ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РАМЗИ ОЗОДИИ МИЛЛАТ

РАМЗИ ОЗОДИИ МИЛЛАТ

08 сентябр 2023, Ҷумъа
15
0
Имсол аз ҳузури истиқлоли давлатии Тоҷикистон сию ду сол сипарӣ мешавад ва дар дарозои ин фосилаи на чандон тулонӣ дар назди таърих кишвари мо дар партави ҳидоят ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузургу шоиста мушарраф гардид. Дар кӯтоҳтарин фурсат кишвари азизи мо чун давлати соҳибистиқлолу миллӣ дар харитаи сиёсии ҷаҳон арзи ҳастӣ намуда, аз ҷониби бештар аз 200 кишвари олам ба расмияти сиёсӣ шинохта шуд. 
Таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол гувоҳ бар он аст, истиқлоли миллии кишвари мо, ки неъмати бузургу безавол барои халқи тоҷик ва дастоварди беназири таърихӣ ба шумор меравад, ба осонӣ ба даст наомада, балки самараи муборизаҳои диловаронаи фарзандони ҷасур ва бонангу ор, талошу кӯшишҳои ҳар як фарди ватандӯсти тоҷику тоҷикистонӣ ба шумор меравад. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар оғози соҳибистиқлолии кишвар, дар навбати аввал, сабабгори зарари зиёду бешумори моливу ҷонӣ гардида, тамоми фишангҳои иқтисодиву иҷтимоии кишварро хароб намуд. Дар ҳамин марҳилаи ҳассосу сарнавиштсози таърихӣ буд, ки моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри таърихии Арбоб анҷумани сарнавиштсоз ва саодатофарини миллат – Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, намояндагони мардумӣ бо такя бар хиради азалии халқи тоҷик мардеро дар арсаи сиёсат интихоб намуданд, ки барои тоҷикону Тоҷикистон сулҳу субот ва ваҳдати миллиро чун ҳадяи бузурги таърихӣ тақдим кард. Аз минбари баланди ин анҷумани саодатафрӯз фарзанди ватан-дӯст ва меъмори сулҳу ваҳдат Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми хеш ваъдаи таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ намуданд. Камоли садоқат ва ихлос ба қавлу амал имкон фароҳам овард, ки дар фурсати хеле кӯтоҳ хидматҳои меъмори ҳақиқии сулҳи тоҷик – Президенти маҳбубамон самар оварда, дар кишвари мо сулҳу субот, ваҳдати миллӣ чун унсурҳои муҳим ва аркони аслии истиқлоли миллӣ тантана намуда, роҳи фардои Тоҷикистонро муқаррар намуд. Ваҳдати миллӣ ба ҳукми омили таъсиргузор дар таҳкими истиқлоли сиёсии кишвар таъсири пурфайз гузошта, то кунун дар раванди эъмори давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон хидмат мекунад. 
Ҳамин тавр, сиёсати дурандешонаи Пешвои муаззами     миллат ва такя бар таҷрибаҳои таърихии халқи тоҷик омили он гардиданд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат Тоҷикистони азизи мо ба таҳкими истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат, ки ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон ба шумор мераванд, муваффақ гардида, муҳимтарин барномаҳо дар ҷодаи бунёди неругоҳҳои хурду бузург, нақбҳо, роҳҳои мошингард, корхонаҳои бузурги саноатӣ, азхудкунии заминҳои бекорхобида ва боло бурдани истеҳсолоти ватанӣ мавриди амал қарор гирифтаанд. Дар фосилаи на чандон тулонӣ кишвари мо ба яке аз ҷумҳуриҳои пешқадам ва пешрафта дар минтақа табдил ёфта, ташаббусҳои ҷаҳонии Сарвари давлат баробари истиқбол аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ мамлакати моро ба мизбони ҳамоишу анҷуманҳои бонуфузи олам табдил доданд. 
Самараи  чунин  кӯшишу талош ва ибтикороти Пешвои муаззами миллат баҳри ҳаллу фасли муаммоҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла рафъи мушкилоти об дар сайёра, муқовимат бо экстремизм ва терроризм, корнамоиҳои инсонгароёна ба хотири башарият буд, ки соли 2011 аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ба Сарвари ваҳдатшиор ва Пешвои ташаббускори Тоҷикистони азизи мо ҷоизаи ҷаҳонии "Пешвои асри ХХI" тақдим гардид, ки бешак ифтихори тамоми мардуми кишвар ва тоҷикони ҷаҳон аст. 
Соли равон ташаббуси навбатии Тоҷикистон, ки сарчашма аз ғояҳои ормонии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорад, оид ба соли ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид ва соли 32-юми истиқлоли кишварро дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт намуд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Истиқлолият бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмат барои ҳар миллате мебошад, ки худро шинохтааст ва таъриху тамаддуни хешро медонаду аз он ифтихор мекунад». 
Истиқлоли миллии кишвар моро ба ҷаҳониён ва ҷаҳонро барои мо –  тоҷикону тоҷикистониён, муаррифӣ намуд, ки дар иҷрои ин амал қабул ва мавриди татбиқ қарор гирифтани қонуну қарорҳои дархӯри ҷомеа, консепсия, стратегия ва барномаҳои соҳавии давлатӣ нақши муҳим дошта, бо раҳнамоии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойдорӣ ва шинохти адолати қонун дар ҷомеа бештар ва судманд ба назар мерасад.
Бо гузашти бештар аз 1100 соли давлатдории Сомониён мо –  тоҷикон, дубора соҳибдавлат шудем ва бояд ба қадри истиқлолу озодӣ ва соҳибдавлатӣ бирасем.
Барои пиёдасозии муҳимтарин ҳадафҳои давлатдорӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки истиқлоли миллӣ – дастоварди беназири таърихиро қадру эҳтиром намуда, барои таъмини якпорчагии кишвари азиз, ҳифзи арзишҳои миллӣ чун рукни муаррифигари истиқлоли давлатӣ талошу кӯшиш намояд. Бовари комил дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо аз ҳидоят ва дастурҳои фардосози Пешвои муаззами миллати хеш хулосаҳои зарурӣ баровардаанд ва бо камоли садоқат ва муҳаббат ба давлату миллати хеш барои расидан ба ормони беназиру бузург, таҳким ва ҳифзи истиқлоли миллӣ, таъмини якпорчагии кишвари азизи худ талошу кӯшишҳои босамар хоҳанд намуд. 
 
Шарифҷон ҶУМЪАЗОДА,
раиси Кумитаи рушди маҳали  назди 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 
раиси кумитаи иқтисодиёт ва коммуникатсияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ
Санаи нашр: 08.09.2023 №: 181
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив