СУҒД. АЗ РУШДИ САНОАТ ТО ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОБОДОНӢ
Имсол мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла сокинони сарбаланди вилояти Суғд, Ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ, рушди бемайлонӣ иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва, албатта, бо орзуву ормонҳои неку хушбинӣ ба фардои дурахшони мамлакат истиқбол намуданд. Бошандагони вилоят барои амалисозии барномаҳои давлатӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ камари ҳиммат баста, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ садоқатмандона фаъолият намуда истодаанд.
Ташаббусҳои ватандӯстона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа дастгирии ҳаматарафа ёфта, корҳои ободонӣ дар авҷанд. То баргузории ин ҷашни бузурги миллӣ дар мамлакат, бавижа вилояти Суғд, садҳо иншооти нави истеҳсолӣ, муассисаҳои маориф, иҷтимоию фарҳангӣ ва садҳо километр роҳҳо, садҳо гектар боғу токзори нав бунёд мегарданд.
Маврид ба зикри хос аст, ки дар 5-6 соли охир дар вилояти Суғд тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба таври назаррас рушд намуда истодаанд. Мо инро зимни сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилоят, ки даҳҳо иншооти таъиноти истеҳсолӣ, маорифу тиб, фарҳангу варзиш, хизматрасонию маиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳанд, мушоҳида менамоем.
Бо мақсади вусъат бахшидан ба раванди гузариши иқтисодиёти кишвар аз модели аграрию саноатӣ ба саноатию аграрӣ ва аҳамияти назаррас доштани бахши саноат дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, соли 2018 аз ҷониби Сарвари давлат саноатикунонии босуръати мамлакат ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ ва стратегии давлат ва солҳои 2022-2026 – Солҳои рушди саноат эълон гардид. Ин иқдом дар назди аҳли заҳмати вилояти Суғд, ки яке аз калонтарин минтақаҳои саноатии мамлакат маҳсуб меёбад, вазифаҳои бузург гузошт. Дар иртибот ба ин, то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилоят 705 коргоҳу корхонаҳои нав бо 14,1 ҳазор ҷойи нави кор бунёд хоҳад шуд. То имрӯз 130 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо 2685 ҷойи кор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Бояд гуфт, ки соли гузашта бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ дар вилоят як қатор корхонаву коргоҳҳои нав, аз ҷумла корхонаи маъдантозакунии ҶСП “ТАЛКО Голд” (ноҳияи Айнӣ), корхонаи ҶДММ “Органик-Ян-2” (ноҳияи Ҷаббор Расулов), коргоҳи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ҶДММ “Хишти аълосифат”, корхонаи парандапарварӣ ва истеҳсоли тухми ҶДММ “Амина-К”, коркарди санги хоро ва мармари ҶДММ “Хорои Суғд”, коргоҳи истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорвои ҶДММ “Амина К”, корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ ва полиэтилении ҶДММ “Ориён Пак” (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) ва коргоҳи истеҳсолии “Хуҷанд-Могилёвлифтмаш”, коргоҳи пойафзолбарории ҶДММ “Базеб”, коргоҳи қаннодии ҶДММ “Баракат-Исфара”, корхонаи истеҳсолии коғазҳои рангаи ҶДММ “Дурахшон-Бӯстон”, коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон” (Бӯстон), корхонаи бисёрсоҳавии саноатии ҶДММ “Шарафи рӯз”, корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии ҶДММ «Нури Истаравшан», коргоҳи коркарди меваи хушки ҶСК “Конибодом”, фабрикаи парандапарварии ҶДММ “Конибодом-паранда” мавриди истифода қарор гирифтанд.
Бар пояи маълумоти масъулон, давоми нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба маблағи 12 миллиарду 106,2 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар мебошад.
Соҳаи кишоварзӣ, дар мамлакат яке аз муҳимтарин бахшҳо ба ҳисоб меравад. Рушди соҳаи кишоварзӣ дар вилоят барои таъмини амнияти озуқаворӣ, пешрафти соҳаҳои саноат, таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор, беҳтар гардидани шароити зиндагӣ, фаровонии дастархони мардум ва афзудани маҳсулоти содиротӣ, инчунин, муаррифии давлату миллат мусоидат менамояд. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сокинони вилоят ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода намуда, ду-се ҳосил ба даст меоранд. Гузашта аз ин, хоҷагиҳои кишоварзӣ зиёда аз 62 ҳазор гектар боғ бунёд кардаанд, ки наздикӣ 45 ҳазор гектараш ҳосилдеҳ мебошад.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар вилояти Суғд ба маблағи 4 миллиарду 201,3 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуд.
Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ корҳои сохтмонӣ вусъати тоза касб карда, симои шаҳру деҳоти кишвар бакуллӣ тағйир ёфта, биноҳои зебову баландошёна қомат афрохта, даҳҳо иншооти фарҳангиву иҷтимоӣ ва варзишӣ, ки бо меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошанд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар ҳамин замина, то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Суғд бунёди беш аз 12 ҳазор иншооти таъиноташон гуногун дар назар аст.
Итминони комил дорем, ки мардуми қавииродаи вилояти Суғд барои таҳкими дастовардҳои даврони истиқлоли давлатӣ минбаъд низ, саъю талош намуда, дар раванди бунёдкориву созандагӣ, пешрафт ва ободии Ватани маҳбубамон саҳми шоиста мегузоранд. Марҳалаи нави тараққиёти давлати ҷавони тоҷикон водор менамояд, ки барои расидан ба ҳадафҳои бузурги стратегӣ аҳлона амал намоем ва мамлакатамонро ба кишвари шукуфон табдил диҳем.
Ҷовиди АШТӢ,
“Ҷумҳурият”