ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » БОЗДИДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ИНШООТИ НАВ ВА ЛОИҲАҲОИ БУНЁДШАВАНДАИ ПОЙТАХТ

БОЗДИДИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ИНШООТИ НАВ ВА ЛОИҲАҲОИ БУНЁДШАВАНДАИ ПОЙТАХТ

01 сентябр 2023, Ҷумъа
41
0
 
ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБИИ № 40
31-уми август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муассисаи таҳсилоти томактабии № 40-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахтро ифтитоҳ намуданд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии № 40 шароиту имконияти муосири ба таълиму тарбия фаро гирифтани 250 кӯдак мавҷуд аст. Таълим дар 11 гурӯҳ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Иншоот аз таҳхона ва 4 ошёна иборат буда, дар он 23 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидааст. Ба ғайр аз синфхонаҳои тарбиявӣ дар Муассиса ошхона, толорҳои варзишию мусиқӣ, барои маҳфили кӯдакон, ҳуҷраи тиббӣ, анбор барои нигоҳдории маҳсулоти хӯрока ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд мебошанд. Ҳуҷраҳои алоҳидаи хобу истироҳати кӯдакон бо таҷҳизоти муосир, аз қабили рахти хоб ва дигар ашёи фароғатӣ таъминанд.
Бинои нави Муассисаи томактабӣ дар асоси қарори раиси шаҳри Душанбе ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат аз ҷониби фармоишгар ва пудратчии лоиҳа – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “АБР-текстил” бо тарҳи муосир ва сифати баланд сохта шудааст.
Дар саҳни бинои Муассиса суҳбаткадаҳо, барои ба истироҳату фароғат ва дигар машғулиятҳо фаро гирифтани кӯдакон майдончаҳои бозии бо таҷҳизоти нави дилхушӣ бунёд ёфтаанд.   
Иншооти навбунёд ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст буда, гармии синфхонаҳо, ҳуҷраҳои корӣ ва таълимию истироҳатӣ дар фасли зимистон тавассути он таъмин мегардад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар бинои нав бо кормандони соҳаи маориф суҳбат карда, онҳоро барои таълиму тарбияи дурусти насли наврас, дар руҳияи хештаншиносӣ ба камол расондани дастпарварон, ба омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят карданд.
 
МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТАНИ МТМУ № 53
31-уми август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бинои хуштарҳу замонавии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 53-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Муассисаи таълимӣ аз 5 бинои бо ҳам пайвасти 4-ошёна иборат буда, мутобиқ ба меъёрҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар масоҳати 0,76 гектар бунёд ёфтааст ва барои 2400 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Мактаб аз 50 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, биология, география, синфхонаҳои лингафонӣ, нақшакашӣ, таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, синфхонаи компютерӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, толори мусиқӣ ва хореографӣ, озмоишгоҳҳо, китобхона бо толори барҳавои хониш, китобхонаи электронӣ, ҳуҷраҳои тиббӣ, корӣ барои омӯзгорону кормандон, равоншинос ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Синфхонаҳои таълимгоҳ дар доираи татбиқи ҳадафҳои Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020-2040 бо таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла тахтаҳои электронӣ, проектор ва аёниятҳои замонавии хониш таъмин буда, барои хонандагон шароити хуби таҳсил фароҳам оварда шудааст. Дар синфхонаи компютерии мактаб бо мақсади омӯзиши хуби таҷҳизоти мазкур қисмҳои иловагӣ ва тахтаҳои электронӣ васлу насб гардидаанд.
Китобхонаи замонавии Муассисаи таълимӣ бо адабиёти дарсӣ ва бадеӣ таъмин буда, барои хонандагон, ҳамчунин, толори алоҳидаи китобхонаи электронии ба интернети баландсуръат пайваст, ташкил гардидааст, ки, ба ин васила, хонандагон метавонанд ба хазинаи бойи эҷодиёти шоирону нависандагони ватаниву хориҷӣ дастрасӣ пайдо намоянд. Толори хониш дорои 160 ҷойи нишаст мебошад.
Дар синфхонаҳои таълими меҳнати духтаронаву писарона, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошанд, хонандагон дуредгарӣ, кандакорӣ, дӯхтани сарулибоси миллиро омӯхта, бо роҳнамоии омӯзгорон таомҳои гуногун омода мекунанд. Барои дӯстдорону алоқамандони санъати тасвирӣ синфхонаи алоҳидаи дарсӣ, ки дар он нозукиҳои рассомию мусиқӣ омӯзонда мешаванд, ташкил гардидааст. Ҳамчунин, барои омода намудани кӯдакон ба мактаб маркази инкишофи кӯдак мавҷуд аст, ки дорои аёниятҳои зиёд мебошад.
Ошхонаи мактаб дар асоси талаботи муосир бунёд ёфта, дорои 300 ҷой ва ҳуҷраи алоҳида барои омӯзгорону дигар кормандони муассиса мебошад. Маҷлисгоҳи он бо риояи санъати хоси меъмории миллию муосир оро дода шуда, барои баргузории чорабиниҳои гуногун хеле мувофиқ аст. Ин толор дорои 500 ҷойи нишаст буда, бо мизу курсии босифат ва дигар таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардидааст.  
Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ташвиқи намудҳои гуногуни варзиш дар миёни насли наврас дар мактаб толори бошукӯҳу барҳавои варзишӣ бо 210 ҷойи нишаст сохта шудааст. Толор барои бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол пешбинӣ шуда, ҳуҷраҳои либосивазкунӣ дорои шароити замонавианд.
Дар мактаб 80 нафар, аз ҷумла беш аз 60 мутахассис ба ҳайси омӯзгор бо ҷойи кор таъмин гардида, бо истифода аз имконоти мавҷуда хонандагонро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва илмдӯстӣ тарбия менамоянд.
Даргоҳи нави маърифат дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва иқдомҳои бунёдкоронаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна” бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд гардидааст.
Муассисаи нави таълимӣ туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Рӯзи дониш ва таҷлили 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои наврасон ба ҳисоб рафта, аз пешрафти соҳаи маориф дар пойтахт шаҳодат медиҳад.
Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ дар пойтахти мамлакат дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ босуръат идома дошта, ин иқдоми созанда дар самти ҳалли ботадриҷи норасоии ҷойи нишаст мусоидат мекунад.
Мавриди зикри хос аст, ки танҳо имрӯз дар пойтахт бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 3 ҳазору 380 ҷойи нишаст ва 2 муассисаи томактабӣ барои 350 нафар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин, дар шаҳри Душанбе ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 13 муассисаи таълимӣ барои 13 ҳазору 716 нафар хонанда дар як баст идома дорад, ки самараи дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи маориф мебошад.
Корҳои сохтмонию паймонкорӣ дар мактаб бо ҷалби беш аз 160 мутахассиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҳамсафар” аз рӯи лоиҳаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯии САНИИОСП” дар муҳлати муайянгардида ба анҷом расонда шудаанд. Дар Муассиса хатти алоҳидаи барқ кашида шуда, ду трансформатор, ҳар яке бо иқтидори 250 кВт, васлу насб гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо имкониятҳои фароҳамгардида дар мактаби навбунёд ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба мутахассисони ватанӣ барои саҳм гузоштан дар раванди тадбирҳои муҳим изҳори сипос намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 53-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо ба ҳисси баланди масъулият, истифодаи пурсамар аз шароити мавҷуда ҷиҳати тарбияи наврасон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ ҳидоят карданд.
 
ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОСИ КОРХОНАҲОИ ИСТЕҲСОЛИ 
МАҲСУЛОТИ ГИЛИЮ САФОЛӢ, ХИШТИ САБУК ВА ОҲАК
31-уми август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои оғози бунёди корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти гилию сафолӣ, хишти сабук ва оҳак асос гузоштанд.   
Корхонаҳои мазкур дар хиёбони Рӯдакӣ бунёд ёфта, дар он истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла навъҳои гуногуну хуштарҳи сафолак, серанит барои оро додани қисмҳои гуногуни иншоот ва хишти сабук (газоблок) роҳандозӣ мегарданд. Тибқи лоиҳа, иншооти мазкур дар масоҳати 10 гектар бунёд гардида, 8 гектари он барои сохтмони худи корхона ва 2 гектари дигар барои анбори нигоҳдории ашёи хом пешбинӣ гардидааст.
Корхонаҳо дар асоси технологияи пешқадами ҷаҳонӣ бунёд ёфта, ба хотири ҳифзи табиат ва камтаъсир будан ба  муҳити зист тамоми меъёрҳои экологӣ ба инобат гирифта шудаанд.
Зимни муаррифӣ иттилоъ доданд, ки пас аз бунёд гардидани корхонаҳо онҳо иқтидор доранд, ки дар як сол 3 миллион метри мураббаъ маснуоти гилӣ, яъне сафолак, 3 миллиону 500 ҳазор метри мукааб маснуоти сафолӣ (серанит), 200 ҳазор метри мукааб хишти сабук (газоблок) ва 250 ҳазор тонна оҳак истеҳсол намоянд.
Истихроҷу коркарди оҳаксанг дар корхонаи алоҳида, ки дар доираи ҳамин лоиҳа дар деҳаи Харангони ноҳияи Варзоб бунёд мегардад, роҳандозӣ мешавад. Коргоҳи истеҳсоли оҳаксанг дар масоҳати 4 гектар дар назди кони оҳаксанг бунёд ёфта, барои роҳандозии сикли пурраи истеҳсолот ва истифодаи самараноки ашёи хоми маҳаллӣ мусоидат хоҳад кард.   
Иншоот аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Сантайлс” сохта мешавад. Пас аз ба истифода додани корхонаҳо, дар маҷмуъ, дар 2 баст зиёда аз 520 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб хоҳад гашт. Ҳамчунин, бо бунёди корхонаҳо дар мамлакат истеҳсоли маснуоти гилию сафолӣ ва хишти сабук роҳандозӣ гардида, ҳаҷми истеҳсоли оҳак дар кишвар ба таври назаррас бештар хоҳад шуд.
Маҳсулоте, ки дар оянда дар ин корхонаҳо истеҳсол мегарданд, ивазкунандаи воридот мебошанд. Дар ҳоле, ки дар мамлакат корҳои сохтмонӣ дар авҷанд, талабот ба чунин маҳсулот хеле зиёд мегардад. Тибқи лоиҳа, содироти тамоми номгӯи маҳсулоти корхона дар оянда дар назар дошта шудааст.
Бояд зикр кард, ки корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти гилию сафолӣ, хишти сабук ва истеҳсоли оҳак асосан дар асоси ашёи хоми ватанӣ, ки аз конҳои фоиданоки кишвар истихроҷу дастрас карда мешаванд, фаъолият менамояд.            
Корхонаҳо ба хотири татбиқи нақшаҳои панҷсолаи рушди саноат бунёд гардида, сохта ба истифода додани онҳо ба ворид гардидани техникаву технологияи муосир ба кишвар, бунёди инфрасохтори замонавӣ, ғанӣ гардидани бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, афзун шудани иқтидори содиротии мамлакат ва таъсиси ҷойҳои нави кории доимӣ мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин, ин иқдом ба коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ бо истифода аз канданиҳои фоиданоки табиии кишвар замина мегузорад.
Зимни муаррифӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сари вақт бунёд намудани корхонаҳои мазкур ва роҳандозии фаъолияти онҳо дар асоси муосиртарин технологияи пешқадами ҷаҳонӣ ба масъулон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
 
РОҲАНДОЗИИ ГИМНАЗИЯИ ХУСУСИИ “ҚАЛАМ”
31-уми август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Гимназияи хусусии “Қалам”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иншооти мазкур 4-ошёна буда, аз тарафи мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Декор инвест” ҷавобгӯ ба меъёрҳои меъморӣ бунёд гардид. 
Гимназия барои 650 хонанда пешбинӣ гардида, дар он мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ шароити таълим фароҳам оварда шудааст. Иншоот дорои 27 синфхонаи барҳавою зебо буда, барои гузарондани дарсҳо дар синфхонаҳо тахтаҳои электронӣ насб шудаанд.
 Боргоҳи илму маърифат аз 6 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла химия, физика, 2 синфхонаи компютерӣ ва синфхонаҳои алоҳидаи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон иборат мебошад.
Китобхонаи муассиса дорои 20 ҷойи нишаст, 2 ҳазор нусха китоби бадеӣ ва 1 ҳазору 500 нусха китоби фаннӣ аст, ки хонандагон дар вақтҳои муайян аз он самаранок истифода менамоянд. 
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар Гимназияи хусусии “Қалам”, ҳамзамон, бо мақсади татбиқи ҳадафҳои Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020-2040 имконияти васеъ муҳайё мебошад.
Бо ин мақсад 2 озмоишгоҳи алоҳида барои гузарондани дарсҳои назариявии химия ва физика бо тамоми дастгоҳҳои заруриву аёниятҳои хониш бунёд ёфтааст. Бо истифода аз чунин имконот хонандагон таҷрибаҳои гуногуни химиявӣ гузаронда, дониши худро сайқал медиҳанд. Синфхонаҳои технологияи иттилоотии бо компютерҳои замонавию хатти баландсуръати интернет муҷаҳҳаз, баҳри омӯзиши нозукиҳои ин соҳа мусоидат менамоянд.
Баҳри дар сатҳи баланд ҷорӣ намудани раванди таълиму тарбия 40 омӯзгор дар асоси озмун ба кор ҷалб гардида, барои фаъолияти онҳо 4 ҳуҷраи алоҳидаи корӣ муҳайё мебошад. Толори маҷлисии зебову замонавӣ беш аз 130 ҷойи нишаст дошта, ошхонаи он имконият дорад, ки дар як вақт ба зиёда аз 60 нафар омӯзгору хонанда хизмат намояд. 
Бо назардошти талабот ва меъёрҳои ҷорӣ, дар ошёнаи якуми муассиса толори барҳавои варзиш бунёд гардида, дар он имконияти зарурӣ барои гузарондани дарси тарбияи ҷисмонӣ ва мусобиқаҳои волейболу баскетбол шароити мусоид фароҳам аст. Ҳамзамон, дар ошёнаи чорум майдончаи варзишии болокушода барои бозии футболи хурд сохта шудааст, ки 60 ҷойи нишаст дорад. 
Гимназия дорои дигар ҳуҷраҳои ёрирасон, аз қабили ҳуҷраҳои алоҳида барои гузарондани маҳфилҳо, техникӣ, бойгонӣ ва тиббӣ мебошад, ки ин талаботи замон аст.
Лозим ба таъкид аст, ки иншооти нави соҳаи маориф бо пайгирӣ аз сиёсати бунёдкоронаву маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, таълиму тарбия дар он мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар Гимназия ба масъулон ҷиҳати дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия кардани хонандагон, омӯзиши илмҳои замони муосир ва баланд бардоштани малакаи забондонии ҷавонону наврасон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.  
Ҳайати омӯзгорон бошанд, муассисаи навро дар арафаи соли нави хониши 2023 - 2024 туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, ваъда доданд, ки дар самти баланд бардоштани сифати таълиму тарбия бо масъулияти зиёд фаъолият менамоянд.
 
БУНЁДИ МАҶМААИ МУОСИРИ ВАРЗИШӢ ВА ШИНОСОӢ БО ЛОИҲАҲОИ ИНШООТИ МАИШИЮ ХИЗМАТРАСОНИИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
31-уми август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҷмааи варзиширо, ки дар оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим муҳим мебошад ва ба хотири истиқболи сазовор аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд намудаанд, ифтитоҳ карданд.
Иншоот бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат аз ҷониби Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо ҷалби 6 ширкати сохтмонии ватанӣ дар масоҳати 17406 метри мураббаъ сохта шудааст. Лоиҳаи маҷмааро Ҷамъияти саҳомии кушодаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯии “САНИИОСП” бо назардошти талаботи замони муосир ва мутобиқ ба стандарти байналмилалӣ тарҳрезӣ намудааст. Дар рафти сохтмон бештар аз 350 нафар сохтмончии маҳаллӣ ба кор ҷалб гардид.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гиифтани маҷмааи муосири варзишӣ 70 нафар мутахассиси соҳаи варзиш бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид. Ҳуҷраҳои кории кормандон бо лавозимоти зарурӣ таъмин буда, барои онҳо шароити мукаммали корӣ мавҷуд мебошад. Маҷмаа бо усули муосири меъморӣ қомат афрохта, аз лиҳози имконият ва шароити мусоиди машқу тамрин беназир аст. Он аз чор қисм иборат буда, дорои 3 ошёна, таҳхона, толорҳои аэробика, саққобозӣ, шоҳмот, ошхона, бунгоҳи тиббӣ, толори маҳси бадан, ҳамчунин, осорхонаи варзишии Донишгоҳ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.
Дар қисми дуюми бино, толори умумии варзиш бо навтарин таҷҳизот мавҷуд аст. Дар таҳхонаи иншоот толори вазнбардорӣ (фитнес) ҷойгир буда, он бо таҷҳизот барои обутоби бадан таъмин мебошад.
Масоҳати толори умумии варзиши қисми дуюми маҷмаа 4320 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва он барои баргузории  мусобиқаҳои волейбол, баскетбол, футболи хурд пешбинӣ шуда, дорои 980 ҷойи нишаст ва маркази радиошунавонӣ бо ҳуҷраҳои техникӣ ва анборхона мебошад.
Қисми сеюми маҷмаа аз толори гимнастика ва толори хурди умумии варзиш иборат буда, масоҳати он ба 2592 метри мураббаъ баробар аст. Толори хурди умумии варзишии дар таҳхона буда, дорои шароити мукаммал барои машқу тамрини намудҳои гуногуни варзиш, аз қабили гӯштии миллӣ, ҷудо, бокс, каратэ ва муҳорибаҳои тан ба тан, мебошад.
Ҳавзи калони шиноварӣ дар қисми чоруми маҷмааи муосири варзишӣ ташкил шуда, масоҳаташ ба 4320 метри мураббаъ мерасад. Паҳноии он 21, дарозиаш 50 метр буда, аз 8 қатор ва 732 ҷойи нишаст иборат аст. Шароити фароҳамгардида дар ҳавзи шиноварӣ ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Ҳамзамон, дар ин қисмат толорҳои гуногуни хизматрасонӣ ҷой дода шудаанд.
Барои гузарондани дарсҳои назариявӣ ҳуҷраҳои алоҳидаи барҳавои муҷаҳҳаз бо воситаҳои зарурии техникӣ мавҷуданд. Дар маҷмаа завқмандон имкон доранд ба машқу тамрин ва омӯзиши намудҳои зиёди варзиш машғул шаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми босифати корҳо ба сохтмончиён изҳори миннатдорӣ намуда, масъулони Донишгоҳро муваззаф карданд, ки имкониятҳои мавҷударо самаранок ва оқилона истифода баранд.
Сипас, Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаҳои бунёди маркази саломатии шаҳраки донишҷӯён ва хобгоҳ барои кормандону омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шинос шуданд.
Тибқи лоиҳа, маркази саломатӣ аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, он дар масоҳати умумии 2336 метри мураббаъ сохта мешавад ва имкон фароҳам меояд, ки дар як вақт ба 300 нафар хизмати тиббӣ расонда шавад. Маркази саломатӣ бо назардошти  талаботи муосири соҳавӣ бунёд хоҳад ёфту барои муоинаву муолиҷаи омӯзгорону кормандони Донишгоҳ шароити зарурӣ фароҳам мегардад ва он, ҳамчун пойгоҳи факултетҳои тиббӣ, фарматсевтӣ, химия ва биология истифода бурда мешавад.
Дар асоси лоиҳа, хобгоҳ барои омӯзгорон ва дигар кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 12-ошёна буда, аз 118 хонаи истиқоматии аз як то сеҳуҷрагӣ иборат мебошад. Хонаҳо бо усули муосир сохта мешаванд ва барои истиқоматкунандагон шароити мукаммал ташкил хоҳад гашт. Намои берунии бино бо истифода аз санъати меъмории миллӣ оро дода мешавад, ки ба ҳусни шаҳраки донишҷӯён зебоии дигар зам менамояд. Бунёд гардидани боз як хобгоҳи нав дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон боис мешавад, ки барои омӯзгорону дигар кормандон шароти хуби зиндагӣ фароҳам ояд ва ин омил дар беҳтар гардидани сатҳу сифати таълими донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам меорад.
Маркази саломатӣ ва хобгоҳ барои омӯзгорону дигар кормандон дар доираи лоиҳаи сохтмони навбати дуюми шаҳраки донишҷӯён бо маблағгузории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии ватанӣ бунёд карда мешаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сохтмончиён ва дигар масъулон назорати сифати корҳои сохтмониро талаб намуда, онҳоро барои дар муҳлатҳои муайяншуда ва ҷавобгӯ ба талаботи замон сохта ба истифода додани иншоот вазифадор карданд.
 
ГИМНАЗИЯИ ХУСУСИИ “САИДУМАР” ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ ҚОМАТ АФРОХТ
31-уми август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Маҳаллаи навбунёди № 2 ба номи Рустам Амакии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бинои нави Гимназияи хусусии “Саидумар”-ро мавриди истифода қарор доданд.
 
Таълимгоҳи мазкур дар 72 садяк замин доман густурда, худи иншоот дар масоҳати 7 ҳазору 245 метри мураббаъ қомат афрохта, барои 2700 хонанда пешбинӣ шудааст. Гимназия аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Рустам Саидов бунёд гардида, корҳои сохтмониро пудратчӣ – Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи холдингии “Осиё Гурӯҳ Тоҷикистон” ва лоиҳакаш – Корхонаи воҳиди давлатии пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотию лоиҳакашии “Душанбешаҳрсоз” анҷом додаанд.
Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи иншоот тарҳи нав буда, аз ҷониби лоиҳакашони пуртаҷриба таҳия ва ҳамаи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ риоя гардида, бори аввал дар бунёди муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳри Душанбе истифода шудааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншоот аз 4 бинои 4-ошёна иборат буда, бо назардошти талаботи замони муосир ва истифодаи масолеҳи хушсифати сохтмонӣ бунёд гардидааст. Корҳои бунёдӣ дар таълимгоҳ соли 2019 шуруъ шуда, бо сифати баланд ва дар муҳлати муайянгашта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Корҳои бунёдӣ аз ҷониби сохтмончиёни маҳаллӣ иҷро гардида, ҷараёни сохтмонро мутахассисону меъморони соҳибтаҷриба назорат намуданд.
Таълимгоҳ бо тамоми инфрасохтори замонавӣ бунёд шуда, аз 66 синфхонаи муҷаҳҳаз, аз ҷумла ҳуҷраҳои омӯзиши химия, физика, биология, технологияи иттилоотӣ, лингафонӣ, озмоишгоҳҳо, таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, сехи қаннодӣ, ҳуҷраи махсуси духтури дандон, равоншинос, логопед, китобхона бо толори хониш ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Бо мақсади амалӣ намудани Барномаи давлатии Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф дар мактаб шароитҳои хуби дарсомӯзӣ муҳайё гардида, тамоми синфхонаҳои фаннӣ бо лавозимот ва асбобҳои озмоишӣ таъминанд.
Ҳамчунин, ҷиҳати оммавигардонии варзиш ва дар сатҳи баланд гузарондани машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, дар Гимназия толори варзишии барҳаво дар масоҳати 610 метри мураббаъ бунёд ва бо лавозимоти машқу тамрин муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Ошхона барои 180 нафар ва толори маҷлисгоҳ бо 310 ҷойи нишаст ҷузъи дигари иншоот аст, ки дар истифода қарор доранд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити таълим ва имконоти дарсомӯзӣ, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ҳиммати ҷавонмардонаи соҳибкори ҷавону ватандӯст Рустам Саидовро намунаи ибрат арзёбӣ намуданд. Сарвари давлат барои дастгирии иқдомоти Ҳукумати мамлакат дар самти рушди соҳаи маориф ба соҳибкор изҳори сипос карда, бунёди муассисаи таълимиро дар ин маҳаллаи навбунёд муҳим арзёбӣ намуданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки ба истифода додани бинои муҳташами Гимназия дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи соли нави таҳсил ба сокинони пойтахт мебошад. Бо ба истифода додани бинои нави Гимназияи хусусии “Саидумар” шароити таълим беҳтар гардида, дар ин замина сифати хониши муҳассилин низ, баланд бардошта мешавад. Ҳоло ҳайати кормандони ин даргоҳро 80 омӯзгори соҳибтаҷриба ва 20 корманди техникӣ ташкил медиҳад.
Зимни суҳбати самимӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маорифчиёни пойтахт дастур доданд, ки аз шароитҳои мавҷуда васеъ истифода намуда, барои дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намудани насли наврас масъулияти баланд дошта бошанд ва бад-ин васила саҳми худро дар ободӣ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол гузоранд.
Дар навбати худ, устодону мураббиёни пойтахт ба Пешвои миллат ҷиҳати фароҳамсозии шароиту имконоти сатҳи баланд изҳори миннатдорӣ намуда, ҳамчун тарбиятгари насли имрӯза ваъда доданд, ки барои омода кардану ба воя расондани ҷавонони донишманду навовар кӯшиш ба харҷ медиҳанд ва дар рушди соҳаи калидии ҷомеа – маориф саҳми муносиби худро мегузоранд.
Қобил ба зикри хос аст, ки соҳибкори ватандӯст Рустам Саидов бо мақсади дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар ва саҳм гузоштан дар ободии диёр, тасмим гирифтааст соли оянда дар шафати бинои таълимӣ боз як муассисаи томактабиро барои 600 кӯдак ба истифода диҳад. Иқдоми соҳибкорро Сарвари давлат намунаи ибрат ва воситаи муҳими баланд бардоштани сифати таълим дар зинаи таҳсилоти томактабӣ арзёбӣ карданд.
 
Санаи нашр: 31.08.2023 №: 176
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив