ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУТТАҲИДӢ БА ХОТИРИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

МУТТАҲИДӢ БА ХОТИРИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО

21 феврал 2023, Сешанбе
243
0
Масъалаи обшавии пиряхҳо аз таъсири тағйирёбии иқлим имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Ҳар рӯз дар ҷаҳон дар ҳаҷми беш аз 1 миллион тонна ях об мешавад. Барои муқоиса, пиряхи бузурге, ки аз бархӯрд бо он киштии Титаник ғарқ шуда буд, акнун ҳамагӣ 75 ҳазор тонна ҳисоб карда мешавад. Бар замми ин, хатарноктарин пирях дар ҷаҳон – пиряхи Антарктида-Твейтс низ, зери таъсири обшавӣ қарор дорад. Таҳқиқоти олимон дар соли 2020 нишон дод, ки аз ҳисоби обшавии ин пирях, аллакай, 4 дарсади  болоравии сатҳи ҷаҳонии баҳрҳо ба мушоҳида мерасад ва ин раванд бо гармшавии қабати замин шадидтар мешавад. 
 
Зикр кардан ба маврид аст, ки Антарктида минтақаи қутби ҷанубии Замин буда, он аз қитъаи Антарктида дорои обҳои уқёнусҳо ва ҷазираҳо иборат мебошад. Яхбандӣ дар ин ҷо назар ба Гренландия калонтар аст ва обшавии он ба афзоиши боз ҳам бештари сатҳи об дар уқёнусҳо таҳдид мекунад. Дар ин бора Диана Владимирова, пиряхшинос, номзади илмҳои ҷуғрофӣ, ходими илмии Пажӯҳишгоҳи ҷуғрофияи Академияи илмҳои Россия, дар саҳифаи интернетиаш изҳор дошт, ки ҳатто обшавии ками яхҳои баҳрӣ дар Арктика гардиши уқёнус ва атмосфераро тағйир медиҳад ва мо, воқеан, оқибатҳои онро эҳсос мекунем. Барои мисол, тобистони соли 2019 сокинони Федератсияи Россия дар моҳи июл либоси зимистона ба бар карданд ва дар Фаронса баръакс мардум аз гармии ғайримуқаррарӣ азият мекашиданд.
Боз ташвишовар ин аст, ки яхбандии абадии арктикӣ як қисми қабати болоии қишри замин, ки одатан набояд ҳеҷ гоҳ об шавад, зери хатар мондааст. 
 
НАҚШАҲО БА НАФЪИ ТАМОМИ КИШВАРҲО АМАЛӢ МЕШАВАНД
Тавре бармеояд, масъалаҳои экологӣ имрӯз ба яке аз мушкилоти асосии бисёр кишварҳои ҷаҳон табдил ёфтаанд. Дар баробари тадбирҳои андешидаи кишварҳо вобаста ба экология маҳз ташаббус ва иқдомоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масоили обу иқлим аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт. Дар робита ба ин, дар Хадамоти хабарии СММ омадааст, ки дар он Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки нақшаҳои энергетикӣ ва экологии Тоҷикистон ба нафъи тамоми кишварҳои минтақа амалӣ мешаванд. Аз ин рӯ, Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он дар татбиқи ин ташаббусҳо саҳм хоҳанд дошт. Албатта, ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк менамояд, ки кишвари мо бо дороии то 60 дарсад захираҳои оби Осиёи Марказӣ имкон дорад бисёр давлатҳоро бо об таъмин созад, дар ҳоле ки аксар кишварҳо аз беобӣ танқисӣ мекашанд. Барои ҳифзи манбаъҳои обӣ дар ҷумҳурӣ бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ёрирасонанд, ки дар баробари истеҳсоли “энергияи сабз”, инчунин, партовҳои гулхонагиро ба ҳавои атмосфера кам месозанд. Аз ин рӯ, кишвари мо уҳдадории худро дар назди Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим иҷро кардааст. Роҳандозии ҳарчи бештари истифодаи электромобилҳо низ, ба хотири кам намудани партовҳо мебошад. Ин имконият медиҳад, ки нақшаҳои Ҳукумати мамлакат тавассути рушди “энергияи сабз” амалӣ гардида, то соли 2050 ҳиссаи он дар иҷрои стратегияи “сифр партов” боз афзоиш ёбад.
 
ПИРЯХҲОРО ЧӢ ГУНА ҲИФЗ БОЯД КАРД?
Дар ҳар минтақаи ҷаҳон таъсири гармшавии иқлим бо пайомадҳои хоси худ аз ҳам фарқ мекунад.  Муҳимтар аз ҳама, пиряхҳои кишварамон зери таҳдиди пурра обшавӣ қарор доранд, ки ин ба амалисозии нақшаю ниятҳои стратегии давлату Ҳукумат халал ворид менамояд. Барои мисол, мутахассисони Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ соли 2022 зимни тадқиқот муайян карданд, ки пиряхи Хирсон, воқеъ дар саргаҳи ҳавзаи дарёи Ванҷоб ба масофаи 3 метр қафонишинӣ кардааст, ки ин аз босуръат об шудани пирях гувоҳӣ медиҳад. Ба ин монанд пиряхҳо дар ҳудуди кишвар хеле зиёданд, ки дар ҳолати обшавӣ қарор доранд.
Пас, суол ба миён меояд, ки чӣ гуна метавон пиряхҳоро аз обшавӣ эмин нигоҳ дошт?
Коршиносон ва олимони соҳа, дар мисоли ҳифзи пиряхи кӯҳҳои Алп бар ин назаранд, ки пӯшондани пиряхҳо  бо матои сафеди пахтагин яке аз роҳҳои афзали кам кардани обшавии  онҳо мебошад. Ин усул имконият медиҳад, ки таъсири нурҳои Офтоб ба пиряхҳо кам гардида, онҳоро аз босуръат обшавӣ нигоҳ медорад.
Олимони Шурои аврупоии илм дар бораи Замин, дар робита ба ин, истифодаи одитарин усули ҳифзи пиряхҳоро кафолатнок меҳисобанд. Ба андешаи онҳо, дар наздикии пиряхҳо деворҳои зериобӣ бунёд карда шаванд, чун деворҳои мустаҳкам лағжиши пиряхҳоро ба сӯи кӯлу дарёҳо то як андоза коҳиш медиҳанд.
Ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо дар кишвари мо ҳамаи соҳаҳои далхдор, аз ҷумла Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Акдемияи миллии илмҳои Тоҷикистон, тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Худи ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи байналмилалӣ ҳаллу фасл намудани мушкили мазкур аз тадбирҳои муассир ҳисобида мешавад.
Кумитаи ҳифзи муҳити зист, дар навбати худ, дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» пайваста мушоҳидаҳои аэровизуалии захираҳои барф дар ҳавзаи дарёҳои Қизилсу, Ёхсу, Хингоб, Сурхоб, Камароб, Кофарниҳон (минтақаи Канаск), Панҷ (Ванҷ, Язғулом, Бартанг ва Ғунд) анҷом медиҳад. Натиҷаи мушоҳидаҳо нишон доданд, ки сарҳади қабати барфпӯш 1900-2700 метр аз сатҳи баҳрро ташкил дода, захираи барф дар ҳавзаҳои дарёҳои болозикр то 95 дарсади меъёри бисёрсоларо ташкил медиҳад.  Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 дар маҷмуъ,  9 дарсад зиёд мебошад. Дар ин бора иттилоъ дод Ҷамила Байдуллоева, муовини директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист. Ба гуфтаи номбурда, мутахассисони Агентии обуҳавошиносӣ, инчунин, дар минтақаҳои Майхура, Ҳушёрӣ ва Такоби ноҳияи Варзоб, ҳавзаҳои дарёи Саратоғи ноҳияи Айнӣ, дарёи Камароби ноҳияи Рашт, дарёи Ёхсуи ноҳияи Муъминобод, дарёи Обихингоби ноҳияи Сангвор,  дарёи Ванҷоби ноҳияи Ванҷ ва Ғунди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои барфченкуниро бо усули пиёда ба анҷом расонданд. Дар зимистони имсола зиёд захира шудани барф ҳанӯз кафили ҳифзи пиряхҳо намебошад, зеро дар зимистони имсола якбора то 25 дараҷа сард омадани ҳаво низ, аз таъсири тағйирёбии иқлим аст, ки 16 сол пас ба вуқуъ пайваст. 
Аз ҷониби Президенти мамлакат ба ҷомеаи ҷаҳон пешниҳоди дар ҷаҳон таҷлил намудани 21 март – Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба ҳалли бисёр масъалаҳои вобаста ба обу иқлим мусоидат менамояд. Муҳимтар аз ҳама, кишварҳои ҷаҳон барои ҳалли масъалаҳои экологӣ ба ҳам омада, муттаҳид шуда, тадбирҳои қатъӣ меандешанд. Муайян мекунанд, ки дар шароити ҳозираи пешрафти техника ва технология тавозуни экологиро чӣ гуна дарёфтан мумкин аст ва донанд, ки табиат чӣ мегӯяд?
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, 
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 16.02.2023 №: 37
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив