ТОҶИКИСТОН. САҲМИ МАОРИФ ДАР РУШДИ БОСУБОТИ ҶОМЕА
Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат низоми маориф самти афзалиятдор эълон шуда, ба рушду инкишофи он таваҷҷуҳи хоссае зоҳир мешавад, ки ин боиси боз ҳам беҳтар шудани таълиму тарбияи насли наврас ва омода кардани афроди ояндасози кишвар мегардад. Агар ба рушди ин соҳаи ҳаётан муҳими иҷтимоӣ бо дидаи таҳқиқу таҳлил назар кунем, мебинем, ки тамоми раванди рушду инкишоф ва ташаккулу таҳаввули соҳаи маориф дар 32 соли тантанаи Истиқлоли давлатӣ бо сиёсати маорифпарварона ва хирадсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи ногусастанӣ дорад.
Ин шахсияти нотакрори таърихӣ яке аз муҳимтарин рукнҳои сиёсати давлатдории худро ба рушди соҳаи маориф, беҳтар гардондани вазъи муассисаҳои таълимӣ, беҳтарсозии сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва устувор гардондани мақоми омӯзгор дар ҷомеа равона сохтааст. Маҳз чунин дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбат ба ин соҳаи тақдирсоз буд, ки аҳли маорифи мамлакат дар атрофи сиёсати созандаву бунёдкорона ва маорифпарваронаи ӯ муттаҳид гардида, дар татбиқи афкору андешаҳои волову созандаи Пешвои миллати хеш саҳму нақши назарраси худро гузошта истодаанд.
Президенти мамлакат ҳамасола дар оғози соли хониш – якуми сентябр, Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, бо аҳли илму маорифи мамлакат ва хонандагону донишҷӯён мулоқот ороста, вазъи соҳа ва раванди таълиму тарбияро мавриди таҳлил қарор дода, дар ин росто, ба масъулон дастуру ҳидоятҳои тозаро ироа менамоянд. Ҳамзамон, Пешвои муаззами миллат дар тамоми сафарҳои кории худ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат, пеш аз ҳама, бо хонандагону омӯзгорон суҳбату мулоқотҳо доир карда, дар кушодани биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ шахсан иштирок карда, бо шароити муосир ва дар сатҳи талаботи маорифи ҷаҳонӣ сохтани биноҳои таълимиро аз омилҳои муҳими баланд бардоштани завқу хоҳиши хонандагон дар фаро гирифтани илму дониш мепиндорад.
Сарвари давлат ба моҳияти сулҳ ва раванди бунёди он дар кишвари мо таваҷҷуҳ карда, дар ин самт ба аҳли маорифи мамлакат, аз ҷумла омӯзгорон, ки дар таҳкими сулҳу субот ва тарғибу ташвиқи афкори сулҳпарваронаи Ҳукумати мамлакат саҳму нақши боризи худро гузоштаанд, изҳори сипос ва қаноатмандӣ намуданд: “Ман дар асоси таваҷҷуҳу эҳтироме, ки нисбат ба илму маориф ва мактабу омӯзгор дорам, иброз медорам, ки маҳз тавассути рушди босуботи соҳаи маориф, таҳкими заминаҳои он ва заҳмати содиқонаи омӯзгорон мо тавонистем, ки чеҳраи воқеии халқи тоҷикро дар замони муосир ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Яъне сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистонро аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ, пеш аз ҳама, аҳли маорифи кишвар ва устодону омӯзгорон содиқона ҷонибдорӣ карда, барои тарғибу ташвиқи сулҳу ваҳдат ва раванди рушди босубот саҳми назарраси худро гузоштанд ва гузошта истодаанд. Аз ин лиҳоз, ман ба кормандони соҳаи илму маориф ва устодону омӯзгорон сидқан миннатдориву сипос мегӯям”. Аз ин нуктаи ҳикматомези Пешвои муаззами миллат бармеояд, ки омӯзгорони кишвари мо дар раванди таълиму тарбия дар замири насли наврас моҳияти пос доштани амнияту оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ягонагии мардуми сарзаминро парвариданд. Маҳз заҳмати чунин дастгириҳо ва ҷонибдориҳои омӯзгорону зиёиёни равшанзамир аст, ки диёри мо орому осуда буда, дар олам ба ҳайси кишвари сулҳпарвару ваҳдатсаро шинохтаву пазируфта шудааст.
Роҳбари давлат зимни таҳлили ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъкид намуданд, ки барои ислоҳоти бомароми соҳа аз ҷониби Ҳукумати мамлакат 2 стратегияи дарозмуддат ва 8 барномаи давлатӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудааст. Аксарияти муҳаққиқон ва дастандаркорони соҳаи маорифи мамлакат бар он назаранд, ки дар сурати босамар иҷро гардидани ин санадҳо зиёда аз 80 дарсади ислоҳоти соҳаи маориф таъмин хоҳад гашт.
Зимни суханронӣ Пешвои муаззами миллат ба мазмуни таҳсилот, ки моҳияти асосии мақсад ва раванди таълиму тарбияро инъикос менамояд ва мутобиқ сохтани он ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, чунин таъкид намуданд: "Дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ моро зарур аст, ки барои такмили мазмуни таҳсилот, боз ҳам боло рафтани сатҳу сифати таълим, рушди имкониятҳои молиявию моддии соҳа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем".
Таҷдиди мазмуну мундариҷаи таҳсилот, ки ҳам ба милликунонии таҳсилот ва ҳам барои воридшавӣ ба фазои ҷаҳонии таҳсилот замина мегузорад, аз муҳимтарин чолишҳои замони муосир ба шумор меравад. Вобаста ба ин, стандарт, нақша ва барномаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот давра ба давра аз ҷониби Вазорати маориф ва илм таҷдиди назар шуда истодаанд.
Бо фароҳам сохтани шароити мусоид дар муассисаҳои таълимӣ таъмин ва баланд бардоштани сифати таҳсилот ва фарогирии дониш аз ҷониби хонандагон, такмили касбияти омӯзгорон ва беҳтар намудани мазмуни китобҳои дарсӣ аз муҳимтарин омилҳо ба шумор мераванд.
"Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълим Вазорати маориф ва илм вазифадор карда мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм ва Академияи таҳсилот то охири соли ҷорӣ лоиҳаи қарори Ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи миллии арзёбии сифати таҳсилот»-ро омода карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд". Таҳияи чунин санад барои дар сатҳи миллӣ таъмин намудани сифати таҳсилот ва арзёбии дониши хонандагон дар сатҳи миллию байналмилалӣ мусоидат карда метавонад.
Мушкилоти дигаре, ки аз ҷониби Сарвари давлат таъкид шуд, ин амалигардонии лоиҳаҳо дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар самти татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф ба шумор меравад. "Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қисме аз самтҳои ислоҳоти низоми маорифи мамлакат, ки бо дастгирии шарикони рушд тавассути барномаву лоиҳаҳо роҳандозӣ шудаанд, то охир амалӣ намегарданд, яъне бо анҷом ёфтани онҳо қатъ мегарданд. Ҳол он ки ҳадаф аз татбиқи барномаву лоиҳаҳо такмили мазмуни таҳсилот ва ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ мутобиқ сохтани он мебошад. Дар ин росто, Вазорати маориф ва илм, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати амалӣ намудани барномаву лоиҳаҳо ва татбиқи ислоҳоти соҳа омӯзишу таҳлилҳо гузаронда, доир ба самаранокии онҳо ба Ҳукумати мамлакат пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд". Тавре маълум аст, лоиҳаҳое, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд татбиқ мегарданд, барои як давраи муайян пешбинӣ мешаванд. Аз ин таъкиди Пешвои муаззами миллат бармеояд, ки бо анҷом ёфтани муҳлат фаъолият дар самти идомаи ҳамон ҳадафи лоиҳа қатъ мегардад. Ин мушкилотро мо дар самти татбиқи муносибати босалоҳият дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар зинаҳои таҳсилот мушоҳида карда метавонем, ки он ба таври зарурӣ татбиқи худро наёфтааст.
Бинобар ин, Президенти мамлакат ба сохторҳои соҳаи маориф супориш доданд, ки фаъолияти лоиҳаҳо дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, ки тавассути ташкилотҳо ва бонкҳои байналмилаливу ҷаҳонӣ сурат мегиранд, мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шаванд.
Дар маҷмуъ, ҳама дастуру ҳидоятҳое, ки Пешвои муаззами миллат зимни суханронӣ ва мулоқот бо аҳли маорифи мамлакат ва устодону омӯзгорон ироа карданд, барои рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, такмили мазмуни таҳсилот ва беҳтар гардидани ҳадафҳои таълиму тарбия, омода намудани насли бунёдкору ояндасози кишвар ва хештаншиносу ватандӯст мусоидат менамоянд.
Муҳаммаддовуд САЛОМИЁН, президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои филология, профессори ДМТ
Санаи нашр: 29.09.2023 №: 194