин минтақаи зебоманзари кишвар дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент қарор дорад ва барои рушди инфрасохтори соҳа, зиёд кардани ширкатҳои сайёҳӣ, ташаккули бренди миллии сайёҳӣ ва дар маҷмуъ, ба соҳаи шуғлофар ва фоидаовар табдил додани сайёҳӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 11 961 сайёҳ, аз ҷумла 6927 сайёҳи дохилӣ ва 5034 сайёҳи хориҷӣ, аз шаҳри Панҷакент дидан кардаанд. Гардишгарон бештар ба объектҳои таърихиву фарҳангӣ, мавзеъҳои табиии шаҳр таваҷҷуҳ доранд.
– Боиси қаноатмандист, ки дар шаҳри Панҷакент баҳри истиқболи сазовори Ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободонию бунёдкорӣ рӯз ба рӯз вусъати тоза мегиранд ва дар баробари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорон низ барои ободони шаҳр кӯшиш намуда истодаанд. Ҳамаи кӯшишҳо ба он равона шудаанд, ки дар татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат саҳмгузор бошему зиндагии арзандаи сокинонро таъмин кунем, – иброз дошт Абдухолиқ Холиқзода.
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 14.08.2023 №: 163