ИДОРАИ ПРЕЗИДЕНТӢ. НИЗОМИ МУВАФФАҚИ РАСИДАН БА ҲАДАФҲОИ МИЛЛӢ
Пас аз расидани насими истиқлоли давлатӣ мардуми ваҳдатшиори Тоҷикистон дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории навин, таъмини амнияти ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саъю талоши бесобиқа анҷом доданд. Ба хотири ободии Ватан раванди созандагӣ, яъне бунёди неругоҳу нақбҳо, корхонаву муассисаҳо ва роҳҳои мошингарди ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ пеш гирифта шуд. Соҳибистиқлолӣ барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу фардои миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.
Ҳамин тариқ, баъди қабули Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идораи президентӣ ҷорӣ шуд. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ сохторҳои гуногуни шакл ва низоми давлатдорӣ амал мекунанд, ки маъмулан идораи парламентӣ ва президентӣ муваффақ дониста шудааст. Қабул ва мавриди амал қарор додани ин шаклҳои давлатдорӣ ба вазъу ҳолати ҳар кишвар вобаста мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи гузариш дар ҳолати душвору ноороми сиёсӣ қарор дошт. Дар ин давраи мураккабу харобиовар, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ тафовут дошт, воқеан ҳам, ба идораи мустаҳкам ва қавии президентӣ ниёз дошт. Тавре дар моддаи 64 Конститутсия омадааст: «Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад».
Ҳаёти минбаъда собит сохт, ки идораи президентӣ мувофиқ ба авзои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа буда, масъалаҳои душворро қодир аст ҳал ва амалӣ созад. Авзои ноороми ҳамонвақта дахолат, амал ва ҳалли фаврӣ, айни замон оқилонаро талаб мекард.
Бо истифода аз салоҳияту ваколатҳои конститутсионӣ идораи президентӣ имкони пурраи ҳалли масъалаҳои муҳимро дорад. Бо идораи президентӣ ба муноқишаҳои сиёсӣ хотима гузошта, фаъолияти бонизом ва устувори давлатдорӣ роҳандозӣ шуд. Дар ин муддат Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои сохтори мукаммали идорӣ, Ҳукумати фаъол, Артиши миллӣ, ҳокимияти судӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, рамзҳои давлатӣ гардид.
Бешубҳа, дар ин самт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақш ва саҳми асосию арзанда доранд. Дар ҷодаи барқарор намудани сулҳу ваҳдат ягонагии қавлу амали Сарвари давлат исбот шуд, ки мо имрӯз дар фазои амну осоиш зиндагии шоиста дорем.
Бояд гуфт, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти ташкилу таҳкими ҳокимияти судӣ, таъмини қонуният ва адолати судӣ корҳои зиёде ба сомон расонда шуданд. Аз ҷумла, барои рушду таҳкими мақомоти судӣ чор барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ қабул шуд, ки онҳо барои пешрафти соҳа, баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа, таъмини шароити зарурӣ барои баррасӣ ва ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва, умуман, ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ нақши муҳим доранд
Бахтиёр ИСКАНДАРЗОДА, раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон
Санаи нашр: 31.08.2023 №: 176
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)