ШОМИ ШАНБЕ
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
ЧАЙНВОРДИ ИДОНА
1.Сармаршали Тоҷикистон. 2. Раҳоӣ, халосӣ. 3. Корнамоӣ. 4. Достони М. Қаноат. 5. Озмуни Нашрияи «Ҷумҳурият». 6. Яке аз барномаи фарҳангии ТВ «Шаҳнавоз». 7. Тартибу … . 8. Азиз, нек. 9. Сулҳу … . 10 муродифи калимаи таслим. 11. Фарҳанг дар ҳарбӣ. 12 Сайёраи осмонӣ. 13. Ҳайвони хонагии ҷангӣ. 14. Унвони ҳарбӣ. 15. Мутахассиси соҳаи кайҳонӣ. 16. Моддаи тарканда. 17. Пизишк, духтур. 18. Ҳофизи номӣ Саидқул …. 19. Хизмат ба … қарз аст. 20. Нашрияи давлатӣ. 21. Унвони илмӣ. 22. Паранда, 23. Асбоби мусиқӣ. 24. Навъи варзиш. 25. Нангу … . 26. Китоби Ф. Ниёзӣ. 27. Панду … . 28. Нақлиёти ҳарбӣ. 29. Адиб, Урун. 30. Машғулият. 31. Як навъи гӯштигирӣ. 32. Ҳусни инсон. 33. Нишони миллӣ. 34. Нақлиёти обӣ. 35. Маҳсулоти чорво. 36. Асбоби хӯрокхӯрӣ. 37. Нишонаи инсон. 38. Саросема. 39. Ҷамъи хизматчиёни ҳарбӣ. 40. Унвони ҳарбӣ – баҳрӣ. 41. Ҷойи гузарондани машқи ҳарбӣ дар Тоҷикистон. 42. Сурат. 43. Набард. 44. Яке аз соҳаҳои иқтисодиёт – бақои давлат. 45. Ранг. 46. Малака, ҳунар. 47. Дарахти ҳосилдеҳ. 48. Ноҳия. 49. Суруди машҳури ҳарбиён. 50. Асбоб барои чашм, 51. Як қисми фанни физика. 52. Киштии номии соли 1917. 53. Ҳунарманди шодравон … Абдуллоев. 54. Жанри адабӣ, 55. Хоҳиши ба хизмат рафтан. 56. Матоъ. 57. Сараъзои ҷумла. 58. Уқёнус. 59. Дил, ошиқ, меҳр. 60. Рушд, пешрафт. 61. Машқу … . 62. Шоҳи фанҳо. 63. Маркази Туркманистон. 64. Узви инсон. 65. Хӯрдании ширинӣ. Маҳсулоти полезӣ.
Таҳияи Муҳаммадюсуф ИСМОИЛОВ,
сокини ноҳияи Ашт
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
ОДАМИЯТИ
ДУ ҲАМШИРАИ ШАФҚАТ ДАР ТУРКИЯ
Баъд аз заминларзаи шадид дар Туркияву Сурия шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз хабару наворҳои гуногун шудаанд. Ба ҷуз аз хайрхоҳии мардумони дунё, ҳамчунин, сафи онҳое ҳам кам нестанд, ки аз ин фоҷиа мазҳака сохта, ҳатто зару зевари фавтидагонро медузданд.
Дар ин баробар, як навор аз таваллудгоҳи Гозиантепи Туркия дилҳоро ба ларза меоварад. Дар ҷараёни зилзила дар кушода мешаваду ду ҳамшираи шафқат сӯи шишаҳое метозанд, ки кӯдакони навзодро барои эҳё он ҷо гузоштаанд. Замин ҳамоно меларзад ва онҳо шишаҳои тиббиро бо ду даст дошта меистанд. Ин манзара моро умедвор мекунад, ки одамгарӣ ҳанӯз ҳам аз байн нарафтааст. Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
ТОҶИКЕ, КИ 1 МИЛЛИОН ДОЛЛАР БУРД КАРД
Як шаҳрванди Тоҷикистон дар лотереяи Duty Free Millennium Millionaire дар Фурудгоҳи байналмилалии Дубай як миллион доллари амрикоӣ бурд. Дар ин бора хабаргузории “Sputnik Тоҷикистон” ба дафтари матбуоти бандари ҳавоӣ хабар дод.
Ба иттилои ин ниҳод, рӯзи 1 феврал як зодаи Тоҷикистон дар бозии навбатии 413-уми лотереяи машҳури арабӣ, ки дар терминали дуюми Фурудгоҳи байналмилалии Дубай баргузор шуд, бурд кард. Номи ин хушбахт Абдувалӣ Аҳмадалии 31-сола, зодаи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд аст. Аз соли 2007 Абдувалӣ дар Дубай умр ба сар мебарад. Вай аз рӯи ихтисос барномасоз-иқтисодчӣ буда, дар caromoto.com кор мекунад.
Забонҳои русӣ, англисӣ, арабӣ, ҳиндӣ, туркӣ ва ӯзбекиро медонад.
Вай чиптаи бурднок № 4,226-ро рӯзи 16 январ онлайн харид.
Лотереяи болозикри Дубай аз соли 1999 фаъолият мекунад. То кунун намояндагони 49 кишвари ҷаҳон ҷоизаи асосиро ба даст овардаанд.
Таҳияи М. ОДИНАЕВА
АЗ ҲАР ГӮША ЯК ХӮША
АЗ ЗАРБАИ МУҲАММАД АЛӢ ТО ИФТИХОРИ АЛЕКСАНДР ПУШКИН
5. Забони русӣ дар ИМА аз ҷиҳати истифода ҷойи даҳумро ишғол мекунад.
6. Дар забони русӣ қисми зиёди калимаҳое, ки бо ҳарфи «ф» оғоз мешаванд, иқтибосианд. Шоири бузурги рус Александр Сергеевич Пушкин аз он ифтихор дошт, ки дар асараш «Қиссаи шоҳ Султон» бо ин ҳарф ҳамагӣ як калима (флот) – ро ба кор бурдааст.
7. Нахустин президентзан Мария Эстела Мартинес де Перон аз Аргентина мебошад.
Таҳияи Кароматулло АТО
РУБРИКАИ НАВ!
ЗИМИСТОНИ АФСОНАВӢ
Шабнам, ях ва барф гоҳо муъҷизаҳоеанд, ки намои афсонавиро ба миён меоранд. Тамошои бориши барф таскинбахш асту ҳаловати тасвирношудание дорад. Барои бачагон зимистон аёми барфбозӣ, ҷашни солинавӣ, бобои барфӣ сохтан, яхмолакбозӣ аст, ки дар хотири худ то ба пирӣ ёддошт мешавад. Лек дар баъзе кишварҳо зимистони хунук вуҷуд надорад. Масалан, сокинони кишварҳои тропикӣ орзу доранд боре ҳам зимистони зеборо бубинанд, ба сӯйи якдигар барф ҳаво дода, дар рӯйи ях бозӣ кунанд.
Ба ин хотир, ба хонандаи рӯзнома маконҳоеро дар ҷаҳон пешниҳод мекунем, ки зимистони афсонавӣ доранд.
1. ХОРВАТИЯ. ЗАГРЕБ ВА БАҲРИ ПЛИТВИТСК
Дар шаҳрҳои Хорватия ороишҳои солинавӣ аксар вақт дар ҳамсоягӣ бо алафҳои сабз ба назар мерасанд. Ин ороишот гоҳо аз Офтоби дурахшон равшан мешаванд. Аммо дар ин фасли сол ба боғҳои миллии табиӣ рафтан лозим аст, то худро дар як салтанати воқеии зимистонаи ҷолиб ҳис кунед.
Дар фасли зимистон ташрифи сайёҳон ба Хорватия қариб ба сифр баробар мешавад ва кӯлҳои машҳури Плитвитск холӣ мешаванд. Сабаби асосӣ барои омадан ба ин ҷо дар ин фасли сол, аз шаршараҳои комилан яхкарда ва дар танҳоӣ лаззат бурдан аз зебоии табиат аст.
Таҳияи Кароматулло АТО
РУБРИКАИ НАВ! АЗ ОЛАМИ МӮД
Имрӯз, мӯд як падидаи воқеӣ аст. Шахс бояд ба мақоми муайяни иҷтимоӣ мувофиқат кунад ва маҳз мӯд барои дуруст паймоиш намудан дар эҷоди услуби худ ёрӣ мерасонад. Дар айни замон мӯд гуногун аст: барои либос, ороиш, китобҳо, ороиши мӯй ва ғайраҳо. Инчунин, мафҳумҳо ҳастанд, ба монанди кори мӯд, меъмории мӯд, умуман, барои ҳама чиз мӯд ҳаст. Мӯд низ баргаштанро дӯст медорад. Он чизе, ки 30 сол пеш мӯд буд, фардо метавонад мӯд шавад.
КОКО ШАНЕЛ
Габриэл Бонер Шанел 19 августи соли 1883 дар шаҳри Сомури Фаронса ба дунё омадааст. Вақте ки Габриэл дувоздаҳсола буд, модараш аз нафастангӣ аз олам даргузашт ва падари духтарон онҳоро ба ятимхонаи католикӣ супурд.
Дар паноҳгоҳ Коко дӯзандагиро ёд гирифт ва дар синни 18-солагӣ онро тарк карда, дар сехи трикотаж ба ҳайси ёрдамчӣ ба кор даромад. Габриэл орзуи сароянда шуданро низ дошт. Бегоҳиҳо вай дар толори консерт барои афсарон суруд мехонд, ки дар он ҷо барои сурудани суруди шӯхии Qui qu'a vu Coco тахаллуси Коко гирифтааст. Аввалин асари Шанел – кулоҳҳои минималистӣ дили мӯддорони Парижро ба даст овард.
Соли 1921 вай атри машҳури «Chanel No5»-ро баровард.
Дар соли 1931, Шанел ба Ҳолливуд рафт, то ситораҳои бузургтарини синаморо ороиш диҳад. Пас аз 20 сол, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ӯро ҳамчун бонуфузтарин тарроҳи асри 20 эътироф кард.
10 январи соли 1971 Габриэл дар синни 87-солагӣ дар Париж аз сактаи қалб даргузашт.
Таҳияи М. ОДИНАЕВА
ҲОДИСАИ ТААҶҶУББАРАНГЕЗ
Зан назди харобаҳои зилзилаи Туркия омад ва ба наҷотдиҳандагон гуфт, ки экскаваторро аз кор боз доранд. Баъд бо ангушташ ҷоеро нишон дод ва гуфт, ки фарзандонам дар ин ҷо зери харобаанд.
Наҷотдиҳандагон тааҷҷуб карданд, вақте фарзандони ӯро аз он нуқтаи нишондодааш пайдо намуданд. Аммо тааҷҷубовартар барояшон он буд, ки дар ин вақт зан нопадид гашт ва аз ӯ ҳеҷ нишоне пайдо нанамуданд. Бо изҳори қазия фарзанди 13-солааш гуфт, ки модарашон 4 сол пеш аз олам даргузашта буд.
Китобати Абдулқодири РАҲИМ
ХАЙРИ ҒАЙРИОДӢ
Ҳунарпешаи маъруфи Ҳиндус-тон Амир Хон хайри ғайриодӣ кард. Эълон дод, ки ҳар кас метавонад омада, аз хонаи ӯ 1 килограмм орд ройгон гирад. Бисёриҳо барои гирифтани «хайри ночиз» наомаданд. Аммо ҳар касе, ки онро гирифт, дар халтаи орд 15 ҳазор рупияи ҳиндӣ дарёфт.
Дар натиҷа, ин ҳунарпеша бо истифода аз зиракии худ ҳақро ба ҳақдор расонд.
Таҳияи Дилноза ҲУКМАТУЛЛОЕВА
5 ТАМОЮЛИ АСОСИИ САЙЁҲӢ ДАР СОЛИ 2023
2. ТАҶРИБАИ ФАРҲАНГӢ
Шумораи бештари сайёҳон дар сафарҳои соли 2023-и худ мехоҳанд бо фарҳангҳо ва таассуроти нав шинос шаванд. Ба ҷойи он ки дар осоишгоҳ бо системаи "ҳама таъмин" истироҳат намоянд, мехоҳанд, ки дар сафари минбаъда онҳоро аз фазои роҳат бароранд. Дар ҳамин ҳол, бисёриҳо ният доранд, то бо фарҳангҳои нав, хӯрокҳои болаззат ва забонҳои нав ошноӣ пайдо намоянд ва ҳамзамон, ба ҷойҳои қадршиносӣ ношуда дар тамоми ҷаҳон ба сафар раванд.
Таҳияи Шаҳноз ҚУРБОН
АЗ САБАҚҲОИ ЗИЛЗИЛА
Турке достони зиндагиро хулоса кардааст:
- «Чанд рӯз қабл соҳибхона маро аз хонааш, ки иҷора менишастам пеш кард, зеро моҳонаи иҷораро баланд кард ва ман тавони пардохти он маблағро надоштам.
Баъди гузашти чанд рӯзе зилзила рух дод.
Ҳоло ману соҳибхона дар як хайма назди як оташ гарм шуда истодаем».
Андеша бояд кард.
Таҳияи ШОҲОНА
ҚАБИЛАИ ТУАРЕГҲО
Туарегҳо – мардумони кабуди биёбон, ягона халқеанд, ки дар онҳо модаршоҳӣ ҳукмрон аст. Сабаби мардуми кабуд ном гирифтанашон дар он аст, ки бештар либосҳои кабуд ба бар мекунанд ва бинобар ин, пӯсташон тадриҷан ба ранги кабуд мубаддал гаштааст.
Туарегҳо дорои расму оини аҷибанд. Мардҳо вазифадоранд, ки симояшонро пинҳон намоянд. Ҳангоми ба балоғат расиданашон аз падар шамшери тез ва болопӯш барои печондани рӯй соҳиб мешаванд. Мардҳои ин қабила танҳо дар назди ҳамсар ё маъшуқа иҷозати кушодани рӯйро доранд. Агар касе чеҳраи туарегро бинад, бояд ӯро ва ё худро ба қатл расонад. Барои занҳо бошад, имкониятҳои фарроху ҳуқуқу озодиҳои бешумор фароҳам оварда шудаанд. Онҳо ҳуқуқи доштани як чанд шавҳарро доранд. Тамоми молу боигарӣ аз они занҳо ба шумор рафта, дар ҳолати талоқ зан бо табъу завқи худ дороиро тақсим мекунад. Айни замон бисёре аз онҳо пайрави дини ислом мебошанд ва анъанаву урфу одатҳояшонро ками дар кам иҷро менамоянд. Гурӯҳҳои калонтарини ин қавм дар Алжири ҷанубӣ, шимоли Малӣ ва Нигерия зиндагӣ мекунанд.
Таҳияи Латифабону РУСТАМЗОДА
АНЪАНАИ АРӮСИИ ҚАБИЛАИ ИНИИ
Дар қабилаи Инии Гвинея одате ҳаст, ки домод бояд калонтарин ангушти дасташ (нарангушт)-ро бурида, ба арӯси зебояш пешкаш намояд, ҳатман бо табар ва ё асбоби хеле тезбуранда. Ин нишонаи ишқу муҳаббатро нисбат ба зан баён мекунад.
Дастархони шоми навхонадорон бояд аз хукҳои бирёншуда оро дода, шавад ва хешовандони домод шохи хукҳои ёбоиро ба бинии домод ва арӯс овезон мекунанд.
Дар сурати вафоти шавҳар зан бояд бо нишони садоқат ба шавҳари худ ангуштонашро бурад ва ангуштҳоро бо шавҳар якҷо дафн кунад.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО – ҲИФЗИ ҲАЁТ
КАШОЛАЯХ
Пиряхи ҷамъиятии географии Кашолаях, маъмул бо номи РГО дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Дарвоз ҷой гирифта, дар баландии 6 ҳазору 200 метр аз сатҳи баҳр доман паҳн кардааст. Пиряхи мазкур аз чанд қисмат иборат буда, қисми кушодаи он 14,4 километр ва масоҳати умумии қисми кушода – 58,4 километри квадратиро ташкил медиҳад.
Забонаи Кашолаях дар баландии 2580 метр аз сатҳи баҳр бисёр зебо ба назар мерасад. Дарозии пирях 24, 2 километр ва ҳаҷми ях дар он 4,04 километрро фаро гирифтааст. Дар давоми солҳо, албатта, ҳаҷми пирях коҳиш ёфта, то солҳои 1949 – 1950 ба миқдори 2,6 километр об шудааст. Ҳамчунин, даҳанаи пирях, ки дар қисмати чапи забонаи он ҷойгир аст, аз соли 2011 то соли 2020 ба андозаи 100 – 120 метр қафо рафт. Пас аз тадқиқоти Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ дар соли 2021 маълум шуд, ки забонаи Кашолаях нисбат ба соли 2020 якбора ба миқдори 1 – 1,5 метр қафо рафтааст, ки ин аз таназзулёбии пирях огоҳӣ медиҳад.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
АМАЛҲОИ ҲАЙРАТОВАР ДАР ВАРЗИШ
БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ
Чӣ хел аз се натиҷаи якхела ду кас қаҳрамони олимпӣ шуду як нафар не?
Мутаз Баршим (Қатар) ва Ҷианмарко Тамбери (Италия) дар риштаи ҷаҳидан ба баландӣ дар Бозиҳои олимпии Токио – 2020 ду медали тилло гирифтанд. Ин дар ҳолест, ки бояд як нафар қаҳрамони олимпӣ шавад. Ин нишондод ба онҳо чӣ тавр даст дод?
Ҳар ду варзишгар дар ҷаҳидан ба баландӣ натиҷаи якхела – 2,37 метр нишон медиҳанд. Барои гузоштани рекорди олимпӣ – 2,39 метр муваффақ нагаштанд. Аз ин рӯ, барои муайян намудани ғолиб намояндаи расмии кумитаи тадорукоти олимпиада хост, ки онҳо аз кӯшиши иловагӣ кор бигиранд. Аммо Баршим ғайриинтизор аз вай мепурсад, ки имкони гирифтани ду медали тилло ҳаст? Посух ҳам ғайриинтизори варзишгар ва мухлисон буд, – имкон дорад.
Ҳамин тавр, Мутаз ва Ҷианмарко дар як ришта чемпиони олимпӣ шуданд.
Ҷолиб ин аст, ки Максим Недосекови белорусӣ низ натиҷаи 2,37 метрро нишон дода буд. Аз сабабе, ки ӯ назар ба Мутаз ва Ҷианмарко бештар аз кӯшишҳои доштааш истифода намудааст, медали биринҷӣ гирифт.
Таҳияи Маҳмуд МИРЗОЁН
ЯК ТОРУ ЯК ЧАРХ
Боре Никколо Паганини ба консерташ дер карда, кирокашро хоҳиш менамояд, ки ӯро барад.
– То театр расидан чӣ қадар арзиш дорад?
– Даҳ франк, – ҷавоб медиҳад кирокаш.
– Шумо шӯхӣ мекунед? – ҳайрон шуда мепурсад Паганини, чунки кирокаш нархи даҳкаратаро номбар кард.
– Не, бе шӯхӣ. Шумо даҳ франкро барои танҳо дар як тор навохтан, дар консертатон аз ҳар шахс мегиред-ку.
– Майлаш, – ҷавоб медиҳад Паганини, – ман ба шумо даҳ франк медиҳам, фақат дар ҳолате ки маро бо як чарх ба театр бурда расонед.
Аз русӣ тарҷумаи Наргис АТОЕВА
Доротарин хайрхоҳони ҷаҳон
ҶОН РОКФЕЛЛЕР
АЗ КАМБИЗОАТӢ ТО МИЛЛИАРДДОРӢ
Ҷон Рокфеллери амрикоӣ, ки дороияш ба 318 миллиард доллар расида буд, аз ҷумлаи сарватмандони хайрхоҳи ҷаҳон ба шумор меравад. Миллиарддоре, ки 2 моҳ қабл аз 98-солагиаш даргузашт, дар оилаи камбизоат ба дунё омада, бо рақами сифр ба олами сармоядорӣ ворид шуд. Корро аз муҳосиби одӣ оғоз карда, нахуст, дар тиҷоратҳои хурд раҳ паймуд ва баъдан молики бузургтарин Ширкати нафтии ҷаҳон “Standard Oil” шуд. Ширкате, ки дар таърихи ИМА 90 дарсади бозори нафти коркардшударо зери инҳисори худ қарор дод.
Ҷон Рокфеллер дар баробари дигар эҳсонкориҳо 10 дарсади даромадашро мунтазам ба калисо хайр карда, то кунун фонди хайриявие бо номи ӯ амал мекунад.
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН
Санаи нашр: 17.02.2023 №: 38
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)