ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИҚТИСОД ВА САНОАТ

ИҚТИСОД ВА САНОАТ

16 август 2023, Чоршанбе
44
0
«Амонатбонк» 167 ҳазор корти «Фарогир» (бе ному насаб) интишор ва ба филиалҳои бонк дастрас намуд. 
Тавре раиси «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ дар нишасти матбуотӣ гуфт, ин иқдом ҷиҳати расондани хизмати саривақтӣ ба мизоҷон амалӣ шуда, барои зиёд намудани мизоҷон, пешбурди самарабахши раванди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббарорбаркунии ғайринақдӣ» нақши муҳим мегузорад. Густариши низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ яке аз омилҳои рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ ва низоми молиявии мамлакат маҳсуб шуда, дар таъмини шаффофияти амалиёти молиявӣ, ғанӣ гардондани буҷети давлат, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиши таъсири омилҳои инсонӣ нақши муассир дорад.
 
 
 
СОҲИБКОРОНИ КАЛУГА БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯНД
Охири моҳи октябри соли равон як гурӯҳи тоҷирони вилояти Калугаи Федератсияи Россия ба Тоҷикистон меоянд. Дар ин бора Агентии иттилоотии “REX” хабар додааст.
Соли 2022 ҳаҷми содироти маҳсулоти вилояти Калуга ба Тоҷикистон қариб 900 миллион рублро ташкил дод. Номгӯи молҳои содиротӣ васеъ аст: таҷҳизоти истеҳсолӣ, воситаҳои нақлиёт, асбобҳои рӯзгор, таҷҳизоти тақвияти садо ва маҳсулоти қаннодию орд. Феълан 8 корхонаи вилояти Калуга маҳсулоти худро ба Тоҷикистон мефиристад.
«Самти содирот ба Тоҷикистон фаъолона рушд мекунад. Соли гузашта афзоиш нисбат ба соли 2021-ум 71,3 фоизро ташкил дод. Умедворам, ки сафари дарпешистодаи тоҷирон барои содиркунандагони мо имкониятҳои нав мекушояд», – гуфтааст Анатолий Смирнов, мудири шуъбаи “Маркази дастгирии содироти вилояти Калуга”.
 
 
ГАРДИШИ САВДО МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ҶОПОН 1,7 МАРОТИБА АФЗУД
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷопон Йошикава Юми мулоқот кард.
Тавре аз Вазорат хабар доданд, дар мулоқот зикр гардид, ки гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистону Ҷопон дар нимсолаи якуми соли 2023 1,7 маротиба нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд шудааст. Ин рақам соли 2022-юм 108,5 млн долларро ташкил дод.
Сипас, байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон дар доираи Барномаи волонтёрони Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JOCV) ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар доираи ин санад Ҷопон барои соҳаҳои афзалиятноки иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон мутахассисони соҳибтаҷриба, аз қабили табибон, муҳандисон, технологҳо, барномасозон, дизайнерҳоро ба таври ройгон сафарбар менамояд.
Дар рафти вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои тиҷоратии дуҷониба, аз ҷумла зиёд намудани маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ бо истифода аз технологияи муосир дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, содироти молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон ва таъсиси марказҳои логистикиро баррасӣ карданд.
Инчунин, масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ гардид, ки ҷониби Ҷопон омодагии худро дар ин самт баён намуд. Илова бар ин, ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои «Иқтисоди сабз» ва «Иқтисоди рақамӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.
 
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 15.08.2023 №: 164
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив