ТАРОНАҲОЕ БО МЕҲРИ МОДАР
ХУДАФРӮЗ
Модаро, бахшояндаи гуноҳам, огоҳ аз дарду оҳам. Худафрӯзам, дилафрӯзам, аслу асолати Наврӯзам, рӯзияму рӯзбахшаму Хуршеди рӯзам, чӣ гуна бароят насӯзам? Чӣ гуна мисли тифлакон ба роҳи омаданат чашм надӯзам? Чӣ гуна шамъи ёдат нафурӯзам? Чӣ гуна аз ҷонфишониҳои ту дарси зиндагӣ наомӯзам?
Модаро, доваро, бахтоваро!
НАҚДИ ДИЛУ ҶОН
Эҳ, модару падари тоҷик! Шумо чӣ қадар ҷонсахту азхудгузашта ҳастед. Бешубҳа, қаҳрамонед! Аз ҳама чиз гузашта, ҳатто аз ҷавониву лаззати умр сарфи назар карда, нақди ҷону дили худро ба мо мебахшед. Магар модарону падарони қавму қабила ва миллатҳои дигар чунин бошанд? Намедонам, ҷаҳонгашта нестам.
ГУЛИ БОДОМ
Боз имсол дарахти бодоми ҳавлӣ ғарқи гул шуд. Ту ба ёдам омадӣ, модар. Ёдат ҳаст, дар замони аламбори ятимии ману бевазании ту онро ба хотири гул кардани баҳори умрамон нишонда будем. Ниҳолакро бо кафам медоштаму ту ба бехаш хок меандохтӣ. Биёву бубин, ин дарахт бо гузашти солҳо чӣ гуна бузургсолу пуршохубарг шуда.
Гулафшониҳои рӯзгори ман омаду ту рафтӣ. Ин дарахт чун нишони сарсабзиву дилҷавонӣ ва баҳорпарварии ту боқӣ монд. Ҳар сол бодом механдаду ман мегирям. Вай гулафшон мешаваду ман дилафшон. Вай табассум мекунаду ман аз васфи ту такаллум.
Гӯё аз байни гулҳои сапеду ба бунафш моили бодом ба ман нигоҳ мекунӣ. Хаёлам фариштасон омадаиву рӯйи шохаи он мисли мурғи ҳумо нишеман гирифтаӣ. Замоне шуду на балки аз ту, балки аз гули бодом ҳам дур афтодам. Ҳамин ҳарфи ту таскини дилам буд:
Ҳар куҷо бошӣ, бош,
Фақат бевафо набош!
Бале, ҳоло аз оламу одам канда шудаам гӯё, аммо вафои туро аз ёд набурдаам. Ёди туро мекунам, фарёди туро мекашам, тунду талхи фироқатро оҳиставу пайваста мечашам. Ба хотири бори дигар гул кардани бодом, биё, биё!
АЗ ОФТОБ ҲАМ БАРТАРӢ!
Ту Офтобӣ! Не, аз Офтоб ҳам нерумандтарӣ! Дар қудрату тавоноӣ бузургии осмон дорӣ. Ту бешак, овардаву офаридаи беҳамтои осмонҳоӣ! Ҳарорати Офтоб баъзан ҳамаро сӯзонда, ба хушкис-тон табдил диҳад, ба одаму олам офате низ оварад, селҳо биёянд, вале ҳарорати қалби ту, меҳри беҳисоби ту ҳамвора зиё мебахшаду мебахшад. Аз ин нур, аз ин ҳарорат вуҷуди хокии маро серӣ нест.
МЕҲРАТ НАХУШКАД, МОДАРО...
Агар об набошад моҳиҳо мемиранд, соҳилҳо хушк мешаванд, лаби шодоби соҳилҳо парсинг мебанданд. Хиёбон ба як чашм задан биёбон мешавад. Агар меҳри ту набошад, одамон мемиранд, чи расад ба моҳиҳо, дунё мехушкад, чи расад ба соҳилҳо. Эй дарёи дилҳо, модар! Меҳрат мудом ҷорӣ бод! Ба ҷовидонамеҳри ту салом ҷорӣ бод!
Муҳаммадшарифи САЛИМ, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон
Санаи нашр: 06.09.2023 №: 179
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)