ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » Cуханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ванҷ, 16 августи соли 2023

Cуханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ванҷ, 16 августи соли 2023

17 август 2023, Панҷшанбе
21
0
Ҳамватанони азиз!
Имрӯзҳо мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони заҳматдӯсти ноҳияи Ванҷ, дар давраи омодагӣ ба таҷлили Ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – 32-солагии Истиқлоли давлатӣ қарор доранд.
Бо истифода аз фурсат, мардуми шарафманди ноҳия ва ҳамаи шумо – ҳозирони гиромиро ба ифтихори ин ҷашни таърихиву тақдирсози халқи тоҷик самимона табрик мегӯям. Чун анъана мо дар ҷараёни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар иншооти навбунёди таъиноти иҷтимоиву иқтисодиро мавриди истифода қарор медиҳем, ки онҳо, бешубҳа, шароити зиндагии мардумро беҳтар ва симои шаҳру деҳоти кишвари азизамонро боз ҳам зеботар мегардонанд.
Имрӯз низ, мо дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Ванҷ бинои маъмурии шуъбаи маориф, боғчаи бачагона ва маркази эҷодии кӯдакону наврасонро ифтитоҳ намудем, ки идомаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб мераванд. Аз ин лиҳоз, ба ҳамаи сокинони бонангу номуси ноҳияи Ванҷ, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша, ки барои ободии диёри худ ва беҳтар гардондани шароити зиндагии ҳамдиёронашон саҳми арзанда гузошта истодаанд, арзи сипос менамоям.
Бояд гуфт, ки дар ноҳия барои истиқболи арзандаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ва таъмиру таҷдиди 117 иншоот ба маблағи 191 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, аз ин ҳисоб то имрӯз 41 иншоот ба истифода супурда шудааст. Ҳадафи мо аз иқдомоти созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба ифтихори 30-солагӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳалли мушкилоту масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи бунёди муассисаҳои таълимиву тиббӣ, иншооти варзиш барои ҷавонон, инфрасохтори сайёҳиву хизматрасонӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, бунёду таҷдиди роҳу пулҳо ва ба ҳамин васила ободу зебо гардондани ҳамаи гӯшаву канори кишвари азизамон мебошад. Бинобар ин, зарур аст, ки ин раванд, илова ба корҳои ободонии то имрӯз суратгирифта, густариш бахшида шавад, то ин ки мушкилоти мардуми ноҳия то дурдасттарин деҳоти он ҳарчи бештар ҳаллу фасл гардад.
Ҳозирони гиромӣ!
Дар 32 соли истиқлоли давлатӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ванҷ 477 миллион сомонӣ равона гардидааст. Танҳо дар шаш моҳи соли 2023 аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия 13,5 миллион сомонӣ ҳамчун мусоидати молиявӣ равона карда шудааст. Инчунин, дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳия татбиқи 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 30 миллион сомонӣ ба анҷом расида, ҳоло корҳо дар доираи 6 лоиҳаи дигари сармоягузории давлатӣ ба маблағи зиёда аз 500 миллион сомонӣ бомаром идома доранд.
Лоиҳаҳои мазкур, пеш аз ҳама, ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, мустаҳкам кардани инфрасохтор ҷиҳати таъмин намудани устуворӣ бар зидди офатҳои табиӣ, таъминоти барқ дар деҳот ва таҷдиду навсозии роҳҳои мошингард равона шудаанд. Ҳамзамон бо ин, барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва татбиқи ҳадафҳои стратегӣ Барномаи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021 – 2025 амалӣ шуда истодааст. Барнома 116 лоиҳаро ба маблағи умумии 174 миллион сомонӣ дар бар мегирад, ки дар доираи он то имрӯз ҳамагӣ 26 лоиҳа дар ҳаҷми 98 миллион сомонӣ татбиқ гардидааст. Яъне, гарчанде нисфи муҳлати иҷрои барнома гузаштааст, вале он аз рӯи шумораи лоиҳаҳо ҳамагӣ 23 фоиз ва аз рӯи маблағи пешбинишуда 56 фоиз иҷро гардидааст, ки андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро тақозо менамояд. Зеро, то муҳлати анҷом ёфтани барнома дую ним сол боқӣ мондааст. Бинобар ин, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ вазифадор карда мешавад, ки ҳамкориро бо вазорату идораҳо, шарикони рушд, соҳибкорону сармоягузорон, аҳолӣ ва дигар ҷонибҳои дахлдор густариш дода, ҷиҳати дурусту мақсаднок аз худ намудани маблағҳои ҷудогардида ва таъмин намудани иҷрои барномаву лоиҳаҳои амалкунанда тадбирҳои иловагӣ андешанд. Ҳамзамон бо ин, роҳбарияти ноҳия бояд якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷиҳати ҷалби маблағҳо барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ чораҷӯӣ намоянд.
Борҳо таъкид кардаам, ки рӯйдодҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, канда шудани занҷири муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, болоравии нархи маҳсулот дар бозорҳои ҷаҳонӣ, махсусан нархи маҳсулоти ниёзи аввал, ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, бетаъсир нест. Ҳоло вақти он расидааст, ки мо беш аз ҳар вақти дигар ба имкониятҳои дохилии худ такя карда, тамоми иқтидорҳои мавҷударо ҷиҳати расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон – ҳифзи амнияти озуқаворӣ сафарбар созем. Ноҳияи Ванҷ дар ҳудуди вилоят дорои имкониятҳои нисбатан хуби кишоварзӣ буда, маҳсулоти дар ин ноҳия истеҳсолшавандаи соҳа дар дигар минтақаҳои кишвар ва берун аз он харидорони зиёд дорад.
Меваҳои ноҳия, бахусус себу зардолу ва туту чормағз, бисёр хушсифату болаззат ва аз лиҳози экологӣ тозаву содиротӣ мебошанд. Вале аз сабаби мавҷуд набудани шароити нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, яъне сардхонаву марказҳои фурӯши яклухт ва корхонаҳои бандубаст кишоварзон даромади нисбатан паст ба даст меоваранд. Аз ин рӯ, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ, вазоратҳои кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро зарур аст, ки ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ бо мақсади ташкил намудани маркази замонавии нигоҳдориву бандубаст ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ чораҳои амалӣ андешанд. Ҳарчанд ки дар барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия чунин лоиҳа ба нақша гирифта шудааст, барои амалисозии он то ҳанӯз иқдоме сурат нагирифтааст.
Таъкид менамоям, ки ноҳияи Ванҷ барои рушди боғпарварӣ, картошкапарварӣ, чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ имкониятҳои бисёр мусоид дорад. Бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ва дар натиҷаи заҳмати пурмаҳсули кишоварзон дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи кишоварзии ноҳия сол ба сол рушд ёфта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти он аз 17 миллион сомонии соли 2000-ум ба 194 миллион сомонӣ дар соли 2022 расонда шудааст, ки 11 баробар зиёд мебошад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли ғалладонагиҳо 5,4 баробар, картошка 7 баробар, сабзавот 13 баробар, мева 34 баробар, гӯшт 4 баробар ва тухм 28 баробар зиёд гардидааст. Дар шаш моҳи соли 2023 истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия ба 28 миллион сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Бо вуҷуди он ки, дар даҳсолаи охир, яъне солҳои 2012 – 2022, заминҳои нав дар майдони 116 гектар аз худ карда шудаанд, ҳоло ҳам дар ин самт имкониятҳои истифоданашуда дар ноҳия зиёданд.
Яке аз мушкилоти асосие, ки дар ин соҳа вуҷуд дорад, ҳамасола шуста шудани даҳҳо гектар замини назди соҳили дарёи Ванҷ ба ҳисоб меравад, ки қисми онро заминҳои кишти зироатҳо ва қисми дигарро майдони боғҳо ташкил медиҳанд. Дар ҳолати таъмин намудани устувории маҷрои дарёи Ванҷ имконияти ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани садҳо гектар замин ба вуҷуд меояд. Бинобар ин, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия бояд бо ҷалби маблағҳои шарикони рушд ҷиҳати таҳия ва татбиқи лоиҳаи таъмин намудани устувории маҷрои дарёи Ванҷ ба тағйирёбии иқлим ва азхудкуниву обёрӣ кардани заминҳои нав чораҷӯӣ намоянд. Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки доир ба ташкили фермаҳои чорводорию парандапарварӣ, хоҷагиҳои моҳипарварӣ ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати соҳа чораҳои иловагӣ андешида шаванд.
Ноҳияи Ванҷ, инчунин, дар баробари ин ки ноҳияи аграрӣ мебошад, дорои имкониятҳои бузурги саноатӣ низ, буда, дар ҳудуди он конҳои боксит, тилло, волфрам, мармар, омехтаи сурбу нуқра, асбест, никел ва оҳаксанг мавҷуданд. Вале корҳо дар самти иктишофу истихроҷ кардани онҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудаанд, ки аз вазорату идораҳои марбута андешидани тадбирҳои иловагиро талаб менамояд. Гарчанде ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2022 ба 8,4 миллион сомонӣ баробар гардида, нисбат ба соли 1993-юм 2 баробар зиёд шудааст ва дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ низ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта афзудааст, нишондиҳандаҳои мазкур ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар мутобиқат намекунанд. Дар ноҳия ҳамагӣ 9 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 3 корхонаи коркарди санги мармар бо 150 ҷойи корӣ ба қайд гирифта шуда, дар соли ҷорӣ ҳоло ягон корхонаи нав таъсис дода нашудааст.
Хотиррасон менамоям, ки то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди ноҳия тибқи нақша бояд на кам аз 20 корхонаву коргоҳи истеҳсолӣ бунёд карда шавад. Роҳбарони вилоят ва ноҳия, инчунин, роҳбари гурӯҳи кории ободониву бунёдкорӣ якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар ин самт масъул ва вазифадор мебошанд. Раисони вилоят ва ноҳия якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадоранд, ки имкониятҳои ноҳияро дар самти рушди саноат ҳамаҷониба таҳлил намуда, ҷиҳати таъсис додани корхонаҳои саноатӣ барои коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ чораҳои мушаххас андешанд.
Ҳамватанони азиз!
Бо мақсади расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ дар вилоят, аз ҷумла дар ноҳияи Ванҷ, то имрӯз корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Ҳоло дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ лоиҳаи беҳтар намудани нигоҳдории роҳҳои Тоҷикистон амалӣ гардида истодааст ва корҳо дар самти навсозии қитъаи Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшони шоҳроҳи мошингарди Душанбе – Кулма бо сохтмони 2 нақб ба маблағи қариб як миллиард сомонӣ идома доранд.
Вазорати нақлиётро зарур аст, ки иҷрои саривақтӣ ва босифати лоиҳаро зери назорати қатъӣ қарор диҳад. Вобаста ба масъалаи бунёди роҳҳо ба Вазорати нақлиёт супориш дода мешавад, ки навсозии пурраи роҳи мошингардро аз маркази ноҳия то нуқтаи пайвастшавӣ ба қитъаи шоҳроҳи Душанбе – Кулма ба масофаи 18 километр амалӣ намояд.
Ҳамватанони азиз!
Рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф ва тандурустӣ дар маркази таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар замони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Ванҷ дар ин самт корҳои назаррас анҷом дода шудаанд.Дар натиҷаи ғамхориҳои Ҳукумат ва амалисозии ислоҳоти соҳаи маориф вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия сол ба сол беҳтар шуда истодааст. Дар ин давра, дар ноҳияи Ванҷ 33 бинои нави муассисаҳои таълимӣ барои 9700 хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.
Имрӯз дар ноҳия боз се иншооти навбунёди соҳаи маориф ба фаъолият оғоз намуд, ки идомаи корҳои созандагии Ҳукумати мамлакат ба хотири рушди ин соҳа ба шумор меравад. Ҳоло дар ноҳия барои баланд бардоштани савияи дониши кӯдакон ва хонандагон 2 муассисаи томактабӣ, 42 маркази инкишофи кӯдак ва 50 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият дорад, ки ҳанӯз ҳам кофӣ нест. Зеро фарогирӣ ба таълиму тарбияи томактабӣ дар ноҳия ҳамагӣ 23 фоизро ташкил медиҳад. Дар баробари ин, норасоии таҷҳизоти озмоишгоҳӣ, китобҳои дарсӣ, кабинетҳои фаннӣ ва дар ҳолати таъмирталаб қарор доштани бинои 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз мушкилоти асосии соҳаи маорифи ноҳия ба ҳисоб мераванд. Вобаста ба ин, ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ супориш дода мешавад, ки якҷо бо Вазорати маориф ва илм ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти мавҷудаи соҳа чораҳои амалӣ андешанд.
Ҳозирони арҷманд!
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани рушди соҳаи тандурустӣ, буҷети соҳа дар ноҳия мунтазам зиёд гардида, соли ҷорӣ ба 7,3 миллион сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба солҳои аввали даврони соҳибистиқлолӣ садҳо баробар зиёд мебошад. Дар давоми 32 сол дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аз ноҳияи Ванҷ 126 нафар корманди соҳаи тиб, аз ҷумла 28 нафар, тибқи Квотаи президентӣ омода карда шуд. 
Ҳукумати кишвар минбаъд низ, дар самти баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ тадбирҳои мушаххас андешида, солимӣ ва дарозумрии аҳолии кишвар, аз ҷумла сокинони ноҳияи Ванҷро қадам ба қадам беҳтар мегардонад. Дар робита ба ин, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент вазифадор карда мешавад, ки якҷо бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ доир ба иҷрои супориши қаблан додашуда доир ба таҳияи лоиҳаи сохтмони бинои нави беморхонаи марказии ноҳия барои 120 кат ва дар муддати панҷ соли оянда ба истифода супурдани он чораҳои амалӣ андешад. Ҳамзамон бо ин, бо дарназардошти зиёд гардидани биноҳои истиқоматӣ ва хизматрасонӣ дар маркази ноҳия, ба роҳбарону мутахассисони ноҳия супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбута корро дар самти беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои обу корез ҷоннок намоянд.
Ҳамватанони азиз!
Мехоҳам бо қаноатмандӣ хотирнишон намоям, ки дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишварамон хизмати садҳо нафар фарзандони номбардори ноҳияи Ванҷ хеле назаррас буда, имрӯз фаъолияти ватандӯстонаи онҳо аз ҷониби афроди ватандӯсту бонангу номус дар бахшҳои гуногуни ноҳия идома дорад ва онҳо барои пешрафти Ватани маҳбубамон содиқона хизмат карда истодаанд. Вазифаи роҳбарону фаъолони ноҳия, раисони ҷамоату маҳалаҳо, аҳли зиё ва шахсони обрӯманду таҷрибадор аз он иборат аст, ки минбаъд низ, мардум ва хусусан ҷавононро ба таҳкими сулҳу субот, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва корҳои созандагиву ободкорӣ ҳидоят намоянд. Дар ин раванд, зарур аст, ки бо дарназардошти вазъи ноорому буҳронии ҷаҳони муосир, ба масъалаҳои риояи ҳатмии сарфаю сариштакорӣ, инчунин, анҷом додани амалҳои неки инсонӣ, аз ҷумла дастгирии ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва тарбияи дурусти фарзандон эътибори аввалиндараҷа дода шавад.
Торафт беҳтар гардидани шароит ва сатҳи зиндагии мардум ҳамаи моро водор месозад, ки минбаъд низ, содиқонаву аҳлона ва бо масъулияти баланди ватандориву ватансозӣ заҳмат кашем. Мо бояд итминон дошта бошем, ки танҳо бо ваҳдату ҳамбастагӣ ва заҳмати созандаву содиқона ба рӯзҳои аз ин ҳам нек мерасем.
Бовар дорам, ки мардуми бонангу номуси ноҳияи Ванҷ дар оянда низ, бо заҳмати созандаи хеш барои боз ҳам ободу зебо гардондани Ватани маҳбубамон ва мустаҳкам гардидани пояҳои давлати миллиамон саҳми ватандӯстонаи худро мегузоранд. Бо чунин ниятҳои нек бори дигар мардуми ноҳия ва ҳамаи шумо – ҳозирони арҷмандро ба ифтихори 32-солагии Истиқлоли давлатӣ самимона табрик мегӯям ва ба ҳар як хонадони ноҳия хушбахтиву хушрӯзӣ, хонаи обод, рӯзгори пурфайз ва барори кор мехоҳам.
Саломату сарбаланд бошед, ҳамватанони азиз!
 
Санаи нашр: 17.08.2023 №: 166
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив