ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » Cуханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Дарвоз, 15 августи соли 2023

Cуханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Дарвоз, 15 августи соли 2023

16 август 2023, Чоршанбе
22
0
  
Ҳамватанони азиз,
Ҳозирони гиромӣ!
Бо дарназардошти ин ки мулоқоти имрӯзаи мо дар давраи омодагӣ ба Ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор мегардад, ҳамаи сокинони меҳмоннавозу сарбаланди ноҳияи Дарвоз ва ҳамаи шумо – ҳозирони арҷмандро ба ин муносибат табрик гуфта, барои пазироии гарму самимӣ изҳори сипос менамоям.
Ҳамчунин, бо қаноатмандӣ иброз медорам, ки мардуми ватандӯсту заҳматқарини ноҳия бо шукргузорӣ аз неъмати озодиву соҳибихтиёрӣ ва сулҳу оромӣ дар ҷодаи ободии сарзамини аҷдодӣ ва пешрафти давлати соҳибистиқлоли худ содиқона кор карда истодаанд.
Мо имрӯз дар маросими ба фаъолият оғоз кардани якчанд иншооти навбунёд, аз ҷумла як муассисаи муосири таълимӣ, корхонаҳои истеҳсоливу хизматрасонӣ ва иншооти дигар ширкат кардем ва барои сохтмони бинои беморхонаи марказии ноҳия санги асос гузоштем. Мехоҳам бо қаноатмандӣ хотирнишон намоям, ки ҳамаи ин ободиҳо самараи заҳмати содиқонаи мардуми ноҳия мебошад.
Ҳукумати мамлакат аз оғози даврони истиқлол то имрӯз барои таъмин намудани ободиву пешрафти ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ва зина ба зина беҳтар гардондани сатҳу сифати зиндагии мардум тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
Тайи 32 соли истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 400 миллион сомонӣ равона гардида, дар ин раванд, ҳамчунин, татбиқи 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 485 миллион сомонӣ ба анҷом расонда шудааст. Илова бар ин, ҳоло дар ноҳия татбиқи боз 8 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ идома дорад, ки аз маблағи умумии онҳо то имрӯз 500 миллион сомонӣ аз худ гардидааст.
Танҳо дар самти бунёду азнавсозии роҳҳои мошингард дар ҳудуди ноҳия лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми 975 миллион сомонӣ равона гардида, то ба ҳол қариб 70 километр роҳҳои ҷавобгӯй ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта, ба истифода супурда шудаанд.
Тавре ки имрӯз мушоҳида мегардад, ба шарофати роҳҳои бунёдшуда симои ноҳияи Дарвоз боз ҳам ободу зебо гардида, ин гӯшаи Ватани азизамон ба яке аз ҷолибтарин мавзеъҳо барои сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ табдил ёфтааст.
Вобаста ба ин масъала, зарур аст, ки роҳбарияти Вазорати нақлиёт, вилоят ва ноҳия сифати иҷрои корҳои сохтмони роҳҳоро ҷиддӣ назорат карда, дар муҳлати муайянгардида ва бо сифати баланд ба анҷом расондани онҳоро таъмин намоянд.
Ҳадафи Ҳукумати мамлакат аз бунёди роҳҳо ва инфрасохтори муосир дар ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, аз ҷумла ноҳияи Дарвоз таъмин намудани рушду тараққиёти иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои таъсиси корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, иншооти хизматрасонӣ, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва дар натиҷаи ин иқдомот зиёд гардидани даромади аҳолӣ ва буҷети маҳаллӣ мебошад.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони ноҳияи Дарвоз барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии он барои солҳои 2021 – 2025 таҳия ва қабул гардидааст, ки дар доираи он иҷрои 108 лоиҳа ба маблағи умумии 405 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи маълумот, то имрӯз 34 лоиҳаи пешбинишуда амалӣ гардидааст, ки ҳамагӣ 34 фоизи иҷрои барномаро ташкил медиҳад.
Ҷиҳати густариш бахшидани корҳо дар ин самт Мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бояд ҳамкориро бо вазорату идораҳо, шарикони рушд ва бахши хусусӣ вусъат дода, тамоми имкониятҳои мавҷударо барои иҷрои барнома сафарбар намоянд.
Ҳамдиёрони азиз!
Ман дар сафарҳои худ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳамеша таъкид месозам, ки ҳодисаву равандҳои дар ҷаҳони имрӯза бамиёномада ба масъалаи таъмин намудани аҳолии дунё бо маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ таъсири манфӣ ва ҷиддӣ расонда истодаанд.
Дар чунин шароит, рушди соҳаи кишоварзӣ ва дар ҳама фаслҳои сол бо маҳсулоти озуқаворӣ таъмин намудани бозори дохилӣ аҳамияти стратегӣ дошта, истифодаи самараноку оқилонаи ҳамаи имкониятҳои кишоварзӣ, аз ҷумла обу заминро тақозо менамояд.
Ҳукумати мамлакат, аз ҷониби худ, дар самти афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмин намудани рушди соҳа ҳамаи тадбирҳои заруриро андешида истодааст.
Дар натиҷаи тадбирҳои дар ин самт амалигардида, тайи ду даҳсолаи охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Дарвоз аз 9,9 миллион сомонии соли 2000-ум ба 63 миллион сомонӣ дар соли 2022 расида, 6,3 баробар зиёд гардидааст.
Дар ин давра, бо заҳмати кишоварзон истеҳсоли картошка 2,6 баробар, сабзавот 4, мева 9 ва тухм беш аз 21 баробар афзудааст.
Бо вуҷуди пешравиҳои зикршуда, роҳбарону мутахассисони ноҳия, Вазорати кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва тамоми сокинони ноҳия бояд ҳар як ваҷаб заминро боз ҳам беҳтару самаранок истифода бурда, афзоиши минбаъдаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро таъмин намоянд.
Дар ин самт, зарур аст, ки ба масъалаи азхудкунии заминҳои нав, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои мавҷуда ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ эътибори ҷиддӣ дода шавад.
Ҳозирони гиромӣ!
Бинобар ин ки соҳаи саноат барои таъмин намудани рушди муназзами иқтисоди мамлакат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум нақши калидӣ дорад, мо саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии миллӣ эълон намудем.
Бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин намудани сокинони мамлакат, кам кардани вобастагии иқтисоди миллӣ аз омилҳои берунӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва афзоиш додани содироти молу маҳсулот ба хориҷи кишвар асоси ин ҳадаф мебошад.
Дар робита ба ин, бояд гуфт, ки ноҳияи Дарвоз дорои имкониятҳои бузурги саноатӣ буда, дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ин соҳа дар ноҳия хеле тараққӣ кардааст.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия аз 5,4 миллион сомонии соли 1993 ба 32 миллион сомонӣ дар соли 2022, яъне қариб 6 баробар афзоиш ёфта, ҳиссаи он дар истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят аз 8,7 фоизи соли 1991 ба 32 фоиз дар соли 2022 расидааст.
Рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия дар натиҷаи тадбирҳои дар самти дастгирии соҳибкорӣ андешидаи Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла бунёди корхонаҳои саноатии «Таком голд», «Парки инноватсионии саноативу технологӣ» ва «Карон – калсит», ки ҳиссаи онҳо дар маҷмуи маҳсулоти саноатии ноҳия назаррас мебошад, таъмин гардидааст.
Вале дар шаш моҳи соли 2023 корхонаҳои саноатии ноҳия дар ҳаҷми ҳамагӣ 7,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 14 миллион сомонӣ ё 65 фоиз кам мебошад. Яъне, дар ин давра корхонаҳо бо иқтидори пурра фаъолият накардаанд.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз 11 корхонаи саноатии амалкунанда танҳо 3 корхона суръати рушди истеҳсоли маҳсулотро таъмин намуда, дар 7 корхона ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот коҳиш ёфтааст ва як корхона умуман фаъолият накардааст, ки вазъи баамаломада нигаронкунанда буда, андешидани чораҳои фавриро тақозо менамояд.
Аз ин лиҳоз, роҳбарияти вилоят ва ноҳия якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав бояд сабабҳои коҳиш ёфтани истеҳсоли маҳсулотро дар корхонаҳои саноатии ноҳия мушаххас намуда, ҷиҳати бартараф намудани ҳолати бамиёномада чораҳои фаврӣ андешанд.
Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки имкониятҳои ноҳия дар самти истихроҷ ва коркарди маъдан (аз ҷумла литий) омӯхта, ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсоли саноатии маҳсулоти тайёри филизӣ корбарӣ карда шавад.
Рушди бахши хусусӣ зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати кишвар қарор дорад, зеро ҳиссаи он дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар хеле назаррас мебошад.
Хотирнишон менамоям, ки расидан ба ҳадафҳои гузошташуда танҳо тавассути тақвияти ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ва дастгирии соҳибкорон имконпазир мегардад. Ҳоло дар ноҳияи Дарвоз 848 субъекти соҳибкорӣ фаъолият дошта, соҳибкорон дар пешрафти соҳаҳои саноату кишоварзӣ, бахши хизматрасонӣ ва корҳои ободониву бунёдкорӣ саҳми арзишманд гузошта истодаанд.
Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Дарвоз дар доираи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ 9 иншооти энергетикӣ ба маблағи қариб 11 миллион сомонӣ бунёду таҷдид карда шудааст. Илова бар ин, ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба анҷом расондани сохтмони хатти интиқоли барқи 35-киловолтаи Ширговад ба масофаи 30 километр ба нақша гирифта шудааст, ки барои боз ҳам беҳтар таъмин гардидани аҳолӣ бо неруи барқ мусоидат менамояд.
Вобаста ба ин, Вазорати энергетика ва захираҳои обро зарур аст, ки якҷо бо Ширкати «Помир энерҷи» барои бо неруи барқ боз ҳам беҳтар таъмин намудани истифодабарандагон ва устувории низоми барқрасонӣ дар ноҳия чораҳои иловагӣ андешанд.
Ҳамватанони азиз!
Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ афзалият дода, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои гузошташуда дар ин самт то имрӯз ҳамаи имкониятҳоро сафарбар карда истодааст. Масалан, дар ин давра дар ноҳияи Дарвоз 34 бинои нави муассисаи таълимӣ барои беш аз 5300 хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.
Мо имрӯз як муассисаи нави таълимӣ – Гимназияи рақами як барои хонандагони болаёқатро бо 840 ҷойи нишаст, ки бо беҳтарин шароиту имкониятҳои илму донишомӯзӣ таъмин гардидааст, ба истифода супурдем ва умед дорем, ки ин туҳфаи Ҳукумати мамлакат барои боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи дониши фарзандони мардуми ноҳия мусоидат менамояд.
Қобили зикр аст, ки сатҳи дохилшавии хатмкардагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Дарвоз ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 94 фоизро ташкил медиҳад, ки яке аз баландтарин нишондиҳандаҳо дар миқёси кишвар ба ҳисоб меравад. Дар соли таҳсили 2021 – 2022 аз 327 нафар шогирдони мактабҳои ноҳия 307 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохил шудаанд.
Дар 26 соли охир, яъне аз оғози ҷорӣ гардидани Квотаи президентӣ аз ноҳияи Дарвоз танҳо аз ин ҳисоб 535 нафар (292 духтар ва 243 писар) ба ихтисосу равияҳои омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, варзиш, энергетика, техникиву технологӣ ва кишоварзии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ қабул карда шудаанд. Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи Квотаи президентӣ 105 нафар ҷавони ноҳия таҳсил карда истодааст. Аммо дар баробари ин, хотирнишон менамоям, ки дар соҳаи маорифи ноҳия ҳанӯз ҳам як қатор масъалаҳои ҳалталаб, аз ҷумла нарасидани асбобу таҷҳизот барои кабинетҳои фаннӣ, иҷро нагардидани барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва дар ҳолати садамавӣ қарор доштани чор муассисаи таълимӣ вуҷуд доранд, ки сохтору мақомоти дахлдор бояд онҳоро ҳарчи зудтар ҳаллу фасл намоянд.
Ҳозирони гиромӣ!
Чунонки борҳо иброз дошта будам, саломатии миллат боигарии давлат ба ҳисоб рафта, Ҳукумати мамлакат ғамхорӣ барои ҳифзи солимӣ ва дарозумрии аҳолиро, ки дар натиҷаи баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба даст меояд, аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ мешуморад.
Ҳамин аст, ки дар 32 соли замони соҳибистиқлолӣ буҷети соҳаи тандурустии ноҳия сол ба сол афзоиш ёфта, нисбат ба солҳои аввали истиқлоли давлатӣ садҳо баробар зиёд гардидааст. Илова бар ин, дар давраи зикршуда бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои тиббии ноҳия бо таҷҳизоти тиббӣ, маводи доруворӣ, муҳофизатӣ ва безараргардонӣ беш аз 11 миллион сомонӣ равона карда шудааст.
Танҳо дар солҳои 2021 – 2022 барои таъмиру сохтмони иншооти тандурустӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ дар ноҳия беш аз 4 миллион сомонӣ аз худ гардидааст.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар солҳои соҳибистиқлолӣ нишондиҳандаи фавти кӯдакони синни то як сола дар ноҳия қариб 17 баробар коҳиш ёфтааст. Ҳодисаи фавти модар ҳангоми таваллуд дар солҳои охир ба қайд гирифта нашудааст.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ роҳбарияти ноҳия ва масъулони соҳаро зарур аст, ки ба масъалаи истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудогардида, таҷҳизоти тиббӣ ва таҳкими базаи моддиву техникии муассисаҳои тандурустӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Ҳозирони гиромӣ!
Дар натиҷаи заҳмати созандаи сокинони ноҳия дар зарфи солҳои истиқлоли давлатӣ дар маркази он – Қалъаи Хумб, инчунин, дар деҳоти ноҳия биноҳои таъиноташон гуногун бо тарҳу тарзи замонавӣ бунёд гардида, ин гӯшаи Ватанамонро ба яке аз маконҳои зеботарину ҷолиб табдил додаанд. Дар доираи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия 102 иншооту биноҳои нав ба маблағи беш аз 106 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.
Ҳоло барои  боз ҳам ободу зебо гардондани ноҳия дар доираи Нақшаи чорабиниҳои корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 117 иншооти таъиноти гуногун ба маблағи 191 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз ба маблағи 79 миллион сомонӣ 57 иншоот (43 фоиз) сохта, ба истифода дода шудааст, ки ин нишондиҳандаи хуб ва қобили таҳсин мебошад.
Бо вуҷуди ин, зарур аст, ки ба корҳои ободониву созандагӣ боз ҳам вусъат бахшида, доир ба нигоҳубини иншооти ифтитоҳгардида ва сари вақт ба истифода додани иншооти ба нақша гирифташуда тадбирҳои саривақтӣ андешида шаванд.
Бори дигар таъкид менамоям, ки яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи масъулони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ сафарбар кардани мардум ба таъмин намудани рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, тақвияти корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолу озодӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот мебошад.
Ба заҳмати созандаву ободгарона ҳидоят кардани мардум, ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунарҳои замонавӣ роҳнамоиву ташвиқ намудани наврасону ҷавонон, дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, одобу ахлоқи ҳамида ва риояву эҳтироми қонун тарбия кардани онҳо вазифаи муҳимтарини шумо – роҳбарону фаъолон, аҳли зиё ва падару модарони муҳтарам мебошад. Илова бар ин, ҳар яки мо бо дарназардошти вазъи ноороми ҷаҳони имрӯза ҳамеша ҳушёру зирак ва барои ҳимояи манфиатҳои миллату давлатамон омода бошем, суннатҳои неки миллиамон, аз ҷумла сарфаю сариштакориро ба таври қатъӣ риоя намоем.
Бовар дорам, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Дарвоз суннату анъанаҳои неки ободгаронаи миллати куҳанбунёди тоҷикро минбаъд низ, идома бахшида, бо иттиҳоду сарҷамъӣ, ҳисси баланди миллӣ ва ифтихори ватандорӣ ба хотири рушду тараққиёти кишвари соҳибистиқлоламон саъю талош мекунанд ва дар раванди созандагии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон чун ҳарвақта саҳми арзишманд мегузоранд. Бори дигар кулли сокинони ватандӯсту сарбаланд ва заҳматқарини ноҳияи Дарвозро ба ифтихори Ҷашни бузурги Истиқлоли давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як сокини ноҳия барои амалӣ гардондани ҳадафу ормонҳои нек барору муваффақият ва хонаи ободу рӯзгори пурфайз орзу менамоям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!
Санаи нашр: 16.08.2023 №: 165
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив