БЕМОРИИ НАЗДИКБИНӢ. МИОПИЯ ЧИСТ ВА ЧӢ ГУНА ОНРО ТАБОБАТ КАРДАН МУМКИН АСТ?
Сайёд имсол мактаб меравад. Ҳафтсола аст, вале аз чорсолагӣ айнак мепӯшад. Мушкили биноӣ дорад. Наздикбин аст. Каме дуртарро хира мебинад.
- Сайёд чорсола буд, ки мушкили биноӣ пайдо кард. Телевизорро аз наздик тамошо мекард ва ҳангоми сайругашт, “он чӣ аст”-у “ин чӣ аст” гуфта, савол медод, дар ҳоле ки объектҳо он қадар дур набуданд. Ба духтур муроҷиат кардем, гуфтанд миопия аст, - ёдовар шуд модари Сайёд.
Солҳои охир нафарони зиёд, ҳатто кӯдаконро бо айнак мушоҳида мекунем, ки мушкили биноӣ доранд. Ин бемории миопия (наздикбинӣ) аст, ки шахс объектҳои аз худ дурро равшан дида наметавонад. Миопия яке аз бемориҳои маъмултарини чашм мебошад. Тибқи маълумот, ҳар чорум нафар дар ҷаҳон аз ин беморӣ ранҷ мекашад.
Коршиносон тавсия медиҳанд, чашмони худро ҳар сол тафтиш кунед, ки ба шумо имкон медиҳад, рушди миопияро сари вақт муайян ва онро назорат намоед. Сабабҳои миопия пурра омӯхта нашудаанд, аммо барои табобат ва назорат кардани он маълумоти кофӣ вуҷуд дорад.
САБАБҲОИ МИОПИЯ
Тавре муовини директори Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм Саъдулло Мардонов дар суҳбат бо мо гуфт, сабаби маъмулии ин беморӣ ирсият аст. Агар волидон ё дигар хешовандони шумо миопия дошта бошанд, пас шумо дар хатар ҳастед. Илова бар ин, омилҳои дигаре дар ҳаёт боиси пайдоиш ва рушди ин беморӣ мешаванд: сарбории баланд ба биниши наздик: нодуруст нишаста хондан, хобида хондан, кори тулонӣ дар компютер ва гаҷетҳо, равшании суст.
Дар аввал, миопияи бардурӯғ метавонад пайдо шавад. Он бо сабаби васеъ шудани мушакҳои чашм ва суст шудани қобилияти дидани чашм дар масофаҳои гуногун инкишоф меёбад. Миопияи бардурӯғ бо ёрии техника ва машқҳои махсус табобат карда мешавад. Агар ин кор карда нашавад, мушкили дурбинӣ доимӣ мегардад.
- Бемории гӯшаи чашм, илтиҳоб, тунукшавии парда, бемориҳои сироятии бадан, осеби чашм, ғизои нодуруст, норасоии витаминҳо, экологияи номусоид омилҳои дигари рушди миопия мебошанд, - гуфт С. Мардонов.
АЛОМАТҲО
Ба гуфтаи мутахассис, миопия одатан ба таври ноаён инкишоф меёбад. Аксари одамон дар ин бора танҳо ҳангоми муоинаи духтури офталмолог маълумот мегиранд. Аксар вақт, шахс коҳиши доимии бинишро ҳис мекунад ва барои кумак ба мутахассис муроҷиат менамояд.
Оғози инкишофи миопия, асосан, ба солҳои мактабӣ рост меояд, вақте ки сарбории биниш зиёд мешавад. Кӯдак аз зуд хасташавӣ, дарди сар шикоят мекунад, ба телевизор наздик мешавад ё диққаташро ба дарсҳо дода наметавонад. Дар ин лаҳза муҳим аст, ки аломатҳоро нодида нагирем ва ба мутахассис муроҷиат кунем.
АЙНАК Ё ЛИНЗАҲО БАРОИ МИОПИЯ
Айнакҳо ва линзаҳои мулоим роҳҳои маъмул ва дастрас барои ислоҳи миопия мебошанд. Мутахассисон аввал ин усулҳоро тавсия медиҳанд, зеро онҳо ба барқарор кардани биноӣ мусоидат мекунанд.
ПЕШГИРИИ МИОПИЯ
Пешгирӣ роҳи беҳтарини мубориза бо инкишоф ё пешрафти миопия мебошад. Қоидаҳо одианд, аммо риояи онҳо муҳим. Аз фишори чашм эҳтиёт шавед: ҳангоми хондани тулонӣ, тамошои видео дар телефон ё кор дар компютер ҳар соат 10–15 дақиқа танаффус кунед.
Дар хонаи равшан кор кунед. Инчунин, ҳангоми кор дар компютер равшании дурусти экрани мониторро танзим намоед. Китобро танҳо ҳангоми нишастан ё истода хонед. Одати хондани матнҳоро дар ҳоли хобида ё дар нақлиёт аз байн баред. Барои рафъи хастагии мушакҳои чашм машқҳои чашмро иҷро кунед ва онҳоро мустаҳкам намоед.
Мутахассисон парҳези доимиро тавсия медиҳанд. Муҳим аст, ки дар парҳез хӯрокҳои дорои витаминҳои “А”, “С”, “Е”, бета-каротин ва гурӯҳи “В” мавҷуд бошад. Дар ҳавои тоза зуд–зуд сайругашт кунед ва кӯшиш намоед, ки машқҳои ҷисмонӣ анҷом диҳед. Муҳимтар аз ҳама, ҳар сол чашмони худро тафтиш кунед. Ин ба шумо имкон медиҳад, ки тағйиротро сари вақт муайян ва пешгирӣ намоед.
ВИТАМИНҲО
Беҳтарин витаминҳо дар афшураи сабзии тару тоза ва маҳсулоти баҳрӣ мебошанд. Маҳсулоти баҳрӣ ва моҳӣ аз кислотаҳои равғании омега-3 бой мебошанд. Онҳо қобилияти нигоҳ доштани шиддати визуалӣ барои муддати тулонӣ доранд ва барои рафъи илтиҳоб дар бемориҳои чашм кумак мекунанд.
Шарбати сабзӣ дорои лютеин ва бета-каротин мебошад, ки биноии чашмро муҳофизат мекунад. Бета-каротин дар ҷигари инсон ҷамъ шуда, ба витамини “А” табдил меёбад, ки биниши шабона ва тамаркузи чашмро беҳтар мекунад.
Пеш аз хӯрок ба кӯдакон шарбати сабзӣ диҳед, он иштиҳоро низ, беҳтар мекунад ва кори рӯдаҳоро ба эътидол меорад.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 05.09.2023 №: 178
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)