ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ НИЗОМИ ҚОНУНГУЗОРӢ

ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ НИЗОМИ ҚОНУНГУЗОРӢ

08 сентябр 2023, Ҷумъа
106
0
 
Дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳон рушди низоми қонунгузорӣ ва қабули қарору қонунҳои саривақтӣ асоси пойдорӣ ва пешрафти кишварҳо арзёбӣ мегардад, зеро муносибатҳои ҷамъиятӣ пайваста тағйир ёфта, зарурати қабули санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ ба миён меоянд. Аз ин нуқтаи назар, қонунҳо бояд ифодакунандаи набзи ҷомеа бошанд ва рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангиро таъмин намоянд. Амри мусаллам аст, ки танҳо бо роҳи қонунӣ танзими равандҳои гуногуни ҳаёт ва муносибатҳои ташаккулёбандаи ҷомеа имконпазир мебошад. 
Дар фазои соҳибистиқлолӣ рӯйи кор омадани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябри соли 1994) тариқи раъйпурсии умумихалқӣ аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои таърихии давлатдории навинамон буда, барои кишвар марҳилаи нави таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқиро боз намуд. Ин санади олии ҳуқуқӣ дар солҳои нобасомониҳо ба саволҳои мо ба чӣ гуна сохти иҷтимоӣ ва низоми давлатдорӣ эҳтиёҷ дорем, ояндаи ҷомеа ва давлатро дар доираи кадом низоми сиёсӣ ва арзишу меъёрҳои иҷтимоӣ дидан мехоҳем ва ғайраҳо нуқта гузошт. 
Боиси ифтихор аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво, сохтори дохилии худ дар қатори беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон қарор гирифта, тавассути ин ҳуҷҷат ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хусусияти давлати мо ҳамчун мамлакати демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ, таъриху фарҳанг, забон, сиёсати дохилию хориҷӣ, ҳифз ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, муносибати давлат ба моликият, ба тартиби таъсиси мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти  маҳаллӣ, ҳокимияти судӣ, шиносоӣ пайдо намуд. Пас аз наздик ба се даҳсола исбот гашт, ки қабули Конститутсияи инсонмеҳвар давлати моро ба дигаргуниҳои азими сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ оварда расонд. 
Воқеан, бо қабули Конститутсия муносибатҳои ҷамъиятӣ танзими ҳуқуқии худро ёфта, барои таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлати соҳибихтиёр заминаи воқеӣ гузошта шуд. Зарур буд, ки масъалаҳои раванди ҳуқуқэҷодкунӣ, тартиби таҳия, қабул ва мавриди амал қарор додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, тартиби баҳисобгирӣ ва бақайдгирии давлатии онҳо дар шароити нави эъмори давлати ҳуқуқбунёд мушаххас мешуданд. 
Таъсиси парламенти думаҷлиса Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон барои эҷод ва қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеа заминаи боэътимод гузошт ва ҳамагон шоҳиди онем, ки раванди қонунэъҷодкунӣ аз ҷониби мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории кишвар бо маром амалӣ мегардад. 
– Тайи ин солҳо дар роҳи амалишавии мақсаду мароми ҷомеаи навин, яъне бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ вакилони даъватҳои якум – панҷум тавонистанд қадамҳои устувор гузошта, сиёсати давлатро барои боз ҳам васеътар ворид намудани меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда ба низоми қонунгузории миллӣ равона намоянд. Ҳоло дар фазои ҳуқуқии кишвар зиёда аз 400 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла 17 қонуни конститутсионӣ, 23 кодекс ва беш аз 380 қонун амал мекунад. Ҳамзамон, зиёда аз 700 санади ҳуқуқии байналмилалӣ ба тасвиб расонда шуд, – иброз дошт Равшан Раҷабзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон.
Маврид ба зикри хос аст, ки дар ин давра ғояи таҳия ва қабули қонунҳои миллӣ ба миён омаданд ва бо ташаббуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (8  июни соли 2007), “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” (2 августи соли 2011), ки пурра хусусияти миллӣ доранд, қабул гардиданд. 
Дар ҳамин замина, рӯи кор омадани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” (24 декабри соли 2022) башорат аз он медиҳад, ки қабули чунин навъ санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон равона гардидааст, на танҳо дар миқёси Осиёи Марказӣ, балки дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ камназир буда, аз ҷониби олимону коршиносони соҳа баҳои баланд гирифтааст. 
Бино ба андешаи Некрӯз Сафарзода, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, ҳадафи аслии Қонун, агар аз як тараф тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бошад, аз тарафи дигар вогузоштани масъулият бар зиммаи шаҳрвандон дар самти ватандӯстӣ, ватанпарастӣ, худшиносӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, бедории ҳувияти миллӣ, таъмини амният, сулҳу субот ва пойдории истиқлоли давлатӣ маҳсуб меёбад. Яъне, ба ҳамин васила мақомоти қонунбарори кишвар масъулияти шаҳрвандонро дар самти нигоҳдошти арзишҳои миллӣ бештар намуда, доираи татбиқсозии муносибатҳои навро, ки имкони таъсири манфӣ расондан ба ахлоқи ҷомеа, ҳувияти ватандӯстӣ ва суботи сартосариро доранд, нисбатан маҳдуд намуд. Ба ибораи дигар, озодии фалсафӣ ба озодии ҳуқуқӣ мубаддал гашта, меъёри мушаххаси ҳуқуқиро ба вуҷуд овард.
Ин гувоҳи он аст, ки дар Тоҷикистон ба ҳуқуқу озодиҳои инсон арҷ гузошта шуда, мақсад ва мазмуни фаъолияти дилхоҳ мақомоти давлатиро инсон муайян месозад.
 
Маҳмуд МИРЗОЁН,  «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 08.09.2023 №: 181
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив