ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САФАРИ ДАВЛАТИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН

САФАРИ ДАВЛАТИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН

13 март 2025, Панҷшанбе
26
0


 
12-уми март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карданд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гурӯҳи калони ҳайати расмӣ аз ҳисоби роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.


ИСТИҚБОЛИ МЕҲМОНИ ОЛИҚАДР
12-уми март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бишкек меҳмони олиқадр – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбари кишвари мизбон – Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров бо эҳтироми хоса ва гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Саҳни Фурудгоҳи байналмилалии Бишкек ба хотири пазироии арзандаи меҳмони олимақом – Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои сарварони ду кишвар ва шиорҳои тараннумгари дӯстии мардумони ду ҳамсоякишвар идона оро ёфта буд. Ба арзи эҳтирому самимияти хос ба Сарвари давлати мо дар саҳни Фурудгоҳ, ҳамчунин, баъзе саҳнаҳои фарҳанги миллии қирғизӣ бо хаймаҳо, аспҳо, уқобҳои шикорӣ ва рақсу сурудҳои мардумӣ намоиш дода шуд.
Барои истиқбол роҳрави сурх густурда шуда, афсарони горди фахрӣ аз ду тарафи роҳрав саф оростанд. Зимни ин сафар маҷмуи масъалаҳои таҳким ва густариши муносибатҳои ду кишвар баррасӣ хоҳад шуд.
Ҳамчунин, дар назар аст, ки аз рӯйи натиҷаҳои музокироти сатҳи олӣ шумораи зиёди санадҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла ҳуҷҷати муҳими таърихӣ – Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ ба имзо расад.


БОЗДИД АЗ БОҒИ МИЛЛИИ “АЛА АРЧА”
12-уми март Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ дар Қирғизистон ба Боғи миллии “Ала Арча” ташриф оварданд.

 
Дар ин ҷо сарварони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров аз Боғи миллии “Ала Арча” ва намоиши фарҳангӣ, ки ба хотири ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, боздид намуданд.
Бояд гуфт, ки Боғи миллии “Ала Арча” дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр дар масофаи 40 километр дуртар аз пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек қарор дорад.
Боғи миллӣ дар мавзеъҳои зебои табиат қарор дошта, барои сайру саёҳат маҳали дилфиреб аст. Сарварони давлатҳо зимни ташриф ба ин ҷо аз манзараҳои дилкаши боғ ва намоиши ҳунарҳои мардуми қирғиз дидан карданд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳунармандон суҳбати самимӣ ороста, ба ҳунарҳои воло ва маҳсули дастони онҳо баҳои баланд доданд.



Санаи нашр: 13.03.2025 №: 54
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив