НБО «РОҒУН» – САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ
АЗ АФСОНА ТО ҲАҚИҚАТИ НБО «РОҒУН»
Сохтмони НБО «Роғун» ҳанӯз соли 1976 оғоз ёфта буд ва аз ин марҳала то пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ баъзе аз корҳои он, махсусан кандани нақби асосии зери сарбанду нақбҳои обпарто, анҷом ёфта буданд. Бо пош хӯрдани давлати бузурги шуравӣ Тоҷикистони тозаистиқлол ба гирдоби ҷанги таҳмилӣ гирифтор шуд ва идомаи сохтмони НБО «Роғун» ба афсона табдил ёфт, ки ҳамчун қиссаҳои нотамом ё орзуҳои амалинашаванда аз даҳон ба даҳон нақл мегардид. Мардум ба ягон муъҷизае бовар надоштанд, ки сохтмони НБО «Роғун» дубора ба роҳ монда мешавад.
Солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон миллати тоҷик пароканда ва хавфи ба фано рафтани давлат наздик буд. Мардум барои аз ҳалокат наҷот ёфтан аз зери тиру тӯп ва гуруснагӣ талош менамуданд. Қисме аз ҳамватанони мо Тоҷикистонро тарк намуданд. Фазо пурғубор, пурпечутоб ва ноумедкунанда буд. Дере нагузашта фазои кишвар мусаффо шуд, умед дар дили тоҷик ҷо шуд, иттиҳоди деринтизор дарро кӯфт ва афсонаи Роғун ба воқеият табдил ёфт. Дар саргаҳи ин иттиҳод ва ҳақиқат Роҳбари ҷавон, вале ҷасуру ҷонфидо, Сарвари кордон, шахси наҷотбахши миллат, ватандӯсту ғамхори миллат ва нафари кордону қавиирода, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд, ки миллати парокандаро сарҷамъ ва ба рушду тараққиёти Тоҷикистон оғоз бахшиданд.
РОҲИ ПУРШЕБУ ФАРОЗИ НБО «РОҒУН»
Модоме ки 93 дарсади Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, пас сохтмони НБО «Роғун» дар мавзее амалӣ мегардад, ки дар оғӯши кӯҳҳои осмонбӯс қарор дорад. Шикофтани қалби кӯҳ, сохтани нақбҳо ва дигар корҳои зеризаминӣ дар Неругоҳ аз қисматҳои асосии кор ба шумор меравад. Имсол расо 18 сол мешавад, ки «ҷанги таҳамтан»-и кормандони НБО «Роғун» барои расидан ба истиқлолияти энергетикии комили кишвар бо кӯҳҳои сарбафалак идома дорад. Онҳо қадам ба қадам корҳои сохтмониро дар ин иншооти бузург ба анҷом расонда, роҳи дуру дароз ва пурхавфу хатареро тай менамоянд, вале дар ин роҳ дилшикастагӣ ва хастагиро намеписанданд, балки устуворона ба пеш мераванд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо неруи хосса ва иродаи қавӣ сохтмони НБО «Роғун»-ро ба роҳ монданд, балки ба дили мардум умед, ба танашон қувват бахшиданд ва мардуми кишварро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд, ки мо, тоҷикон, миллати мутамаддину ободкорем. Бинобар ин, рафти корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» таҳти назорати пайвастаи Ҳукумати кишвар, махсусан Пешвои миллат қарор дорад.
Шуруъ аз оғози расмии корҳои сохтмони НБО «Роғун» 26-уми сентябри соли 2005 то имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 13 маротиба бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» сафарҳои корӣ анҷом додаанд, ки он аз як то ду рӯзро дар бар гирифта, муҳим будани ин сохтмонро барои ҳамватанонамон исбот менамояд. Бо ҳамин мазмун дар суханронии худ Пешвои миллат дар рӯзи оғози расмии сохтмони НБО «Роғун» (26.09.2005) таъкид намуданд: «…ин иншооти азими стратегӣ ҷаҳиши бузурге дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон буда, дар ин кор саҳми арзандаи Тоҷикистону Россия дар наҷоти баҳри Арал хоҳад буд, ки аҳамияти муҳими минтақавӣ дорад». Хусусияти дигари НБО «Роғун» дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои байналмилалии Президенти кишвар дар самти истифодаи самараноки захираҳои обӣ, ҳифзи пиряхҳо ва аз ифлосшавӣ эмин доштани экология мебошад.
Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар силсилаи неругоҳҳои рӯди Вахш аз боло нуҳум буда, дар минтақаи 110 километр дуртар аз пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Неругоҳ аз 6 чарх иборат хоҳад буд, ки қудрати ҳар кадом 600-мегаваттиро ташкил медиҳад. Сарбанди Неругоҳи «Роғун» бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ (гиливу сангӣ) дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, бо иқтидори 3600 мегаватт (беш аз 17 миллиард киловатт - соат) калонтарин неругоҳи барқи обӣ дар минтақа хоҳад буд, ки ин рақам нисбат ба иқтидори истеҳсолии Неругоҳи барқи обии «Норак» яку ним баробар зиёд мебошад.
Сафари расмии навбатии Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба НБО «Роғун» 10-уми августи соли ҷорӣ рост омад, ки ба хотири шиносоӣ аз вазъи корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳ ҷараён гирифт. Пешвои миллат дар суханронияшон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун» перомуни масъалаҳои муҳими корҳои сохтмонӣ фикру мулоҳизаҳояшонро баён дошта, чун мутахассис таҳлилу баррасӣ намуданд, ки хеле ҷолиб буд. Ҳамчунин, дар охири суханронияшон Пешвои миллат дар 15 бахш ба масъулон, сохтмончиёну кормандони НБО «Роғун» пешниҳод ва супоришҳо доданд, ки барои ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ будани корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳ мусоидат менамоянд.
ҚАҲРАМОНОНИ НБО «РОҒУН»
Шукӯҳу шаҳомат ва хизмати содиқонаи ҳар як корманди НБО «Роғун»-ро бояд дид. Ба ин хотир, 19-уми августи соли ҷорӣ бо ташаббуси ректори ДМТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, Хушвахтзода Қобилҷони Хушвахт устодону кормандони ДМТ (170 нафар) ба тамошои НБО «Роғун» сафарбар гардиданд, ки бо таассуроти зиёду хотирмоне аз он ҷо баргаштанд. Дар даромадгоҳи НБО «Роғун» либоси махсус (камзӯл ва сарпӯши бехатарӣ) ба бар намуда, ба майдони корзор равон шудем.
Як нақб ба нақби дигар моро чун зинаҳо ба кӯҳ баландтар мебурд ва бароямон роҳбалад, мутахассис Қурбонназар Давронов майдонҳои сохтмониро шарҳ дода, ба саволҳои сершумори мо бо ифтихор ҷавоб медод. Бо ҳамин тартиб, аз панҷ нақб гузашта, қариб ба қуллаи кӯҳ расидем. Нуқтае, ки мо аз он ба гирду атроф назар менамудем, қариб 300-350 метр аз замин баланд буда, худро дар оғӯши кӯҳҳо дарёфтем. Дар тарафи чап мошинҳои дар ҷӯшу хурӯш қарордошта ва кормандони чун мӯр заҳматкаши Неругоҳ намуддор буданд. Дар тарафи рост оби рӯди Вахш ҷорӣ буд, ки ба ишораи роҳбалад сатҳи об бояд то боло (ҷойе, ки мо қарор доштем- 300-350 метр) барояд. Дар рӯ ба рӯ манзараи дигаре диққатро зиёд ҷалб менамуд, ки ба хатҳои кӯтоҳи шикаста (ба таври зигзаг)-и тани кӯҳ монанд буд. Бодиққаттар ба он таваҷҷуҳ намуда, пурсон шудем ва бароямон маълум гашт, ки ин хатҳои шикаста роҳест ба воситаи нақлиёт кормандони Неругоҳ рафтуомад менамоянд. Аз як тараф хавфнок будани роҳ касро ба фикр фурӯ барад, аз ҷониби дигар қаҳрамонии ҳар корманди Неругоҳ ифтихор мебахшид.
Муъҷизаҳое, ки дасти одамизод дар ин корзор ба вуҷуд меоранд бо муъҷизаҳои табиат қувваозмоӣ менамоянд. Қувваи бозуи фарзанди миллати тоҷик, ки барои кандани нақб, сохтани тамаддуни зеризаминӣ ва ободии диёр сафарбар гардидааст, ба шоҳкориҳои зиёд қодир аст. Дар корзори сохтмони НБО «Роғун» сафи ҷавонмардони баномус кам нестанд. Ному насаби ҳар корманди НБО «Роғун» бо хатҳои заррин дар саҳфаи таърих сабт хоҳад шуд!
Наргис УСМОНОВА, мудири кафедраи матбуоти ДМТ
Санаи нашр: 22.09.2023 №: 190