ВАХШ. БАРДОШТ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ
Дар деҳоти Машъали ноҳияи Вахш бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷаласаи ситоди корӣ оид ба мубориза бар зидди малах баргузор гардид. Дар ҷаласа раисони шаҳру ноҳияҳои Кӯшониён, Левакант, Вахш, Панҷ, Хуросон, Қубодиён, Данғара, Фархор, Шаҳритус, хоҷагидорон ва роҳбарони сохторҳои марбутаи вилоятӣ иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки соли ҷорӣ низ паҳншавии малах дар ноҳияҳои кӯҳистон мушоҳида мешавад, аз ин рӯ, бояд аз имрӯз барои нест кардани ин ҳашароти зараррасон тадбирҳо андешида шаванд.
Давлаталӣ Саид зимни суханронии хеш бо мақсади омодагӣ ба мавсими мубориза бар зидди малах, сари вақт гузарондани чорабиниҳо ва дар ин замина, муҳофизати майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ, чарогоҳҳо ва ҷангалзорҳо аз малахи марокашӣ, инчунин, ҳаллу фасли мушкилоту камбудиҳо дар мубориза бар зидди малах ба масъулон супориш дод, ки талаботи амри раиси вилоят оид ба Ситоди вилоятии “Мубориза бар зидди малах” таъмин карда шаванд, дар шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои деҳоти осебпазир аз малах ситодҳои шаҳрию ноҳиявии мубориза бар зидди малах корро ҷиддӣ ба роҳ монанд.
Роҳбари филиали Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» дар минтақаи Бохтар вазифадор шуд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин дар ҳар як шаҳру ноҳия харитаи мавзеъҳоро муайян ва коркарди техникиро дар ин ҷойҳо ба роҳ монанд, дар ҳамкорӣ бо сохтори болоии худ ҷиҳати сари вақт таъмиру омода кардани техникаю мошинолоти корхона ва ба миқдори зарурӣ захира намудани заҳрхимикатҳои сахттаъсир тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Корҳои кимиёвӣ бар зидди малахи марокашӣ аз моҳи март оғоз ёфта, дар се марҳала гузаронда мешавад. Ба назари мутахассисон, малахи марокашӣ, аслан, дар минтақаҳои барои гузарондани коркардҳои кимиёӣ дастнорас тухм гузошта, давра ба давра аз доманакӯҳҳо ба водиҳо ва марзҳои кишоварзӣ мефарояд.
Раиси вилоят, инчунин, аз мавзеъҳое, ки малахи марокашӣ нав хуруҷ кардааст, боздид намуда, аз ҳолати воқеӣ огоҳ шуд.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ БОНУВОНИ ВАҲДАТСАРОРО БА ҲАМ ОВАРД
Дар доираи тантанаҳои Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ 1-уми апрел дар Кохи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Форуми занон таҳти унвони «Наврӯз – иди занони ваҳдатсаро» баргузор гардид.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки баргузории чунин форумҳои байналмилалӣ дар самтҳои афзалиятнок барои баланд бардоштани нақши занон дар баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳим имконияти мусоид фароҳам меорад. Мулоқоти мунтазами сарварони давлатҳо ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ оид ба бисёр масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла дар самти занон замина мегузорад.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Бунафша Файзиддинзода изҳор намуд, ки мардуми тоҷик аз қадимулайём бо меҳмоннавозии худ шуҳрат дорад ва ҳамеша кӯшиш менамояд, ки дӯстӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмиро ривоҷ дода, ҳамкориро бо давлатҳои дӯсту ҳамсоя таҳким бахшад. Ибтикороту ташаббусҳои занони минтақаҳо, хусусан давлатҳои ҳамсоя, моро водор месозанд, ки дар ҳифз ва нигаҳдошти анъанаҳои наврӯзӣ саҳми назаррас гузорем.
Дар Форум ёдоварӣ гардид, ки соли 2024 байни Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи оила ва занони Ҷумҳурии Ӯзбекистон созишномаи муҳим ба имзо расид. Ҳадафи он рушди минбаъдаи сиёсати гендерӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар ин самт мебошад. Дар ин замина, Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои неки ҳамсоягии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки сол ба сол мустаҳкамтар мегардад, баҳои баланд медиҳад.
Инчунин, иброз гардид, ки Тоҷикистон ба таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ бо Қирғизистон аҳамияти хосса медиҳад. Имзои созишнома дар бораи ҳалли масъалаҳои сарҳад иқдоми таърихӣ буда, ба инкишофи минбаъдаи муносибатҳои ду давлати бародар мусоидат хоҳад кард. Ба имзо расидани санадҳои ҳамкорӣ байни вазорату кумитаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон на танҳо аз ҷониби ҳар ду давлат, балки аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ гарм пазируфта шуд. Таъкид гашт, ки ин сиёсат барои ояндаи осоиштаи сокинони ду давлат уфуқҳои нав мекушояд.
Ҳамзамон, дар Форум бонувони тоҷик, ӯзбек ва қирғиз зимни ҷаласаҳои панелӣ масъалаҳои суннатҳои муштараки мардуми Осиёи Марказӣ ва саҳми занон дар таҳкими сулҳ ва рушди иқтисодии минтақаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Лола РИЗОЕВА, «Ҷумҳурият»
“ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ ЗАХИРАҲОИ ОБӢ – ОМИЛИ АСОСИИ РУШДИ УСТУВОР”
Таҳти ҳамин унвон дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ бо иштироки раиси вилоят Алишер Мирзонабот, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқ Раҳмонзода ва дигар шахсони масъули вазорату кумитаҳои дахлдори ҷумҳурӣ, олимон – намояндагони АМИТ конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Нахуст, иштирокдорони ҳамоишро аҳли фарҳанги вилоят дар даромадгоҳи бинои театри вилоятӣ ба номи М. Назарови шаҳри Хоруғ бо рақсу суруд пешвоз гирифта, раиси вилоят ва меҳмонон аз намоишгоҳи маҳсулоти вобаста ба об дидан карданд. Сипас, дар толори театр конфронс ба кори худ оғоз бахшид. Алишер Мирзонабот зикр кард, ки баргузории конфронси имрӯза маҳз дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таъминоти аҳолӣ бо оби тоза, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, ҳамзистии мутаносиби ҷамъияту табиат рӯйи даст гирифта шуд.
Дар идома раиси вилоят иброз дошт, ки бо ворид гардидани ҷамъияти инсонӣ ба марҳалаи саноатикунонӣ, дар заминаи афзоиши босуръати саноати вазнин, алалхусус саноати химия, таносуби муносибати инсону табиат халалдор гардид. Рақобатҳои шадиди сиёсӣ-ҳарбӣ, ду ҷанги ҷаҳонӣ, яроқнокшавии бошитоб, кашфи неруи атомӣ ва ихтирои яроқи ядроӣ, истеҳсоли босуръати нафту газ, ангишт ва ғайра бар он оварда расонданд, ки ин тавозун вайрон ва ба гидросфераю атмосфера ва умуман, сайёраи Замин хатари ҷиддӣ эҷод гардад.
Дар ибтидои асри XXI инсоният, аллакай, дарк намуд, ки идомаи чунин муносибат бо табиат метавонад фоҷиаи бузургро ба вуҷуд орад. Айни ҳол ҳарорати миёнаи ҳаво, ки махсусан барои муҳити биологӣ хеле муҳим мебошад, ба ҳисоби миёна аз 1 то 2 дараҷа баланд шудааст, ки хеле хатарнок арзёбӣ мегардад.
Мо шоҳиди ҳолем, ки дар ду даҳсолаи охир тағйирёбии иқлим боиси ба вуҷуд омадани офатҳои табиӣ ва техногении мудҳиш гардида, дар натиҷаи онҳо ҳазорҳо нафар ҷони худро аз даст дода, ба хоҷагии халқи давлатҳо миллиардҳо доллар зарар расид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳонӣ, ки дар интиҳои асри XX ба вуқуъ омада, дар ибтидои асри XXI ба нуқтаи ниҳоии худ расида истодааст, аҳли башарро аз минбарҳои баланд ба он даъват менамоянд, ки нисбати тақдири хеш бетафовут набошанд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
«ТУҲФАИ ТАҚДИР»
Журналист, хабарнигори «Тоҷикистони советӣ» («Ҷумҳурият») дар солҳои 1971-1991 Ҳабибулло Ёров бо ин ном маҷмуаи очерк, лавҳа ва фелетонҳои худро ба нашр расонда, дар сарахбори китоб чунин зикр намудааст:
- Ин маҷмуа ба ифтихори 100-солагии модари матбуоти тоҷик (1925-2025), ба поси хотири он қаламкашони асиле, ки муаллиф беш аз 20 сол (1971-1991 дар «Тоҷикистони советӣ»-«Тоҷикистони шуравӣ»-«Ҷумҳурият») аз мактаби ҳаёт ва журналистикаи такрорнопазири замон сабақи шогирдона бардоштааст; ба поси хотири устодоне, ки дар тарбияи журналистони ҷавон саҳми бориз доштанд; ба ёди неки қаламкашони асил; ба хотири хуши он устодону ҳамкасбоне, ки қабл аз мо ҷаҳонро падруд гуфтаанд; умуман, бо нишони эҳтиром ба аҳли қалам бахшида мешавад.
Ҳабибулло Ёров, ки зиёда аз 50 соли умри пурбаракати хешро дар матбуот: рӯзномаву ҳафтаномаҳои «Ҷумҳурият», «Нидои ранҷбар», «Чархи гардун», «Набзи Тоҷикматлубот», «Коммунисти Тоҷикистон» ва маҷаллаи «Файзи истиқлол» сипарӣ намудааст, дар соҳаи журналистикаи тоҷик симои шинохта аст. Дар ин муддат дасти бисёр шогирдонро рост намуда, ба шоҳроҳи эҷод дуои хайр додааст. Дар китобаш дар бораи шаш нафар сармуҳаррир Шодӣ Саидов, Ғоиб Қаландаров, Ибод Файзуллоев, Нурмуҳаммад Табаров, Мазҳабшоҳ Муҳаббатшоев, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, устодону ҳамкоронаш Шафқат Саидов, Мутеулло Наҷмиддинов, Турсунбой Маҳмадаминов, Юлдош Зиёев, Абдулҳомид Воҳидов, Асадулло Саъдуллоев, Даниелов, Абдулҳамид Самад, Назрулло Раҳматуллоев (Назри Яздонӣ), Раҷаб Мардон, Абдуҷалил Воситзода, Мусо Мавлавӣ, Мирзо Фирӯз ва дигарон маълумот дода, ҷамъулҷамъ дар 53 мавод портрети эҷодии 100 нафар журналистро офаридааст, ки ин ҳам рамзест вобаста ба 100-солагии «Ҷумҳурият».
Очеркҳои маҷмуа хеле самимӣ, боварибахш, образнок, бо забони қавии адабӣ, бо истифодаи ташбеҳу истиораҳо ва танзу ҳаҷви нозукона бо далелу бурҳони қотеъ офарида шуда, ба хонанда аз ҳаёти пурмазмун, бо ҷӯшу хурӯши журналистони «Ҷумҳурият» дар солҳои гуногун маълумоти фасеҳу боварибахш медиҳанд. Махсусан, очеркҳои портретӣ дар бораи сифатҳои корӣ ва ҳам шахсии Фазлиддин Муҳаммадиев, Шодӣ Саидов, Турсунбой Маҳмадаминов, Одина Мирак, Саидмурод Фаттоҳзода ва дигарон бо меҳру муҳаббат эҷод шудаанд ва муаллиф дар бораи муҳити дӯстонаву корӣ, муносибатҳои байниҳамдигарии устоду шогирд, сиришти поку ҳунари эҷодии хабарнигорон, набзи зиндагии солҳои 1970 - 1990, моҳиронаву содиқона қалам ронда, аз 100 сол як ҳиссаи таърихи рӯзномаи «Ҷумҳурият»-ро нигоштааст.
Лавҳаю очеркҳои офаридаи Ҳабибулло Ёров воқеъбинона буда, зиндагии рӯзноманигоронро тавре тасвир кардааст, ки дар ёди хонанда то абад мемонанд, зеро ҳама ҳақиқатанд. Муҳити эҷодӣ, суҳбату баҳсу мунозираҳо дар атрофи мақолаҳои чопшуда, шӯхиҳои рафиқонаи Нарзулло Латиф, Норқул Шукур, Имомназари Холназар ва дигар шахсиятҳои эҷодӣ муассир нақш ёфтаанд.
Китоб бо теъдоди 1000 нусха бо тамғаи муассисаи нашриявии «Адиб»-и Вазорати фарҳанг дар матбааи ҶДММ «Сифат-чоп» дар арафаи Наврӯзи бостонӣ ба табъ расидааст ва туҳфаи арзандаест барои хонандагон, махсусан барои журналистони имрӯзу фардо.
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»
ШОҲРОҲИ ДАРВОЗ - ВАНҶ. НАҚБИ ЯКУМИ МОШИНГУЗАР КУШОДА ШУД
Дар арафаи Наврӯзи оламафрӯз корҳои таркишӣ дар нақби мошингузари якуми қитъаи роҳи Дарвоз – Ванҷ – даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон ба анҷом расиданд. Дар нақб, ки 3388 метр дарозӣ дорад, давоми се сол кор аз ду тараф идома дошт. Инак, нақб кушода шуд ва деҳаҳои Ҷорф ва Кевронро ба ҳам пайваст. Бино ба иттилои мутахассисони роҳсозӣ, иншооти мазкур аз дили қаторкӯҳҳои Дарвоз мегузарад ва мушкилтарин қитъаи роҳ дар ин масир маҳсуб меёбад.
Дар иншоот 200 нафар коргар, ки аксарияташон сокинони маҳаллӣ мебошанд, дар се баст кор мекунанд. Айни ҳол дар нақби дуюм низ, ки бештар аз 1800 метр дарозӣ дошта, деҳаҳои Тоғмай ва Курговадро ба ҳам мепайвандад, корҳои сохтмонӣ вусъати тоза касб кардаанд. Дар ин ҷо корҳои пармакунӣ, мустаҳкамкунии муваққатӣ, арматурбандӣ, бетонкунии қисматҳои болоӣ ва поёнии нақб идома доранд. Дар маҷмуъ, дар сохтмони қитъаи роҳи Дарвоз – Ванҷ – даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон 255 техникаву механизмҳои роҳсозии муосир ба кор ҷалб шуда, 906 коргар фаъолият дорад, ки бештар аз 750 нафарашон сокинони маҳаллӣ мебошанд.
Айни ҳол сохтмони боз як кӯпруки мошингузар оғоз гардид. Дарозии пул 102 ва паҳноияш 12,5 метрро ташкил хоҳад дод. Дар маҷмуъ, дар қитъаи роҳи мазкур, ки 109 километр тул мекашад, 15 пули мошингузар, 5 долони зиддитармавӣ ба дарозии 438 метр, 22 ҳазор метр канорадеворҳои оҳану бетонӣ ва сангӣ бунёд шуда, 150 лӯлаи обпарто гузошта мешавад ва 14 деҳаи қад-қадди роҳи ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ дар масири қариб 18 км чароғон мегардад. Баъд аз навсозӣ ин масири роҳ 16 км кӯтоҳ шуда, 92,3 километрро ташкил хоҳад дод. То ба ҳол бештар аз 50 км қабати поёнии роҳ дар ин қитъа асфалтпӯш шудааст, ки аз ин 31 км ба ҳудуди ноҳияи Дарвоз ва 19,5 км ба ҳудуди ноҳияи Ванҷ рост меояд. Роҳ 12 метр паҳноӣ дошта, барои ҳаракати нақлиёт аз ду тараф пешбинӣ гардидааст. Мутахассисони соҳаи роҳсозӣ зикр мекунанд, ки тибқи меъёри стандарти роҳҳо, қитъаи роҳи Дарвоз – Ванҷ – даромадгоҳи Рӯшон ба роҳҳои дараҷаи сеюм дохил мешавад.
Бунёду навсозии қитъаи роҳи мазкур бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуд. Татбиқи лоиҳа 27-уми сентябри соли 2021, зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Дарвоз, дар рӯзҳои таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатӣ оғоз гардид ва анҷоми пурраи он дар рӯзҳои Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар назар аст.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 03.04.2025 №: 65