ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МОДАР, МАРО БУБАХШ!

МОДАР, МАРО БУБАХШ!

19 сентябр 2023, Сешанбе
76
0

 
МОДАРОН ҲАМЕША МЕБАХШАНД ВА ГӮЁ БАРОИ ҲАМИН БА ДУНЁ ОМАДААНД. 
(Александр Дюма)

Дар даврони донишҷӯӣ яке аз дарсҳои дӯстдоштаам дарси “Маҳорати актёрӣ” буд. Чунки ин дарс дарси инқилоби ақлу руҳ буд. Сабақҳои он вомедошт, то хешро шиносам ва саманди нафсро занҷир занам. Дарси бо хеш мубоҳиса оростан ва роҳ ба сӯйи хештаншиносӣ пеш гирифтан буд. 

Хусусияти хоси он дар он буд, ки устод Қурбон Собир аз доираи омӯзиши фанни мазкур берун ба мо – донишҷӯён супориш медод, то асари бадеӣ бихонем ва ҳатман аз ҷараён ва бардошти мутолиаи он аз мо пурсон мешуд. 
Рӯзе пеш аз анҷоми дарси мазкур устод Қурбон Собир ба мо донишҷӯён чунин саволҳо дод:
– Кӣ аз байни Шумо то ҳол аз модараш бахшиш пурсидааст?
Кӣ ба модараш гуфтааст, он қадар озоре, ки туро додам, он қадар ранҷе, ки бароям кашидӣ, ҳаққатро ҳалол бикун, шири сафедатро бубахш. Дӯстат медорам, оча!
Сари аз хиҷолат хами ҳар кадоми мо донишҷӯён гувоҳи он буд, ки ҳеҷ кадоми мо дар тули 21 соли ҳаётамон аз модар бахшиш напурсидаем.
– Охирин маротибае, ки модаратонро ранҷонда будед, онро барояш ёдовар шуда, аз ӯ бахшиш пурсед. Ҳар касе, ки модараш дар шаҳр аст, пеши пояш ба зону задаву дастонашро бӯсида, “Модар, маро бубахш!” – бигӯяд. Касоне, ки модарҳояшон дар деҳа ҳастанд, занг зада бахшиш бипурсанд ва вақте ба назди модарашон рафтанд, дастонашро бӯсида, аз ӯ узр бихоҳанд. Ин супориши қатъӣ ҳаст, ҳатман иҷро кунед. Дарси оянда натиҷаашро аз шумо пурсон мешавам, – таъкид намуда, аз синф баромад устод Қурбон Собир.
Дарси навбатӣ сар шуд. – Кӣ супоришро иҷро кард? – пурсид устод.
Ҳамкурсамон Наҷибулло бо руҳияи маҳзун ва хотироти парешон риштаи суханро ба даст гирифт ва оромонаву бо сари хам гуфт: 
– Устод, ман наметавонам ва намехоҳам аз модарам бахшиш пурсам! 
Устод Қурбон Собир аз ӯ сабаб пурсид: 
– Чанд сол муқаддам хоҳарам пеш аз марг ба модарам мегӯяд: “Оча, шири додаатро ҳалол бикун, маро бубахш”. Баъди марги ӯ модарам намехоҳад ин суханро бишнавад. Очаам мегӯяд, шумо фарзандонамро кайҳо бахшидаам, бинобар ин, дигар аз ман бахшиш напурсед, ки хоҳари раҳматиятон ба ёдам меояд ва ин сухан ҷону диламро месӯзонад. Аз ин рӯ, ман намехоҳам ин суханро пеши модар ёдовар шавам , –  посух гардонд ҳамкурсамон Наҷибулло.
Пас аз шунидани ин қисса фазои хомӯшии синфро танҳо оҳҳои ғамангези мо парешон мекард. Устод низ ба андеша фурӯ рафта, бо маҳорати хоси актёрӣ қадамзанон ва ба замин дида дӯхта, – ин чи дунёе, чи саргузаште, чи қиссаи нодир ин ҷо буда. Ана таҷриба, ана панд, ана шеъру достон, ана саҳнаву филм. Пас, маълум мешавад, ки агар ҳамаи шуморо бишнавӣ, китобҳо, қиссаву ҳикояҳо доред, – иброз дошт оромона.
Дарси навбатӣ сар шуд. Ман як лавҳаи шогирдонаамро ба устод пешниҳод кардам, ки ӯ онро дар ҳузури мо, донишҷӯён бо овози баланд хонд:
Эй очаи ҷон, зи гиря чашмат варамай,
Ҳар лаҳзаи умри ту саросар аламай,
Ҷони ту ҳама қабат-қабат дарду ғамай,
Кардем агар ҳазор хизмат, ки камай.

Ҳангоми дар курси як таҳсил кардан, шоми баҳорие бо модар тамос гирифтам. Баъд аз ҳолпурсӣ, одати ҳамешагии модарам аст, ки нахуст, бо гиря ҳарф мезанад, ӯ ба гиря даромад. Баъдан, гуфт, ҳамин бегоҳ ба овули Луриён баромадем ва ҳоло гӯсолаҳоро баста истодаам. 
Баъди хайрухуш сухани навбатии модар диламро пора кард: “Хайр бачам, раҳмат барои телефон карданат, боз занг зан”.
Он лаҳза бо худ андешидам, модаре, ки маро бо хуни дилу азоби ҷон ба воя расонда, бар подоши як занги телефонӣ бароям раҳмат мегӯяд. Ман то кунун чӣ хидмате ба ӯ кардаам, ки сазовори шунидани сипос аз модар бошам!?
Ин сухани модар, андешаи имшаб дар миёни чор кӯҳ будан ва бароям ашк рехтанаш он шом буғзи диламро кафонд.
Имшаб занону модарони шаҳр дар кӯчаҳои зебову ороста ва гулзор сайругашт доранд. Имшаб занони шаҳр дар зери навои мусиқӣ меболанд. Имшаб занони шаҳр бо накҳати атру упо ба тамошо мебароянд, вале имшаб модари дунёнадидаи кӯҳистонии ман зери чароғи қадима, дар хонаи сангин ва зери дуди чӯбу таппак ва садои гову гӯсола шабро рӯз мекунад.
Ҳамон лаҳза дар хаёли хеш модарамро қаҳрамони лавҳанаворе тасаввур кардам: “Модарам дар сари теғаи овул нишаставу чашм ба роҳ дӯхтааст, ки шояд кадом ҷигарбандаш ба дидор меояд. Шамоли нарме мӯҳояшро парешон ва навозиш карда истодааст. Ҳаво майли резиши борон дорад. Ӯ ба осмон менигарад ва бо гиря мегӯяд:
Эй абри сияҳ, пеша надор ман бинам,
Ин баччаҳои мусофирама кай мебинам?
Чашмони модарам аз дидани роҳ хаста шуд. Вай бо дили пур аз алам, ки ҳеҷ кадоме аз ҷигарбандаш ин бегоҳ ба аёдаташ наомад, аз ҷой хеставу роҳ сӯи кулбаи хоксоронааш пеш гирифт.
Дар курси аввал мехондам. Инак, дарсҳои донишгоҳ низ дар арафаи анҷомёбӣ буд. Пазмон шудани волидон ва зодгоҳ, хосса дар даврони донишҷӯӣ аҷаб эҳсоси гуворост. Инро танҳо касе дарк мекунад, ки чунин марҳаларо аз сар гузарондааст.
Ҳавои тасфони шаҳр ҳасрати боду ҳавои диёрро дар қалбам даҳчанд зиёд мекард. Ниҳоят ба деҳа рафтам. Модарам дар овул ҳаст ва ин бегоҳ ба дидораш мебароям, дилам пур аст. 
Луриён охирон овули деҳаи мост. Мавзеи зебову афсонавист.  Ҷолибтарин манзараи ин овул аз баландии 150-200 метр аз миёни санги бузурге ҷорӣ шудани шаршара мебошад. Бурсҳои хеле азим дорад, ки умри садсолаҳо доранд. Дар ин ҷо чандин изи деворҳои бо санг сохташуда мавҷуд буда, аз он гувоҳанд, ки дар замонҳои пеш низ, дар ин мавзеъ одамон зиндагӣ мекардаанд.
Вақте расидам, дидам, ки модарам саргарми говҷӯшӣ буд. Аз дур рӯи ожангзадаи пурашк ба чашмам бархӯрд. Ӯ сатилро як сӯ гузошту ба ҷониби ман қадам монданро оғоз кард. Модарам маро ба оғӯш гирифт, ман ҳам ӯро. Дунё дар оғӯши ман буд. Замину Осмон, Офтобу Маҳтоб, ситорагон ва сайёраҳо он замон дар бағали ман буданд. Он замон меҳри Худоро эҳсос кардам. Он замон навозиш ва бӯйи Худоро эҳсос кардам.
Ҳамон замон дар худ фалсафаеро дарёфтам, ки, воқеан, “Офаридгор порае аз бузургиашро дар руҳи модар ҷо кардааст”.
Пас аз хондани лавҳаи мазкур устод Қурбон Собир камбудиҳои нигоштаамро қайд кард ва, ҳамзамон, бароям тавсия дод, ки ба воситаи он аз модарам бахшиш бипурсам. Ман ҳам супориши устод Қурбон Собирро иҷро кардам. Бахшида ба зодрӯзи модарам таҳти унвони “Модар, маро бубахш” матолибе навиштаву дар яке аз нашрияҳо ба чоп расонда, ба воситаи он аз ӯ бахшиш пурсидам. 
Модарам он матлабро хонд ва хеле шод шуд. Хурсандии беинтиҳояш дар чашмонаш мавҷ мезаданд.  Модарам барои навиштаи шогирдонаи ман изҳори сипос кард. Бори дигар ба муҳаббати беинтиҳо ва бузургии модар қоил шудам.

Хусрав ШОСАИДЗОДА, журналист

Санаи нашр: 18.09.2023 №: 187
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив