ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САЙЁҲӢ. ОМОДАСОЗИИ КАДРҲОИ СОҲИБТАХАССУС ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ

САЙЁҲӢ. ОМОДАСОЗИИ КАДРҲОИ СОҲИБТАХАССУС ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ

22 сентябр 2023, Ҷумъа
32
0


Дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба шумор рафта, перомуни он тадбирҳои судаманд андешида мешаванд. Чунончи, ҳоло дар мамлакат Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 амал менамояд, ки татбиқи босамари ин санад ба пешрафти соҳа такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Стратегия, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми августи соли 2018 тасдиқ гардидааст, тавассути се давраи миёнамуҳлат татбиқ шуд.
То имрӯз дар соҳаи сайёҳии мамлакат дастоварду комёбиҳои зиёдеро метавон баршумурд, вале бо вуҷуди дастовардҳо ҳанӯз норасоиву мушкилот низ ба чашм мехӯранд. Аз ҷумла, яке аз мушкилоти соҳа нарасидани кадрҳои соҳибтахассусу соҳибтаҷриба ба шумор меравад. Ин дар ҳолест, ки асоси пешбурди ин ё он соҳаро мутахассисони таҷрибадору кордон ва мусаллаҳ ба донишҳои муосир ташкил медиҳанд. Ин омили муҳим ҳамеша зери назари давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор гирифта, ҳамзамон, дар доираи амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати пурзӯр намудани иқтидори кадрӣ чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Аз ҷумла, ба манзури омодасозии кадрҳои соҳавӣ, Донишкадаи соҳибкорӣ, сайёҳӣ ва хизмати Тоҷикистон ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон табдили ном кард, ки пешбинӣ мешавад, дар солҳои наздик натиҷаҳои дилхоҳ ба бор орад.
Дар ҳоли ҳозир бо вуҷуди ба омодасозии кадрҳои соҳаи сайёҳӣ машғул будани беш аз 10 муассисаи олии таълимӣ ва миёнаи махсус дар бозори меҳнат мутахассисони соҳибтахассус дар ин бахш намерасанд. 
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли хониши 2021-2022-юм 1538 донишҷӯ аз рӯи ихтисоси сайёҳат ва меҳмондорӣ дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Инчунин, дар ин давра 558 донишҷӯ муассисаҳои таълимиро хатм намуд.
Ба иттиллои Абдувосит Шодиниё, муовини якуми директори Маркази миллии тестӣ,  дар тақсимоти дохилшавии соли 2023-2024-ум 909 донишҷӯ аз рӯйи ихтисосҳои соҳаи сайёҳӣ ба муассисаҳои олӣ дохил гардид.    
– Омодасозии кадрҳои соҳаи сайёҳӣ беҳбудиро талаб менамояд, – мегӯяд Фаттоҳ Файзуллоев, раиси Ассосиатсияи созмони мусоидат ба рушди сайёҳӣ (ТАТО). Ба гуфтаи ӯ, алҳол дар ширкатҳои сайёҳӣ роҳбалад ва менеҷерҳои ҳирфаӣ каманд. Имрӯзҳо дар бисёри донишгоҳу донишкадаҳо факултетҳои ба соҳа рабтдошта таъсис ёфтаанд. Вале хатмкардагон кори ба касб мувофиқ дарёфт карда наметавонанд. Ширкатҳои сайёҳӣ бошанд, ҳамин гуна мутахассисонро намеёбанд. Сабаб дар набудани робитаи мустаҳкам байни сохторҳои дахлдори соҳа ва муассисаҳои таълимӣ мебошад. Ғайр аз ин, бинобар кам будани вақти таҷрибаомузӣ, донишҳои амалии хатмкунандагон пурра намегардад. 
– Мо ба муассисаҳои олии кишвар пешниҳод кардем, ки бе ягон пардохт узви Ассотсиатсия шаванд. Агар онҳо пешниҳоди моро пазиранд, умедворем, ки робитаро мустаҳкам мекунем. Таҷрибаомӯзии донишҷӯёни риштаи сайёҳиро мукаммал ба роҳ мемонем. Гузашта аз ин, бо бархе роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мувофиқа кардем, ки ба мутахассисони ба кори амалӣ машғулбуда дар як ҳафта ду-се соат дарс ҷудо намоянд, зеро инҳо аз вазъ ва нозукиҳои соҳа бештар бохабар мебошанд. Ин имкон медиҳад, ки кадрҳои соҳаро ба талаботи рӯз ҷавобгӯ омода созем, – иброз дошт Фаттоҳ Файзуллоев. 
Ҳоло таҳкими иқтидори кадрии соҳаи сайёҳии мамлакат ба таваҷҷуҳи бештар ниёз дорад. Танҳо донистани як-ду забони хориҷӣ маънои мутахассиси соҳа буданро надорад. Бояд дар баробари забондонӣ аз зарфиятҳои баланди касбӣ низ бархӯрдор буд. Дар ин сурат мешавад, бастаҳои ҷолиби сайругаштҳои сайёҳӣ, боздид аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ, табиати зебо ва ғайраро ба таври кофию шоиста муаррифӣ ва ҷаҳонгардонро ба он ҷалб намуд.
Амри мусаллам аст, ки бо тарбияву камолоти кадрҳои сохибтахассус мо метавонем ҳадафҳои давлату Ҳукумати ҷумҳуриро дар ин самт пиёда созем, муаррифии кишварамонро, ки дорои имкониятҳои зиёди сайёҳист бештар намуда, сайёҳиро ба соҳаи зудрушдёбанда ва сердаромад табдил диҳем.
  
Судобаи ФАЙЗАЛӢ,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 21.09.2023 №: 189
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив