ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ТОҶИКИСТОНРО ДАР ХОБҲОЯМ МЕБИНАМ…»

«ТОҶИКИСТОНРО ДАР ХОБҲОЯМ МЕБИНАМ…»

06 сентябр 2023, Чоршанбе
21
0
 
Ин суханони самимии Ҷумъаназар Аббосов, як тан аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Туркманистон аст, ки соли 1948 дар шаҳри Душанбе (он замон Сталинобод) ба дунё омад. Ӯ то соли 1993 дар Душанбе мезист ва минбаъд ҷойи зисти худро шаҳри Ишқобод баргузид. Ҳоло ба пойтахти кишварамон, шаҳри дӯстдоштааш баргашта, аз дигаргуниҳо, зебоиву таҷалло ва пешрафти Ватанаш шоду масрур аст. Худаш Устоди варзиши Тоҷикистон ва Иттиҳоди Шуравӣ мебошад. 75-сола бошад ҳам, бардаму неруманд ва пурғайрат аст.
Бо роҳнамоии яке аз омӯзгорони Коллеҷи рассомии ба номи К. Олимов ба идораи рӯзномаи мо омад ва аз таассуроташ қисса кард:
– Аз соли 1993 то чанд рӯзи охир, ки дар оғӯши Тоҷикистони азиз ҳастам, лаҳзае ёру дӯстон, ҳамсинфону ҳамкурсон, оши тоҷикӣ, оби поку бомазаи шаҳр, устодону шогирдони соҳаи варзиш ва номҳои пешини гузару маҳаллаҳои Душанберо фаромӯш накардаам. Бовар мекунед, Тоҷикистону тоҷиконро дар хобҳоям мебинам. Дар хоб низ ба зодгоҳам дил гум мезанад, дар олами руъёҳо хурсанд шуда, бармехезам, ки хоб аст. Ин ҷо дар хонаи духтарам, ки хонаву дар дорад, истодаам. Хӯрок қариб намехӯрам, танҳо об. Об менӯшаму лаззат мебарам. Чунин оби мусаффо ва ширинро мо дар Ишқобод ба сӯзан мекобему намеёбем, – мегӯяд Ҷумъаназар Аббосов.
Ҳамсуҳбати мо хатмкардаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буда, фаъолияташ ҳамчун варзишгар аз ин даргоҳ оғоз меёбад. Рекордгузори Тоҷикистон доир ба гурзпартоӣ аст. Ҳамзамон, найзапарто ҳам ҳаст ва дар ин риштаҳо ба варзишгарони тоҷик сабақ омӯхтааст. Ҳанӯз замони шуравӣ бо партофтани гулӯла бо вазни 7 килограмму 300 грамм то масофаи 18 метру 58 сантиметр дар Тошкент ҷои IV гирифта, парчами моро боло бардоштааст. Чандин шогирдони ӯ дар мусобиқаҳои сатҳи ИҶШС ва ҷаҳон иштирок карда, ба муаррифии кишвари мо ноил шудаанд. Аз ҷумла, Андрей Абдувалиев маҳз бо роҳбарии Ҷумъаназар Аббосов аввал қаҳрамони Аврупо ва соли 1993 қаҳрамони олимпӣ дар гурзпартоӣ шуд. Ӯ ҳоло дар Тошкент зиндагӣ ва фаъолият дорад. Имрӯза ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи Саймуъмин Раҳимов Шодӣ Сафарзода низ, аз шогирдони ӯст.
– Варзиш тоҷи сари ман аст. Бо варзиш обрӯву эҳтиром ва садҳо дӯстони ҷонӣ дарёфтам. Чанде пеш дар Душанбе бо мадади Ҷамъияти варзишгарони куҳансоли Тоҷикистон қариб бо ҳама дӯстон ва ҳампешагон вохӯрдам, ки фаромӯшношуданӣ буд.
Аз рушди бесобиқаи варзиш дар Тоҷикистони азизам бисёр шодам. Ташаккур, ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сарпарастии он кас садҳо варзишгоҳу майдончаҳои тамрин, толорҳои барҳавои варзиш сохта ба истифода дода шуданд. Барои мо – тоҷикистониёни Туркманистон тамошои шабакаҳои телевизионӣ, махсусан ТВ «Варзиш», ТВ «Футбол», бисёр хушоянд аст. Аз тамошои онҳо ҳаловат мебарам. Аз пешрафти варзишгарони тоҷик болу пар меёбам. Вақте Дилшод Назаров қаҳрамони олимпӣ шуд, аз шодӣ ба курта нагунҷидам. Ҳанӯз ҷавон буд, ки падару модараш пеши ман оварданд. 3 сол бо ӯ ҳам машғулиятҳои варзишӣ доштем. Падараш Ҷамолиддин Назаровро бисёр хуб мешиносам, варзишгари хубест. Ёдам ҳаст, солҳои охири фаъолиятам дар Душанбе ба ҳавасмандии варзишгарон таваҷҷуҳ зоҳир намешуд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҳама соҳаҳоро фалаҷ карда буд. Ҳоло, таваҷҷуҳ даҳчанд афзудааст. Дилшод Назаров бевосита бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрда, ба таври бояду шояд қадр шуд. Ин ҳама қадршиносиҳо шаҳодати оромиву осдудагии кишвар ва рушди варзиш дар баробари дигар соҳаҳо мебошад, – афзуд ҳамсуҳбати мо.
Ҷумъаназар Аббосови 75-сола имрӯзҳо дар шаҳри Ишқободи Туркманистон бо тарбияи варзишгарони наврас машғул аст. Ба гуфтаи худаш, ҳар ҳафтае ду-се бор ба майдон омада, бо наврасону навкорон тамрин мекунад ва боқӣ давлати пирӣ меронад. Дар баробари ин, Тоҷикистонро зуд-зуд ёд карда, гоҳе тавассути интернет ва гоҳе бо тамошои ТВ «Варзиш» хумори зодгоҳашро мешиканад.
Дар поёни суҳбат бо меҳру муҳббат афзуд: «Дар Туркманистон шумораи тоҷикон зиёд аст. Дар Ишқобод дар рӯзҳои Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Наврӯз ба Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон даъват мешавем. Аз дидори ёру дӯстон, чашидани хӯрокҳои миллии тоҷикӣ ва рақсу таронаҳои дилошӯб шод мегардем. Атласу адрас чашмро мерабояд. Ҳазорон бор шукри Парвардигор, ки дар Душанбе таваллуд шудаму забонам тоҷикии форсист. Агар имрӯзи Тоҷикистон чунин шукуфову зебост, бовар дорему дуогӯем, ки фардояш аз ин ҳам зеботару мунаввартар шавад!».
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»
 
Ёддошт: Суҳбати видеоии моро метавонед тавассути суроғаи электронии https://youtu.be/lkU5jDZUgK4?si=f3Y100TWy1-QUaQe аз ютюбканали «Ҷумҳурият» тамошо кунед.
 
Санаи нашр: 06.09.2023 №: 179
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив