МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО САРМОЯГУЗОРОНИ ЭРОНӢ
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо як гурӯҳ сармоягузорон ва олимони соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон мулоқот намуд.
Раиси вилоят ҳайати меҳмононро хайрамақдам гуфта, ба муштаракоти фарҳангиву динӣ ва таърихии мардуми Тоҷикистону Эрон таъкид намуд. «Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчун кишварҳои дӯсту ҳамфарҳангу ҳамзабон, ки решаҳои ногусастании таърихӣ доранд, муносиботи тарафайнро дар чорчӯби сиёсати пешгирифта ва назари неки сарварони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Масъуд Пизишкиён батадриҷ тавсеа дода, барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор пайваста чораҷӯӣ менамоянд», – иброз дошт раиси вилоят.
Дар мулоқот масоили воридоти техникаи соҳаи кишоварзӣ, таъмини тухмии босифат барои зироаткорӣ ва сабзавотпарварӣ, таъмини ниҳолҳои хушсифат, технологияи моҳипарварӣ, омӯзиши таҷриба барои кишоварзони вилояти Хатлон ва ҷалби сармоя баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин, ҳавасмандии ҷонибҳо ба роҳандозии ҳамкориҳои фаъоли байни минтақаҳо дар самти рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, кишоварзӣ ва ҷалби сармоя, инчунин, амалисозии лоиҳаҳо қайд шуд.
Зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба таҳким ва густариши робитаҳои дуҷониба, аз ҷумла тавсеаи ҳамкорӣ дар рушди иқтисод ҳавасманд мебошад.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
ДАР ТОМИН НАВРӮЗГОҲ БУНЁД ШУД
Сокинони деҳаи Томини ноҳияи Айнӣ ҷиҳати омодагиҳо ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ, тариқи ҳашар дар деҳаи худ Наврӯзгоҳ бунёд намуданд.
Воқеан, Наврӯз рамзи эҳё ва оғози нави табиат аст ва аз қадим барои таҷлили бошукӯҳи он дар шаҳру деҳот Наврӯзгоҳ бунёд мешуд, ки мардум дар он сарҷамъ омада, шодиву хурсандӣ мекарданд.
Баҳриддин Муҳаммадиев, сокини деҳаи Томин, дар суҳбат бо хабарнигори “Ҷумҳурият” изҳор дошт: “Деҳаи мо Наврӯзгоҳи вижа надошт, бинобар ин, мо бо ҳамдеҳагон маслиҳат карда, дар идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ки дар сартосари кишвари азизамон идома дорад, тасмим гирифтем, бо саҳмгузории сокинон Наврӯзгоҳ бунёд намоем, то макони доимии таҷлили ин Ҷашни бошукӯҳро дошта бошем”.
Наврӯзгоҳ майдон ё макони махсусест, ки барои баргузории Ҷашни Наврӯз ва чорабиниҳои оммавӣ истифода мешуд. Мавҷуд будани наврӯзгоҳҳо шароит муҳайё мекунанд, ки одамон аз минтақаҳои гуногун ҷамъ омада, Ҷашни Наврӯзро якҷоя таҷлил кунанд. Дар ин мавзеъ бозиҳои бузкашӣ, пойга, гӯштини миллӣ, рақсу сурудхонӣ ва дигар намоишҳои фарҳангӣ баргузор карда мешаванд.
Бешак, ин анъана арзишҳои фарҳангӣ ва миллӣ низ дорад, зеро Наврӯзгоҳ макони арҷгузорӣ ба расму оинҳои қадимӣ мебошад ва ин ба наслҳои нав руҳияи ватандӯстиву ҳамбастагиро меомӯзонад.
Бунёди наврӯзгоҳҳо на танҳо эҳтиром ба гузашта, балки эҳё ва идомаи анъанаҳои фарҳангии мо мебошад.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 22.03.2025 №: 61