«ДУОИ МОДАР». ШУКӮҲИ ОЗМУНИ «ҶУМҲУРИЯТ» ВА ВИЛОЯТИ СУҒД ДАР ҚАСРИ АРБОБ
Маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар пайравӣ аз арҷгузориҳои камназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Зан – Модар ва бо ин роҳ, тақвияти ҳисси ватанпарастии насли ҷавон ва тарбияи онҳо дар руҳияи дӯст доштани Модар – Ватан таҳти унвони «Дуои модар» баргузор гардид.
Дар чорабинии бошукӯҳ, ки дар Қасри маданияти Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузашт, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Муҳиддин Пайшанбезода, ғолибони озмун аз дохилу хориҷ ва собиқадорони ҷамъиятиву давлатӣ Рафиқа Мӯсоева, Гулафзо Савриддинова, Адолат Раҳмонова, Биҳоҷал Раҳимова, Кароматулло Олимов ва Камол Насрулло иштирок ва суханронӣ карданд.
Меҳмонон, нахуст ба шаҳри Бӯстон сафар карда, зери пайкараи «Дуои модар» дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд гулчанбар гузоштанд. Аз бузургиҳо ва меҳру муҳаббати бепоёни ин олиҳа ёд карданд. Қасри маданияти Арбобро, кохе, ки ба таърихи дирӯзу имрӯз, бавижа давлатдории навини мо, пайванд аст, тамошо намуданд.
Муовини аввали Раиси Маҷлиси миллӣ, раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода меҳмононро хайрамақдам гуфта, аз ҷумла баён дошт: «Ҷамъ омадани шумо – азизон, дар Қасри Арбоб бисёр рамзист. Аз як тараф, ёд кардани хидматҳои бедареғи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давлатдории навини тоҷикон ва аз тарафи дигар, руҷуи дубора ба таърих аст, ки ҳамеша моро барои ояндасозӣ даъват мекунад».
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва тарғиби эҳсоси эҳтиром ба Модар-Ватан корҳои шоиста анҷом доданд. Давоми 32 сол мақоми Зан-Модар батадриҷ баланд шуд ва дар корҳои роҳбарӣ низ садҳо бонувони донишманду кордон пешбарӣ шуданд.
Дар Озмуни мазкур, ки аз 5-уми октябри соли 2022 то 25-уми августи соли 2023 идома дошт, беш аз 500 матлаб дар қолаби публитсистика ва назм ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» ворид гардид. Аз ин шумора, 200 матлаб аз осори шоирону нависандагони халқӣ, адибон, журналистон, омӯзгорон ва мутахассисони соҳаҳои гуногун ба табъ расиданд. Дар ин Озмун намояндагони кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла Ӯзбекистон, Афғонистон низ аз рӯи муҳаббате, ки ба Модар – олиҳаи ҳаёт доранд, ширкат варзиданд.
Чун Озмун бахшида ба 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, аз шумораи умумии маводи чопшуда, рамзан муаллифони 32 матлаб сазовори ҷоиза ва мукофот дониста шуданд. Таваҷҷуҳ ва иштироки қаламкашони номвари тоҷик Абдулҳамид Самад, Аҳмадҷон Раҳматзод, Ҳақназар Ғоиб, Фарзона, Камол Насрулло, Саидаҳмади Зардон, Ҳасани Султон, Рӯдобаи Мукаррам, Давлати Раҳмониён, дӯстону ҳамзабонони мо аз Ӯзбекистон Ҷаъфар Муҳаммад, Саодат Бекназарова, аз Афғонистон Яъқуби Ясно, Аҳмадзоҳир Ҷаҳиш ва Умари Хомӯш далели бузургии модар ва шукӯҳи Озмун аст.
Басе рамзист, ки Озмун дар доираи Ҷашни муқаддаси миллӣ 32-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид. Он дар як муддати кӯтоҳ ба ҳамоиши таърихӣ ва дӯстиву ҳамгироӣ табдил ёфт. Маҳз меҳри бепоёни муаллифон ба Модар – сарчашмаи меҳрубонӣ, Озмуни ҷумҳуриявии «Дуои модар»-ро рангину руҳафзо намуд. Аз мақолаҳои хубу хонданӣ ва ашъори ба сарнавишти модар рабтдошта ошкор шуд, ки дар ҷомеаи мо дар сад соли охир бонувони бузургу донишманд давлатсозӣ карданд ва дар илму маърифат, сиёсату иқтисод, иҷтимоъ ва фарҳанг болафшониву дилфишониҳо доштанд. Имрӯз ҳам занони шуҷоъ, ҷавондухтарони донишёру зирак ва забондон миллати моро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд.
Бо хулоса ва таҳлилу баррасиҳои доварони Озмун дар ду номина: назм ва публитсистика Давлати Раҳмониён, Матлубаи Ёрмирзо, Файзи Ашӯр, Шаҳобиддини Ҳақназар, Шодихони Назар, Шаҳриёр Олимӣ, Дилором Солибоева, Лашкар Шарифзода, Ҷовиди Аштӣ, Анисаи Маннон бо ҷойҳои ифтихорӣ, Ҳасани Султон, Лайло Чоршанбезода, Бузургмеҳри Баҳодур, Адибаи Ҳабиб, Фирӯзи Алишер, Ситора Ашӯрова бо ҷойи сеюм, Ҷаъфар Муҳаммад (Ӯзбекистон), Рӯдобаи Мукаррам, Муҳаммадуллоҳи Табарӣ, Гулсара Авазова бо ҷойи дувум, Саодат Бекназарова (корманди рӯзномаи таърихии “Овози тоҷик” аз Тошкент), Фарзона, Аҳмадҷон Раҳматзод, Абдулқодири Раҳим бо дипломҳои махсуси муассисон, Ҳақназар Ғоиб дар назм, Саидаҳмади Зардон дар публитсистика ҷойи якум, Абдулҳамид Самад соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Дуои модар» шуданд.
Ҳамчунин, ҳайкалтароши номвар, муаллифи муҷассамаи зебои “Дуои модар” дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Ғафурҷон Ҷӯраев бо туҳфаи махсус қадр гардид.
Ёдовар шудан бамаврид аст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Дуои модар» шашуним озмуни вилояти Суғд аст, ки якҷо бо рӯзномаи «Ҷумҳурият» баргузор ва ҷамъбаст мешавад. Аз ҷумла, гиромидошти қаҳрамонҳои Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров дар ноҳияҳои Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров, озмун бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Панҷакент ва озмуни «Беҳтарин шеъри бачагона» дар доираи рушди адабиёти кӯдак дар шаҳри Хуҷанд намунаи шоистаи ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо аҳли қалам аст. Ҳамчунин, нашри китобҳои «Забон ва ҳувияти миллӣ», «Бобоҷон Ғафуров ва шинохти тоҷикон» самараи озмунҳои якҷояи мост, ки барои равшаннамоии бештари матбуот, таърих ва адабиёт хизмат мекунанд.
– Озмунҳои рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо шаҳру навоҳии гуногуни мамлакат давоми ҳафт сол дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тарбияи насли ояндасози миллат дар роҳи худшиносиву худогоҳӣ ва ташаккули ҳисси ватандӯстиву фарҳангпарварӣ дар замири онҳо роҳандозӣ шуда, ибтикори ибратбахш барои нашрияҳои дигар аст, – гуфт Абдулҳамид Самад, барандаи Шоҳҷоиза.
Дар маҷмуъ, рӯзномаи “Ҷумҳурият” бо ҳамкориву ҳамдастии шаҳру навоҳии кишвар ёздаҳ озмун гузаронд, ки “Дуои модар” дувоздаҳумин аст.
Бино ба гуфтаи Кароматулло Олимов, махсусияти дигари озмунҳо, ки аз анҷоми як рисолати бузурги миллӣ паём мерасонанд, ихтисос ёфтани онҳоро ба чеҳраҳои мондагори миллӣ, арбобони давлативу ҷамъиятӣ ва муҳимтар аз ҳама қаҳрамонони Тоҷикистон ба шумор мераванд. То кунун озмунҳое, ки ба қаҳрамонони миллат Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Мирзо Турсунзода ва Эмомалӣ Раҳмон бахшида шуданд, миёни ҷомеаи кишвар сидқу муҳаббати хосро нисбат ба ин фарзонагон бедор намуданд, то аксар қалам ба даст гирифтаву эҳсоси садоқати хешро ба Ватан тавассути шинохти корномаҳои ин бузургон тасвиру тафсир кунанд.
– Бо арҷгузорӣ ба хидматҳои шоёни фарзонафарзандони миллат дар роҳи расидан ба истиқлоли давлатӣ ва тараннуми ваҳдати миллӣ мо дар Суғди бостонӣ, зодгоҳи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, дар хиттае, ки Қаҳрамони Тоҷикистон, абармарди таъриху тамаддун Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чун роҳбари ояндаи мамлакат баргузида будем, ҷамъ омадем, ки бисёр рамзӣ аст. Чунин ҳамоишҳои фарҳангӣ самараи сиёсати созандаи Сарвари давлат ва ваҳдату оромист, – изҳор дошт Дилшод Раҳмон, ректори ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз меҳмонони вижаи озмун буд.
Воқеан ҳам, дар чанд соли охир мушоҳида мешавад, ки сатҳи баргузорӣ ва доираи мавзуи озмунҳои “Ҷумҳурият” тавсеа ёфтаву ҷолибу рангин мегардад ва ширкати фаъоли ҷомеаи кишвар дар онҳо дида мешавад. Бегумон, чунин тадбирҳои роҳбарияти рӯзномаи “Ҷумҳурият” ҳамагонро сӯи ваҳдату ҳамдиливу ҳамраъйӣ, дӯст доштани Ватан, расидан ба қадри неъмати бузурги истиқлол мехонанд.
Ҷаъфар Муҳаммад, устоди Донишгоҳи ховаршиносии Ӯзбекистон, узви Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон таассуроташро чунин баён дошт: “Дар ин маҳфили бошукӯҳ, ки дар Хуҷанди нозанин дар оғӯш ва суҳбати ҳаммиллату ҳамзабонон гузашт, бори дигар собит гардид, ки маҳз сухан аз модар – фариштаи рӯи Замин моро ба ҳам меорад, мисли он ки то зинда будан дар оила фарзандонро зуд-зуд сари як дастархон ҷамъ меоварад. Озмуни ҷумҳуриявии «Дуои модар»-ро метавон ба озмуни байналмилалӣ табдил дод, зеро модар барои ҳамаи миллатҳо яксон азиз аст, бавижа барои тоҷикони дунё. Бигзор, модарро бо забонҳои дигар, аз ҷумла ба забони ӯзбекӣ низ тавсиф кунанд, дар ҷаридаҳои Тоҷикистон чоп шаванд, ашъори шоирони тоҷик дар Ӯзбекистон интишор ёбанд ва дар партави меҳри ӯ сулҳу баҳамоиро ривоҷ диҳанд”.
Камол Насрулло аз ҳамбастагии хонанда ва рӯзнома гуфт: "Имрӯз иқдомҳои рӯзномаи “Ҷумҳурият” бо сармуҳарририи Қурбоналӣ Раҳмонзода омӯзанда ва боиси пайравист. Рӯзнома ва ҳайати эҷодии онро бо хонандагонаш рӯ ба рӯ кардан ва рӯзномаро ба дасти онҳо расондан, аз мақолаву матлабҳои чопшуда рӯйи кор овардани китобҳои хубу хонданӣ, дар ҳақиқат, кирои сутудан аст".
Баррасӣ ва натиҷагирии маҳсули эҷоди аҳли қалам муайян намуд, ки созмондиҳандагони Озмун дар иҷрои ҳадафҳои худ муваффақ гардиданд. Шартҳои Озмун муаллифони моро водор намуданд, ки зимни иншои матолиби хеш вобаста ба паҳлуҳои гуногуни фаъолияти сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва ватандӯстонаи бонувони муваффақи миллат ба мадракҳои нав даст ёбанд, ки онҳо дар омӯхтани ҷаҳони ботинии Зан-Модар ва ҷойгоҳи ӯ дар бунёди ҷомеаи навин ҳамчун сарчашма хидмат хоҳанд кард.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”
Душанбе – Хуҷанд – Душанбе
Суратгир Комрон САФАР