НАҚЛИЁТ ВА РОҲ. СОҲАИ НУФУЗСОЗ БАРОИ ТОҶИКИСТОН
Соли рафта барои соҳаи роҳу нақлиёт хотирмону бобарор буд. Аз ҷумла, ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати нақлиёт аз рӯйдодҳои фараҳбахши соли гузашта мебошад. Ифтитоҳи КВД “Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт”, Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе, озмоишгоҳи КВД “Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии иншооти нақлиётӣ” аз дастовардҳои назарраси соҳаанд.
Ба истифода додани роҳи мошингарди Бохтар – Левакант – Данғара бо иштироки Роҳбари давлат, баргузории Конфронси байналмилалии “Роҳ ба сӯи Тиёншон”, чорабинии фарҳангӣ дар ноҳияи Мурғоб бахшида ба 20-солагии кушодашавии сарҳади давлатии Кулма – Қаросу бо иштироки роҳбарияти ноҳияи мухтори Синзян Уйғури Чин, баимзорасии Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамлу нақли байналмилалӣ бо нақлиёти автомобилӣ бо Италия ва Созишнома дар бораи оинномаи Шурои байниҳукуматии роҳсозон низ муваффақиятҳои соли сипаришудаанд.
Ҳоло баҳри пешрафти кор ва боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёту роҳ чор барнома мавриди татбиқ қарор дорад. Ҷиҳати татбиқи яке аз стратегияҳои давлатӣ – ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорат барои рушди инфрасохтор, тақвияти ҷуғрофияи ҳамлу нақл ва ба кор даровардани долонҳои нави транзитӣ корбарӣ дорад.
Соли равон, тибқи нақша, корҳои сохтмонӣ бояд дар се лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи роҳ ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 35 км роҳи Гулистон – Кӯлоб, 32,5 км роҳи Данғара – Гулистон ва 137 км роҳи Гулистон – Фархор – Панҷ – Дӯстӣ оғоз гарданд. Ҳамзамон, имсол бояд панҷ лоиҳа ба маблағи 590,9 миллион доллар, 23 пул бо дарозии 1,9 км, се нақб бо дарозии 5,2 км ва 180 километр роҳҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ ба истифода дода шаванд. Роҳи 93-километраи Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшон аз ҳамин қабил аст.
– Ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба марҳала ба марҳала таҷдиду таъмир намудани роҳҳо бояд 853 км роҳҳои автомобилгард ва 71 км роҳи оҳан лоиҳакашӣ шаванд. Аллакай, аз тарафи коршиносон корҳои топографии роҳи Варшез – Кулма (296 км) оғоз шудааст, – иброз намуд Азим Иброҳим.
Ба маълумоти мутахассисони Вазорат, бо истифода аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузории барои таъмиру нигоҳдории роҳҳо ҷудогардида 1541,2 км роҳ (аз ҷумла, 638,2 км асфалтпӯш, 884,4 км шағалпӯш ва 18,5 км бетонпӯш), 202 пул бо дарозии 7764,5 метр/т ва 169 лӯла бо дарозии 1816 метр/т аз таъмир бароварда, дар 9998,5 км таъмири ҷорӣ гузаронда шуд.
Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт, соли рафта дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ 477 садама сабт гардид. Садамаҳо бештар дар роҳҳои хатарнок аз ҳисоби суръати баланди ҳаракати нақлиёт, риоя нагардидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва истифодаи телефонҳои мобилӣ ҳангоми идораи нақлиёт рух додаанд. Вазири нақлиёт Азим Иброҳим вобаста ба нигоҳдории роҳҳо ва пешгирии садамаҳои нақлиётӣ гуфт, ки вазни мошинҳои боркаш набояд аз 40 тонна зиёд бошад. Дар акси ҳол ҳаракати мошинҳои гаронвазн (аз 40 тонна зиёд) боиси харобшавии роҳҳо мегардад. Бо мақсади пешгирии чунин ҳолатҳо дар якҷоягӣ бо кормандони БДА навбатдории шабона ба роҳ монда шуда, дар роҳҳо тарозуҳо насб гардидаанд.
Яке аз самтҳои асосии рақамикунонии соҳа низоми идоракунии дороиҳои роҳ аст, ки дастгирӣ меёбад. Бори аввал дар Тоҷикистон кодҳо барои боркашонӣ ба Покистон бо таври рақамӣ тариқи корхона роҳандозӣ шуд. Ҳоло дар КВД «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» 31 нафар фаъолият дошта, аз сӣ модули рақамикунонӣ сездаҳ модули он коркард ва истифода мешавад. Бо дастгирии Бонки осиёии рушд аз тарафи ширкати Data Collection limited (DCL)-и Зеландияи Нав системаи муосири баҳисобгирии дороиҳои роҳҳо ROMDAS ба ҷумҳурӣ ворид гардид, ки барои ҷамъоварии маълумот дар бораи муайян кардани ҳолати роҳҳои автомобилгард равона мешавад. Ҳоло аз 5567,9 км роҳҳои автомобилгарди аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявидоштаи истифодаи дар тавозуни вазоратбуда 5266,3 км ё 94,5 дарсади маълумот оид ба дороиҳои роҳҳои автомобилгард ҷамъоварӣ шуд. Маълумот дар якҷоягӣ бо машваратчиёни байналмилалии ширкати Corporate Solutions барои омода кардани харитаи электронӣ мавриди коркард қарор дорад.
Бояд гуфт, ки саҳми нақлиёти роҳи оҳан дар интиқоли байналмилалии бор (69,3 дарсад) назаррас аст. Дар ин давра беш аз 6,7 миллион тонна бор ва 456 ҳазор мусофир интиқол ёфт. Тибқи супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ, Роҳи оҳани Тоҷикистон барои зиёд кардани ҳаҷми боркашию мусофирбарӣ ва ҷалби бештари шаҳрвандони дохилӣ мунтазам аз 30 то 80 дарсад вобаста аз намуду ҳаҷми маҳсулот, инчунин, интиқоли бору мусофирон сабукӣ пешниҳод менамояд.
– Дар корхонаҳои вагонтаъмиркунии КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” 149 вагон (145 боркаш ва 4 мусофирбар) аз таъмири асосӣ ва 407 вагон (402 боркаш ва 5 мусофирбар) аз таъмири пойгоҳӣ бароварда шуд. Бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ва зиёд кардани ҳаҷми мусофирбарӣ, Роҳи оҳани Тоҷикистон бо маблағҳои худӣ даҳ вагони мусофирбар ва як тепловози истифодашуда харид. КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” қатъи назар аз мушкилиҳои молиявӣ ба ниёзмандон 427,435 ҳазор сомонӣ ёрии молиявӣ расонд, – гуфт Азим Иброҳим.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Шарҳҳо (0)