МАҶИД САЛИМ: АЗ МУҲАББАТ ТО МАСЪУЛИЯТ
Маҷид Салим аз шумори рӯзноманигорон ва нависандагони маъруфи кишвар аст. Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи С. Айнӣ ва номзади илмҳои филология мебошад.
То ба ӯ ҳеҷ рӯзноманигор ва нависанда дар кишвар ба мавзуи олами ҳайвонот ва парандагон ба таври васеъ ва муҳаббати беандоза рӯй наоварда буд. Суҳбати хабарнигори рӯзнома бо ӯ бар сари ин масъалаҳо ва худсӯзиву худсозии ин адиб сурат мегирад.
– Киштии рӯзгори шумо баҳри ниҳоят пуртуғёни зиндагиро убур кардаву то манзили мурод расидааст. Меҳоҳам сараввал дар ҳамин бора ба хонанда қисса кунед.
– Ман дар деҳаи Файзободи ноҳияи имрӯзаи ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба дунё омадаам. Дар деҳаи мо низ мисли дигар деҳоти онрӯза мардум, асосан, ба пахтакорӣ машғул буд. Атрофи деҳаро майдонҳои васеи пахта фаро мегирифт ва дарёчаи шӯхоби Сияҳоб аз миёнаи деҳа мегузашту онро аз деҳаи Тагноб ҷудо мекард. Он айём дарёча аз моҳӣ, мурғобиҳои ваҳшӣ ва нутрия, муши обӣ, сагобӣ пур буд ва мушоҳида мекардам, ки миёни пахтазорон мурғи тазарву титав, кабк, шонасараку кабӯтарҳои ёбоӣ, калхот ва, ҳатто гуроз низ, сукунат доранд. Ана ҳамин ошноӣ ноаён ба муҳаббат ба олами ваҳшу тайир табдил ёфту нахустин лавҳа ва ҳикояҳом дар ин мавзуъ пайдо шуданд.
Нахустин мақолаҳоям солҳои 70-уми асри гузашта дар рӯзномаҳо чоп мешуданд дар бораи “пахтазор – фронти зарбдор”, “Об – хуни пахта” ва ғайра. Модари ман, ки мудирии китобхонаи ҷамоати деҳотро ба зимма дошт, бисёр китобхон буд ва аз осори адибони дунё ва рус огоҳии комил дошт. Ӯ маро ҳамроҳаш ба китобхона мебурд ва мутолиаи осори насрии адибонро тавсия мекард. Маҳз бо ҳидояти модарам китобхон шудам.
Баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёна дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ таҳсил кардам. Ҳамон солҳо нахустин ҳикояҳоям ба нашр мерасиданд ва бо дастгирии зиндаёд Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ба рӯзномаи вилоятии “Роҳи ленинӣ”– собиқ вилояти Кӯлоб ба кор омадам. Корам нағз буд, аммо мушкилоти надоштани манзили истиқоматӣ азобам медод. Устоди рамузфаҳм Шоҳмузаффар Ёдгорӣ медонист, ки ман ошиқи табиат ҳастам, аз ин рӯ, наздаш даъват карда гуфт: – Дар шаҳр дер соҳиби манзил мешавӣ, биё беҳтараш ба ноҳияи Ховалинг рав ва коратро дар идораи рӯзномаи “Коммунисти Ховалинг” идома деҳ. Ҳам корро пурратар ёд мегирӣ, ҳам ба табиати нотакрори Ховалингу Сарихосор ва Балҷувон аз наздик ошноӣ пайдо мекунӣ ва навиштан дар мавзуи табиату ҳайвоноту парандагони кӯҳистон бароят осон мешавад. Ҳамин тавр, бо ҳидояти устод мудири шуъбаи маданӣ – равшанамоии рӯзномаи ноҳияи Ховалинг таъин гардидам. Акнун мавзуи ман пурра инъикоси олами ваҳшу тайр ва табиати диёр гардид ва ҳар ҳафта саҳифаи чоруми рӯзномаро бо силсилаи мақолоти худ зери унвони “Ҳифзи табиат – қарзи граждании мо” аз чоп мебаровардам. Ин саҳифа ду маротиба ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии ҳифзи табиат гардид....
– Шумо дар рӯзҳо ва соли бисёр вазнин ба пойтахти кишвар омадед. Фаъолиятро дар Телевизиони "Тоҷикистон" идома додед. Ин дар сурате буд, ки бояд ҷон дар кафи даст мегирифтед. Чунин як интихоб аз ҷасорат буд ё таваккал кардед?
– Соли 1992 вазъияти Тоҷикистон мушкил гардид ва ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқуъ пайваст.Тоҷикистон ба вартаи оташ афтод ва мардуми бисёре сарсону саргардон шуд ва бархе ба Афғонистон фирор кард. Ба бахти мардуми тоҷик ба сари давлат абармарди сиёсату фарҳанг Эмомалӣ Раҳмон омад ва барои барқарор кардани сохти конститутсионӣ талошҳои беназире ба амал омад. Дар қатори як гурӯҳ ман низ ба пойтахт барои кори доимӣ ба идораи Телевизиони "Тоҷикистон" даъват шудам. Ин амал тасодуф набуд, балки бо амри дил ба кор шуруъ кардам. Солҳои аввал дар идораи иттилоот, сипас, телефилм, пасон, сармуҳаррири идораи ҷавонӣ, варзиш ва сайёҳӣ таъин шудам.
– Чаро Шумо маҳз ба олами ҳайвонот ва парандагон рӯ овардед ва дар ин мавзуъҳо намоишҳои ҷолиб ҳам кардеду асарҳои тадқиқотию бадеӣ низ, эҷод намудед?
– Тайи ин солҳо боз рӯ овардам ба мавзуи дӯстдоштаам, яъне ҳифзи табиат ва ваҳшу тайр. Бо дастгирии директори ҳамонвақтаи Телевизиони "Тоҷикистон" ва пасон раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Асадулло Раҳмонзода барномаи муаллифии худ “Инсон ва табиат”-ро таъсис додам, ки он баъдтар бо номҳои “Пайраҳа”, “Дар ҳифзи табиат” машҳур гардид. Зиёда аз дусад барномаи муаллифӣ таҳия намуда, як силсила филмҳои батабиатбахшидаро ба тоҷикӣ тарҷума кардам. Баъдтар филми ҳунарии “Марги судхӯр”-ро, ки ба забони русӣ буд, ба тоҷикӣ тарҷума кардам. Маҳз ҳамин таҳияи барномаҳои муаллифӣ таконе бахшид ба эҷоди ҳикоя ва қисса дар мавзуи олами вуҳушу тайр, зеро барои таҳияи барномаам аз кӯли Сарезу Ҳазормеши Бадахшон, мамнуъгоҳи Зоркӯл, Сарихосору Чилучорчашма, Бешаи палангон, Искандаркӯл, Кӯҳҳои ҳазрати Шоҳу мамнуъгоҳи Даштиҷум, мавзеи сукунати бабри барфӣ, хирси малла ва ғайра дидан кардам.
– Як намоишномаи Шуморо Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ рӯи саҳна овард. Он аз ҷониби бархе аз мутахассисон ва тамошобинони зиёд ҳамовозии хуб пайдо кард. Чӣ Шуморо водошт, ки банохост ба навиштани драма рӯ биёред? Ин корро боз идома хоҳед дод?
– Сабаби ба драма, театр рӯ овардани ман хеле аҷиб аст. Аввалан, хотираҳои ҳамсари Чеховро хондам, ки вай ба Антон Павлович гуфтааст, аз навиштани ҳикоя чи фоида, ҳаққи қаламаш кам-ку! Ва Чеховро маҷбур кардааст, ки драма нависад. Худи нависанда Чехов пасон изҳор доштааст, ки бо исрори ҳамсараш драматург шудааст. “Охир барои драма маблағи калон мегирифтам, – мегӯяд Чехов. Ҳатто дар намоиши асарҳои ман худи шоҳи Россия ширкат менамуд”. Вале манро тақдири мардуми нобино ба навиштани драма ҳидоят намуд. Тақдиру азоби руҳию навмедии ин қишри ҷомеа сабаби навиштани драмаи “Ишқи нобино” гардид. Ин драмаро коргардони маъруф Тӯрахон Аҳмадхонов ба саҳна гузошта буд. Баъдтар драмаи бачагонаи “Озодапаланг”-ро навиштам, ки дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе ба саҳна гузошта шуд. Ҳоло намоишномаи навам дар мавзуи об мавриди ба саҳна гузоштани коргардон қарор дорад.
– Соле пештар буд, ба фикрам, Шумо ба як ҳамоиш ба пойтахти Россия – шаҳри Москва рафтед ва чун гуфтед, ки тарҷумаи “Муму” ва “Каштанка”-атон, ки якеро муаллиф Тургенев ва дигареро Чехов ҳастанд, дар Тоҷикистон бо теъдоди 100 000 нусха чоп шудаанд, бовар накарданд. Чаро?
– Соле пештар дар як ҳамоиши адабии нависандагоне, ки дар жанри анималистика, яъне ҳайвонот, асар менависанд, дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия иштирок намудам. Китобам ҳанӯз соли 2010 бо номи “Человек идёт к зверю” ба забони русӣ ба нашр расида буд. Ин китобро зиндаёд Сергей Павлович Сухоян таҳия ва тарҷума карда буд. Баъдтар ман ҳикояи Чехов “Каштанка” ва қиссаи "Муму"-и “Тургеневро аз русӣ ба тоҷикӣ тарҷума кардам, ки аввал дар маҷаллаи “Садои Шарқ” ба табъ расиданд. Баъдан, бо ибтикороти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон соли 2015 бо теъдоди сад ҳазор нусха чоп шуданд. Дар Москва бо ин қадар теъдоди калон интишор намудани китоби адибони рус дар Тоҷикистонро бовар накарданд, вале китобҳоро нишон додаму исрор кардам, ки бо ташаббуси Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ин миқдор китоб нашр шудааст. Онҳо бо тааҷҷуб китф дарҳам кашиданд, зеро ҳамон шабурӯз дар Россия ин ҳикояҳо ҳамагӣ бо теъдоди панҷ ҳазор нусха нашр шуда будааст.
– Албатта, ин ҳама ҳанӯз охири кор нест ва нақшаҳои эҷодии зиёд дар пешанд. Ва ҳам дар охири суҳбат чӣ таманноҳо ба кормандону хонандагони рӯзномаи “Ҷумҳурият” доред?
– Нақшаҳои зиёди эҷодӣ дорам. Баъди нашри нахустин романам “Хирс” мехоҳам, таълифи романи навамро ки “ Пешонисафед” ном дорад, то охири соли равон ба итмом расонам.
Дар охир ба аҳли эҷоди рӯзномаи бонуфузи мамлакат – “Ҷумҳурият” барорҳои нави эҷодӣ мехоҳам. Дар ҳақиқат, “Ҷумҳурият” рӯзномаи дӯстдоштаи хонандагон мебошад. Дар шароити муосири мо ин рӯзномаи рақами яки кишвар буда, тамоми масоили сиёсию фарҳангӣ ва иҷтимоиро инъикос мекунад. Саҳифаи “Шоми шанбе” ва маводҳои ҷолибу хондании он, очерку лавҳа ва мақолаҳои арзишманди рӯзнома ҳамеша проблемавӣ ва хонданӣ мебошанд. Ташаббус ва иқдомҳои рӯзнома бобати ба роҳ андохтани озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ барои қаҳрамонони Тоҷикистон, забони тоҷикӣ ва инак, “Дуои модар” на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он, дар хориҷи мамлакат ҳаводорони зиёде пайдо намудаанд. Бешубҳа, “Ҷумҳурият” оинаи мусаффои миллат буда, бо таърихи пурғановати худ имрӯз низ, меросбардори матбуоти тоҷик мебошад.
Мусоҳиб Абдулқодири РАҲИМ,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 28.08.2023 №: 173
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)